Инкишоф ва тарбияи насли наврас дар марҳалаҳои гуногун

Донистани хусусиятҳои инкишофи физиологию анатомӣ, психологию педагогии марҳалаҳои синнусолии насли наврас барои волидайн, мураббиён, муаллимон ва ононе, ки ба тарбияи онҳо сару кор доранд, ниҳоят зарур аст. Зеро хусусият ва асрорҳои инкишофи ҳар синро надониста дуруст тарбия кардан ва омӯзонидани онҳо имконнопазир аст.

 
Синни томактабӣ:

Давраи навзодӣ – аз рӯзи таваллуд то 1 – 2 – моҳагӣ;

Кӯдаки ширмак – аз 1 – 2 – моҳа то 1 – солагӣ;

Давраи бармаҳали кӯдакӣ – аз 1 то 3 – солагӣ;

Синни томактабӣ – аз 3 то 6 – 7 – солагӣ.

Дар давраи бармаҳал ва синни томактабии атфол асрори ниҳон ва басо муҳиме арзи вуҷуд дорад, ки на ҳамаи волидайн медонанд. Ин асрор дар онҳо табиатан рӯй медиҳад: барои донистани муҳити зист ва «гулгуну рангин» кардани майнаи чун матои сафеди худ калонсолонро саволборон мекунанд, бисёр чизро донистан мехоҳанд. Ин дар шахсияти онҳо ҷаҳиши миқдорӣ ва сифатӣ мебошад. Нутқ дар кӯдаки ин синну сол омили асосии рӯҳии ӯ гашта, доираи дарк кардан ва бо атрофиён алоқа пайвастанаш афзоиш меёбад. ғамхорӣ нисбати инкишофи нутқи кӯдакон вазифаи умдаи тарбия аст. Дар ин бобат Ҷалолиддини Румӣ таъкид кардааст ва мо ба он илова мекунем:

 «Чунки бо кӯдак сару корат фитод,

Ҳам забони кӯдакон бояд кушод».

                   Илова: Ҳар саволе, ки биёранд бар миён,

Бо ҷавоби фаҳмашон бинмо баён!

Аммо мушоҳида нишон медиҳад, ки бархе аз калонсолон ин моҳияти бисёр саволдиҳии кӯдаконро нафаҳмида ва ё дилтанг шуда ба онон монеъ мешаванд: «бас кун, маҳмадоно!», «ин қадар пурсидӣ, дамата гир!», «э бас кун, лаққӣ, бо ин саволҳои бепоёнат гаранг накун маро!» ва ё бо истеза ҷавоби нодуруст медиҳанд: «оча, чӣ пухта истодаӣ?» – «санг пухта истодаам, фаҳмиди!» Вақте ки модар дар табақ манту оварда ба назди шавҳараш гузошт, кӯдак «дада, ман ҳам санг хӯрам» – гуфт. Оқибат бо чунин муомилаи сардонаву сарзанишкоронаи калонсолон кӯдак аз назди хирвори маонӣ бо домани холӣ бармегардад. Агар ба тариқи дигар гӯем, ин навниҳол айёми гули матлаи баҳори аввалинаш гулу ҳосил мепартояд.

Ёдрас мешавем: кӯдакони ин синну сол ҳанӯз ба маънои маҷозии калима ё бо ҳазлу шӯхӣ гуфтаҳои калонсолонро сарфаҳм намераванд, «санг» гӯянд – санг, «дард» гӯянд – дард, ба маънои аслиаш қабул мекунанд. Дар ин марҳала кӯдакон миқдори зиёди калима, рафтору муомилаҳоро аз худ мекунанд. Нутқи кӯдакон на худ аз худ, балки зимни алоқа бо атрофиён, бо таъсири беруна иникшоф меёбад. Нишонаҳои ахлоқи ҳамида, сарфаҳмравии чӣ хубу чӣ бад, кадом корро кардан мумкину кадомашро не, низ маҳсули ҳамин давра мебошад. Дар амалиёти онҳо аввалин маротиба мустақилона рафторкунӣ зоҳир мегардад, асосҳои ирода, қобилияти корӣ ва меҳнатдӯстиашон ташаккул ёфтан мегирад.

Дар ин давра, агарчи дар инкишофи шахс тафовутҳои зиёд рӯй диҳад ҳам, ҳар кӯдаки солимфикр шахсияти худро зоҳир менамояд, ба вай тамоми сифатҳои одами калонсол шакл мегирад. Барои ҳамин ҳам баъзе равоншиносон тасдиқ мекунанд, ки байни миёни роҳи одам аз вақти таваллуд то калонсолӣ сесолагии кӯдак аст. Ана ҳамин марҳалааст сарчашма – ибтикори инкишофи сензитивӣ, ки дар боло зикр шуда буд.

Синни томактабӣ – аз 3 то 6 – 7 – солагӣ. Дар ин марҳала фаъолияти узвҳои ҳис, инкишофи тасаввурот ва хаёлот, хотира, тафаккур ва нутқ дар маҷмӯъ ба ташаккули давраи фаҳмидагирии олами беруна мекашанд. Амалиёти мантиқӣ ва мулоҳизаи унсурҳои абстрактӣ ташаккул меёбанд. Аммо онҳо ба сохтори дарки эҳсосот ҳамчун аносири иловагӣ ва ёрирасон баромад мекунанд. Он кӯдаки синни томактабие бештар инкишоф меёбад, ки образҳои ашё ва воқеаҳои ҳисшавандаи муҳити атроф дар вай ҷамъбаст ва ба дараҷаи муайян ба система дароварда шуда бошанд.

Синни томактабӣ ибтидои инкишофи рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият ва ташаккулёбӣ аст. Кӯдак дар ин давра чунон захираи маънавӣ мегирад, ки он қариб нисфи захираи маънавиёти тамоми умри боқимондаро ташкил медиҳад, дигар ин ки дар ин айём ҳар чизи дида, шунида, дониста ва иҷро кардааш дар хотираш мемонад. Дар ин бобат бузургони олам, аз он ҷумла адибони адабиёти форсу тоҷик хотиррасон кардаанд.

Л. Н. Толстой тасдиқ мекунад, ки кӯдак аз рӯзи таваллуд то панҷсолагӣ аз олами фарогирифтааш барои худ нисбат ба баъди панҷсолагӣ то охири умраш чандин маротиба зиёд хирад, ҳис, ирода, хулқ мегирад.

В. А. Сухомлинский зимни тадқиқотҳои тӯлонии худ муайян мекунад, ки 7 – солаи нав ба мактаб омада 3 – 3,5 ҳазор калимаи забони модариашро маънидод мекунад, аз онҳо дар захираи нутқи фаъолаш зиёда аз 1,5 ҳазор калима дорад. Аммо захираи луғавии коргари маълумоти миёнадори 50 – сола 5 – 5,5 ҳазор калима буда, аз он 2 – 2,5 ҳазор калимаи фаъол дорад.

Ба оилаҳое, ки ба ин ҷиҳати тарбияи кӯдакон эътибор намедиҳанд, кӯдакон бе захираи даркорӣ ба мактаб меоянд ва дар омӯзиш душвории зиёд мекашанд. А. С. Макаренко падар ва модаронро таъкид карда гуфта буд: «Агар шумо то панҷсолагӣ мувофиқи талаб дуруст тарбия накунед, минбаъд аз нав тарбия кардан лозим меояд». Аммо азнавтарбиякунӣ басо душвор аст.

Бозӣ фаъолияти асосии кӯдакон ба шумор меравад, зеро ин талаботи ҳаёти зарурии онҳост. Кӯдак чӣ қадар бозӣ кунад, хастагиашро ҳис намекунад, чунки ба он – инъикоскунандаи ҳаёти воқеӣ иштиёқи зиёд дорад. Дар бозиҳо на фақат чусту чолокӣ, обутоб додани ҷисм ҳосил мекунад, ҳамчунин бо ихтисосҳои гуногун шинос мегардад. Ҳа, арбоби оянда дар бозӣ намоён мегардад.

Ҳамин тавр, дар кӯдак хоҳиш ва омодагии шахсӣ нисбати системанок азхудкунии донишҳои илмӣ ба миён меояд ва он чунин нишондиҳандаҳои омодагиро аз сар мегузаронад: майлу рағбат ба донистани олам, устуворӣ, меҳнатдӯстӣ, суботкорӣ, ташаббускорӣ, андешаҳои мантиқӣ, талаботи зиндагӣ ба омӯзиш. Дар шароити имрӯзаи мо кӯдакон дар 7 – солагӣ ба ин омодагӣ молик мегарданд.

Синни хурди томактабӣ – 6 – 7 – 10 сола. Ин синну сол ба таълиму тарбияи мактаби ибтидоӣ (синфҳои I – IV) тааллуқ дорад. Кӯдаки ҳафтсола ба мактаб ояд ҳам, асосан хислатҳои ҷисмонӣ ва рӯҳии синни томактабиро дар худ нигоҳ медорад, фақат аз синфи 4 – ум дар вай нишонаҳои наврасӣ ва ихтилофотҳои ба ин син хос пайдо шудан мегарданд. Дар ин синну сол аз нигоҳи биологӣ нисбат аз синни томактабӣ қадкашӣ суст ва вазн ба дараҷаи маълум зиёд мешавад. Системаи асаб такомулот меёбад. Омӯзгор ба кӯдакони синни хурди мактабӣ мувофиқи барномаи таълимӣ таъсир расонда, системаи донишҳо ва кори тарбияро ба роҳ мемонад, дониш, маҳорат ва малакаҳо ҳосил мекунонад. Ин таъсиррасонӣ хусусияти объективӣ гирифта, кӯдакон ба ҳайси объекти тарбия дониста мешаванд. Дар барномаи таълимӣ ва тарбиявӣ дараҷаи муайяни инкишофи ақлонӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ ба инобат гирифта мешавад.

Агарчи дар мактаб барномаи таълимӣ барои ҳама якхела муайян шуда бошад ҳам, одатан дониш ва тарбияи талабагон дар як сатҳ қарор надорад. Чунки ҳар яки онҳо хусусиятҳои фардии худро дорост. Аз ин ҷиҳат кӯдакон дар мактаб худро субъекти тарбия зоҳир менамоянд.

Муаллими эҷодкор усули тафаккури фардии дастпарваронашро омӯхта, раванди омӯзишро тавре равона мекунад, ки ба имкониятҳои фаҳмидагирии онҳо мувофиқ ояд. Инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдакони ҳафтсола ҳанӯз ба охир намерасад, аз ин рӯ талабаи синфи якум ҳангоми дарсҳо ва машғулиятҳои тӯлонӣ дуру дароз диққат карда наметавонад. Диққаташ беихтиёр аст ва зуд хаста мешавад. Бинобар ин акнун дар синфи якум то нимсолаи аввали синфи дуюм давомнокии дарсҳоро 35 дақиқа муайян кардаанд. Дигар ин ки барои ба дарсҳо ҷалб кардани диққати талабагон чораҳои зарурӣ меандешанд: варзишҳои кӯтоҳмуддат, бозиҳои дидактикӣ гузаронида, ҳолати коршоямии онҳоро таъмин мекунанд. Муаллимони синфҳои ибтидоӣ барои ба дарс шавқманд кардани шогирдон аз воситаҳои аёнӣ (ашёӣ – предметӣ, таҷрибаҳо, зеҳнӣ – чистон, муаммо, тезгӯякҳо, байтбаракҳо; воситаҳои хурӯшонӣ) ба мавриду ба мавқеъ истифода мебаранд. Ҳамаи ин воситаҳо нерӯи ҳаваси панҷгонаи онҳоро фаъол мегардонад ва завқу ҳаловат мебахшад.

Дар ин давра системаи устухонбандӣ давом мекунад, мушаку тағоякҳо фаъол мегарданд ва ба кӯдакон имкониятҳои давидан, ҷаҳидан, Ҳаво додан, бозиҳои серҳаракат карданро медиҳад. Чунки мушакҳо, устухонҳо ва тағоякҳо бо шиддат инкишоф меёбанд.

Тақлидкунӣ ва пайравии кӯдакони ин син бештар меафзояд. Аз ин рӯ дар фаъолияти таълимӣ, рафтор, ҳатто либоспӯшӣ, услуб, тарзи фаҳмондани муаллим ба онҳо намунаи ибрат мегадад. Онҳо муаллимони худро беҳад дӯст медоранд, гуфтаҳои ӯ барояшон аз гуфтаҳои дигарон авлотар аст.

Агар кӯдак то ба мактаб омаданаш дар хонадон ва кӯдакистон ба мактаб шавқманду омода карда шавад, вай душвориҳои таълимиро бо осонӣ рафъ карда метавонад. Муаллими варзида аснои омӯзиш нохушиҳои шогирдонашро зуд пай мебарад ва кӯшиш мекунад, ки он монеаҳоро бо ивазкунии фаъолият, чунончи, бо саёҳат, сайругашт бартараф намояд.

Яке аз паҳлӯҳои муҳими мактаби ибтидоӣ дуруст ба роҳ мондани корҳои санитарию ҳифзиссиҳа (гигиена) мебошад. «Ҳеҷ чиз дар дунё арзише надорад, агар саломатӣ набошад» менависад М. Лутфуллоев. Биноан ҳар чоряки таҳсил духтурон бояд кӯдаконро муоина карда, саломатиашонро санҷида истанд, вазн, қад, нерӯи сомеа, босираи ононро аз назар гузаронанд.

Педагогика рушди психологӣ ва фаъолияти фаҳмидагирии кӯдакони ин синну солро бағоят муҳим мешуморад. Ин ба омили асосии инкишоф ва камолоти системаи асаб, ки бо мағзи сар мансуб аст, вобастагӣ дорад. Инкишофи майна дар кӯдакони синни хурди мактабӣ ба ҳаҷми афзоиши вазн ва дигаргунии сохти ҳуҷайраҳои асаб вобаста мебошад. Дар охири синни хурди мактабӣ вазни майнаи сари онҳо ба ҳаҷми майнаи калонсолон (1400 гр.) наздик мешавад.

Асоси ташаккулёбии шахсияти кӯдакони синни хурди мактабӣ дар пайвастагии тарбияи ақлонӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва ҷисмонӣ сурат мегирад. Алалхусус, синни хурди мактабӣ поягузори арзандаю минбаъдаи рушду камолоти инсонӣ мебошад.

Синни миёнаи мактабӣ – аз 10 – 11 то 15 – солагӣ – давраи гузариш аз синни хурди мактабӣ. Ин марҳалаи инкишофи мактабиёнро синни наврасӣ ҳам меноманд. Ин син ба омӯзиши мактаби асосӣ (синфҳои V – IX) мувофиқ меояд. Наврас худро ҳамчун калонсол ҳис мекунад ва мисли калонсолон рафтор карданӣ мешавад. Вале вай дар асл на калонсол, балки наврас аст. Дар вай аломатҳои кӯдакӣ, ҳам хислатҳои ҷавонӣ дида мешавад. Он ҳанӯз дар ҳолати инкишоф мебошад.

Дар ин син нисбати инкишофи фикрӣ, ҷисмонӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, меҳнатӣ ва ташаккули шахсияти онҳо дигаргунии сифатӣ рӯй медиҳад. Ин тағйирот баъзан ба нохушиҳо ҳам меорад. Аз ҳамин сабаб давраи наврасиро синни душвории тарбия мегӯянд. Дар ҳамин давра расиши таносул рӯй медиҳад – духтарон аз ёздаҳсолагӣ, писарбачаҳо аз дувоздаҳ – сездаҳсолагӣ болиғ шудан мегиранд. Як ҷинс бо ҷинси дигар самимият, ҳисси муҳаббат, дӯстиву рафоқатӣ пайдо мекунад.

Кӯдаки ин синну сол тез рушд меёбад, ҷисман мустаҳкам гашта, агарчи дар ҳаракатҳояш дағалӣ ҷой дошта бошад ҳам, дар худ нерӯи калонсолиро эҳсос мекунад. Дар ин марҳала ғадудҳо ва тағоякҳои сипаршакли дохилӣ фаъол мегарданд. Аммо дар инкишофи ҷисмонӣ номутаносибӣ мушоҳида мешавад: дасту поҳо дароз мешавад, инкишофи тан қафо мемонад. Қад ба дарозӣ авҷ мегирад (қади писарбачаҳо дар як сол ба 6 – 10 см, қади духтарҳо 6 – 8 см) баланд мешавад. Махсусан писарбачаҳо бо шиддат дар 15 – солагӣ қад мекашанд (20 – 25 см), духтарон аз 13 солагӣ. Устухонбандӣ давом меёбад. Ин номутаносибӣ баъзеи наврасонро ба хашмгинӣ, ҳардамхаёлӣ, гоҳо ба парешонхотирӣ меорад, ки қобилияти коршоямиашон суст мегардад.

Дар наврас ҳавобаландӣ, каттагӣ ва «қаҳрамонии сохта» зоҳир мегардад. Вай ба олами ботинии худ зиндагӣ мекунад. Дар ин маврид ба вай ёрии калонсолон зарур аст. Онҳо бояд олами ботинии ӯро фаҳманд, ҳиссиёту майлашро эҳтиром намоянд. Агар волидайн, муаллимон, калонсолон вазъияти ӯро ба ҳисоб нагиранд, албатта дар байнашон низоъ сар мезанад, хусусан агар талаботи худро ба вай бо зӯрӣ бор кунанд, муносибат сахт мекоҳад. Ҳамин ки дар байни калонсолону наврасон мухолифатҳо ба миён омаданд, таъсири тарбия суст мешавад. Одами калонсол бо наврас на ҳамчунин кӯдак, балки ҳамчун наврас муомила кунад, наврас бошад, худро ҳамчун калонсол мепиндорад. Вай, ҳамчун қоида, аз хоҳиш ва ҳуқуқҳои мустақилияти худ даст намекашад. Одатан низои калонсолон бо наврас то дами дигар кардани муносибати ӯ идома меёбад. Наврас бояд боварӣ ҳосил кунад, ки волидайн ва калонсолон бо вай нодуруст муомила карданашонро тан гирифтаанд, билъакс вай гумон мекунад, ки онон ӯро фаҳмида наметавонанд ё фаҳмидан намехоҳанд, хеле дилозурда мегардад. Агар ин ҳолат дуру дароз давом кунад, онгоҳ падару модарон обрӯю эътибори худро аз даст медиҳанд.

Дар равобит бо калонсолон, ҳамсолон, дӯстон ва хусусан дар созмони талабагии «Ворисони Сомониён» – и худ будан ба наврас талаботи асосии ӯст. Созмони Ворисони Сомониён олами ботинии ӯро мефаҳмад ва бо дархости ӯ рафтор мекунад; агар камбудӣ аз худи вай сар зада бошад, ӯро ислоҳ мекунад. Таъсири тарбия ҳамон вақт натиҷабахш мегардад, ки тарбиятгар фикр, таассурот ва ҳиссиёти наврасро ба инобат гирад. Наврас худ дар болои худ кор мекунад, сифатҳои шахсияташро ташкил медиҳад, бо розигии калонсолон, агар вазифаҳои гузоштаи онҳо дуруст ва иҷрошаванда бошанд, амал мекунад.

Вазифаҳои таълимӣ ба корҳои беруназсинфии наврасон аз ташаккул додани самти иҷтимоии шахсият ва мавқеи фаъоли ҳаёти ӯ иборат аст. Дар ин марҳала наврасон ба касбҳои одамон ва ташаккул додани соҳаи муайяни дониши илмӣ, майли бадеию эстетикӣ рағбат пайдо мекунад. Барои қонеъ гардондани чунин рағбат ва ошкор кардани қобилияту истеъдоди онҳо ҳоло дар мактаб тавассути таълими тафриқаи муфассал шароит ва имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст. Ин, албатта, ба касбгоҳии онҳо мадад мерасонад. Муҳимаш он ки ба ин ё он ихтисос майл пайдо кардани онҳо бояд намудҳои гуногуни меҳнатӣ, ҷисмонӣ, эстетикӣ ва дигар фаъолиятҳо тақвият дода шавад. Маҳз фаъолияти писандида майлу рағбат, талаботи зиндагӣ ва саъю кӯшиши шахсӣ аз вай ихтилофотро меронад.

Дар ин синну сол дар наврасон ҳисси ватандӯстӣ, муҳаббат ба диёр, далерӣ ва қатъият барин сифатҳои шахсият устувор мегардад.

Синни калони мактабӣ – 15 – 18 – солагӣ. Синни навҷавонӣ, камолоти рӯҳию ҷисмонӣ, давраи асосан хотимаёбии рушди анатомӣ – физиологии организми инсон. Ҷавон акнун худро на ҳамчун наврас калонсол мепиндорад, балки дар асл вай калонсол аст. Дар ин син инкишофи ҷисмонӣ ба бар майл мекунад. Қисми асосии тан ва ҳаҷми дил баробар, инчунин сустии инкишофи системаи хунгард бартараф мешаванд, ҳаҷми қафаси сина васеъ мегардад. Ин давраро марҳалаи ҳусну камолоти инсон, мавсими шукуфаи ҳамаи фаъолияти ақлу заковат ҳам меноманд. Нерӯмандии мушакҳо меафзояд. Дар ин марҳала асосан камолоти ҷинсӣ ба охир мерасад, инкишофи умумии қад суст, вале устуворшавии нерӯи ҷисмонӣ ва саломатию ҳифзиссиҳа идома меёбад. Марҳалаи ҷавонӣ ин давраи интихоби касб, ибтидои шуғли меҳнат аст.

Эътиқод ва ақидаҳои ватандӯстӣ, ғояҳои сиёсӣ – ахлоқии ҷавонон, мавқеи муносибати ҳаётии онон нисбат ба меҳнат, ба нафъи халқу Ватан хизмат карданашонро муайян мекунад. Тарбияи ҷавонон акнун вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ омода намудани ӯ мебошад. Дар вай ташаккул додани эҳтиром ва муҳаббат ба касбу пеша, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти меҳнатӣ аз ҳама муҳим мегардад.

Дар ин давра инкишофи системаи асаб ба дараҷаи баланд боло меравад. Ин ба аниқ омӯхтани асосҳои фан ва хусусан фанни дӯстдоштатаринаш, ки дар таълими тафриқаи маҳдуд тадрис мекунад, имконияти калон медиҳад. Сифатҳои маънавӣ ва иҷтимоии толибилмони синфҳои болоӣ бо суръати тез пеш меравад. Ба ин нафақат марҳалаи сензитивии камолоти маънавӣ, ҳамчунин шароити нав: дигаршавии хусусиятҳои фаъолият, шароити оммавӣ ва коллектив, шиддатнокии робита мувофиқат мекунад.

Дар синни ҷавонӣ сифат ва хислатҳои шахсият шакли ягонагию мақсаднокӣ мегирад, моҳияти тарбия боз ҳам афзун мегардад. Дар ин син ба масъалаҳои этикӣ завмандӣ зиёд мешавад. Муҳаббати аввалин ба ҳаёти ҷавон на фақат таассуроти зиёд меорад, балки ҳалли амалии бисёр масъалаҳои мураккабро ҳам мегузорад.

Ҷавониро синни ҷаҳонбинӣ ҳам меноманд, зеро доираи дониши ҷавонон дар ин айём басо ривоҷ меёбад. Дар онҳо ҳисси дӯстӣ ва рафоқатии байни ҳамсолон инкишоф ёфта, баъзан камолоти дӯстӣ ба ишқ табдил меёбад. Бинобар ин мактаб ва коллективи педагогӣ вазифадоранд, ки аз ин эҳсосоти баланди ҷавонӣ муфидона истифода бурда, дар онон хислатҳои марданагӣ, вафодорӣ, қавииродагӣ, ростқавлӣ, рафтори поку беғуборро тарбия намоянд, то ки аз исноду доғбиёрӣ дар канор бошанд. Ба онҳо рағбати оиладорӣ пайдо мешавад. Барои он ки нисбат бо ин масъалаи муҳими зиндагӣ оқилона рафтор кунанд, омӯзиши курси «Одоби оиладорӣ» мададрасон мегардад.

Бояд қайд кард, ки дар ин марҳала ҷавонон майли мустақилият, ташаббускорӣ, бо хоҳиши худ амалкуниро доранд. Агар дар онҳо сифатҳои қавииродагӣ, назария ва эътиқоди шахсият ташаккул наёфта бошад, ҷавонписар ё ҷавондухтар метавонад бо таъсири ҳаёти носолим иддаи ҳамсолону калонсолони қиморбоз, нашъаманд, тамокукаш, майзада ва ғ. гирифтор шаванд. Барои ин коллективи синф, созмони Сомониёни ҷавонон, муаллимон, кумитаи падару модарон – тамоми узвҳои тарбиявӣ бояд ба по хезанд, ҳаёти инсонро аз ин ҳолати нангину сангин раҳо диҳанд. Коллективи ҷавонони бошуур сифатҳои шахсиятро такмил медиҳад, нуқсонҳои ҷой доштаро ислоҳ менамояд.

Агар талаба дар синни наврасӣ бештар мутобиқи майли шахсии «ман» («ман худам») рафтор кунад, дар синни ҷавонӣ вай ба маслиҳатҳои дӯстон ва муаллимон гӯш мекардагӣ мешавад.

    Синни ҷавонӣ – айёми худтарбиякунӣ, худомӯзӣ ва худтакмилдиҳӣ. Дар ин давра ҷамъбасти тарбия намудор мегардад: сифатҳои мардонагӣ, одаму одамгарӣ, ватандӯстӣ, мубориз будан баҳри мақсадҳои олӣ, ҳазми фатҳи қуллаҳои муроди шахсӣ, қавииродагӣ нисбати пойдор намудани сохти демократии давлатдорӣ.

Бахусус ҳар фард дар ҷодаи рушду нумӯи худ марҳалаҳои синнусолиро аз сар мегузаронад. Муаллими эҷодкор роҳи инкишофи ҳаётии ҳар талабаро тасаввур мекунад, барои ҳамаҷониба солим қад афрохтани навниҳолони боғи кишвар тамоми чорабинҳоро истифода мебарад, то ки ин навниҳолон ба халқу Ватани азиз самар оранд.

Аммо ҳамаи толибилмон яксон набуда, ҳар кадоми хусусияти ба худ хос дорад ва мувофиқи табиати худ рушд меёбад. Вале дар ҳар марҳалаи инкишофи синнусолӣ нисбати тарбия талаботи ягона низ вуҷуд дорад. Агар талаба ба талаботи умумӣ сар фарорад, роҳи инкишофи фардии ӯро дуруст муайян кардан ва камбудиҳои дар вай ҷой доштаро ба осонӣ ислоҳ намудан мумкин аст. Агар талабагон дар инкишоф аз ҳамсолонаш ба сифатҳои хоси худ афзалияту бартарӣ дошта бошад, онгоҳ барои инкишофи минбаъдаи ӯ бояду шояд мададрасон буд. Гарчи талаба дар маҷмӯъ қобилияти инкишофи баланд дошта бошад ҳам, ҳамчун қоида, дар ҳудуди хислатҳои инкишофи марҳалаҳои синни худ мебошад.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *