Ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои инфиродӣ

Инсоният дар инкишофи умумӣ ва хусусӣ молик аст. Хусусиятҳои умумии ҳамаи одамон дар синни муайян аз одами алоҳида фарқ мекунад. Одами махсусро фард меноманд, аммо шахсиятро бо ифодаи возеҳ фарди махсус гӯянд. Фардият бо маҷмӯи зеҳнӣ, иродавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва дигар хислатҳои шахсияташ ба таври аёнӣ аз дигарон фарқ мекунанд. Табиати саховатманд ҷинси гуногуни одамӣ офаридааст: дар рӯи Замин тамоман одами якхела набуд, нест ва нахоҳад буд. Ҳар одам – ягона ва такрорнаёбанда дар фардияти худ.

    Фардият бо хислатҳои инфиродии худ ифода меёбад. Пайдоиши хусусиятҳои фардӣ бо он вобаста аст, ки ҳар кас роҳи инкишоф, хислатҳои психологии фаъолияти олии асаби худро дорост. Фаъолияти олии асаб ба пайдоиши сифатҳои гуногун таъсир мерасонад. Ба хусусииятҳои фардӣ ҳиссиёт, дарк, тафаккур, хотира, тасаввурот, хислатҳои шавқмандӣ, майл, қобилият, мизоҷ, хусусиятҳои шахсӣ мансубият доранд. Хусусиятҳои фардӣ ба инкишофи шахсият таъсир мебахшанд. Ташаккулёбии инсон мувофиқи ҳаминҳо вобаста аст.

Оё дар тарбия ва омӯзиш хусусиятҳои фардии талаба ба ҳисоб гирифта мешаванд? Гӯё, ки ҷавоб ба ин савол бояд як маъно муфидона бошад. Вале на ин тавр. Дар байни мутахассисон ихтилофоти ҷиддӣ ҳаст. Нуқтаи назари аввалин – мактаби оммавӣ наметавонад ва набояд хусусиятҳои фардиро ба ҳисоб гирад, бо як хонанда алоҳида мувофиқат кунад. Ҳамаи кӯдакон бояд як хел аз муаллим тарбия ва таълим гиранд. Дар тарбия ягон фарқият – беғайрату коҳил, боистеъдоду беқобилият, ҳамчунин кӯшишкунанда, илмдӯст ва беэътибор набояд буд. Одаме, ки ин ё он муассисаи таълимиро хатм мекунад, хусусияти умумӣ, барои ҳама як хелаи стандартии таълимгирифта ва тарбияёфтаи муассиса қабулкардаи мазкурро мегирад.

Аммо педагогикаи ватанӣ дар мавқеи дигар меистад – тарбия бояд ниҳоят ба фардият такя кунад. Муносибати инфиродӣ ҳамчун принсипи муҳими педагогика дар идора кардани инкишофи одам, ба амиқ донишдиҳӣ тибқи хусусиятҳои шахсият ва шароити зиндагии он асос ёфтааст. Педагогика дар муносибати фарди онро дар назар дорад, ки на мувофиқонидани мақсад ва мазмуни асосии омӯзиш ва тарбияи мактабхони алоҳида, балки мувофиқонидани шакл ва методҳои педагогии таъсирбахш ба хусусиятҳои фардии оне,ки дараҷаи инкишофи шахсияти ба лоиҳа гирифтаро таъмин мегардонад. Муносибати инфиродӣ бештар барои инкишофи нерӯи фаҳмидагири, фаъолгардонӣ, майлдиҳӣ, истеъдоди ҳар талаба имконият медиҳад ва созгор аст. Ба муносибати    фардӣ хусусан тарбиятгирандагони «душвор», мактабхони камқобилият,инчунин кӯдакони, чунон ки ифода мекунанд, инкишофашон нигоҳдошташуда эҳтиёҷ доранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Адабиёт

В мире подростка / Под ред. А. А. Бадалева. – М., 1980.

Выготский Л. С. Педагогическая психология. – М., 1991.

Гуревич К. М. Индивидуально – психологические особенности школьников. – М., 1988.

Кон И. С. Психология старшеклассника. – М., 1980.

Костюк Г. С. Учебно – воспитательный процесс и психическое развитие личности. – Киев, 1989.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *