Раванди умумии педагогӣ

Раванди педагогӣ ҳамчун система

Калимаи «раванд» маънои равиш дошта, муродифи «ҷараён» – ҷунбиш, ҳаракатро ифода мекунад. «Раванди педагогӣ» – ҷараёни яклухти пешбарандагии маҷмӯи корҳои таълимӣ, тарбиявии дохилу хориҷи мактабро гӯянд, ки тибқи нақшаи ягонаи инкишофдиҳандаи бо ҳам алоқадори иттиҳоди омӯзгорон ва талабагон бардавом сурат мегирад. Ин ҷараён баҳри адои мақсад ва вазифаҳои ба миён гузошташудаи дархости ҷомеа равона карда мешавад. Ба таври дигар гӯем, раванди умумии педагогӣ – ин ҷараёнест, ки шахсиятро бо таҷрибаҳои иҷтимоии сифатан нав майл додан. Дар адабиёти педагогии солҳои пешин мафҳуми «раванди таълиму тарбия» истифода бурда мешуд. Тадқиқотҳои олимони намоёни ин соҳа нишон доданд, ки ин мафҳум маҳдуд ва нопурра, ҳамаи мараккаботи равандро ифода намекунанд, хусусан, пеш аз ҳама, хусусияти асосии он – яклухтӣ ва умумиятро. Таъмини ягонагии омӯзиш, тарбия ва инкишоф дар асоси яклухтӣ ва умумият моҳияти маънои асосии раванди педагогиро дода метавонад. Дар дигар истилоҳоти «раванди таълиму тарбия» ва «раванди педагогӣ» ва дигар мафҳумҳои ба онҳо алоқадор ба ҳамин шабоҳат доранд.

Ҳоло раванди умумии педагогиро ҳамчун система дида мебароем (нақ. 2). Аввалин чизе, ки ба назар мерасад – дар он мавҷудияти зиёди зерсистем, ҷорӣ шудани онҳо пайи ҳамдигар ва якҷоягии байни ҳамдигар бо дигар намудҳои бо ҳам робитадор. Системаи раванди педагогӣ ба ягон зерсистемаи худ дохил намешавад. Раванди педагогӣ – ин асоси якҷокунии тамоми системаҳо. Ба вай рехтаи раванди ташаккул, инкишоф, тарбия ва омӯзиш бо тамоми шароит, ҷараёнҳои шакл ва методҳои онҳо якҷояанд.

Назарияи педагогӣ хеле иқдоми пешаравӣ гузошт, раванди педагогиро ҳамчун системаи динамикӣ (серамал) донист. Дар зимни он дақиқ ҷудо кардани қисматҳои таркибӣ, ҳамин хел пешниҳодҳои таҳлилкунии бисёр алоқадорӣ ва муносибатҳои байни қисматҳо, ки дар амал асоси идоракунии раванди педагогӣ мебошанд, имкониятҳо фароҳам овард.

Раванди педагогӣ ҳамчун системаи нобаробар ҷараёнёбӣ дорад. Ба сифати ҷоришавии системаи раванди педагогӣ комилан системаи маориф, мактаб, синф, машғулиятҳои таълимӣ ва дигарҳо дохил мешаванд. Ҳар кадом аз ин системаҳо дар шароити муайяни зоҳирӣ амал мекунанд: ҷуғрофияи табиӣ, ҷамъиятшиносӣ, истеҳсолкунӣ, маданӣ ва дигарҳо. Барои ҳар кадом система шароити ба худ хос ҳам ҳаст. Масалан, ба шароити дохилимактабӣ моддию техникӣ, санитарию гигиенӣ, ахлоқию психологӣ, эстетикӣ ва дигар шароитҳо мансубанд.

Сохт – ин ҷобаҷошавии аносири система. Сохти системаҳо мувофиқи меъёр аз аносир (қисматҳо) ва алоқамандии байни онҳо иборат. Қайд карда шуда буд, ки фаҳмидани робитадорӣ аз ҳама муҳим, зеро маҳз донистани чӣ бо чӣ ва чӣ тавр алоқаманданд дар раванди педагогӣ, беҳтар ташкилкунии масъала, идоракунӣ ва сифати раванди мазкур мумкин аст. Робитадории системаи педагогӣ ба робитадории байни қисматҳо ва дигар системаҳои динамикӣ монанд нест. Ба мақсад мувофиқ фаъолияткунии педагог дар ягонагии органикӣ бо қисматҳои муҳими воситаҳои меҳнатӣ баромад мекунад.

Объект – вай субъект ҳам. Натиҷаи раванд дар вобастагии якҷояамалкунии педагог, истифодабарии технология ҳамроҳи талаба вобаста аст.

Барои таҳлил кардани раванди педагогӣ ҳамчун система, бояд меъёри таҳлилро барқарор кард. Ба сифати чунин меъёр метавонад ҳар нишондоди сангзеркунии раванд, шароити ҷоришавии он ё бузургии натиҷаи ноилшуда баромад кунад. Муҳимаш он, ки вай ба мақсади омӯхтани система ҷавоб дода тавонад. Таҳлил кардани системаи раванди педагогӣ бо тамоми назария имконияти меъёр хеле мушкил ва ба ин ҳеҷ ягон зарурат ҳам нест. Тадқиқотчиён фақат ҳамин хел омӯзишро интихоб мекунанд, ки алоқамандии муҳим ва дарки он чизе, ки то ҳол номаълум бошад.

Донишҷӯ ба кадом мақсад кӯшиш мекунад, аввало бо раванди педагогӣ шинос мешавад? Албатта, пеш аз ҳама, вай сохти умумии система, алоқаи асосии байни он қисматҳоро бо ҳам меомӯзад. Барои мувофиқи мақсади нишондода тақсим карда шуда бошанд. Барои ҷудо карданим системаҳо ва сохти онҳо меъёрҳои ҳамшафатӣ дар илм номаълум истифода бурда мешавад. Вале нисбати системаи ҷоришавии раванд ба сифате, ки мактаб баромад мекунад, фаромӯш набояд кард.

Қисматҳои системаҳое, ки дар онҳо раванди педагогӣ ҷараён дорад – педагогҳо, тарбиягирандагон, шароити тарбия. Худи раванди педагогӣ бо мақсад, вазифаҳо, мазмун, методҳо, шаклҳои ҳамкории педагогон ва тарбиягирандагон, ноилгардии натиҷаҳо тавсиф меёбад. Ин ба вуҷуд оварандаи системаи қисматҳо – мақсаддорӣ, пурмазмунӣ, фаъолиятнокӣ, натиҷабахшӣ.

Раванди қисми мақсаддорӣ дар худ ҳамаи мақсадҳои гуногун ва вазифаҳои фаъолияти педагогиро мегирад: аз мақсади асосӣ – рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият – то вазифаҳои мушаххаси ташаккули сифатҳои алоҳида ё аносири онҳо. Пурмазмунии қисм фикрро инъикос мекунад, ҳамчун мақсади умумӣ, инчунин ба ҳар кадом вазифаи аниқ гузошта мешавад, вале фаъолиятнокӣ – якҷояамалкунии педагогҳо ва тарбиягарандагон, ҳамкории онҳо, ташкил ва идоракунӣ ба раванд, бидуни инҳо ва натиҷаҳои охирини дилхоҳ ноил гаштан ғайриимкон аст. Ин қисм дар адабиёт ташкилӣ ё ташкили идоракунӣ номида мешавад. Ниҳоят, қисми натиҷабахшии раванд таъсирбахшии ҷараён, дигаргунии ноилшавӣ мувофиқи мақсади гузошташударо инъикос мекунад (нақ.3).

Чандин системаи педагогӣ барои таҳлил алоқаи байни қисматҳо ҷудо карда шудааст. Хусусан дар байни онҳо ахборотдиҳӣ, фаъолияти ташкилкунӣ, алоқакунӣ, ки дар раванди ҳамкории педагогӣ зоҳир мешавад, аҳамияти калон дорад. Муҳимтаринаш идоракунӣ ва худидоракунӣ (мунтазамӣ ва худмунтазамӣ) мебошад. Дар аксар мавридҳо ба инбоат гирифтани робитаи муфидонаи сабабияти тафтиш аҳамияти муҳим дорад. Масалан, таҳлили сасаб нокифоягии таъсирбахшии раванди педагогиро иҷозат медиҳад, ки дигаргуниҳои оянда ба лоиҳа гирифта шавад, то ки аз такроран содиршавии хатоҳо худдорӣ бинмоянд. Ба ҳисобгирии алоқаи гинетикӣ низ нафъ дорад, яъне зоҳир намудани тамоюли таърихӣ, анъанаҳо дар омӯзиш ва тарбия, ки афзалияти пешравиро таъмин мекунанд, барои банақшагирӣ ва бавуҷудоварии равандҳои педагогии нав имконият медиҳанд.

Дар даҳсолаҳои охир оиди инкишофи назарияи педагогӣ ба ҷудо кардани алоқаи вазифаҳои байни объекти системаҳои педагогӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода шуд, барои онҳо истифода бурдани таҳлил ва воситаҳои тасвир ривоҷ ёфт. Барои бештари камбудиҳои ҷойдошта тавассути истифода бурдани воситаҳои тасвир дар тадқиқотҳои нави педагогии муосир, хусусан имконияти математика, техникаи омор – ҳисобмошинҳо, нақши муҳим бозида истодаанд.

Раванди педагогӣ ин ҷараёнест, ки меҳнатӣ, он ҳамчун дигар раванди меҳнатӣ баҳри комёбии мақсадҳои умумӣ иҷро карда мешаванд. Хусусияти раванди педагогӣ дар он аст, ки меҳнати тарбиятгарон ва тарбиягирандагон якҷоя бо фаъолияти ҳамдигарӣ ҷорӣ мегардад.

Ҳамчун дигар равандҳои меҳнатӣ дар педагогика ҳам объекти, восита, маводҳои меҳнатӣ ҷудо карда мешаванд. Объекти фаъолияти педагогӣ – рушддиҳии шахсият, коллективи талабагон. Объекти меҳнати педагогӣ ба ғайр аз душвор буданаш, системанокӣ худтанзимкунӣ, худинкишофидиҳӣ, тағйирёбандагӣ, такрорнашавандагӣ дорад.

Мавзӯи меҳнати педагогӣ – ташаккул додани одаме, ки аз педагог ба сатҳи инкишофи бармаҳали худ расида, вале ҳоло барои одами калон зарурати дониш, маҳорат, малака, таҷриба ҳосил накардааш, фарқ мекунад. Хусусияти объекти фаъолияти педагогӣ аз он иборат аст, ки он на рост мутаносиб вобаста аз таъсиррасонии педагогӣ ба вай инкишоф меёбад, балки мутобиқи қонуни хусусиятҳои рӯҳии ба худ хос – фаҳмидагирӣ, дарк кардан, тафаккур, ирода ва хулқ таъмин мегардад.

Воситаҳои (олоти) меҳнат – ин он чизҳоест, ки одам бо он (асбобҳои меҳнатӣ) шуғли дилхоҳ мекунад. Дар раванди педагогӣ олоти меҳнатӣ хусусиятҳои ба худ хос дорад. Ба он на фақат дониши педагог, таҷрибаи вай, таъсиррасонии шахсӣ ба тарбияёбанда, инчунин намудҳои фаъолияте, ки мактабхонро ҷалб мекунад, роҳи ҳамкорӣ бо онҳо, ба методикаи таъсиррасонии педагогӣ тааллуқ дорад. Ин ҳама васоили рӯҳии меҳнат.

Нисбати маҳсули меҳнати педагогӣ дар қисматҳои пештара гуфта шуд. Он чизи «истеҳсолкунӣ» бо маънои томаш – ин тарбия, ба ҳаёт тайёр кардани одами ҷамъиятӣ. Дар раванди аниқи «қисмҳои» ҷараёни педагогӣ ташаккул додани ҷузъҳои алоҳидаи сифати шахсият мувофиқи мақсадгузории умумӣ ҳал карда мешавад.

Раванди педагогӣ, ҳамчун дигар ҷараёнҳои меҳнатӣ бо дараҷаи ташкилнамоӣ, идоракунӣ, маҳсулнокӣ, технологӣ, сарфакорӣ, барои ҷудокунии роҳкушоӣ асосонидани меъёрҳои арзёбии сифатӣ ва миқдории пешрафт нигаронида шудааст. Хусусияти беҳтарини раванди педагогӣ – вақт. Он баромади меъёри универсалӣ дорад, имконият медиҳад, ки боэътимод дар бораи чӣ қадар тез ва босифат ҷараён ёфтани раванди мазкур ҳакамӣ намояд.

Яклухтии раванди педагогӣ

Раванди педагогӣ – алоқамандии дохили маҷмӯи равандҳои зиёд, ки моҳиятан аз таҷрибаи иҷтимоӣ ба сифати ташаккулдиҳии одам табдил меёбад. Раванди яклухт дар худ пайвасткунии равандҳои тарбия, омӯзиш, инкишофро на ба таври механикӣ, балки ҳамчун сифатҳои нави омӯзиш, ки ба қонунияти махсуси худ итоат доранд, алоқаманд мекунад. Яклухтӣ, умумият, ягонагӣ – тавсифи асосии раванди педагогӣ, таъкидкунандаи тобеияти ҳамаи ягонагии равандҳои таркибии он ба як мақсад аст. Чунин бувад диалектикаи мураккаби муносибати дохилии раванди педагогӣ: 1) дар ягонагӣ ва мустақилият будани равандҳои бавуҷудоварии он; 2) дар яклухтӣ ва баробар тобеъшавии он системаҳои воридшудаи мустақил; 3) дар мавҷудияти умумӣ ҳам нигоҳдории хусусиятҳои ба худ хоси қисматҳо.

Хусусиятҳои яклухтшудаи раванди педагогӣ кадомҳо? Онҳо мавриди ҷудошавӣ бо вазифаҳои бартаридоштаи худ зоҳир мегарданд. Раванди бартаридоштаи омӯзиш – тадрис, тарбия – парвариш, инкишоф – рушд. Вале ҳар кадоми ин раванди номбаршуда дар раванди яклухт вазифаҳои ҳамроҳикунандагиро иҷро мекунанд: тарбия на фақат бо тарбиякунӣ, ҳамчунин бо инкишофдиҳӣ, ва вазифаи маълумотдиҳӣ бо омӯзиш, ҳамчунин омӯзиш бо тарбия ва иникшоф вобаста иҷро карда мешавад. Диалектикаи бо ҳам алоқамандӣ ба мақсад, вазифаҳо, мазмун, шакл ва методҳои иҷрокунии ташкили якҷоякунии равандҳо нақш мегузорад, ҳангоми таҳлил хусусиятҳои бартарии онҳо низ ҷудо карда мешавад. Масалан, дар мазмуни омӯзиш бартарӣ доштани ташаккулёбии маълумоти илмӣ, азхудкунии мафҳумот, қонунҳо, принсипҳо, назария, пай дар пай таъсиррасонӣ ба инкишоф ва ба тарбияёбии шахсият. Дар мазмуни тарбия афзалияти ташаккулёбии эътиқод, норм, қоида, идеалҳо арзишҳои муайянкунӣ, гузориши мақсад, мотивҳо ва ғ., вале дар ҳамин вақт тасаввурот, дониш, маҳорат низ ташаккул меёбад. ҳамин тавр, ҳарду раванд ба мақсади асосӣ ташаккули шахсият, вале ҳар кадоме аз онҳо ба матлаби ноилгардии ин мақсад тибқи воситаҳои махсус мебаранд.

Хусусиятҳои равандҳо дар вақти интихоби шакл ва методҳои ноилгардии мақсад равшан мегардад. Агар дар омӯзиш бо ҷиддият батанзимории шакли дарси синфӣ, дар тарбия бошад, бештар шаклҳои озоди корҳои бартаридошта – фоиданоки ҷамъиятӣ, спортӣ, фаъолияти бадеӣ, ташкили гуногуни алоқа, меҳнати ҳадди ақалро истифода мебаранд. Методҳо дар асоси худ дар ягонагии ноилшавӣ ба мақсад фарқ доранд: агар омӯзиш бештар воситаҳои таъсиррасони зеҳниро, дар тарбия ҳам онҳоро инкор накарда, бо майлу рағбат ба таъсирбахшии рӯҳӣ истифода мебаранд. Ҳамчунин методҳои назорат ва худназоратӣ дар умури таълиму тарбия хусусияти умумӣ доранд.

Алахусус тамоми равандҳои таълимӣ ва тарбиявӣ хусусиятҳои яклухтии раванди педагогиро ифода мекунанд.

Қонунияти раванди педагогӣ

Дар қонуният, ёдовар мешавем, ки алоқамандии объективӣ, зарурат, воқеият, такрорёбӣ инъикос меёбад. Ҳатто бидуни тадқиқоти махсус гуфтан мумкин, ки бо ҳамин мураккабӣ, системаи калон ва динамикиаш раванди педагогӣ алоқамандии гуногуни зиёд ва вобастагӣ зоҳир мекунад. Монанди ин системаҳо дар даҳҳо қонунияти дигар тасвир карда намешавад.

Маълум, ки барои омӯхтани алоқаи намуди муайян система ҷудо карда мешавад, ки дар онҳо ин алоқамандӣ бештар равшан мегардад. Тадқиқоти ҳамаи алоқаҳо барпо намудани системаҳои зиёдро талаб мекунад. Тасаввуроти умумӣ дар бораи алоқаҳои муҳими раванди педагогӣ система медиҳад. Раванд дар сатҳи қисмати калон ва алоқаи байни онҳо таҳлил карда мешавад.

Дар байни қонунияти раванди педагогӣ инҳоро нишон додан мумкин аст:

  1. Қонунияти динамикии раванди педагогӣ. Бузургии ҳамаи дигаргуниҳои минбаъда аз бузургии дигаргуниҳои давраҳои пештара вобаста аст. Ин ба он маъно, ки раванди педагогӣ ҳамчун инкишофёбии ҳамкории байни педагог ва тарбиягирандагон таҳти мавҷудияти хислати тадриҷан ҳар қадар болоравии ноилшавӣ байни ҳамон қадар вазнбардории натиҷаи охирин аст. Натиҷаи амали қонун дар ҳар қадам ба талаба барои комёбиҳои баланд имкон медиҳад.
  2. Қонунияти инкишофи шахсият дар раванди педагогӣ. Суръат ва сатҳи ноилшавии инкишофи шахсият аз инҳо иборат аст: а) ирсият; б) муҳити тарбиявӣ ва таълимӣ; в) дохилгардӣ ба фаъолияти таълимӣ – тарбиявӣ; г) истифода будани воситаҳо ва тарзи таъсирбахши педагогӣ.
  3. Қонунияти идоракунии раванди таълимӣ – тарбиявӣ. Муфидона таъсирбахшии педагогӣ вобаста аз: а) сермаҳсулии алоқаи бозгашт байни талаба ва педагог; б) бузургӣ, хулқ ва бо асоб будани таъсири ислоҳкунӣ ба тарбиягиранда.
  4. Қонунияти ҳавасмандонӣ. Маҳсулнокии раванди педагогӣ аз инҳо вобаста: а) амали ботинии мотивҳои фаъолияти таълимӣ – тарбиявӣ; б) сермаҳсулӣ, хулқ ва ҳавасмандии зоҳирии бамаврид.
  5. Қонунияти ягонагии ҳисси мантиқӣ ва амалӣ дар раванди педагогӣ. Муфидонагии раванди таълимию тарбиявӣ вобаста аз: а) сермаҳсулӣ ва сифат аз ҳисси фаҳмидагирӣ; б) мантиқан дарк кардани фаҳмидагирӣ; в) мантиқан истифодабарии чизи даркшуда.
  6. Қонунияти ягонагии фаъолияти зоҳирӣ (педагогӣ) ва ботинии (фаҳмидагирӣ). Афзалияти раванди педагогӣ вобаста аз: а)сифати фаъолияти педагогӣ; б) сифати фаъолияти шахсӣ дар таълиму тарбияи хонанда.
  7. Қонунияти аз раванди педагогӣ вобаста. Ҷараён ва натиҷаи раванди таълимӣ – тарбиявӣ вобаста аз: а) талаботи ҷомеа ва шахсият; б) имконият (моддӣ – техникӣ, иқтисодӣ ва ғ.), ҷомеа; в) шароити ҷоригардии раванд (маънавӣ – рӯҳӣ, санитарӣ – гигиенӣ, эстетикӣ ва дигарҳо).

Барои амиқ омӯхтани алоқамандии амалкунандаи раванди педагогӣ тадқиқот давом дорад.

Марҳалаҳои раванди педагогӣ

Раванди педагогӣ хусусияти силсилавӣ дорад. Дар инкишофи тамоми раванди педагогӣ пайдо кардани марҳалаҳои бо ҳам монандро пайдо кардан мумкин аст. Марҳала – ин на қисми таркибӣ, балки пайдарҳамии инкишофи раванд. Марҳалаҳои асосӣ инҳоро номидан мумкин аст: тайёрӣ, асосӣ, хотимавӣ.

Дар марҳалаи тайёрии раванди педагогӣ шароити қулай барпо карда мешавад, то ки барои ҷорӣ кардани раванд ба матлаби муайян ва мувофиқи суръати нишондодашуда майл карда шавад. Дар марҳалаи мазкур вазифаҳои муҳими зайл ҳал карда мешаванд: мақсаддорӣ, шароитҳои ташхисӣ, пешгӯӣ кардани комёбиҳо, тарҳрезӣ ва банақшагирии инкишофи раванд.

Моҳияти мақсаддорӣ (боасос гузориши мақсад) аз он иборат аст, ки дар назди системаи маориф, ба вазифаҳои аниқ, дар соҳаҳои дастраси раванди педагогӣ таҳти шароити мушаххаси мавҷуда гузошташудаи мақсади умумии педагогӣ тағйир дода мешавад. Мақсаддорӣ ҳамеша ба системаи аниқи иҷрошавии раванди педагогӣ пайвастагӣ дорад – ба мактаб, синф, дарс ва ғ. Дар марҳалаи мазкур иҷро кардани раванди педагогӣ байни талаботи мақсади умумии педагогӣ ва имкониятҳои аниқи ҳайати талабагони муассисаи таълимӣ ва ғ. ихтилофот зоҳир мегардад, роҳҳои ҳалли ин ихтилофот дар раванди тарҳсозӣ пешбинӣ карда мешавад.

Дуруст гузоштани мақсад, муайян кардани вазифаҳои раванд бидуни ташхис имконнопазир аст. Ташхиси педагогӣ – ин тадқиқи расму қоидаҳо, ки ба муайянкунии шароит ва мавқеъ равона карда мешавад, барои оне ки раванди педагогӣ маҷрои дуруст гирад. Мақсади асосии он натиҷаҳои пешбинишуда ёрӣ мерасонанд ё монеъ мешаванд, тасаввуроти возеҳ гирифтан. Дар раванди ташхис ҳамаи ахборотҳои зарурӣ нисбати имконяитҳои воқеии педагогҳо ва талабагон, сатҳи тайёрии пештараи онҳо, шароити ҷоришавии раванд ва чанде дигарҳо маълумотҳои муҳим ҷамъ оварда мешавад. қайд кардан муҳим аст, ки вазифаҳои муайяншудаи аввалин бо натиҷаҳои ташхис ислоҳ карда мешаванд: шароити мушаххас онҳоро зуд – зуд дида баромадан, ба дараҷаи мувофиқи имконияти имконпазирӣ оварданро мекунад.

Ба ташхиси раванд ва натиҷаҳои раванди педагогии пешгӯикунӣ пайравӣ дорад. Моҳияти пешгӯикунӣ аз он иборат ки барои пешакӣ, то шурӯи раванд ба имконияти натиҷабарорӣ дар шароити мавҷуда тахмин карда шаванд. Ба истифода бурдани пешгӯии илмӣ мо метавонем дар бораи он чизе, ки ҳоло нест, пешакӣ параметри раванди назариявиро тахмин намоем. Пешгӯикунӣ бо роҳҳои мураккаб иҷро карда мешавад, ки байни иҷрои раванд натиҷаи дилхоҳ ё баръакс медиҳад. Бо мисолҳои аниқи ташхисонӣ ва пешгӯикунии раванди педагогиро дар зайл шинос мекунем.

Марҳалаи тайёрӣ бо истеҳсолкунии натиҷаҳои ташхисонӣ ва пешгӯикунӣ, тарҳрезии ташкили раванд, ки баъди пурра коркарди банақшагирӣ хотима меёбад. Нақша, худаш ҳамчун раванд, ҳамеша бо системаи муайян вобаста аст. Дар таҷрибаи педагогӣ нақшаҳои гуногун арзи вуҷуд доранд – роҳбарӣ ба раванди таълимӣ – тарбиявӣ дар мактаб, корҳои тарбиявии алоҳида, дарс ва ғ. Нақшаҳои раванди педагогӣ мӯхлати муайян доранд. Ҳамин тавр, нақша – ин ҳуҷҷати ҷамъбастӣ, ки ҳар супориш ба кӣ, кай ва чӣ кор кардан дақиқ муайян карда мешавад.

Марҳалаҳои асосӣ – иҷро кардани раванди педагогӣ дар ин марҳала нисбати системае, ки дар худ унсурҳои муҳими ҷудогонаи бо ҳам алоқамандро мегирад, дида мебароем: гузориш ва баёнкунии мақсад ва вазифаҳои ояндаи фаъолият; ҳамкории педагогон ва талабагон; истифода бурдани методҳои пешбинишуда, воситаҳо ва шаклҳои раванди педагогӣ; барпо намудани шароити мусоид; иҷро кардани ҳавасмандгардонии гуногун нисбати фаъолияти мактабиён; таъмини алоқамандии раванди педагогӣ бо дигар равандҳо. Муфидонагии ин раванд аз мақсаддории гуногуни бо ҳам алоқадории байни унсурҳо, байни ҳамдигар мухолифат накардани онҳо вобаста аст. Масалан, дар рафти ҳамкории педагогӣ назорати фаврии педагогӣ ташкил карда мешавад, ки ин нақши ҳавасмандониро мебозад. Вале агар хусусият, ҳаҷм, мақсади он ба мақсади умумӣ, бо хусусияти раванд итоат накунад, он гоҳ бисёри дигар вазъиятҳои аниқ ба ҳисоб гирифта намешавад, бахусус назорат аз ҳавасмандонӣ ба монеъшавӣ (боздорӣ) табдил меёбад.

Дар ин марҳала нақши ба вуҷудоварии раванди педагогӣ алоқаи бозгашт мебозад, ки ин асоси ҳалли фаврии идоракунии раванд, инкишоф ва мустаҳкамкунии он ба ҳар педагог зарур аст. Маҳз ба он такя намудан роҳи оқилонаи идоракунӣ ва худидоракунии фаъолият мебошад. Ба ин муносибат боз ёдовар мешавем, ки системаи раванди педагогӣ – бо дараҷаи муайян системаи худтанзимдиҳӣ аст, зеро он машғулиятҳоро одамон бо хоҳиши шахсӣ ва озодона интихоб мекунанд.

Алоқаи фаврии бозгашт дар рафти раванди педагогӣ сари вақт барои иҷрои ислоҳкунӣ мувофиқат карда, ба ҳамкории педагогӣ зарурӣ медиҳад.

Дар марҳалаи хотимавӣ силсилаи раванди педагогӣ бо ҷамъбасткунии таҳлил натиҷаҳои комёбшуда ба поён мерасад. Таҳлили натиҷаҳо барои он лозим ва заруранд, ки дар оянда хатоҳо такрор намеёбад, зеро дар ҳар марҳала хатогиҳо бо сабабҳои муайян содир шуда меистанд. Бинобар ин таҳлили чуқури педагог ва худтаҳлилкунӣ – ин роҳи дуруст ва баланди маҳорати педагогӣ.

Дар таҳлили натиҷаҳои муфиди дастрасшуда муҳимаш фаҳмидани сабабҳои аввалини хатогиҳоро муайян кардан, дар куҷо, чӣ тавр, кай ва барои чӣ рӯй додани онҳоро аниқ донистан аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки бештари хатоҳо аз сабаби ба раванди ташреҳ ва пешгӯикуниро ба назар нагирифтани педагог сар мезанад. Чунин раванди таваккалӣ ба талабагон ба ғайр аз ноумедӣ, бой додани вақт, суст кардани рағбат чизи дигаре дода наметавонад.

Санҷиши контролӣ

  1. Раванди педагогӣ чист?
  2. Системаи раванди педагогӣ чиро гӯянд?
  3. Қисматҳои раванди педагогиро тавсиф намоед.
  4. Яклухтии раванди педагогиро чӣ тавр мефаҳмед?
  5. Раванди вазифаҳои ҳукмфармоӣ ва ҳамкорӣ дар чист?
  6. Сохти раванди педагогӣ чӣ гуна хусусият дорад?
  7. Динамикаи раванди педагогиро чӣ тавр муайяан мекунед?
  8. Дар раванди педагогӣ шахсият чӣ гуна инкишоф меёбад?
  9. Раванди педагогиро чӣ тавр идора кардан мумкин аст?
  10. Қонунияти ягонагии ҳиссӣ, мантиқӣ ва амалӣ дар раванди педагогиро тавзеҳ диҳед.
  11. Моҳияти қонунияти ягонагии фаъолияти зоҳирӣ ва ботинии раванди педгогӣ дар чист?
  12. Марҳалаҳои асосии раванди педагогиро ҷудо кунед ва таҳлил намоед.
  13. Ташхис, пешгӯӣ ва тарҳсозӣ чист?
  14. Педагогикаи ҳамкорӣ чист?

Адабиёт барои худомӯзӣ

Амонашвили Ш. А. Личностно – гуманная основа педагогического процесса. – Минск, 1990.

Волков И. П. Цель одна – дорог много. – М., 1990.

Ильин Е. Н. Искусство обучения. – М., 1982.

Педагогический поиск. – М., 1988.

Подласый И. П. Педагогика. – М., 2000.

Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.

Словейчик С. Л. Педагогика для всех. – М., 1987.

Шаталов В. Ф. Точка опоры. – М., 1987.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.