Потенсиали (иқтидори) касби педагогӣ

Ин маънои сифатҳои педагогро на ҷудогона, балки онҳоро ба таври комплекс системаи яклухт донистанро ифода мекунад. Хусусияти системаи санъати муаллимӣ ба маънои мафҳуми нави интегратсия (якҷокунӣ, ҳамгиро) дар потенсиали касбии педагог (ПКП) инъикос меёбад, ки афзалияти он дар худ ҷанбаҳои гуногунро нисбати тайёрӣ ва фаъолияти муаллим ҳамгиро мекунад.

Потесиал (аз лот. рotentia – қувва, қобилияти ҷамъбастшуда) – тавсифи асосии педагог. Ин маҷмӯи дар системаи сифатҳои табиӣ ва маҳсули якҷояшудае, ки қобилияти иҷрокунии вазифаҳои педагог дар сатҳи супоридашударо ифода мекунад. Потенсиали касби педагогиро мумкин ҳамчун лоиҳасозӣ ба мақсади қобилияти амалигардонии педагог муайян кард: дар ин бобат сухан нисбати муносибати қасдкунӣ ва комёбшавӣ меравад (нақ. 7). Потенсиали касбӣ метавонад ҳамчун манбаи дониш, малакаҳои касбӣ дар ягонагӣ бо инкишофи қобилияти педагог оиди фаъол фикркунӣ, эҷодкорӣ, амалиёт, дар амал овардани қасдкардашуда дар ҳаёт, ноилгардӣ ба натиҷаҳои банақшагирифта муайян карда шавад. Потенсиали касбӣ ҳамчун системаи табиӣ ва маҳсул дар раванди тайёрии сифати касбӣ ба тариқи зайл тақсиму муайян карда мешавад, ки мо онҳоро бо ихтисораҳои шартиашон мухтасар тавзеҳ медиҳем:

ПКП = Пкб + Пкқт + Пкм + Пкма.

ПКП – потенсиали касби педагогӣ;

Пкб – потенсиали касбии бетағйирот, ки ба қобилияти умумии модарзодии шахсият вобастагӣ дорад;

Пкқт – потенсиали касбии қисман тағйирёбанда (пешқадам), ки бо қобилияти махсуси табиии шахсият вобаста буда, охирин дар раванди тайёрӣ ва фаъолияти амалии касбӣ инкишоф ёфтааст;

Пкм – потенсиали касбии махсуси мактаби олӣ (қисми иловагии потенсиал);

Пкма – потенсиали касбии маҳсули амалиёти педагогии раванди фаъолият (қисми потенсиал).

Системаи ПКП қисми мазмуни сохтро фаро гирифта, майли калони тайёрии муаллимон ва фаъолияти онҳоро ифода мекунад.Қиматҳо барои тадқиқоти илмӣ ҷудо карда шудаанд, то ки масъалаи потенсиали каби педагогӣ

кор карда шавад (Нақ. 8).

Сохти умумии мафҳуми «потенсиали касбӣ» хеле мураккаб ва бисёрнақшагист. Аз як тараф, ПКП дар худ нисбати муайян кардани мавқеъ ҳамчун майл ба фаъолияти педагогӣ ва фаъолияти вазъияти мушаххасро мегирад. Дар чунин намуд моҳияти баназаргирии қобилияти табиӣ ба машғулиятҳои фаъолияти педагогӣ таъкид карда мешавад. Аз тарафи дигар, ПКП муносибати педагогро ба фаъолияти касбиаш инъикос менамояд. Яъне ки ин, гувоҳӣ медиҳад, ки танҳо бо қобилият агар онҳо бошанд ҳам, барои босифат иҷро кардани вазифаҳои касбӣ камӣ мекунанд. Аз ҷиҳати сеюм, ПКП маънидод мекунад, ки меҳнати худро ҳамчун дар сатҳи талаботи педагогӣ иҷро бояд кард, вале бо назардошти ба ҳисобгирии фаҳмиши инфиродии моҳияти раванди педагогӣ – услуби фаъолияти таълимӣ – тарбиявидошта. Охируламр, аз ҷиҳати чорум, ПКП – ин маҳсули сифати марказонидашуда, яъне системаи маҳсул дар ҷараёни тайёрии дониш, маҳорат, малакаҳо, воситаҳои та

Ба ПКП мафҳуми умумии профиссионализм (кордонӣ) муносибати наздик дорад. Профессонализм ба қобилият, ҷараёни педагогӣ, пешбинӣ карда тавонистани анҷомёбии онҳо, такя ба дониши вазъияти умум, шароит ва сабабҳои аниқ умед мебандад. Дигар хел карда гӯем, профессионализм – ин фикр карда тавонистан ва ҳамчун кордон майл кардан.факкур ва фаъолият.

Истифодабарии иқтидори профессионализм барои муайян кардани маънои иерархия (дараҷа), тартибдиҳандаи он, дуруст аниқ кардани шароити умумӣ ва омилҳои мушаххас ёрӣ мерасонад.

Сатҳи умумии иқтидори профессонализми педагогӣ аз узвиятҳои зеҳнӣ, далелҳо, робитадорӣ, амалиёт (ё профессионализми хусусӣ), эҷодкорӣ иборат мебошад. Маданӣ, гуманистӣ, амалиёт ва дигар қисматҳо, одатан дар дастурҳои педагогӣ ҷудо карда шудаанд, бояд ҳамчун шароити умумӣ, ки фаъолияти корнамоии педагогӣ дида шаванд.

Алалхусус, ҳоло шароити таври қатъӣ маънидод кардани истифода бурдани мафҳуми «идеали педагогӣ» ба миён меояд. Педагогӣ идеалӣ – намунаи вазифаҳои кордонӣ, намояндаи шаҳрвандӣ, истеҳсолкунанда ва шахсият, ташкилдиҳандаи дараҷаи баланд.

Педагоги идеалӣ – намунаи ибрат, нишона барои тайёрӣ ва маҳак баҳри муқоиса. Сохти потенсиали педагогӣ ба воситаи мафҳуми «педагоги идеалӣ» дар нақшаи 9 ифода карда шудааст.

Нақ. 9

Бояд ба сифати динамикаи педагогӣ эътибор дод. Дар ном бедигаркунӣ мондан мегирад, онҳо мунтазам бо мазмуни нав пурра карда мешаванд. Барои ҳамин хусусияти аниқи сифати идеали педагогӣ бояд мунтазам ба таҳлили танқидӣ гирифтор бошад, вагарна дар инкишофи худ шах шуда мемонад, ба кӯҳнашавӣ рӯ меорад ва барои тез фаҳмидагирии ҳақиқати талабагон ва донишҷӯён кам эътибор мегардад.

Аммо камбудии асосӣ то алҳол аз он иборат буд, ки сифати идеали педагогӣ ба таври обстракт ва аз будаш зиёд даъвоҳо мегирифт. Қариб ҳеҷ гоҳ ҳақиқати пурраи идеал шуда натавонистанд, ташаккулдиҳии онҳоро ҳеҷ кӣ нагирифт. Ҳоло ҳамчун таркиби потенсиали касбии педагог тарҳбандӣ ёфт, вале ин сифат ҳанӯз орзу, зеро онҳо ҳамчун мақсади тайёрии он баромад мекунад. Охирон ташхис бояд қисматҳои онро возеҳ кунад, онгоҳ ба барномаи ҳақиқии ташаккулёбии педагог наздик мешавем.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *