Квалиметрияи педагогӣ

Нисбати квалиметрияи педагогӣ ҳанӯз аввали солҳои 70 – уми қарни гузашта гуфтугӯ сар шуда буд. Истилоҳи «квалиметрия» (аз лот. qualis – сифат ва metros – ченкунӣ) равияи тадқиқи педагогиро ифода намуда, мазмуни асосии он ченкунӣ ва арзёбии параметрҳо (бузургиҳо) ва тавсифҳои педагогӣ мебошад. Аммо дар ин моҳияти маънои худ квалиметрия гоҳ – гоҳ истифода бурда мешавад. Ба ҷойи он мафҳумҳо шабеҳи ихтисосӣ, ки аз ду қисми аз ҳамдигар ҷудо – «ихтисос» ва аз лотинӣ «метрос» (ченкунӣ) соҳаи тадқиқоти педагогиро фаҳмонанда ба хусусияти сифати ташхискунии касби педагогӣ равона карда шуд. Маҷмӯи сифатҳои ин, чӣ тавре ки қайд карда шуд, профессионализм (касбдонӣ), санъат, навоварӣ ном дорад, вале методикаи онҳо арзёбии анъанавӣ ҳамчун аттестатсияи педагогҳои муассисаҳои таълимӣ муайян карда мешаванд.

Таҳлили проблемаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки масъалаҳо акнун ҳама вақт ҳал карда шуд, вале дар сатҳи сифати ченкунӣ, бидуни истифодабарии миқдори методҳои замонавӣ.

Алоҳида дида баромадан муносибати квалиметрӣ ва аттестатсияи муаллимон беҳтар аст. Дар таҳти гуфтаи охирин омӯхтани педагогҳо мувофиқи талабот барқароркунии вазифаи худ ва сазовор шудан ба яке аз сифатҳои касбӣ. Дар дастурамали тариқи аттестатсияи муллимон фаҳмонда мешавад, ки аттестатсияи кормандони педагогии муассисаҳои таълимӣ – тарбиявӣ мувофиқи мақсади фаъолгардонии фаъолияти эҷодии касбӣ, ҳавасмандгардонии маънавӣ ва моддӣ, баландбардории маълумотнокӣ, асосҳои сифати меҳнат, ҳис кардани масъулияти касбӣ баҳри натиҷаҳои омӯзиш ва тарбия.

Аттестатсияи муаллимон ба принсипҳои демократӣ, системанокӣ, коллегиалӣ, ҳавасмандгардонӣ, бемайлон ва маълумотгирӣ, рӯҳбаланднамоӣ ва ғ. нигаронида мешавад.

Касб ба механизми таъмини аттестатсия хизмат мекунад, ба вай маводи зарурӣ, воситаҳои тадқиқотӣ медиҳад.

Аттестатсияи муаллимон

Дар он кишварҳое, ки санҷиши (тестӣ) гузаронида мешавад, ҳалли масъалаи аттестатсияи педагогҳо нисбатан ба осонӣ мегузарад. Дар хориҷа санҷиши талабагон ва муаллимон мунтазам расму тартиби муқаррарӣ ва одатӣ, то ҷузъиёташ кор карда шудааст. Шубҳае нест, ки мо ҳам бо мурури замон ба чунин санҷиш мегузарем.

Дар хориҷа методикаи муайян кардани сатҳи кордонии педагогӣ хеле паҳн шудааст, муаллифони онҳо мутахассисони кишварҳои гуногун мебошанд. Ин методика мунтазам такомулот меёбад. Нишондиҳандаҳои индекси касбии ҳисоббарор дар шакли формулаи зайл намоён мегардад:

ки онҳо чунин маъноҳоро доранд: Ин – индекси кабсӣ, Но – натиҷаи санҷише, ки дар марҳалаи охирини омӯзиш гузаронида мешавад, Нс – натиҷаи санҷише, ки дар давраи саршавии омӯзиш мегузарад, О – омӯзандагии талабаҳо. Пай бурдан душвор нест, ки ҳар қадаре фарқияти Но – Нс зиёд шавад, ҳиссаи муайянкунии педагог дар натиҷагирии охирин баланд мегардад. Нишондиҳандаи омӯзандагӣ (О) аз ҷониби тадқиқотчиён ба тарзи гуногун маънидод карда мешавад. Ҳар педагог хуб медонад, ки ин аз бисёр ҷиҳат ба шумораи талабаҳо вобаста аст. Ин хел ҳам мешавад, ки устои бомаҳорат дар синфи суст ба натиҷаҳои муайян ноил мегардад. Интихоби талабаҳои пурқувват ҳамавақт ба ҳар гуна педагог кафолати пешравӣ медиҳад. Омӯзандагӣ нишондиҳандаи ҳамгирокунӣ, ки бо қисмҳояш қобилиятнокии хонандагон нисбати азхудкунии дониш, маҳорат, малакаҳои аниқро муайян мекунад, «нишондиҳандаи нисбии азхудкунӣ», «нишондиҳандаи муқовимати ботинии омӯзиш» ва баъзеи дигарҳоро муайян мекунад. Аз формула инҳо муайян мегардад. ҳар қадаре, ки он баланд бошад, моҳияти он ҳамон қадар дар индекси касбӣ паст мешавад. Барои омӯзиш хонандагони пурқувват, маҳорати баланд на ҳамавақт зарурӣ аст. Аммо агар нишондиҳандаи омӯзандагӣ паст бошад, муаллим метавонад ба комёбии муайян ноил гардад, вай устоди муҳим унвон мегирад.

Дар қоидаҳои нави аттестатсияи муаллимони мо мисли пештара намунаи дузинагӣ гузошта шудааст. Нишондиҳандаи касбӣ тибқи ду қисм – собиқаи кории педагог ва ҳавасмандгардонӣ (мукофот).

Таъсири тадқиқоти тӯлонии кор дар муассисаҳои таълимӣ нисбати сатҳи касбӣ ҷавоб дода наметавонад, на аз ҷиҳати тобеиятӣ ва на аз нигоҳи муносибати байни ин омилҳо. Афзоиши касбӣ бештар дар аввали 5 – 8 соли меҳнати педагогӣ намоён мешавад, вале барои ҳамин ҳам нуфузи педагог дар ҳамин қисмат бештар ҳавасмандӣ зоҳир мекунад, сипас баландбардории маҳорати педагогӣ суст шудан мегирад ва дар охир ҳаёти муаллимӣ ба тамом ба охир мерасад. Дуруст, ки педагог ҳар қадар зиёд кор кунад, ҳамон қадар таҷриба ҳосил мекунад. Таҷриба дар натиҷаи ғуншавии фаъолияти якхела ва рафтор, малакаҳои педагогӣ одат ба вуҷуд меояд. Вай ба вазъиятҳои якқолиба ёрӣ мерасонад, вале ба фаҳмиш ва амалигардонии корҳои нав хеле монеъгӣ мекунад.

Ҳамин тавр, боз таҷрибаи нек ва бадро низ ба тартиб овардан лозим аст.

Ҳоло нишондодҳои мукофот (вазифа, унвон, мукофот, рағбатонӣ ва ғ.) машғул шуда, ба дараҷаи баландбардории маҳорати педагогӣ кам муносибат мекунанд. Ба кадом кораш ин ё он педагог ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ шуд, мантиқан нофаҳмо. Вазифа ва мукофот нисбати маҳорати педагогӣ кам аҳамият дорад. Мо ба онҳое, ки дар вазъиятҳои гуногун баҳри меҳнати истеҳсолӣ хизмати ҳирсона кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Аммо ҳамаи инро ба нишондиҳандаи аттестатсия пайвастан ҳақ надорем.

Намунаи дузвеногии аттестатсия эътимод надорад, моҳиятан хеле паст, қариб 20%. Ин нишон медиҳад, ки бисёрии педагогҳо нисбати сатҳи фаълияти педагогӣ баҳои дуруст намегиранд. Соли 1990 намунаи 6 – звеногии бештар ояндадори аттестатсияи педагогӣ пешниҳод шуд. Ба меёри касби педагогӣ ба таври мутаносуб ин омилҳо шомил шуданд:

Сифати машғулиятҳои таълимӣ – 70% (В1 = 0,7)

Фикри талабагон – 5% (В2 = 0,05)

Фикри волидон – 5% (В3 = 0,05)

Баҳои маъмурият – 5% (В4 = 0,05)

Баҳои ҳамкасбон – 5% (В5 = 0,05)

Худбаҳодиҳии педагог – 10% (В6 = 0,1)

Дараҷаи ихтисос – 100% К=1,0.

Индекси ихтисос бо формула ба ҳисоб гирифта шудаанд: Ик=В1Ф12Ф23Ф34Ф45Ф56Ф6, куҷое, ки В1 – Ф6 – омилҳои (қисмҳои) касби педагогӣ, В1 – В6 – вазн (мутаносуби) таъсири ҷудогонаи омилҳо.

Коркарди назарии ин намуна ба оддигиаш нигоҳ накарда аз намунаи пештара дида дар Русияи Федеративӣ натиҷаҳои эътимоднок дод.

Натиҷаи сифати корҳои таълимии педагог бо таҳлили 5 – 6 дарс муайян карда мешавад.

Гирифтани фикри талабагон, маъмурият, ҳамкасбон ва волидон ҳам дар коэффисиенти баҳодиҳӣ ба фаъолияти касбии педагог 0,05 – ро ташкил мекунанд, зеро баҳои онҳо аз нигоҳи дидактикӣ, рӯйбинӣ, чуқур ва холисона буда наметавонад.

Алалхусус, ин намунаи аттестатсионӣ қариб 80% эътимоднок аст. Дар айни замон ба он дигар омилҳоро ҳамроҳ карда 8 – ва 10 – звеногӣ сохтаанд, ки 8 – звеногӣ зиёда аз 80%, 10 – звеногӣ қариб 90% эътимод пайдо кардаанд. Намунаи 8 – звеногиро дар нақшаи зайл меорем:

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.