Моҳият ва мазмуни раванди тарбия

Хусусиятҳои раванди тарбия

Дар яклухтии раванди педагогӣ ҷараёни тарбия ҷои махсусро ишғол мекунад. Моҳият, мавқеъ ва нақши ин равандро аз сохти раванди умумии ташаккули шахсиатиаш ҳам фаҳмидан мумкин аст (ниг. нақшаи 12). Дар он қисме, ки ташаккули шахсият идоракунандааст, характери назорат дар он ҷое, ки одамон шууронагии азмро роҳбарӣ доранд, он ҷо амалиёт на стихиявӣ, балки ба нақшаи пешбинишуда мувофиқи вазифаҳои гузошташудаи тарбия сурат мегирад. Тарбия – раванди мақсаддори ташаккулёбии шахсият. Ин идорашаванда ва назоратшавандаи ҳамкории тарбиятгар ва тарбиягирандагон, ки мақсади ташаккул додани шахсиятро барои ҷомеа зарур ва муфид мебошад, махсусан ташкил карда мешавад. Дар адабиёти педагогии солҳои пеш нисбати раванди тарбия чунин тавсия паҳн шуда буд – ин муташаккилона, мақсаднок роҳбарӣ кардан ба тарбияи мактабиён мувофиқи мақсади гузоштаи ҷомеа. Сустии муайянкунии мазкурро мо бедушворӣ намоён мекунем, муқоиса кардани моҳияти мафҳуми «ҳамкорӣ» ва «роҳбарӣ» фарқ дорад. Ҳамкорӣ, чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, инъикоси мураккаби тарбиятгар ва тарбиягирандаро ифода намуда, билохира ба нақши фаъол мебарад, вале роҳбарӣ онҳоро ҳамчун объекти бефаъолияти роҳбарии педагогӣ мекашад. Дар фаҳмиши ҳозиразамон раванди тарбия маҳз зимни ҳамкории тарбиятгар ва тарбиягирандагон ба мақсади гузошташуда самараи дилхоҳ медиҳад.

Раванди тарбия чандин хусусият дорад. Пеш аз ҳама ин раванд аз мақсаддорӣ иборат аст, зеро самарабахшии онро бештар ташкилкунии он таъмин мекунад. Махсусан мақсади тарбияи ягона бо ҳамкории тарафайн дар ҷараёни тарбияи амалӣ ба миён меояд.

Раванди тарбия – ҷараёни бисёромил, ба он оилахои объективии сершумор ва далелҳои субъективӣ намудор мегардад, ки бо маҷмӯи амалиётҳои бениҳоят мураккаби худ ба он мутобиқат мекунанд. Муқаррар шудааст, ки омилҳои субъективӣ ба таври мувофиқ талаботи ботинии шахсиятро ифода мекунанд, дар шароити объективӣ, ки шахсият зиндагӣ дорад ва ташаккул меёбад, бомуваффакият ба ҳалли вазифаҳои тарбияаш ёрӣ мерасонанд. Ҳар қадаре, ки ба майлу мазмуни худ фаъолияти ташкилкунии тарбия ва шароити объективӣ мувофиқ ояд, ҳамон қадар ташаккулёбии шахсият боло меравад. Хусусияти раванди тарбия ҳамон вақт зоҳир мегардад, ки фаъолияти тарбиятгар ҷараёнро хуб идора кунад, ба қонунияти объективӣ мувофиқат гардонад. Ин ба дараҷаи муайян санъатест, ки ба хусусияти тарбиядиҳанда нисбати тарбиягиранда хос бошад.

Мураккабии раванди тарбия аз он иборат аст, ки натиҷаи он ноаён, ҳиснашаванда ва чун раванди омӯзиш зуд маълум намегардад. Шахсият дар зиндагӣ ба падидаҳои мусбӣ ва манфӣ дучор мегардад, зеро умури тарбия хеле динамикӣ, муҳаррик ва тағйирёбанда аст. Аз ин лиҳоз дуруст муайянкунии тарбияёбии он душвор мегардад.

Ҷараёни тарбия барои он давомдор, ки тамоми умр – аз гаҳвора то нафаси вопасин идома меёбад. Тарбияи мактабӣ дар хотири шахс нақши чуқур мегузорад, зеро дар хурдӣ системаи асаб қобилияти гироии баланд дорад. Аммо дар шароити дуруст ташкилкунии раванди тарбия ҳам зуд ба комёбиҳои зиёд умед бастан мумкин нест.

Яке аз хусусуияти муҳими раванди тарбия – ин пайдарҳамӣ, бефосилагии он. Ин раванд дар мактаб таҳти ҳамкории тарбиятгар системанок, мунтазам ва комплексона сурат мегирад. Комплексонии тарбия ба ин маъност, ки дар он бо ягонагии мақсад, вазифаҳо, мазмун, шакл ва методҳои тарбия карда мешавад, то ки тамоми талаботҳои педагогӣ дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шавад. Раванди тарбия хусусияти тағйирёбӣ дорад. Ҳар фард дар андозаи қобилият, фаҳмишу зарурияти худ тарбия мегирад, вале вазифаи тарбиягари мактаб ҷараёни тарбияро ба маҷрои дуруст равона кардан аст.

Бояд донист, ки раванди тарбия хусусияти дуҷониба дорад: аз тарбиягар ба талаба, ки инро алоқаи рост (мустақим) меноманд ва аз тарбиягиранда ба тарбиягар – алоқаи бозгашт. Ана ба ҳамин алоқаи бозгашти тарбиягирандагон эътибори ҷиддӣ бояд дод, зеро ки он талаботи муфиди писанддидаи умумист.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *