Диалектикаи раванди тарбия

Раванди трабия диалектикист. Ин бо он ифода меёбад, ки он мунтазам инкишофёбанда, динамикӣ, муттаҳаррик, тағйирёбанда аст, он бо таъсири тарбия мутобиқи синну сол ва талаботи замон инкишоф ёфта меистад. Аммо ин тавр ҳам мешавад, ки як воситаи тарбия дар як шароит ба яке таъсири зиёд, ба дигаре бефарқ мегузорад.

Диалектикаи раванди тарбия дар мухолифатҳои ботинӣ ва зоҳирӣ зоҳиру ошкор меёбад. Маҳз мухолифатҳо ҷараёни нерӯи динамикиро пайдо мекунанд. Яке аз асостарини мухолифати ботинӣ, ки дар тамоми ҳаёти шахсият арзи вуҷуд мекунад, пайравии мухолифати нав – қонеъгардонии имконияти он мебошад. Ин талаботи нав шахсро рӯҳафзоӣ намуда, барои ба он ноилшавӣ фаъол мегардонад, то ки рафтору муносибати худро ба он мувофиқ бинмояд. Майли ноилгардӣ ба ин сифатҳои нав аз шароитҳои гуногун вобастагӣ дорад: фаъолият, ҷуръат, вазъияти ҳаётии шахсият. Вазифаҳои тарбия – дуруст ба роҳ мондани ташаккули шахсият, вале ин дар асоси донишҳои амиқ, мотивҳо, талабот, нақшаҳои ҳаётӣ ва арзандагии тарбия.

Мухолифатҳои зоҳирӣ ҳам ба майли натиҷаҳои раванди тарбия таъсири зиёд мерасонанд. Мухолифатҳои номуносиби байни мактабу оила нисбати баъзе талаботҳои педагогӣ, мухолифатҳои зиёди ахборот ба ин мисол шуда метавонанд. Биноан тарбиягар бояд ба мухолифатҳои ботину зоҳири дастпарварони худ эътибор диҳад, барои бартарафкунии онҳо чораҳои муфидона андешад, дар акси ҳол вай ба зоҳирпарастӣ дода мешавад. Мухолифату талаботҳо бояд дар сатҳи тайёрии тарбиягирандагон асос ёбанд.

Шахсияти тарбиягар

Шахсияти тарбиягар – яке аз омилҳои муҳими объекти тарбия. Ягон китоби илмӣ мисли ҳамкории таъсирбахши тарбиягар қобили қабули инъикоси муносибаткунии рӯҳи инсонӣ нозукии тобишҳои муносибати байни шахсиро гирифта наметавонад.

Нақши тарбиягар дар раванди тарбияи муосир нафақат тамоми таъсири тарбия ва роҳбариро ба дасти худ фаро гирифтан, балки ташкил кардан ва роҳбариро ба тариқи демократӣ ҷорӣ намудан аст. Зеро ҳар қадаре, ки раванди тарбия аз ҷониби дастпарварон бо майли демократӣ сурат гирад, ҳамон қадар озодӣ ва фаъолияти эҷодӣ ангезиш меёбад. Тарбиятгар ҳамон вақт ба комёбиҳо ноил мегардад, ки агар шароит ва вазиъиятро ба ҳисоб гирад. Вай бояд рафтору фаъолияти амалии дастпарваронро бо диққат таҳлил кунад ва аз онҳо хулосаҳои даркорӣ барорад. Фаъолияти амалии худи дастпарварон – дасти гирои тарбиягар.

Дар бабати камбудиҳои ҷиддии тарбияи мактаби ҳозира хеле зиёд гуфта шудаанд дар онҳо нафақат шароити номусоид, танбалии талабаҳо, беэътибории волидайн айбдор дониста мешаванд, инчунин муаллимон ва тарбиягарон ҳам бояд дар ин бӯҳрон қисман айби худро ба гардан гиранд. Дараҷаи пасти кордонӣ, ки аз педагогикаи авторитарӣ (ҳукмравоӣ) сар задааст, сабаби дуршавӣ ва бегонагардии талабаҳо аз мураббияи худ гаштааст. Аз нав ташкил кардани ҳамкории педагогогии ҳақиқиро дар пояи демократиконӣ ва гуманистии мактаб, аз нав бавуҷудории ҳиссиёти инсонӣ – ғамхорӣ ба кӯдакон раҳму шафқат ба онон басо лозим аст. Зеро гуфтаанд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Мавқеи педагогӣ бояд бо назокат, вале номаълум, аз шогирдон ба қадри имкон ниҳонӣ сурат гирад.

Система ва таркиби раванди тарибия

Раванди тарбия – системаи мураккаб, динамикӣ, ҳар қисмати ин система дар навбати худ ҳамчун система ва мазмуни қисматҳои худро дорад. Мувофиқи принсипи системаи иерархӣ (дараҷаҳо) ҳар система фақат аз як қисми хеле возеҳ иборат аст. Масалан, ҳар кадом марҳалаи раванди тарбия нисбатан ҳамчун унсур муносибат дорад, вале худаш дар худ низ система ва дар як вақт системаи ояндаи маълумот мебошад, ки бештар дар нақши унсури система баромад мекунад. Ҳар кадом система бидуни муҳити муайян вуҷуд дошта наметавонад, он метавонад фақат дар якҷоягӣ амал кунад. Ана барои ҳамин ҳам рафти система ба таҳлили раванди тарбия ҳатман алоқаманд бо муҳит омӯхта мешавад. Пештар дар бораи зарурати омӯзиши аносири системаҳои муайяни зиёд гуфта шуд, вале инро дар ҳолате кардан мумкин аст, ки мо унсурҳо ва системаро дар амал мебинем. Ин ба он хотир, ки ҳатман иштироки онҳоро дар раванд, яъне мунтазам тағйирёбии онҳоро сари вақт қайд менамоем. Аз ин рӯ раванди тарбия ҳамчун системаи динамикӣ дониста мешавад. Раванди тарбияро дар динамикӣ дида истода – яъне муайян кардани чӣ тавр он тавлид гашт, инкишоф ёфт, ва роҳҳои минбаъдаи инкишофи он кадомҳо бояд муайян кард. Вақти таҳлили раванди тарбиявӣ нафақат раванд, инчунин ҳамаи марҳалаи ба он тайёрӣ ҳам омӯхта мешавад.

Ба мо маълум, ки мувофиқи татбиқи ҷудокунии меъёр система ва таркиби гуногунро ҳосил кардан мумкин аст. Меъёрҳое, ки бо онҳо системаҳо ҷудо карда мешаванд, онҳоро дар раванди тарбия бояд таҳлил намуд, хеле бисёранд. Дар назарияи педагогикаи муосир бештари маълумоти онҳо намунаи системаҳои раванди тарибя, ки бо меъёрҳо сохта шудаанд, аз инҳо иборатанд: мақсад ва вазифаҳо, мазмуни раванди тарбия, шароити ҷоришавии раванд, ҳамкории тарбиягарон ва тарбиягирандагон, истифодабарии методҳо, шаклҳои фаъолияти тарбиявӣ, марҳалаҳои раванди инкишоф ва дигарҳо. Баъзеи онҳоро дида мебароем.

Ба меъёри мақсаддорӣ сохти раванди тарбия ҳалли маҷмӯи вазифаҳои гузоштаи раванд пешниҳод мегардад. Дар шароити ҳозираи раванди тарбия мактаб инҳо гузошта шудаанд:

  • яклухт ташаккул додани шахсият бо назардошти мақсади рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият;
  • ташаккул додани сифатҳои ахлоқии шахсият дар асоси арзишҳои умумиҷаҳонии инсоният, ба мотивонӣ нигаронидашудаи иҷтимоӣ дар соҳаҳои мутаносиби зеҳнӣ ва инкишофи иродавии шахсият;
  • шинос кардани мактабиён бо арзишҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи илм, маданият, санъат;
  • тарбияи мавқеи ҳаёти мувофиқи азнавсозии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқ ва вазифадории шахсият;
  • инкишофи майл, қобилият ва ҳавасмандии шахсият бо назардошти имконият ва хоҳиш, инчунин бо талаботи ҷомеа;
  • ташкили дарки фаъоляити мактабиён, ки шуури инфиродӣ ва иҷтимоиро инкишоф медиҳанд;
  • ташкили арзишҳои иҷтимоии шахсият, фаъолияти гуногун, ташаккули ҳавасмандонӣ ба мақсади тарбияи сифатҳои мувофиқи шахсият;
  • иникшофи вазифаҳои муҳими гуногуни иҷтимоии шахсият -робита дар шароити фаъолияти меҳнатии тағйирёбанда ва баланд бардоштани шиддатнокии иҷтимоӣ.

Сохти навбатӣ ба ҷудокунии марҳалаҳои асосии раванди тарбиявӣ тааллуқ дорад. Меъёр – пайдарҳамии марҳалаҳо, ки аз байни онҳо албатта бояд раванд гузарад, вазифаҳои гузошташуда ҳалли босифати худро ёбанд. Сохти мазкур барои чуқур фаҳмонидани қонунияти ягонагӣ ва ба тадриҷии раванди тарбия ниҳоят зарур аст (Нақшаи 13).

Талаботи норма ва қоидаҳои рафторро фаҳмидани тарбиягирандагон – марҳалаи муҳими раванди тарбия. Бечунин ташаккулдиҳӣ ҷамъи вазифаҳои рафтори шахсият натиҷаҳои дилхоҳ дода наметавонад, бисёри системаҳои тарбиявӣ, аз ҷумла тоҷикии тоинқилобӣ, ба марҳалаҳои гузашта кам ё тамоман эътибор намедоданд ва ё калон шавад, худаш фаҳмида мегирад, – мегуфтанд. Ин гуна одамон ҳоло ҳам ҳастанд. Ҳатман бе ҳеҷ гуна мусоҳилакорӣ рафторҳои муфид, ки ба арзишу анъанаҳои миллӣ табдил ёфтаанд, амал бояд кард. Мактабиён дар иҷрои онҳо ҳар қадаре зиёд хато кунанд, ҳамон қадар сари вақт ислоҳ кардани онҳо аҳмияти калон дорад, аз хурдӣ ба одат табдил меёбад. Чунончи, пагоҳӣ баъди дастурӯйшӯӣ ба аҳли хонавода (хурду калон) салом додан на дар ҳамаи оилаҳо ба ҳукми одат даромадааст.

Аммо он чизе, ки мақбули талаботи давр нест, таҳаммул бояд кард. Дар мактабҳои пештара камбудиҳои кӯдакон бо ҷазои ҷисмонӣ – «хирс мулло мешавад аз зарби чӯб» ислоҳ карда мешуданд. Зиндагӣ исбот кард, ки чунин ислоҳкунӣ хатои маҳз аст. Ҳоло хатоҳои мактабиён сари вақт ислоҳ карда мешаванд, вале фақат бо методҳои шифоҳӣ.

Дониш бояд ба эътиқод гузарад – чуқур фаҳмидагирии моҳияти ҳар рафтор ва муносибаткунӣ ҳаминро тақозо мекунад. Мафҳуми «эътиқод» дар принсипҳои муайян ва назарияҳои ҷаҳонбинӣ устувор асосонида шудааст, ки ҳамчун дастури зиндагӣ хизмат мекунад. Бидуни эътиқод раванди тарбия суст иникшоф меёбад, зеро маҳз итминони комил (эътиқод) такягоҳу ҷуръатбахши матиниродагии шахсият аст. Агар шахс сабабҳои табиии хусуфи Офтоб ва Моҳро чуқур донад, дар исботи онҳо бидуни калавиш, бо қатъият дар ақидааш истодагарӣ мекунад ва гуфтаҳои ғайриилмиро дилпурона рад карда метавонад.

Ташаккули ҳис – боз як қисми зарурӣ ва басо муҳими раванди тарбия. Бидуни эҳсосот ҷустуҷӯи ҳақиқат нест ва шуда ҳам наметавонад. Тарбиягар фақат бо роҳи тунду тез кардани эҳсосот ва ба он такя намуда, ҳисси дарки дурусти норма ва қоидаҳо зуд ба натиҷаҳои барҷаста ноил шуда метавонад, зеро эҳсосот асос ва поягузори тамоми донишҳост.

Аммо, албатта марҳалаи асосии раванди тарбия – фаъолият. Ҳар қадаре, ки фаъолияти педагогӣ гуногун ва хуб ташкил карда шавад, ҳамон қадар самаранокии тарбия боло мегирад.

Сохти навбатии ҷудо кардани пайдарҳамии раванд ҳам ба ҳамин марҳала мансуб аст, вале бо меъёри дигар – алоқамандӣ ва вобастагии байни қисматҳо, ки самарабахш ҷоришавии равадро таъмин мекунанд: а) лоиҳакашии раванд, ки дар худ мақсад ва вазифаҳои муайяни аниқи тарбияро мегирад; б) ташкили мавод (меҳнатӣ, хифзи табиатӣ), иҷтимоӣ (коллективӣ, ташкилию идоракунӣ, робитакунӣ), рӯҳӣ (ҳисси пуртаъсир, фаҳмидагирӣ, арзишҳои нигаронӣ), фаъолият; в) танзими алоқаи байниҳамӣ ва ислоҳи камбудиҳои он дар раванди асосии намудҳои фаъолияти тарбиявӣ; г) назорат ва ҷамъбасти натиҷаҳои банақшагирифташуда, таҳлили комёбиҳо ва камбудиҳо.

Ба сифати меъёр барои ҷудо кардани марҳалаҳои раванди тарбия амалиёти педагогии пайдарҳамиро ҳам истифода бурдан мумкин аст. Он гоҳ дар сохти тарбия қисматҳои зайл пайдо мешаванд: 1) шиносоӣ бо норма ва талаботҳои умумӣ; 2) ташаккули муносибат; 3) ташаккули ақидаҳо ва эътиқод; 4) ташаккули майли умумии шахсият[1]. Дар ибтидои марҳала ҳамчун намунаҳои пештара мактабиён талаботи мафҳум, норма ва қоидаҳоро фаҳмида мегиранд. Сипас муносибати бачаҳо ба норма ва қоидаҳои пешбаришуда ҷалб карда мешавад. Дар асоси муносибати ташаккулёбӣ – дарки азхуд кардани норма ва қоидаҳо ҳатмӣ. Ин муқоисакунӣ ва фаҳмидагирӣ ба коркарди муҳокимаи навъи – одилона – ғайриодилона, хуб – бад, судманд – бефоида меорад. Шакли бештар баланд инкишофи онҳо – эътиқод. Бештар роҳи дуруст ташаккул додани эътиқодҳо ва мустаҳкам кардани онҳо – барпо кардани вазъияте, ки ҳоҷати мавқеи худ пайдо гардад[2].

Билохира, майли ташаккули умумии шахсиятро тамоми раванд фаро мегирад – ин коркарди одатҳои устувори рафтор, ки ба норма табдил меёбанд. Системаи одаткардаи амалиёт, рафтор тадриҷан ба нишонаҳои хислати шахсият табдил мегардад.

  1. Ниг. Ильина Т. А. Педагогика. – М., 1984. – с. 374 – 378.

  2. Њамон љо. – с. 376.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.