Мазмуни раванди тарбия

Дар таҳти мазмуни тарбия системаи донишҳо, эътиқод, малакаҳо, сифат ва хислатҳои шахсият, одатҳои устувори рафтор фаҳмида мешавад, ки бояд талабаҳо мувофиқи мақсад ва вазифаҳои гузошташударо азхуд кунанд. Тарбияи ақлӣ, ҷисмонӣ, меҳнатӣ ва политехникӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ дар ягонагии аклухти раванди педагогиро ташкил намуда, имконият медиҳанд, ки ба мақсади асосии тарбия – рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият ноил шаванд.

Дар солҳои охир нисбати мазмуни раванди тарбия ақидаҳо тез ва қатъиян дигар шуданд. Ягонагӣ имрӯз ҳам нест: ҷомеаи мо, бо ҳамроҳии он мактаб ҳам нисбати дарёфтани ҳақиқати объективӣ давраи душворро аз сар мегузаронад. Самти гуманистикунонӣ ва демократиконии мактабро гирем, бояд ба сифати нави тарбия гузашта шавад. Дар асоси ғояҳои муосири тарбия чунин ғояҳо мехобад:

  1. Реализм (ҳақиқатнигорӣ) – мақсади тарбия. Мақсади ҳақиқии имрӯз – рушди ҳамаҷонибаи одам, такя ба қобилият ва истеъдоди он карда мешавад. Воситаҳои бамақсадрасии он – азхудкунии асоси бунёди маданият аз тарафи одам. Аз ин ҷо мафҳуми марказии мазмуни тарбия – «асоси маданияти» шахсият. Ин маданият худ муайянкунии зиндагӣ: маданияти иқтисодӣ ва маданияти меҳнати; сиёсӣ, демократӣ ва ҳуқуқӣ; ахлоқӣ ва экологӣ, бадеӣ ва ҷисмонӣ; маданияти муносибати оилавӣ.
  2. Фаъолияти якҷояи кӯдакон ва калонсолон. Ҷустуҷӯи ибратомӯзи ахлоқи ҳамроҳи кӯдакон, намунаи беҳтарини рӯҳии маданият, маданияти фаъолият, дар он коркарди асосҳои арзиши махсус дошта, норма ва қонунҳои ҳаёти мазмуни кори тарбиявиро ташкил мекунанд, ки мавқеи таъмини фаъолонагии шахсияти мактабиён дар раванди тарбия мебошад.
  3. Худмуайянкунӣ. Тарбияи иникшофёфтаистода ният дорад, ки ягонагии ташаккули шахсиятро бо боварии ҷиддӣ аз нуқтаи назари демократӣ ва мавқеи ҳаётӣ ҳал намояд. Унсури муҳими мазмуни тарбия – маданияти худмуайянкунии ҳаёти инсонӣ. Худмуайянкунии ҳаётӣ – маънои васеъ дорад, назар фақат ба касбӣ ва ҳатто шаҳрвандӣ. Маданияти худмуайянкунии ҳаёт одамро ба субъекти махсус тавсиф медиҳад. Хусусан дар хушоҳангӣ одам бояд бо худ ахлоқи шаҳрвандӣ, касбӣ ва маънавӣ бибарад.
  4. Майли шахсии тарбия. Дар маркази тамоми кори тарбияи мактаб бояд на барномаҳо, на чорабиниҳо, на шакл ва методҳо вале, худи кӯдак, наврас, ҷавон истад – мақсади олӣ маънои ташвиши педагогии мо. Бояд майли фардӣ ва шавқу ҳавас, хусусиятҳои гуногун ҳисси шаъни шахсии ононро инкишоф дод. Ҳаракати рағбат аз наздик бо тарбиягирандагон ба инкишофи волои талаботи рӯҳӣ бояд қоидаҳои тарбия гардад.
  5. Ихтиёрӣ будан. Бидуни ихтиёри иродавии тарбиягирандагон таҷассуми моҳиятнокии ғояи тарбия шуда наметавонад: на ғояи инишкоф (рафъкунӣ, болобардории худ), на ғояи ҳамкорӣ. Раванди тарбия, агар он ҳамчун маҷбурӣ ташкил карда шуда бошад, кӯдаку муаллимро ба заволи маънавӣ мебарад. Кӯдаконро ба «тарбиякунӣ» маҷбур кардан мумкин нест. Хоҳиши озодонаи тарбиягирандаро ҳамон вақт пайдо кардан мумкин аст, ки ӯро ба завқ биёранд.
  6. Майли коллективистӣ доштан. Оиди мазмуни кори тарбиявӣ бартараф кардани муносибатҳои ноҷӯри коллектив, рушд додани интизомнокӣ, баланд бардоштани нерӯи рӯҳӣ, ахлоқӣ меистад.

Нигаронида шудани мактабҳо ба ҳаёт – гарави нав кардани мазмун ва воситаҳои тарбия, ки ба ин ниятҳо роҳ мекушояд:

  • аз баробаршавии шахсият то ба инишкофи ҳамаҷонибаи он;
  • аз ёд кардани догмаҳо то ба фаҳмидагирӣ ва азнавсозии олам;
  • аз авторитарӣ будан ва дилхунукӣ то ба гуманистӣ ва ҳақкорӣ.

Саволе ба миён меояд: амалан ташкилкунии мазмуни тарбия барои иҷрокунии ин ғояҳо чӣ тавр мешавад? Ба тарбиягиранда хабар додан: одам бояд тарбияи ақлӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва ғайра гирад. Дар вай ҳатман чунин саволҳо пайдо мешаванд – ин барои чӣ лозим аст, ин чӣ медиҳад? Дар системаи тарбияи хориҷӣ ин масъалаи амалӣ махсусан дар ҷои аввал меистад ва ҳамчун омили тавоно хизмат мекунад.

Тарбияи хуб ташкилкардашуда бояд одамро дар се нақши асоси зиндагӣ омода гардонад – шаҳрвандӣ, коргарӣ, оиладорӣ. Ҳоло сифатҳои аниқи шахсият ва ӯҳдадороиҳои одамиятии инҳоро муайян мекунем.

Шаҳрвандӣ.

Адои ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ – ҳисси вазифадорӣ дар назди диёр, ҷомеа, волидайн.

Ҳисси ифтихори миллат ва ватандӯстӣ.

Эҳтиром ба Конститутсияи давлатӣ, органҳои ҳукумати давлатӣ,Президенти кишвар, рамзҳои давлатӣ (нишон, парчам, суруди миллӣ).

Масъулиятдорӣ нисбати тақдири кишвар.

Интизоми ҷамъиятӣ ва маданӣ дар хобгоҳ.

Муносибати эҳтиёткорӣ ба боигарии миллии кишвар, забон, маданият, анъанаҳо.

Фаъолияти ҷамъиятӣ.

Риоя намудани принсипҳои демократӣ.

Муносибати ғамхорӣ ба табиат.

Эҳтироми ҳуқуқ ва озодии дигар одамон.

Мавқеи ҳаёти фаъолона.

Масъули маҷмӯи ақидаҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандӣ.

Бо виҷдон, ростқавл, ҳассос, бошафқат.

Масъулият дар кор ва рафтори худ.

Интернатсионализм, эҳтироми халқҳои дигар кишвар ва ғ.

Коргар

Боинтизом ва бомасъулият.

Коршоямӣ ва муташаккилӣ.

Дониши умумӣ, махсус ва иқтисодӣ.

Дониши сиёсӣ.

Муносибати эҷодкорона ба меҳнат.

Суботкор, саъю кӯшиш бо тезӣ ва хушсифат иҷрокунии кори супоридашуда.

Ифтихори касб, эҳтиром ба ҳунар.

Шуурнокӣ, боодобӣ, вазифашиносӣ.

Таҷрибаи фаъолияти корӣ.

Маданияти пуртаъсири истеҳсолӣ.

Муносибати эстетикӣ ба меҳнат, ҳаёт, фаъолият.

Коллективизм, маҳорати ҳамроҳкоркунӣ.

Ташаббускорӣ, мустақилӣ.

Омода будан ба бисёр ва самаранок меҳнаткунӣ баҳри манфиати кишвар, ҷомеа.

Кордонӣ, боғайратӣ.

Масъулият баҳри натиҷаҳои меҳнатӣ.

Эҳтиром ба одамони меҳнатӣ, устои истеҳсолот ва ғ.

Оиладорӣ

Меҳнатдӯстдорӣ, масъулиятнокӣ.

Боодобӣ, хушмуомилагӣ, алоқаи маданӣ.

Худдорӣ карда тавонистан дар ҷамоат.

Покизагӣ. Покизакорӣ малакаи ҳифзиссиҳа.

Саломатӣ, хислати фаъолонагӣ ба тарзи ҳаёт.

Ташкилкардатавонӣ ва гузаронидани фароғат.

Маълумоти ҳаматарафа.

Донистани нормаҳои ҳуқуқ, қонунҳо.

Донистани психологияи амалӣ, этика.

Маҳорати тарбиякунии кӯдакон.

Омодагӣ ба ақди никоҳ ва иҷро кардани ӯҳдадории оилавӣ.

Эҳтироми волидайни худ, одамони кӯҳансол ва дигар сифатҳо.

Чуноне ки мебинем, дар  ҷудокунии сифатҳои доира бисёр такрорёбӣ дида мешавад. Ин аз он ягонагии ҳамаи сифатҳои тарбия ва муносибати комплексӣ дошатни онҳо гувоҳӣ медиҳад.

Тавсиякунӣ нисбати ташкилкунии мазмуни раванди тарбия дар мактаби миёнаи маълумоти ҳамагонӣ дар китоби ёрирасони роҳбарони синф «Мазмуни тахминии тарбияи мактабиён» оварда шудааст. Албатта, барномаи корҳои тарбиявӣ мазмуни тарбияро нафақат дар ҳамаи мактабҳо, ҳатто дар синфҳои мувозеҳ ҳам ба тартиб оварда наметавонад. Аз ин лиҳоз ба мавзӯоти тахминӣ такя карда мешавад, ҳар тарбиягар бояд ба узвҳои муайяни мазмун эҷодккорона рафтор кунад, бо назардошти мақсад, шароити аниқ ва сатҳи бомаърифатии мактабиён.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *