Системаи методҳои тарбия

Мафҳуми «метод» ва моҳияти тарбиявии он

Метод аз истилоҳи юнонии methodos гирифта шуда, дар забони тоҷикӣ маънои роҳ, тарз ё равишро дорад, ки мавриди тадқиқоти илмӣ, омӯзиши назарияи тарбия, таълим ва ғайра истифода бурда мешавад. Таҳти методҳои тарбия дар педагогика тарзи ба тарбиягирандагон ташаккул додани тарбияи ақлӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ, эстетикӣ ва ғайра, ки ҳини раванди тадрис ва умури тарбия ба вуқӯъ мепайвандад, фаҳмида мешавад. Методҳои тарбия – раванди тарафайни фаъолияти муштараки тарбиятгару тарбиягирандагон.

Пеш аз ҳама ёдрас мешавем, ки шахсият маҳз табқи фаъолият инкишоф меёбад. Ин ба муносибатҳои ташаккулёбӣ (хислатҳои хоси шахсият) ҳам пурра дахл дорад. Ташаккул чунин муносибатҳои иҷтимоӣ, аз қабили ҷаҳонбинӣ ва самтгирии ҷамъиятии шахсият зимни фаъолият дарк карда мешавад. Чунончи, ҳисси Ватандӯстӣ ва байналмилалӣ тавассути фаъолияти дарккунӣ ва амалиёти тарбиявӣ дода мешавад. Ё меҳнатдӯстӣ фақат дар асоси фаъолияти амалии меҳнат ташаккул меёбад ва ҳоказо. Ҳамаи ин, аз тарбиятгар хуб донистани метод ва усулҳои ташкили фаъолияти таълимию фаҳмидагирӣ ва амалиёти гуногуни тарбиягирандагонро тақозо мекунад.

Аммо барои ташаккули муносибатҳо масъалаи умдатарин аз он иборат аст, ки тарбиятгар фаъолияти тарбиягирандагонро ташкил намуда, аз чунин тарз ва усулҳои тарбия, ки онҳоро ба ҳавасмандии талаботи инкишофи шахсӣ, ба мувофиқаткунии ташаккули шуурнокӣ, такомулоти рафтор ва қавииродагӣ, ки дар маҷмӯъ барои кор кардани ин ё он сифати хислат меорад, моҳирона бояд истифода барад. Ҳамин тавр, барои боинтизом тарбиякунӣ ба талабагон фаҳмондани меъёр ва қоидаҳои рафтор лозим аст, то ки онҳоро ба камоли итминон риоя кунанд. Ба ҳамин мақсад баҳри адои ӯҳдарории худ мисолҳои мусбати интизомнокӣ ҳам истифода бурда мешавад. Ҳамаи ин барои ташаккулёбии талабагон мувофиқи талабот, назария, ҳиссу эътиқод ва ба рафтори онҳо таъсири мусбат мерасонад.

Вале дар аксар мавридҳо барои коркарди малака ва одатҳои рафтори интизомнокӣ дар дарсҳо, танаффусҳо ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ зурурати истифода бурдани машқҳои махсус, ки дар парта дуруст нишастан, аснои ба муаллим муроҷиаткунӣ дастбардоштан ва ғайраҳоро ёд медиҳад, истифода бурдан лозим аст. Дар ташаккули интизомнокӣ нақши рӯҳбаландкунии ҳавасмандонӣ ҳам бағоят калон мебошад, ҳамчунин барои ислоҳкунии камбудиҳои ҷойдошта маҳкумкунӣ низ зарур аст. Чунин ислоҳкуниро талаботи педагог, назорат аз болои рафтори талабагон низ иҷро карда метавонанд.

Чунинанд моҳияти метод ва усулҳои муҳими тарбиявӣ, ки дар раванди ташаккули муносибатҳои талабагон истифода бурда мешаванд.

Аз ин нуқтаи назар дар таҳти методҳои тарбия маҷмӯи роҳҳои махсус ва усулҳои тарбиявие фаҳмида мешавад, ки дар раванди ташаккул додани хислатҳои шахсият баҳри инкишкофи талаботи соҳавӣ ва шуурнокии талабагон, барои ҳосил кардани малака ва одатҳои рафтор, инчунин барои ислоҳ ва такмили онҳо истифода бурда мешавад.

Методҳои тарбия бисёранд ва олимони ин соҳа онҳоро ба гурӯҳҳои зайл тақсим кардаанд:

  1. Методҳои ташаккул додани шууронагии шахсият (ақидаҳо, эътиқод, идеалҳо).
  2. Методҳои ташкили фаъолият (алоқа, таҷрибаҳои рафтори ҷамъиятӣ).
  3. Методҳои ҳавасмандгардонӣ ва маҳкумкунии фаъолият ва рафтор.
  4. Методҳои назорат, худназоратӣ ва худбаҳодиҳӣ ба фаъолият ва рафтор.

Чуноне ки мебинем, дар асоси ин таснифот методҳои тарбия дар сохти яклухти фаъолият, ки дар худ раванди амалиёти шуурона, ташкили он, ҳавасмандгардонии фаъолият, назорат ва таҳлили натиҷаҳо гузошта шудааст, фароҳам оварда мешавад.

Ҳоло мо, пеш аз он ки ба тавзеҳоти гурӯҳҳои методҳои фавқ таваққуф намоем, нисбати воситаҳои тарбия ҳам бояд маълумот диҳем, чунки онҳо барои татбиқи методҳои тарбия замина мегузоранд.

Воситаҳои тарбия. Методҳои тарбияро бидуни воситаҳо тасаввур кардан мумкин нест. Воситаҳои тарбия он чорабинӣ ё шаклҳои кори тарбиявӣ (маҷлис, ахбор, сӯҳбат, мубоҳиса, вохӯрӣ, шабнишиниҳо, ва ғ.), намудҳои фаъолияти талабагон (машғулиятҳои таълимӣ, маҳфилҳо, озмунҳо, олимпиадаҳо ва ғ.), инчунин ашёҳои намоишдиҳиро (суратҳо, филмҳо ва ғ.), ки дар ҷараёни амалиёти ину он метод истифода бурда мешавад, ифода меёбад. Чунончи, барои дар хохандагон амалӣ гардондани методи ибрат ва намуна аз чунин воситаҳои тарбия истифода бурдан мумкин аст: сӯхбати эзоҳӣ, ахлоқӣ ва санъатӣ, маҷлис, мубоҳиса, муқоиса, машқ, намоишдиҳии филм ва ғ. Баъзан сӯҳбати эзоҳӣ, ахбор, маҷлис, машқ ва дигар воситаҳои тарбияро ба методҳо мансуб медонанд, ки ин хатои калон нест. Чунки ин методҳо ба сифати воситаҳо баҳри амалӣ гардонидани методи ибрат ва намуна чун ҷузъиёти таъсирбахш истифода бурда мешаванд. Яъне методҳои сӯҳбати этикӣ, маҷлис, мубоҳиса, намоиши филмҳо, муқоиса, машқ ва дигарҳо ҳамчун қисмати шакли ин ё он методи тарбия истифода шуда, вазифаи воситаҳои методро адо мекунанд.

Методҳои ташаккул додани шууронагии шахсият

         Ин гурӯҳӣ якуми методҳои тарбия методҳоеро, ки ба шуурнокии хонандагон таъсир мекунанд, фаро мегирад: фаҳмондан, панду насиҳат, маслиҳат, илтимос ва хоҳиш, ҳикоя, сӯҳбат, ибрат ва намуна. Ин методҳо ба инкишофи ҳиссу ирода, ақлу заковат ва ташаккули эътиқоду ақидаҳои кӯдакон мадад мерасонад.

         Дар ҳаёти маънавӣ ва фаъолияти шахсӣ муборизаи байни фаҳмиши муқаррарӣ ва илмӣ мунтазам давом мекунад. Бинобар ин вусъатёбии дориаи алоқа ва фаъолият, бархӯрӣ бо ҳодиса ва навигариҳои зиндагӣ, тезу тунд шудани таваҷҷӯҳ ба олами ботини шахсӣ, кӯшиши худҳалкунии ҳамаи проблемаҳо кӯдаконро ба фикру андешаҳои амиқ меоранд. Дар ҷустуҷӯи ҷавоби саволҳои ба онҳо пайдошуда бештар боварӣ ҳосил мешавад, ки захираи таҷрибаи мулоҳизаронӣ ва баҳодиҳӣ барои таҳлили воқеӣ ва ҳамаҷонибаи муносибатҳои иҷтимоӣ, идеалҳо, ибрату намунаҳо ва дигар паҳлӯҳои арзанда, ки ҳаётро инъикос мекунанд, нокифояанд. Дар ин маврид ба кӯмаки кӯдакон муаллим пеш меояд ва ба онҳо дар фаҳмидани принсипҳо, меъёр, қоидаҳо, супоришҳои ҷамъиятии шахсият мадад мерасонад.

         Унсури таркибии шуур, категорияи дониш ба худ тасаввур ва мафҳумот, яъне ҷамъбасти донишҳои ботини гурӯҳи ҳодисаҳои якхеларо, ки бо аломатҳои умумӣ муттаҳид шудаанд, дар бар мегирад. Шакли мавҷудияти мафҳум сухан аст. биноан ташаккули шуури шахсият ба афзалияти таъсири шифоҳӣ вобастагӣ дорад.

         Ф а ҳ м о н д а н. Тарбиягирандагони синфҳои ибтидоӣ аз сабаби нофаҳмӣ саҳву хатоҳои зиёд содир мекунанд. Бинобар ин ба онҳо дар мавридҳои муайян ину он қоидаи рафтор, фаъолият, фазилатҳои неки инсонӣ бояд аз ҷониби муаллим фаҳмонда шавад ва сипас дар адои он шуурона амал кардани онҳо дархост мегардад.

         Муаллим шогирдони худро тавассути ин метод нисбати бархе аз ҳодисаҳо, рафтори оқилона, падидаҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ мусаллаҳ мегардонад; бо мисолҳои ҳаётӣ дурустӣ ва ё нодурустии рафтору муносибатҳои инсониро мефаҳмонад, то ки минбаъд оқлилона рафтор намоянд. Чунончи, аз «Қоидаҳо барои хонандагон» нисбати эҳтироми калонсолон ва ғамхорӣ ба кӯдакон сӯҳбат ороста, муаллим мефаҳмонад, ки ононро, қатъӣ назар аз шиносу ношинос буданашон ҳурмат бояд кард. Ба онҳо ҷой додан, лозим ояд ба корашон дастёрӣ намудан лозим аст. бо ин рафтори нек ва мадании худ гӯё онҳо падару модар, хоҳару додарчаҳои худро дар ғайбашон ҳам ҳурмат кардагӣ мешаванд. Калонсолон аз ин некдилии онҳо рӯҳбаланд гашта, дар ҳаққи онҳо ва тарбиятгаронашон дуои хайр мекунанд. Зару зевар нагир, дуо гир! Зеро дуои неки пирон сарсабзии некдилон аст.

         П а н д у   н а с и ҳ а т – андарз, намуна ва маслиҳатҳои хайрхоҳонаи одамони дар зиндагӣ таҷрибаандӯхта нисбати эҳтиёҷмандон. Панду насиҳат аз замонҳои қадим дар ҷамъияти инсонӣ баҳри дуруст ва боақли солим тарбия кардани насли наврас арзи вуҷуд дорад. Ин методи тарбия хеле маъмул буда, аз он пиру бароно баҳра мебардоранд. Дар тарбияи дурусти кӯдакон аз панду насиҳат натанҳо муаллимон, инчунин падару модарон, бобою модаркалон ва мураббиён истифода мебаранд. Онон таҷрибаҳои дар тӯли зиндагӣ басо санҷида ва дидаю шунидаҳои худ такя намуда, хурдтараконро ба тариқи фардӣ ё гурӯҳӣ панд медиҳанд.

         Панду насиҳат мавриду мавқеи муайян дорад. Аз ҳад зиёд насиҳатгӯӣ ҳам нуфузи насиҳатгарро паст мекунад. Муаллим, пеш аз он ки ба насиҳат пардозад, зарурати онро ба инобат гирифта хуб тайёрӣ бинад, аз панду ҳикматҳои бузургони хирад баҳраманд бошад. Носири Хисрав фармудаанд:

                            Насиҳат бишнав, ар талх ояд аз ёр,

                            Ки дар охир ба ширинӣ расад кор.

         Панду насиҳат аз бисёр ҷиҳат ба обрӯ ва синну соли насиҳатгар вобаста аст, бинобар ин омӯзгорони ҷавон аснои панду насиҳат бо калонсолон бояд боэҳтиёт бошанд, то ки иззати нафсашон накоҳад.

         М а с л и ҳ а т   маънои ислоҳу салоҳи кор, некӣ, дурустӣ, беҳбудӣро дорад. Ин методи тарбия дар мавридҳои қабл аз шурӯи ягон фаъолият, саҳву хатоҳои дар рафтору муносибат рӯй дода, душвориву дармониҳои кӯдакон баҳри некӯкорӣ истифода бурда мешавад. Маслиҳат шуурона амалкунии кӯдаконро таъмин мекунад, чунонки дар халқ мегӯянд «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд».

         Маслиҳат фардӣ, гурӯҳӣ ва коллективона сурат мегирад. Тарбиятгар мавриди истифода бурдани ин метод синну сол ва қудрати тавоноии ҳар фард ва гурӯҳро, ки ба маслиҳат мӯҳтоҷ шудаанд, бояд ба инобат гирад. Маслиҳатро бо машаварат пайвастан аз фоида холӣ нест. Дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» омада:

                   Рӯ мапеч аз машварат, зеро ки арбоби хирад,

                   Машваратро пешкори аҳли давлат гуфтаанд…»[1]

         Дар ислоҳи нофаҳмӣ ва ғалатфаҳмиҳо ин метод бо методи фаҳмондан равобит дорад.

         И л т и м о с   в а   х о ҳ и ш   эҳтирому бовариро ифода намада, кӯдаконро ба рағбату ташаббускорӣ ҳидоят мекунад. Онҳо барои ба боварии муаллим сазовор гаштан дар рафтору муносибат ба шуурона амалкунӣ мекӯшанд. Аз талаба ё аҳли синф иҷрои ягон корро бо илтимос ва хоҳиш дархост намудани муаллим ба онҳо рӯҳу қувваи тоза мебахшад. Масалан, муаллим аз шогирдони худ, чунин дархост мекунад: «Хоҳишмандам, дар зиндагӣ ҳамеша ростқавлу ростгӯ бошед, ба дурӯғгӯӣ ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳед!» Дар ин бобат Саъдии Шерозӣ фармудаанд:

                            Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,

                            Дурӯғ одамиро кунад шармсор.

Ҳ и к о я   (нақл) яке аз методҳои маъмули тарбиявии талабагони синфҳои ибтидоист, ки ягон ҳодисаи зиндагӣ тавассути образҳои бадеӣ фаҳмову таъсирбахш нақл карда мешавад. Ҳикоя кардани порчаҳои асари бадеӣ, лаҳзаҳои ибратбахши ҳаёти бузургон, тарҷумаи ҳоли қаҳрамонҳои арсаи меҳнат ва муҳорибаҳо, ҳикоятҳо аз китоби дарсии «Одобнома» ва китобҳои хониш ба кӯдакон хеле писанд меоянд.

Муаллимон тибқи ҳикоя ва образҳои ибратбахши эҷодиёти даҳанакии халқ ба шогирдони  худ  фазилатҳои  неки  инсониро мепарваранд, онҳоро дар рӯҳи ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯстӣ, чолокӣ, ҷасурӣ тарбия мекунанд. Ҳикояҳои ибратбахш кӯдаконро ба рафтору муносибатҳои оқилона ва боварибахш ҳидоят мекунанд.

Пайваста ба ҳикоя аз афсона, нақлу ривоят, шеъру тарона, мақолу андарзҳои ҷаззоб истифода бурдан ҳам аҳамияти калони тарбиявӣ дорад.

С ӯ ҳ б а т – методи диалогии муаллим бо талабагон нисбати шуурона рафторкунӣ дар тарбия. Ин методи сермаҳсул ва маъмули тарбия ҳам дар синфҳои ибтидоӣ бештар мавриди истифода қарор мегирад.

Дар мактаб сӯҳбатҳои ахлоқӣ дар раванди дарсҳо, дар машғулиятҳои фанни «Одобнома», корҳои тарбиявии беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ бештар истифода бурда мешавад. Сӯҳбатҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ медиҳанд, ки мавзӯъ ва маводҳои онҳо аз ҳаёт ва муҳити худи кӯдакон гирифта шуда бошанд, ҳамчунин ба синну сол ва савияи фаҳмиши онҳо мувофиқат кунанд. Чунки, агар толиб муайянкунандаи асосии мавзӯи сӯҳбат худи кӯдакон бошанд, ба он хеле таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, фаъолона иштирок мекунанд. Аз ин рӯ дар мактаб ташкил намудани қуттии саволҳо мувофиқи матлаб аст. Муаллимон дархости саволдиҳандаро ба ҳисоб гирифта, сӯҳбатҳоро ба тариқи зайл гузаронида метавонанд: сӯҳбати фардӣ, гурӯҳӣ, синфӣ, шабҳои саволу ҷавоб бо иштироки волидайн.

Дар синфҳои ибтидоӣ барои инкишофи нутқи кӯдакон ба сӯхбатҳо бештар ҷалб кардани онҳо аҳамияти калон дорад. Бигзор худи онҳо ба ҳодиса, рафтор, муносибатҳои ҳаётӣ баҳо диҳанд, таҳлил кунанд, дурустиву нодурустии фаъолиятро арзёбӣ намоянд.

Мунтаҳо муаллим сӯхбатро оғоз дода, ба баҳсу муҳокимаи масъала роҳ мекушояд ва сипас талабагон озодона фикр баён мекунанд. Ҳар қадаре, ки муаллим кам гап занад, ҳамон қадар сӯҳбати мусоҳибон барор мегирад. Дар чунин маврид вазифаи муаллим аз дуруст ташкил намудани сӯхбат, масъалаҳо гузоштан ва ислоҳ кардани андешарониҳои нодуруст иборат мебошад. Дар хотима вай сӯҳбатро ҷамъбаст карда, роҳҳои ҳаллу фасли мушаххаси масъалаи гузошташударо баррасӣ менамояд.

М е т о д и   и б р а т   сабақҳои зиндагиеро гӯянд, ки кӯдакон тавассути пайравӣ аз атрофиён мегиранд. Ин метод бештар ба кӯдакони синни томактабӣ ва хурдимактабӣ хос буда, тарбиятгарон ба воситаи он дастпарваронро ба тақлиди рафтор, муносибат, фаъолияти мақбул ва нақӯъкорони ҷамъият ҳидоят менамоянд.

Инсон аз азал хусусияти тақлидкунӣ дорад. Ва ба пешсафони ҷамъият пайравӣ намудан эҳтиёҷи қонунӣ ва ҳаётии ӯст. Дар рӯзгори имрӯзаи мо бештар онҳое намунаи ибрат шуда метавонанд, ки идеалҳоро дар худ таҷассум намуда, дар фаъолияти зиндагӣ шоёни таҳсини умум гаштаанд. Пайравӣ – ин на тақлиди нусхабардории кӯр – кӯрона, балки ташаккули одами типи нав бо тамоми хислатҳо ба идеал мувофиқат намуда, ба идеали ибратшаванда монанд амал кардан аст.

Ба кӯдакон нафақат он ашосе, ки бевосита бо онҳо дар муомилаанд, инчунин ветеранҳои ҷангу меҳнат, қаҳрамонҳои мусбати адабиёт, асарҳои саҳнавӣ, филмҳо, ғолибони спорт, хонандагони пешқадам ва ғайраҳо намунаи ибрат шуда метавонанд.

Пайравии кӯдак дар оила оғоз меёбад. Дар хонадон ба калонсолон – бобою модаркалон, падару модар хоҳару бародар пайравӣ мекунад. Бинобар ин, калонсолони оила дар ҳама кор бояд намунаи ибрат бошанд. Ёдрас мешавем, ки кирдорҳои бад кӯдаконро ба роҳи бад мебарад, онҳо ин рафторҳои нохушро берун аз хонадони худ чун оина инъикос мекунанд, ба хонадон маломату кароҳат меоранд.

Бо мурури замон ва тағйироти синну сол доираи тақлидкории бачаҳо вусъат меёбад. Дар мактаб онҳо бештар ба муаллимон тақлид мекунанд. Хонандагон ҳар як рафтор, гуфтор, шишту хези омӯзгорро таҳти назорат мегиранд. Аз ин рӯ, муаллим дар ҳама ҷо: дар байни хонандагон, дар байни аҳолӣ, дар хонадони худ низ муаллим аст, ӯ бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтори шоиста боигарии маънавӣ, тамкинию устуворӣ, самимияту беғашӣ намунаи ибрат бошад.

Муаллим мавриди ба рафторҳои ношоиста баҳо додан ва маҳкум кардан бояд ба одоби муошират риоя намояд. Яъне аснои нишон додани ин ё он тарафҳои манфии рафтору муносибатҳои хонандагон хислатҳои беҳтаринашонро ҳам ба инобат гирад, ҳамсолони беҳтаринашро ҳамчун намуна мисол оварад.


[1] Њусайн Воизи Кошифї. Ахлоќи Мўњсинї. Душанбе, – 1991. с. 195.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.