Методҳои назорат, худназоратӣ ва худбаҳодихӣ

Кӯдакон, ки ҳоло таҷрибаи кофии зандагӣ надоранд, ба назораткунии калонсолон, сипас ба худназоратию худбаҳодиҳӣ эҳтиёҷ доранд. Ин методҳои тарбия дар ҷараёнҳои яклухти  идоракунии педагогӣ бо алоқаи бозгашти натиҷаҳои тарбиявӣ ба муаллим кӯмаки зиёд мерасонанд. Барои он ки ба ҷараёни судбахши тарбиявӣ дуруст баҳо дода шавад, фаъолият ва рафтори тарбиягирандагонро бояд омӯхт.

Самарабахшии тарбияи мактабиён баҳри ноилшавии корҳои ба миён гузошта тавассути ин методҳо муайян карда мешавад. Нишондиҳандаи маҷрои дуруст гирифтани тарбияи кӯдакон ин дар ҳамаи намудҳои асосии фаъолият: бозӣ, омӯзиш, меҳнат, корҳои тарбиявии беруназсинфӣ мувофиқи синну солашон иштирок кардани онҳо мебошад. Нишондиҳандаи муҳими тарбияёбандаи онҳо дар алоқа ва муносибаткунӣ (бо ҳамсолон, иттиҳод ва калонсолон) ифода меёбад. Хусусияти алоқакунӣ ва рафтор аз бисёр ҷиҳат ба натиҷабахшии таъсири тарбиявии шахсият вобаста аст.

Ин нишондиҳандаҳои тарбиявӣ ба дигар қисматҳои таркибии тарбия низ мансубият доранд, чунончи, ба ахлоқ, маданият, зебописандӣ ва ғайра. Дар муносибат, пеш аз ҳама, барои инсон адаб зарур аст, зеро маҳз адаб инсонро зебу зинат мебахшад. А. Ҷомӣ хуб гуфтаанд:

                   Боядад аввал адаб андӯхтан,

                   Пас ба дигар кас адаб омӯхтан.

Аз ин нишондиҳандаҳои тарбия ягонтаашро ҳам алоҳида дида баромадан мумкин нест, зеро шуур, амалиёт, рафтор, робитаи шахсият аз ҳам ҷудо нашавандаанд. Дар бобати тақсимоти шартии методҳои мансуби тарбия ва баҳодиҳӣ ба онҳо ҳам ҳаминро гуфтан мумкин аст. Таҳлили умумии раванди педагогӣ аз баҳоҳои натиҷадодаи қисматҳои он ва хусусиятҳои инъикоси ҷараён бармеояд. Ба амалиёти худи тарбиядиҳандагон, дуруст муносибат кардани онҳо бо дастпарварон, хусусияти услуби алоқаи мақбул пиндоштаи онҳо, ҳамкорӣ, таъсири онҳо ба ташаббускорӣ, худфаъолиятии кӯдакон низ баҳо додан зарур аст.

Ба методҳои асосии назорат инҳо тааллуқ доранд: мушоҳидаи педагогӣ, сӯҳбат, самти ошкоркунии бомаърифатӣ, пурсиш (ба тариқи саволномаи хаттӣ, даҳонакӣ), таҳлили натиҷаҳои фаъоляити фоиданоки ҷамъиятӣ, иҷрои супоришҳои органҳои худидоракунии хонандагон, муҳайё кардани шароит барои омӯхтани рафтори тарбиягирандагон.

М у ш о ҳ и д а и   п е д а г о г ӣ   бевосита фаҳмидагирии фаъолият, алоқа, рафтори томи шахсият ва динамикаи дигаргуншавии онҳоро таъмин мекунад. Мушоҳида намудҳои гуногун дорад: бевосита ва ғйримустақим, ошкоро ва ниҳонӣ, муттасил ва ғайри муттасил, монаграфӣ ва маҳдуд. Барои он ки аз мушоҳида нисбати маданиятнокии шахсият дуруст омӯхта шавад, онро ба мақсади аниқ, мувофиқи барномаи омӯзиши шахсият, аломатҳо ва меъёри баҳои маданиятнокии он бояд бурд. Муҳимаш он ки далелҳои аз мушоҳида ба даст овардашуда дар рӯзнома, харитаи мушоҳида зикр карда шаванд.

С ӯ ҳ б а т   оиди муайян кардани масъалаҳои ғоявию ахлоқӣ, меъёр ва қоидаҳои рафтор, муайян кардани сабабҳои қабул накардани ин меъёрҳо, кай мушоҳидашавии онҳо аҳамияти калон дорад. Мавриди сӯҳбат муаллимон фикр ва андешаҳои талабагонро зикр мекунанд, то ки ба сифати таъсирбахшии тарбияи худ, муносибати байнихудии кӯдакон, ҳусни таваҷҷӯҳ ва адовати ононро муайян ва арзёбӣ кунанд.

П у р с и ш ҳ о и   психологӣ бештар дар коллективҳои синф ҷорӣ карда мешавад, ки тавассути онҳо хусусияти муносибатҳои байни аъзоёни иттиҳод, дилбастагии рафиқона, ёки баръакс, муносибатҳои манфӣ дошта, ба ин ё он аъзо ошкор мегардад. Чунин пурсишҳо (хаттӣ, даҳонакӣ) барои сари вақт муайян кардани мухолифатҳо ва зуд ҳаллу фасл намудани онҳо имконият медиҳанд. Истифода бурдани пурсишҳо, албатта кори осон нест, мавриди тартиб додани саволнома ва пурсишҳо ба қоидаҳои муайян риоя кардан лозим аст, масалан, саволҳоро на ба шакли мустақим гузоштан, ҷавобҳо мазмунан бояд санҷиши мутақобила дошта бошанд. Талабот ба чунин саволномаҳо аз китобҳои дарсии психологию педагогӣ ё аз тавсияномаҳо барои омӯхтани талабагон, ки ба донишҷӯён ҳини тайёрӣ ба таҷрибаи педагогӣ дода мешавад, пайдо кардан мумкин аст.

Омӯзгорони соҳибтаҷриба барои назорати рафти корҳои тарбиявӣ аз методи мураккаб – ҷалб кардани худи талабагон дар назорати намудҳои фаъолият ва робита истифода мебаранд. Ин метод маҳорати зиёди педагогии коллегиалиро талаб мекунад.

Назорати рафти корҳои тарбиявӣ бо арзёбии натиҷаҳои бо маданиятии дастпарварон ва дараҷаи фаъолияти муаллимону мактаб ба анҷом мерасад. Аснои баҳодиҳӣ ба корҳои тарбиявии муаллим, албатта, маҳорати истифода бурда тавонистани корҳои зерини ӯ ба инобат гирифта мешавад: интихоби дурусти методҳои муосир, шакл ва воситаҳои тарбия, оптималӣ истифода бурдани онҳо дар шароити мушаххас, муносибати тафриқавии ӯ бо талабагон, асоснок тавсиф намудани рафтор ва муносибати хонандагон, нақши муаллим дар тарбияи санъати миллӣ ва меҳнат ва маводҳои фанни «Одобнома», касбогоҳии талабагон ва хусусиятҳои тарафайни муаллиму шогирдон.

Натиҷабахшии корҳои тарбиявиро нишондиҳандаҳои зайл гувоҳӣ медиҳанд: ташаккулёбии асосҳои ҷаҳонбинии илмии дастпаварон, маҳорати дуруст баҳодиҳӣ ба падидаҳо аз нуқтаи назари илмӣ, аз худкунии нормаҳои ахлоқи писанддида, донистан ва риоя намудани қонунҳо, аз қабили Қоидаҳо барои талабагон, фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, дастаҷамъӣ, коллективизм, худидоракунии кӯдакон, ташаббускорӣ ва худфаъолиятии дастпаарон, инкишофи эстеткӣ ва ҷисмонии онҳо.

Алалхусус, мувофиқи Оинномаи ҳар мактаб рафтори талабагон ба тариқи зайл арзёбӣ карда мешавад: «намунавӣ», «хуб», «қаноатбахш» ва «ғайриқаноатбахш». Ҳамчунин саъю кӯшиш ба омӯзиш касбу ҳунар ва фарҳанги миллӣ низ арзёбӣ мегардад.

Шароити интихоби оптималӣ ва самаранок истифода бурдани метоҳои тарбия

Дар фаъоляити амалии муаллим интихоб намудани методҳои тарбия аҳамияти калон дорад. Методҳои интихобнамудаи ӯ бояд ба мақсад ва мазмуни тарбия мувофиқат кунад. Вазифаҳои мушаххаси педагоии тарбияро ба ҳисоб гирифта, муаллим кадом методро ба истифода мегирад, худаш ҳал мекунад. Албатта, вай дар шароити кунунӣ чӣ гуна афзалият дошатни методи интихобнамудаашро ба инобат мегирад.

Метод худ аз худ хуб ё бад шуда наметавонад. Ҳол он ки дар асоси ҷараёни тарбия на худи методҳо, балки системаи онҳо гузошта мешавад.

Методҳои тарбия, ки бо ёрии онҳо натиҷаҳои судбахши тарибявӣ ба даст дароварда мешаванд, моҳияти якхела дошта, онҳо метавонанд мутобиқи шароит ва вазъу ҷараёни маҳорати баланди педагогӣ тағйир ёбанд. Аммо дар ин маврид маҳорати педагогӣ ба он муаллиме сар мефарорад, ки вай мунтазам беҳбудиро ҷустуҷӯъ дорад ва методҳои беҳтаринро мувофиқи синну сол ва сатҳи инкишофи фардии шогирдон интихоб мекунад ва бо ҳамин роҳ вақти кам сарф карда, натиҷаҳои зиёд ба даст меорад.

Интихоби методҳои тарбия озодона сурат мегирад. Он ба як қатор қонуният ва вобастагиҳо итоат мекунад, ки дар байни онҳо мақсад, мазмун ва принсипҳои тарбия, вазифаҳои мушаххаси педагогӣ ва шароити ҳалли онҳо, ба ҳисобгирии хусусиятҳои синну соли дастпарварон моҳияти асосӣ мебошад.

Консепсияи тарбияи ҳозиразамон бар хилофи системаи тарбияи авторитарӣ

Педагогикаи демократӣ ва консепсияи тарбияи ҳозиразамон системаи тарбияи авторитариро ба тамом маҳкум мекунад.

Тарбияи авторитарӣ (аз лотинӣ autoritas – ҳокимият, ҳукмравоӣ) – системаи сиёсии ҳукмравоии зиддидемократӣ. Тарбияи ҳукмравоӣ ба обрӯи зӯроварӣ ва итоати кӯр – кӯрона асос ёфта, бештар дар мактабҳои собиқи фашистии Германия, Италия ва ғайра ҷорӣ шуда буд. Дар ин системаи тарбия расму қоидаҳои демократӣ тамоман вуҷуд надоштанд. Чунки ҳокимият на аз тарафи халқ, балки аз тарафи гурӯҳи хурди баргузида ташкил  ва назорат карда мешуд. Онро асосан аппарати ҳарбии ҷазодиҳӣ идора мекард. Усулҳои таъдиб (муштра), ҷазои террориро васеъ истифода мебурданд. Ба муқобили тарбияи ҳукмравоӣ педагогҳои пешқадами тамоми мамлакатҳо баромад карданд ва чунин тарзи тарбияро маҳкум намуданд.

Санҷиши контролӣ

  1. Методи тарбия чист?
    1. Воситаҳои тарбия чист?
    1. Методҳои тарбия чӣ тавр таснифот шудаанд?
    1. Кадом методҳо ба гурӯҳи шууронагии шахсият дохил мешаванд?
    1. Кадом методҳо ба гурӯҳи ташкили фаъолият ва ташаккули таҷрибаи рафтори ҷамъиятӣ дохил мегарданд?
    1. Кадом методҳо ба ҳавасмандонӣ тааллуқ доранд?
    1. Ба гурӯҳи методҳои маҳкумкунӣ кадом методҳо шомил мешаванд?
    1. Ба гурӯҳи методҳои назоратӣ кадом методҳо мансубият доранд?

Адабиёт барои худомӯзӣ

Болдырев Н. И. Методикаи корҳои тарбиявӣ дар мактаб. – Душенбе, 1979.

Гордин Л. Ю. Поощрения и наказания в воспитании детей. – М., 1989.

Коротов В. М. Общая методика учебно – воспитательного процесса. – М., 1983.

Нуров А., Раҳимов Х. Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ. – Душанбе, 2005.

Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе. 2000.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Ахлоқи Мӯҳсинӣ. – Душанбе, 1991.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.