Марҳалаҳои инкишофи коллектив

Коллективи тарбиявии бачагона фавран ташаккул намеёбад, он тибқи чорабиниҳои бардавом дар се марҳалаи зайл ба миён меояд.

М а р ҳ а л а и   а в в а л. дар ин марҳала барои инкишофи ибтидоии иттиҳод ба матлаби муттаҳидгардонии дастпарварон талаботи педагогӣ нақши тарбиявии муҳим мебозад. Талаботи педагогӣ аз ҷониби тарбиятгарон, муаллимон ва маъмурияти мактаб гузошта мешавад, ки ҳамаи он барқароркунии тартибу интизоми дохилимактабиро талаб мекунад. Сипас мақсади марбуте, ки дурнамои (перспективаи) ҳаётии гурӯҳро ифода мекунад, баррасӣ мегардад. Дурнамо наздик, миёна ва дур мешавад. Барои ин марҳала аввало пешниҳоди дурнамои наздик ва миёна ба талаб мувофиқ аст. Тавассути ин дурнамоҳо муаллим шавқу рағбат, ташаббус эҷодкории ҳар якеро таҳти мушоҳида қарор медиҳад.

Албатта, талаботи педагогӣ бояд ба қобилияти иҷрокунандагон мувофиқат кунад ва аз тарафи онҳо дастгирӣ ёбад. Аснои иҷрои талаботҳо фаъолон муаяйн карда мешаванд.

М а р ҳ а л а и   д у в в у м. Дар ин марҳала нақши муҳимро фаъолони гурӯҳ мебозанд. Чунки тавассути онҳо иттиҳоди тарбиявӣ рӯ ба ташаккул меёбад. Акнун фаъолон ба аъзоёни худ нисбати риоя намудани муқаррарот ва меъёрҳои рафтор талабҳо мегузоранд, яъне ба худидоракунӣ моил мегарданд. Фаъолон ҳамчун ташкилотчиёни ҳамаи паҳлӯҳои фаъолият баромад мекунанд, ки ин аз масъулиятшиносии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Дар ин марҳала фаъолияти амалии тамоми аъзоён афзоиш меёбад ва пай дар пай мураккаб шудан мегирад. Алалхусус гурӯҳе, ки дар марҳалаи аввал супоришҳоро аз муаллим мегирифт, акнун супоришҳоро аз фаъолон мегирад, мустақилона амал карда, нақшаҳо тартиб медиҳад ва корҳои гуногуни тарбиявиро ӯҳда мекунад.

М а р ҳ а л а и   с а в в у м. Дар ин марҳала иттиҳоди тарбиявии бачагона комилан ташаккул меёбад ва ба корҳои таълимию тарбиявии муаллим мададрасон мегардад. Коллектив дорои корҳои амалӣ гашта, ба худидоракунӣ ва тарбияи муфиди аъзоёни худ қодир мешавад. Дар ин марҳала вазифаҳои асосии муаллим аз дуруст раҳнамоӣ кардан иборат аст. Талаботи педагогие, ки аввалҳо аз берун дода мешуд, кунун бо салоҳият ва қобилияти худи коллектив аз дохили он гузошта мешавад. Дар ин давр иттиҳод сифати худмуйяанкуниро мегирад – мақсадҳои хусусӣ ва умумиро мустақилона кор карда мебарояд.

Сохтори иттиҳоди мактабиён ва методҳои ташкилии он

Дар адабиёти психологию педагогии муосир ду маънои иттиҳод зикр карда мешавад. Дар якӯмаш: таҳти иттиҳод ташкилоти гурӯҳҳои гуногун (дар корхонаҷот, бригада, мактаб, гурӯҳи муҳассилин ва ғ.) фаҳмида мешавад; дар дуюмаш: иттиҳод сатҳи баланди инкишофи гурӯҳро ифода мекунад. Ин ҷо гап дар бораи хусусияти сифатҳои иттиҳоде меравад, ки мақсаддорӣ, муттаҳидӣ, ягонагии маънавӣ ва ғайра дорад.

Шароити мактаб муттаҳидии талабагон дар иттиҳод ба мақсаддорӣ ва пайдарпаӣ, мувофиқи вазифаҳои тарбия баргузор мегардад. Омӯхтани имкониятҳои тарбиявии иттиҳоди талабагон, шахсияти ҳар як тарбиягиранда, ҳамкории онҳо, ки ба мунтазам ғановати маънавии ҳамдигар ва тамоми иттиҳод асос меёбад, ба тарбиятгар ҳамчун падидаҳои педагогӣ имконяити ба чандирию зуд ҳаракаткунии он тарзи муносибаткуниашро муайян мекунад. Қобилияти ҳаётии раванди дохилии иттиҳод мунтазам инкишофёбанда аст.

Иттиҳоди мактаби муосир аз ду коллективи бо ҳам алоқаманд – педагогӣ ва талабагон иборат аст. Дар мактаб ҳамаи талабагон ба як марказ муттаҳид мешаванд ва иттиҳоди ягонаи умумимактабиро ташкил мекунанд. Таркиби иттиҳодҳои тарбиявии мактаб аз иттиҳодҳои ибтидоӣ (синфӣ) иборат аст. Иттиҳодҳои ибтидоӣ хонандагонро мунтазам ба корҳои якҷояи таълимӣ, тарбиявӣ ва корҳои беруназсинфӣ муттаҳид мегардонанд.

Дар доираи мактаб барои ҳаллу фасли ин ё он кор ба муддатҳои муайян иттиҳодҳои муваққатӣ низ ташкил карда мешавад, ки ба ин иштирокчиёни маҳфилҳои гуногун, шӯрои клуби дӯстии байналмилалӣ, бригадаи кирмакпарварӣ ва ғайраҳоро дохил кардан мумкин аст.

Дар сохти иттиҳоди тарбиявӣ органҳои худидоракунии талабагон – кумитаи талабгагони мактаб, созмонҳои «ахтарон», «ворисони Сомониён» ва «Сомониён», сардорони синф ва фаъолон нақши муҳим мебозанд.

Алалхусус, иттиҳоди тарбиявии мактабиён на бо роҳи гуфтушунид ва сӯҳбат ташкил карда мешавад, балки он мувофиқи методҳои марбут созмон меёбад. Иттиҳоди мактабиён дар ду замина таъсис дода мешавад: аввало, ҳамаи талабагонро ба фаъолияти умумӣ бояд ҷалб кард ва дуввум, алабатта, ташкил кардан ва ҳавасманд гардонидани онҳо ба фаъолияти пешниҳодшуда, то ки дӯстӣ ва коршоямии аъзоён баланд гардад. Аз ин ду хулосаи муҳим бармеояд:

а) ин ҷо ба сифати воситаи муҳими иттиҳоди тарбиявӣ фаъолияти таълимӣ, корҳои гуногуни беруназсинфӣ, меҳнат ва корҳои оммавӣ – мадании талабагон дохил мегардад;

б) дар ҷараёни ташкили фаъолиятҳои муайян барои таъсис додани иттиҳоди тарбиявӣ бояд аз методикаи махсус истифода бурд. Асоси ин методика аз инҳо иборат аст. Моҳирона изҳор кардани талабот ба талабагон; тарбияи фаъолон; ташкили дурнамо дар фаъолияти таълимӣ, меҳнатӣ ва корҳои ҷамъиятӣ; инкишофи анъанаҳои мусбати ҳаётии иттиҳод. Ин қоидаҳои методикиро алоҳида – алоҳида дида мебароем.

Моҳирона изҳор кардани талабот ба талабагон ҳамчун омили барпокунӣ ва тарбияи иттиҳод. Талабагони синфи якум узви иттиҳоди умуммактабӣ ҳисоб мешаванд, вале ҳоло онҳо дар синф органи худидоракунӣ надоранд. Нисбати синфҳои дуюм сеюм ва чаҳорум ҳам ҳаминро бояд гуфт. Онҳо талабот ва супоришҳоро аз берун – аз муаллимон мегиранд, яъне идоракунии онҳо бар дӯши муаллимон аст. Дар ин синфҳо, чуноне ки дар боло зикр ёфт, фаъолияти талабагон мувофиқи методикаи марҳалаи аввали инкишофи иттиҳод пардохта мешавад. Оиди масъалаи моҳирона зоҳир намудани методика, пеш аз ҳама, нисбати корҳои таълимӣ – тарбиявӣ бояд аз дақӣқ муайян кардани меъёр ва қоидаҳои рафтор оғоз гирад, ба толибилмон бидуни фишороварӣ фаҳмондан лозим аст, ки дар синф ва мактаб ҳар фард чӣ хел бояд рафтор кунад, чӣ гуна вазифаҳоро иҷро намояд, дар муомила одоб нигоҳ дорад. Чунин сӯҳбатҳо дар синфи якум бештар мавриди шиносоӣ бо қоидаҳои тартиботи дохилимактабӣ гузаронида мешаванд. Таъсири психологии чунин сӯҳбатҳои аввалин дар хотири онҳо нақш мебандад. Хайрхоҳона изҳор намудани талабот бидуни сарпечӣ иҷро кардани амалиётро таъмин мекунад ва муҳити солим ба миён меорад.

Дар методи изҳор намудани талабот ёддиҳӣ нисбат ба риоя кардани қоида ва меъёрҳои муқаррарнамудаи мактаб, ҳосил намудани маҳорат, малака ва одатҳои рафтори шоиста аҳамияти калон дорад. Қисми муҳими ин метод ташкили машқ барои рафтори дуруст ба шумор меравад. Хусусан машқи амалии дар парта дуруст нишастан барои ҳама лозим аст. Методи ёддиҳӣ бо методи машқ робита дорад – ёддиҳӣ набошад, дурустфаҳмӣ ва машқ ҳам намешавад, талабот ҳам оқилона сурат намегирад.

Риоя намудани меъёр ҳам дар изҳор намудани талабот нисбати толибилмон аҳамияти муҳим дорад. Талабот бояд дар доираи қобилияти талаба бошад, аз ҳад зиёд талабгузорӣ ҳам натӣҷаи дилхоҳ намедиҳад, баъди анҷоми яке дигараш пешниҳод гардад.

Дар мавриди изҳори талабот авзою кайфияти фард, иттиҳод ба инобат гирифта мешавад.

Тарбияи фаъолон. Фаъолон – поягузори иттиҳоди тарбивии синф ва мактаб. Ба ҳайати фаъолон онҳое дохил мешаванд, ки супоришҳои ҷамъиятӣ ва шахсиро виҷдонан иҷро мекунанд ва дар яке аз органҳои худидоракунӣ: кумитаи талабагон, созмонҳои мактабӣ, ҳайати таҳририяи рӯзномаи деворӣ ширкат меварзанд, ҳамчунин сардори синфанд. Ба ҳайати фаъолон боз талабагоне дохил мешаванд, ки дар байни ҳамсолон обрӯю нуфуз дошта бошанд. Маъмурияти мактаб ва роҳбарони синф ҳамеша бояд вазифаҳои фаъолонро фаҳмонда истанд. Ин корро онҳо метавонанд ба шакли сӯҳбат, семинари инструктивии иттиҳодия ва ё инфиродӣ баргузор намоянд.

Яке аз шаклҳои хуби инструктивӣ ва ёрии амалӣ ин бо фаъолон ташкили мубодилаи таҷрибаҳои корӣ мебошад. Баъзан дар қисме аз мактабҳо бо фаъолон ҷамъомадҳои мухтасар гузаронида, ҷиҳатҳои кори муфид қайд карда мешавад ва ба фаъолон баҳри истифодабарии онҳо маслиҳатҳо медиҳанд. Ҷиҳати дигари кор бо фаъолон назорат аз болои иҷрои супоришҳои додашуда мебошад. Назорат дар шакли ҳисоботдиҳии фаъолон дар ҷамъомадҳо ва сӯҳбатҳои фардӣ низ бурда мешавад, ки ин тарзи корбарӣ масъулият ва фаъоляити кории онҳоро баланд мебардорад.

Маҳз зимни чунин корҳо мунтазам ва пурмазмун гузаронидани чорабиниҳо фаъолон тартиботу интизоми амалиро дар мактаб дастгирӣ намуда, интишордиҳандаи фикрҳои солими ҷамъиятӣ мегарданд, инкишофи иттиҳодро ба зинаи баланд мебардоранд.

Ташкили дурнамо дар фаъолияти иттиҳод. Иттиҳоди тарбиявӣ қонунан ҳамеша дар ҳаракат аст. ин ҳаракат асосан аз дурнамо (перспектива) сар мезанад. Ҳар иттиҳод бояд дурнамои худро дошта бошад, то ки талабагон баҳри мақсади ягона мунтазам амал намоянд. Дурнамо ва мақсад дар методикаи тарбияи иттиҳод аз нигоҳи назарияи афзоиш инъикоси ҳақиқат аст. Тибқи ин назария ҳар кас нақшаи ояндаи худро мекашад, барои ба бурдбориҳо ноил шудан кӯшиш ба харҷ медиҳад, зеро ӯро талаботи зиндагӣ, орзуву умеди ояндаи дурахшон такони рӯҳӣ мебахшад.

Дурнамо наздик, миёна ва дур мешавад. Дар ибтидои ташкилёбии иттиҳод дурнамои наздик, сипас ба сатҳи инкишоф, дурнамои миёна ва дур пешбарӣ мегардад. Дар шароити мактаб дурнамо, пеш аз ҳама, дар фаъоляити таълимии хонандагон дида мешавад. Ҳамин ки дурнамои наздик – дар дарсҳо ба ғайриҳозирӣ роҳ надодан таъмин карда шуд, ба дурнамои миёна – бо баҳои «5» ва «4» хондан ва сониян ба дурнамои дур – синф ва ё мактабро бо муваффақият анҷом додан пешбарӣ мегардад. Ҳар вазифае, ки ба талабагон пешниҳод мегардад ва он бо ҳавасу рӯҳафзоӣ ҳаллу фасли худро меёбад, он дурнамои писанддида ва шавқовар пиндошта мешавад.

Барои ҳалли бисёр маъалаҳо, чунончи, тозаву озода нигоҳ доштани китобу дафтарҳо, хушмуомилагӣ бо ҳамсолон, хониши берун аз синф, фаъолият дар корҳои муфиди ҷамъиятӣ ва амсоли инҳо дурнамои мусобиқа нақши фаъол мебозад. Мусобиқаҳо байниҳамдигарӣ, байнисинфӣ, байнимактабӣ шуда метавонанд. Дурнамои мусобиқа худфаъолиятии аъзоёни иттиҳодро инкишоф дода, дар рӯҳияи демократӣ, романтикӣ ва навоварӣ тарбия мекунад.

Ташаккули афкори солими иҷтимоӣ дар иттиҳод.

Тарбияи сутудаи фард аз бисёр ҷиҳат ба таъсирбахшии афкори умум, яъне тааммулу андешаҳои солими иҷтимоии иттиҳоди тарбиявии ӯ вобаста аст. Чунки ҳодиса ва воқеаҳои гуногуни ҳаётӣ маҳз таҳти афкори солим ҳаллу фасли дурусти худро ёфта метавонад. Аз ин лиҳоз дар ҷараёни тарбияи иттиҳод ташаккул додани афкори солими ҷамъиятӣ бағоят зурур аст. Афкори солим дар иттиҳод тавассути ҷаҳду ҷидол ва фаҳмондани педагог ба миён меояд. Агар яке аз узви иттиҳод ба пирони барҷомондаи яккадаст аз ёрирасонӣ саркашӣ кунад ва ин камбудии ӯ аз тарафи умум фаҳмонда, маҳкум карда намешавад, ин аломати ҳоло дар иттиҳод вуҷуд надоштани афкори солимро ифода мекунад. Ташаккули афкори солими иҷтимоӣ чӣ тавр имконпазир мегардад? Ин масъала маҳз тавассути дуруст бароҳмонии фаъолияти амалии аъзоёни иттиҳод, аснои омӯзиш, корҳои оммавӣ – иҷтимоӣ, маданию меҳнатӣ ва чорабиниҳои гуногун, аз қабили фаҳмондан, сӯҳбат, маҷлисҳои судманд, ҳалли худро меёбад. Зимни ин корҳо дар иттиҳод андешаҳои солим: инсонпарастӣ, шуурона ва виҷдонан рафторкунӣ, бидуни парастиши хешовандиву маҳалчигӣ, ғамхорона ва холисона муносибаткунӣ ташаккул меёбад.

Барои дар иттиҳод тарбия намудани афкори солим нақши таъсири мувозӣ (перспектива) низ калон аст. Тамоми тарбиягирандагон мефаҳманд, ки дар муассисаи кӯдакон онҳоро меомӯзанд ва тарбия мекунанд, аммо онҳо гирифтори таънаю сарзанишҳои педагогӣ монданро дӯст намедоранд. Биноан дар мавридҳои муайян аз принсипи таъсири мувозӣ истифода бурдан лозим меояд. Таъсири мувозӣ тақозо мекунад, ки дар байни бурду бохтҳо бо кӯдакон мураббӣ набояд мустақим, балки ғайримутақим баромад кунад. Яъне таъсири тарбиявии мувозӣ ба он маъност, ки мураббӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун узви ҳамон иттиҳод, вале баъди аз ҷониби умум ҳимояту дастгирӣ ёфтани муваффақият ва камбудиҳо чун мураббӣ баромад мекунад. Масалан, муаллими синфи чорум пеш аз он ки талабаро барои ба кӯдакистон гулдонҳои чӯбин сохта супориданаш дар ҳузури синф таърифу тавсиф кунад, гуфт: «Мо бояд кӯдакони аз худ хурдсолро ҳам ҳурмат кунем, барояшон ҳар гуна чизҳо сохта супорем, шод гардонем…Аз синфи мо Каримҷон барои кӯдакистон се гулдони чӯбин сохта тақдим кард, ки шодиву хурсандии кӯдакону мураббиён ҳадду канор надошт…» чунин таъсиррасонии мувозӣ, ки ба гуфтаи мардумӣ «Духтарам, ба ту мегӯям, келинам, ту шунав» шабоҳат дорад, ба дигарон ҳам дарси ибрат мегардад. Дар байни камбудиҳо низ ҳамин тавр рафтор бояд кард.

Инкишофи аъанаҳои мусбат дар ҳаёти иттиҳод.

Дар ташкилу тарбияи иттиҳоди мактабиён аъанаҳо аҳамияти калон доранд. Анъана – расму қоидаҳои иҷтимоӣ ва мадании меросӣ, ки аз насл ба насл дода шудаанд. Онҳо шавқмандии мактабиёнро таъмин намуда, ононро ба рӯҳбаландӣ ва ваҳдат меорад. «Ҳеҷ чиз коллективро чун анъанаҳо пайванд карда наметавонад, – мегӯяд А. С. Макаренко – мактабҳои беҳтарине, ки ман мушоҳида кардаам…

ин мактабҳоеанд, ки анъанаҳо ҷамъ кардаанд»[1].

Ҳар мактаб, ҳар иттиҳоди муттаҳид новобаста аз ибтидоӣ аст ё муваққатӣ анъанаҳои худро доранд. Дар мактаб чунин идҳои анъанавӣ вуҷуд доранд: занги аввалин ва охирин, иди «Алифбо», иди паррандаҳо, иди ҳосилот, анъанаи «Ҳафтаи поси хотир» ва ғайра. Дар мактаб вохӯрӣ бо хатмкардагони собиқ яке аз анъаноти беҳтарин гаштааст.

Дар айни замон анъанаи сарпарастӣ (шефӣ) дар иттиҳодҳои   талабагон   хеле   инкишоф   ёфтааст.  Иттиҳодҳои синфҳои болоӣ синфҳои поёнӣ ва синфҳои ибтидоӣ кӯдакистонҳоро ба сарпарастӣ мегиранд. Иттиҳодҳои умумимактабӣ бо завод, фабрикаҳо, колхоз ва совхозҳо таҳти сарпарастии тарафайн ёриву ёварии амалӣ мерасонанд, ки чунин алоқамандӣ иттиҳоди мактабро бо иттиҳодҳои меҳнатии калонсолон мепайвандад.

Ҳар қадаре, ки дар мактаб анъаноти миллии кишвар зиёд бошанд, дар иттиҳодҳои мактабӣ таъсири мусбати тарбиявӣ ҳамон қадар афзоиш меёбад.


[1] Макаренко. А. С. Соч. В7т. Т. 1. – М., 1958. с. 121.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *