Фанни Педагогика

Пайвастагии муаллим бо шахсият ва иттиҳоди кӯдакон

Дар алоқа ва ташкили иттиҳоди тарбиявии кӯдакони синфҳои ибтидоӣ нақши омӯзгор басо бузург аст. Бо амалиёту андешакории ӯ инкишофи фаъолон дар синф, интихоби корҳои шавқангез, моҳирона тақсимот кардани супоришҳо, ҳаллу фасли ихтилофот, муносибатҳои ӯҳдабароӣ, барқароркунии дӯстиву рафоқатии мустаҳкам ва ёрии ҳамдигарии талабагон ба вай таллуқ дорад. Вай бояд бештар эътиборро ба муносибати ташкилдиҳии корҳои иттиҳодии ҳафтсолаҳо равона кунад. Ин нафақат барои он ки кӯдакон бори аввал бо ҳам во мехӯранду ҳоло таҷрибаи кофии муносибати иттиҳодӣ надоранд, инчунин он ба он вобаста аст, ки махсусан дар ҳамин син ба онҳо муносибаткунӣ бо одамон, бо иттиҳод бо шиддат ташаккул меёбад. Барои ҳамин ҳам ҳанӯз дар синфи якум асосҳои   коллективизмро   гузоштан  ва  ғамхорона  тайёркунии расиши муносибати ҳақиқатан одамгарии онҳо барои солҳои минбаъда замина мегузорад.

Дар ин синну сол ба ҳисси ихтиёрии кӯдакон фишороварӣ, ҳукмравоӣ (авторитарӣ) қатъиян манъ аст, беҳтараш, бо ҳар васила мустақилият ва ташаббускории онҳоро инкишоф бояд дод. Ба вуҷуд овардани иттиҳоди кӯдакон, корҳои ташкилӣ, нисбати шахсияти онон эҳтироми чуқур, самимият ва такаллуф, инчунин донистани хусусиятҳои синнусолӣ ва фардии кӯдакон, риоя кардани одоби муоширатро талаб мекунад.

Бо дастпарварон ҳамчун рафиқ ва шаҳрванд муносибат кардан, ҳуқуқ ва шахсияташонро ҳимоя намудани омӯзгор хеле писанд меояд. Ба тарбиятгар дар иттиҳод худро чӣ тавр тасаввур кардани кӯдакро донистан зарурияти муҳим дорад. Зеро иддаи талабагони аълохон дар иттиҳод худро нодуруст тасаввур мекунанд – ҳавобаланд ва худбин мешаванд ва билохира сари вақт ин нуқсон пешгирӣ карда шавад. Ба кӯдаки миёна ва суст азхудкунанда баъзан ҳаёти якхела ҳукм меронад, ки дар равобит бо дигарон душворӣ мекашад ва мавқеи шавқмандии худро берун аз иттиҳоди мактаб ҷустуҷӯъ мекунад. Дар ин гуна мавридҳо педагогикаи ҳамкорӣ бо талабгузории холисона устун меояд, ки таҳти он олами ботини кӯдак дарк карда мешавад, масъалаҳои рағбатонии шахсӣ ва умумӣ ҳалли худро меёбанд.

Муаллим мунтазам бо роҳи машқу тамрин бояд техникаи педагогии истифодабарии методҳои таъсирбахши тарбия аз тариқи ташкилдиҳии иттиҳодро азхуд кунад. Вай бояд дар бунёди маҳорати самтгирӣ, инкишофи ҳодисаҳои ҳаётии кӯдакон, муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо таҳлил карда тавонистани вазъиятҳои ба миён омада ва ихтилофот хулосаҳои дуруст баровардан, худидоракунӣ ва назорат кардани эҳсосоти худ ба бурдбориҳо талқин карда тавонистани иттиҳод қодир бошад.

Мунтаҳо муаллим устоди аввалинест дар ҷодаи тарбияи шоистаи насли навраси кишвар. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар баёни васфи устод барҳақ овардааст: «Бидон, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад ва ҳар кӣ бе устод «Устоди дуруст» коре кунад, бе бунёд бошад…

Ҳар киро устод набувад, кор бар бунёд нест,

                   Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест»[1].

Рукни ҳар иттиҳодро шахсият – фардҳо ташкил медиҳанд. Ҳар қадаре, ки фард фаъол, маънан бой, дар кирдору рафтор шоистаи ибрат бошад, иттиҳоди тарбиявии кӯдакон ҳам ҳамон қадар қобилияти гироӣ ва тарбиявӣ пайдо мекунад. Бинобар ин иттиҳод, пеш аз ҳама, ба тарбияи дурусти ҳар аъзои худ ва ҳар фард баҳри якдиливу нуфузи иттиҳод кӯшиш ба харҷ медиҳад. Мавқеи фаъолияти шахсият дар иттиҳод ба дараҷаи баланди худогоҳӣ, инкишофи худназоратӣ ва худбаҳодиҳӣ бояд мутобиқат кунад.

Санҷиши контролӣ

  1. Маънои иттиҳод, аломатҳои асосӣ ва моҳияти онро маънидод кунед.
  2. Марҳалаҳои инкишофи иттиҳодро тавзеҳ диҳед.
  3. Аз вазифаҳои асосии иттиҳод ном баред.
  4. Методҳои ташкили иттиҳод кадомҳо? Онҳоро бо мисолҳо шарҳ диҳед.
  5. Дурнамо чист ва он чӣ гуна хусусият дорад?
  6. Афкори солим дар иттиҳод ва таъсири тарбиявии мувозиро тавзеҳ диҳед.
  7. Нақши анъанаҳо дар иттиҳод дар чист?
  8. Мавқеи роҳбарии педагогӣ дар иттиҳод аз чиҳо иборат аст?

Адабиёт барои худомӯзӣ

         Иванов И. П. Воспитать коллективистов. – М., 1982.

         Макаренко А. С. Пед. соч. – М., 1985 – 1986.

Мудрость воспитания. – М., 1989.

Победоносцев Г. А. Совершенствуем систему воспитания. – М., 1989.

Подласый И. П. Педагогика. Книга 2. — М., 2000.

Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.

Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.


[1] Њусайн Воизи Кошифї. Футувватномаи султонї. Душанбе, 1991. – с. 48.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *