Моҳияти ҷаҳонбинӣ ва қисматҳои муҳими он

Ҷаҳонбинӣ як шакли шуурнокии инсон, ки ба муҳити зисти атроф нуқтаи назар ва мавқеи ӯро нишон медиҳад, дар замони мо гуногун аст. Табиист, ки ҳар як фард нисбати ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият тасаввурот ва нуқтаи назари худро дорад. Сатҳи тасаввурот, ақида ва муносибатҳо, мувофиқи таҷрибаи зиндагӣ ва тайёрии илмии фард гуногун мешавад. Ба ин маъно ҷаҳонбиниро ба қисмҳои зерин тақсим кардан мумкин аст: муқаррарӣ (оддӣ), ҳаётӣ, асосӣ. Зимни ҷаҳонбинии асосӣ фикрҳои илмии солим – алоқамандии ҳодисаҳо, хусусиятҳои инкишофёбии онҳо мехобад.

Дар мактаб ҷаҳонбинии илмии хонандагон тибқи омӯзиш ва чорабиниҳои тарбиявӣ пурра ва васеъ мегардад. Ин пуррагии ҷаҳонбинӣ ба кадом маънист? Ҷаҳонбинӣ ин ба маънои ҷомеъ донишҳо, ҷамъбасти системаи ақидаҳо, эътиқодҳо ва идеалҳо, ки одам муносибати худро ба муҳити фарогирифтаи табиӣ, иҷтимоӣ ва одамон зоҳир менамояд, фаҳмида мешавад.

Ин нишондиҳандаҳо нафақат моҳияти ҷаҳонбинии фард, инчунин таркиби онро ҳам муайян мекунад. Таркиби ҷаҳонбинии илмӣ ин қисматҳоро фаро мегирад: а) системаи донишҳои илмӣ, б) ақидаҳо, в) эътиқодҳо, г) идеалҳо. Дар навбати худ ин қисматҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: объективӣ (донишҳои илмӣ), субъективӣ (ақида, эътиқод ва идеалҳо).

Д о н и ш  ҳамчун қисмати объективии ҷаҳонбинӣ дар худ системаи илмҳои ҳақиқӣ, ки шакли мулоҳизаронии тасвирию муқаррарии шахсиятро мефаҳмонад, фаро мегирад. Он бо сарфаҳмравӣ ва дарки тарафҳои объективии ҳодисаҳои табиӣ ва иҷтимоӣ вобаста буда, дар ҳамин қатор аз тарафи ҳар як шахс мумкин, ки як хел фикр карда шавад, чун қонуни ирсият, тавсифҳои тазоди ҳодисаҳои таърихӣ ва ғайра. Албатта, азхудкунии донишҳои илмӣ асоси ҷаҳонбиниро ташкил мекунанд. Аммо иддаи одамон бо донишмандии худ аз ҳамдигар фарқ доранд, ҳодисаҳоро на ҳамеша аз нигоҳи ҷаҳонбини дуруст муайян менамоянд. Барои он ки донишҳо ба ташаккули ҷаҳонбинӣ мувофиқат кунанд, онҳо бояд ақида, эътиқод ва асоси идеали ӯ гарданд.

А қ и д а  мулоҳиза ва хулосабарории фард, ки бо шарҳдиҳии ин ё он ҳодисаи табиӣ ва иҷтимоӣ вобастагӣ дораду муносибати ӯро бо он ҳодисаҳо муайян мекунад, фаҳмида мешавад. Ақидаҳо мусбат ва манфӣ мешаванд. Масалан, таҳаввулоти олами наботот ва ҳайвонотро олимон ва диндорон ҳар хел шарҳ медиҳанд. Олимон аз нигоҳи илмӣ шарҳ диҳанд, диндорон онҳоро ба хости илоҳӣ мансуб медиҳанд. Ақида дар ҷаҳонфаҳмии инсон аҳамияти калон дорад ва ба рафтори ӯ низ таъсир мерасонад. Аммо якбора аз ақида ба рафтор гузаштан на ҳамеша рух медиҳад. Баъзан одам дар ин ё он масъала, ақида ва баҳодиҳии дуруст дошта бошад ҳам, дар рафтор ва муносибат хато мекунад, яъне рафтор бо амалиёт мустаҳкам карда нашудааст. Яке аз қисматҳои таъсирбахши ҷаҳонбинии одам эътиқод ба шумор меравад.

Э ъ т и қ о д – ин хусусияти боварибахш ва фаъолияту рафтори шахсияти инкишофёфта, ки мавқеи ҳақиқатан ҳаёти устувор дорад фаҳмида мешавад. Ҳар гуна мафкура ҳамчун асоси эътиқоди одам дар худ ифодаи дарки чуқури ҳақиқат ва дар зиндагӣ ба он пайравӣ намуданро дорад.

Эътиқод натиҷаи раванди мураккаби зеҳнӣ ва таҷрибаи ҳаётии шахсият буда, он тавассути азхудкунии донишҳо, мотивҳои ботин ва рағбати рафторро ҳосил мекунад ва барои мустаҳкамшавии қувваи ирода хизмат менамояд. Эътиқод ин он чизе, ки одам чуқур фаҳмида ва пуртаъсир аз сар гузаронида аст ва вай тайёр аст дар ҳар гуна шароит ба он истодагарӣ намояд.

И д е а л  (франс. Ideal, аз юн. Idea – меъёр, норма, мукаммал) – мурод, мақсади олии шахс. Фард ва ҷамъият бе идеал буда наметавонад, зеро идеал инъикоси талаботи моддӣ ва маънавии инсоният аст. Идеали ҷомеаи демократии мо одамро ба такомули ҳаёти фарогирифта, мубориза баҳри ахлоқи ҳамида, ҳис кардану афзун гардонидани сатҳи зиндагии мардум, зебоии ҷомеа ва шахсиятро ба инкишофи ҳамаҷониба рӯҳбаланд кардан аст.

Бояд гуфт, ки моҳият ва таркиби ҷаҳонбинӣ мафҳуми илмӣ диалектикӣ мебошад.

Алалхусус ҷаҳонбинии илмӣ барои инкишофи шуурнокии шахсияти хонандагон ҳамчун асбоби заррабини лабораторӣ лозим аст, то ки минбаъд имкониятҳои фаъолияташонро дақиқ бинанд, сарфаҳм раванд, ба ҳар гуна ривоятҳои муғлақу мубҳам пайравӣ нанамуда, аз ҳодиса ва воқеаҳо огоҳ бошанд.

Мазмун ва методҳои ҷаҳонбинии илмӣ

Барои ҷаҳонбинии илмии хонандагон азхудкунии тамоми ҳаҷми донишҳои табиатшиносӣ, гуманитарӣ ва фанҳои хусусияти тарбияи эстетикидошта аҳамияти муҳим доранд. Бо вуҷуди ин, дар ҳалли ташаккули ақида ва эътиқод аҳамияти хулосабарорӣ дар мазмуни маълумоти мактабӣ ғояҳои масъалаи ҷаҳонбинӣ нисбати инкишофи табиат, ҷамъяит ва шуури инсонӣ нақши муҳим мебозад. Ин аз ҳар як муаллим чуқур фаҳмида гирифтани ғоя ва барои ташаккул додани ҷаҳонбинии хонандагон дуруст истифода бурда тавонистани онҳоро тақозо мекунад. Ба ғояҳои муҳим инҳоро дохил кардан мумкин аст: моддӣ будани олам ва қонунияти объекивии инкишофи он; ҳаракат ҳамчун шакли олам ва қонунияти объективии инкишофи он; ҳаракат ҳамчун шакли мавҷудияти материя; аввалин будани материя ва дуюмин будани шуур; муборизаи зидҳо ва инкишоф; фаҳмидашавандагии олам ва қонуниятҳои он; амалия асоси маърифат ва меъёри ҳақиқат; нақши меҳнат дар ташаккули одам; истеҳсолоти модди – асоси инкишофи ҷамъият; роли ҳалкунандаи оммаи халқ дар таърих, шакл ва роли шуури иҷтимоӣ дар инкишофи ҷамъият; нақш ва мавқеи шахсият дар пешрафти ҷомеа ва ғайра.

Умуман, дар мактаби маълумоти умумӣ ягон фанни таълимие нест, ки ину он тавр ба инкишофи ҷаҳонбинии илмии талабагон таъсир накарда монад.

Барои бо ҷаҳонбинии илмӣ мусаллаҳ намудани талабагони синфҳои ибтидоӣ корҳои  беруназтаълимӣ, аз қабили маҳфилҳои фаннӣ, хониши беруназсинфӣ, корҳои оммавӣ – маданӣ, машғулиятҳои истгоҳи техникон ва табиатшиносони ҷавон, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавриди ташкили фаъолияти меҳнатӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҷисмонӣ имкониятҳои калон дорад.

Дар иснфҳои I – IV бештар тавассути «Алифбо», дарсҳои хониш, шиносоӣ бо муҳити зист, табиатшиносӣ, санъати миллӣ ва меҳнат, санъати тасвирӣ ҷаҳонфаҳмии илмии хонандагон вусъат дода мешавад. Дар ҳалли ин масъала махсусан санъати миллӣ ва меҳнат нақши калон мебозад. Хонандагон мавриди корҳои амалиашон пай мебаранд, ки бунёдкори ҳамаи чизҳо худи одамонанд ва бахту саодат дар меҳнати самарабхши онҳост.

Вақте ки худи бача бо дасташ месозад, мекорад, мепарварад, мебардорад, зуд боварӣ хосил мекунад, ки сарватҳои зиндагӣ маҳз маҳсули қудрати хираду бозувони инсон аст.

Одобу рафтори шууронаи хонандагон бештар тибқи маводҳои хониш ва инкишофи нутқ, ҳамчунин одобнома сурат мегирад. Меъёри ахлоқи ҳамида, ки ба ҳаёти амалии рӯзмараи мардуми мо пайваста аст, дар принсипи ахлоқи коллектив ва ёрию ёварии байни ҳамдигарии одамон бараъло дида мешавад. «Як кас барои ҳама – ҳама барои як кас». Ин гуна ҳамкорӣ ва ҳаммаслакӣ ба шахс нерӯи маънавӣ ва рӯҳии тоза мебахшад.

Маҳз ахлоқи шуурона метавонад одамро ҳалолкор, поквиҷдон, нармдилу хушмуомила гардонад. Ахлоқи дуруст ба рафтору кирдори оқилона такя намуда, муносибати ҳақиқатан инсонвории байни одамон – муносибати ҳамкорию ёрии ҳамдигарии рафиқона, хайрхоҳиву поквиҷдонӣ, шикастанафсию хоксориро дар ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ бояд пойдор гардонад. Зеро бузургон таъкид кардаанд, ки ҷавони хоксору ботавозӯъ ҳаргиз хор нашавад. «Тавозӯъ сабаби рафъат (баландӣ) аст». Дар ҳадис омадааст, ки ҳар ки фурӯътанӣ намояд, дараҷаи ӯ баланд гардад.

Оқилона муносибаткунӣ нафақат ба кашфиётҳои илми рӯзафзун пайравӣ дорад, инчунин аз таълимоти ниёгон, асарҳои классикон ва манбаъҳои динние, ки ҳақиқати воқеиятро дуруст инъикос мекунанд ва аз он ҳикматҳое, ки баҳри ахлоқи ҳамида ва рушду нумӯи шахс таъсири мусбат мерасонанд, бархурдор мегардад.

Мардуми мусулмон асрҳои аср ба китоби муқаддас «Қуръон» саҷда оварда аз нишондодҳои муфиди он: илму адаб, меҳнати ҳалол, пок нигаҳдории тану рӯҳ, ахлоқи ҳамида, ростиву ростқавлӣ, раҳмдиливу инсоф, ҳаё, меҳру шафқат, эҳтирому муносибати мақбули инсонӣ ба авлодони хеш ва мӯҳтоҷон, ба камолрасонии фарзандони поктинат ва ғайраҳо бархурдор шуда омадаанд. Чанде аз он аҳкоми муфиди динӣ далел меорем: «Ва бипарастед худоро ва шарики ӯ муқаррар мекунад чизеро ва ба падару модар некӯъкорӣ кунед ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва ҳамсояи хешованд ва ба ҳамсояи аҷнабӣ ва ба ҳамнишини бар паҳлӯ нишаста ва ба мусофир ва ба он чӣ дасти шумо молики ӯ шуд (яъне ғуломон ва канизон). Ҳар оина худо дӯст надорад касеро, ки бошад мутакаббирӣ худситоянда» (4 : 36). «Суол мекунанд туро аз шароб ва қимор. Бигӯ: дар ин ҳар ду гуноҳи сахт аст… ва гуноҳи ин ҳар ду сахттар аст аз нафъи онҳо» (10 : 219). «Фиреб медиҳанд худоро ва мӯъминонро ва ба ҳақикат намефиребанд магар худро ва огоҳ намешаванд» (2 : 9).

Мувофиқи таълимоти ислом ҳадис баъди қуръон манбаъи дуюми динӣ ба шумор меравад. Дар ҳадисҳо мақолу маталҳои дар байни халқ паҳншуда, афаризмҳои муфид низ фароҳам оварда шудаанд. Дар онҳо фазилатҳои неки инсонӣ доғ наовардан ба шаъну шарафи одамӣ тарғиб ёфтаанд. Ҳадисҳо дар тарбияи одамон, алалхусус авлоди ҷавон аҳимияти калон доранд. Дар зер мо аз онҳо чанде мисол меорем:

         Биҳишт зери пои модарон аст.

Офати илм фаромӯшист.

Офати сухан дурӯғ аст.

Талаби илм барои илм бароӣ ҳар мусулмон ва зани мусулмон фарз аст.

Ахлоқи хуш гуноҳро об мекунад, чунонки офтоб яхро.

Падарон се гунаанд: он ки воситаи офариниши туст, он ки занат дода (падари зан) ва он ки илмат омӯхта.

Бидонед, он кас, ки фарзанди худро адаб биёмӯзад, беҳ аз он аст, ки паймонае гандум садақа диҳад.

Ҳар кас, ки бемореро аёдат намояд, ҳамвора вориди дарёе аз баракат шуда ва дар он ғӯта мехӯрад то биосояд…

Ҳамаи ин панду ҳикматҳои ҳаётан муҳими рӯзгори гузаштагонамон дар ҳаёти имрӯза ҳам қимати тарбиявии худро гум накардаанд.

Илова бар ин ҳадисҳое ҳам ҳастанд, ки ба ақлу хиради одами имрӯза тамоман рост намеоянд. Чунончи, дар ҳадиси Ибни Фақиҳ (асри IX) оиди олам – мавқеи Замин чунин маълумоти соддалавҳона оварда шудааст: «Замин дар шохи гов, гов дар болои моҳӣ, моҳи дар рӯи об, об дар ҳаво, ҳаво дар рутубат ва дар рутубат катъ гардад дониши доноён»[1].

Дуруст он ки ба ҳар ақоиди асар муфовиқи сатҳи фаҳмиши замони таълифёфтааш баҳо додан лозим аст. вале ҳол он ки дар ҳамон замон ҳам донишмандон чӣ гунагии заминро муайян карда буданд. Чунончи, мунаҷҷим ва олими ҷуғрофияи Осиёи Миёна Аҳмади Фарғонӣ (асри IX) ва олими риёзиву мунаҷҷими араб ал – Баттонӣ (852 – 929) дар бораи куррашаклӣ ё мудавварии Замин ва мавқеи он дар байни ҷирмҳои кайҳонӣ ақида рондаанд.

Набояд фаромӯш кард, ки методи умдаи камолоти ақлу заковат дар таълим ва тарбия – исботнамоӣ, боваркунонӣ. Ин методест, ки муқоисаи ҳақикат бо дурӯғ прогресс бо иртиҷоӣ, нав бо кӯҳна, анъанаҳои муфид бо зараоварро талаб мекунад.

Дар тарбияи шууронаи хонандагон ҳангоми машғулиятҳои таълимӣ ва корҳои тарбиявӣ методҳои зерин низ мавриди истифода қарор мегирад: сӯҳбат (умумӣ ва фардӣ), таҷрибагузаронӣ, фаҳмонидан, намоишдиҳӣ, мушоҳида, лексияю марӯза (барои волидайн), алоқамандӣ бо ҳаёт ва ғайра.

Ҳамаи ин методҳо бо назардошти ба ҳисоб гирифтани дараҷаи дониш ва хусусиятҳои синну солии хонандагон истифода мешаванд.

Методу усулҳои асосии исботнамоӣ ва боваркунонӣ бояд баҳри азтаассуф раҳо додани хонандагон ва одамон хизмат кунанд. Дар ин ҷода нисбат ба диндорон дағалона муносибат кардан, ба иззати нафсашон сахт расидан, онҳоро таҳқиру маҷбур намудан мумкин нест. Ин ба нишондоди Сарқонуни ҷумҳурии мо, ки ба шаҳрвандон озодии виҷдон додааст, мухолиф аст. Агар муаллим дар мактаб, чун пештара, ба бачаи рӯзадор сиёсат карда зӯран рӯзаашро хӯронад, аз ин чӣ суд, ҳамин ки аз мактаб баромад «гуноҳаш ба гардани муаллим» – гӯён боз рӯза дошан мегирад. Чунин тарзи корбарӣ бархилофи тарбияи  шуурона  аст.  Ба  вай  бо  дилсӯзӣ  дар  кӯдакӣ  зарар доштани рӯзадориро ба далелҳои боварибахш фаҳмондан лозим аст, то ки шуурона рафтор кунад ва ба ҷисми ҷавони ҳар лаҳза инкишофёбандааш ҷабр накунад. Он диндороне, ки бо тоату ибодат машғуланд, шахсони аз ҷиҳати сиёсӣ шубҳанок пиндоштан хатои маҳз аст. Онон дар ҷамъият ҳалол меҳнат мекунанд, ба қонунҳои давлатӣ виҷдонан риоя менамоянд. Дар сафи онон симоҳои шарифе ҳастанд, ки дар рафтору кирдор, ҳалолкорию поквиҷдонӣ, ахлоқи ҳамида шоистаи ибратанд. Фақат камбудиашон дар он аст, ки оиди баъзе масъалаҳо аз нигоҳи пешрафти илму дониши замона огоҳ нестанд. Биноан бо роҳи фаҳмондан ононро аз таассуфҳои нофаҳмӣ раҳо додан кори хайр аст.

Шартҳои ба ақида, эътиқод ва идеалҳо гузаронидани донишҳо

Ташаккули ҷаҳонбинии шахсият як қатор шартҳои мусоидаткунандаи дидактикӣ ва тарбиявии ба эътиқод гузаронии донишҳо ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии хонандагонро тақозо мекунад. Ин шартҳоро ба тариқи зайл меорем:

  1. Яке аз шартҳои дидактикӣ ва тарбиявии ташаккули ҷаҳонбинии хонандагон таъмини исботи чуқури илмӣ, итминони мантиқӣ ва беихтилофотии тамоми хулосаҳои назариявӣ ва хусусияти воқеӣ доштани ҷаҳонбинӣ иборат аст. Татбиқоти ин қодида бо роҳҳои зерин зуҳур меёбад:

         а). Баёни мавод бояд дар асоси бурҳонҳои раднопазир возеҳ боварибахш ва бо таҳлили чуқури илмӣ баррасӣ гардад. Масалан, барои рад кардани қиссаи динӣ нисбати Замин, ки гӯё сатҳи ҳамвор дошта, он «дар шохи гов, гов дар болои моҳӣ, моҳӣ дар болои об…» маънидод шудааст, назарияҳои илмии собиқ, ки шакли мудаввар доштани Замин ва дар атрофи Офтоб давр задани он, инчунин тибқи дастовардҳои илму техникаи муосир, таҳқиқи кайҳоннаврадонро муқобил гузошта, исбот намудан лозим аст.

         б). Дар ҷараёни ташаккули ҷаҳонбинӣ маънидоди илмии ҳамаи воқеаҳои омӯхташаванда, ҷараёнҳо, дар онҳо муайян кардани сабабҳои рӯйдод ва алоқамандӣ. Чунончи, дар натиҷаи ҳаракати ҷисмҳои кайҳонӣ бо алоқамандии ҳаракати Замин, Моҳ ва Офтоб қонунӣ ва табиӣ рӯй додани ҳусуфи Офтобро гирем, ки дар замонҳои пеш боиси ваҳму ҳароси одамон гашта буд. Омӯзгор барои ба хонандагон фаҳмондани ин қонуни табиӣ таҷрибаи махсус ба кор мебарад. Шогирдон зимни таҷриба дарк мекунанд, ки ҳамаи ҷисмҳои осмонӣ, яъне Замин, Моҳ ва Офтоб мунтазам дар ҳаракатанд: Моҳ ба гирди Замин ва Замин ба гирди Офтоб чарх мезананд. Вақте ки Моҳ дар байни Офтобу Замин дар як хатти мустақим омад, Офтоб мегирад, зеро сояи Моҳ ба рӯи Замин афтода пеши Офтобро мегирад. Касе, ки дар доираи сояи Моҳ аст, хусуфи Офтобро мебинад.

         в). Хоандагонро бояд водор кард, ки ба ҳамаи саволҳои дар онҳо пайдо шуда ҷавоби равшан ёбанд ба донистани ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият, чунончи, сабабҳои рӯйдоди таваҳҳум (галлюцинация) мароқ зоҳир кунанд. Таваҳҳум, ҳазён, шабаҳ, фиреби эҳсос дарки нодуруст, ки бидуни мавҷудияти объекти реалӣ баъзан дар мавриди бемориҳои рӯҳӣ, сироятӣ, заҳролудшавӣ осеби майна, изтиробҳои сахти рӯҳӣ ва ғайра ба амал меояд. Таваҳҳум намудҳои гуногун дорад: шунавоӣ (гӯё ба ғӯш чунин мерасад, ки касе ё чизе ғалоғула мебардорад, шахсро ном гирифта ҷеғ мезанад), босиравӣ (гӯё ба назари бемор ҳодиса ва воқеаҳо, мурдаҳо, ҳайвону махлуқҳо ҷилвагар мегардад), машомӣ (ба димоғ расидани бӯи хуш ё бад), ломисавӣ (бемор ҳис мекунад, ки ғӯё ба пӯсти баданаш сӯзан мехалад ва гӯё ӯро пучида бошанд, доғҳои сиёҳ пайдо мешавад), чашоӣ (бе қабули хӯрок ва нӯшокӣ дар даҳон ҳис кардани таъми нофорам ё ғайримуқаррарӣ), ҳисси умумӣ (гӯё дар шикам, ё сари сина ҳаракат кардани чизе ҳис карда мешавад), ва амсоли инҳо.

         Шахс айёми кӯдакӣ зимни ривояту афсонаҳои даҳшатовар ҳар гуна махлуқҳои ғайримавҷударо (дев, аҷина, парӣ ва ғ.) шунида ба вуҷуд дошатни онҳо қаблан бовар карда, образи онҳоро тавре дар худ инъикос намудааст, аснои маризӣ, ки системаи асабҳо мунтазам кор намекунанд, ба назарашон шабаҳи пешхаёлкардааш ҷилвагар мегардад. Яъне ба таваҳҳуми босиравӣ дучор мешавад.

  • Шартҳои дидактикӣ ва тарбиявии гузаронидани донишҳо ба ақида ва эътиқоди хонандагон ин ба омӯзиш хусусияти баланди мафкуравӣ додан аст. Ин хусусият дар худи мазмуни омӯзиш, яъне барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ гузошта шудааст. Дар ин ҷо аввало дақиқ муайян кардани ҷамъбасту хулосаҳои ҷаҳонбинӣ; дуввум, нишон додани муборизаҳои байни ақидаҳои илмӣ ва ғайриилмӣ моҳияти муҳим дорад. Масалан, моддӣ будани ҳаётро рад кардани ақидаҳои ғайриилмӣ ва фош намудани онҳо.
  • Шартҳои дидактикӣ ва тарбивии ташаккули ҷаҳонбинии талабагон дар раванди омӯзиш ин риояи принсипҳои таърихият мебошад. Таърихият дар омӯзиш барои муайян намудани пайдоиш ва роҳи мураккаби инкишофи ҳақиқат дар илм, равшан кардани муборизаҳои байни қувваҳои иртиҷоӣ ва пешқадам, байни дин ва илм ва ғайра кӯмак мерасонад.

Муносибати таърихӣ кардан дар омӯзиш воситаи баландбардории рағбати хонандагонро нисбати маводи омӯхташаванда афзун мегардонад ва онро чуқур меомӯзанд.

  • Шартҳои дидактикӣ ва тарбиявии ташаккули ҷаҳонбинӣ ва гузаронидани донишҳои илмӣ ба эътиқод ин инкишофи фаъолияти дарк кардан ва мустақилии хонандагон дар ҷараёни дарсҳо ва машғулиятҳои беруназсинфӣ мебошад. Боз такроран хотиррасон мекунем, ки донишҳои дар дарсҳо гирифтаи талабагон маҳз дар натиҷаи мустақилона фикркунӣ ва мустақилона корбарии онҳо устувору пойдор мегардад.
  • Шартҳои дидактикӣ ва тарбиявии гузаронидани донишҳо ба эътиқод ин ангезиши муносибати хонандагон ба маводи омӯхташаванда мебошад. Ба ин маводи таълимиро бомисолҳои таъсирбахш баррасӣ намудани омӯзгор, маводи китоби дарсиро бо ҷузъиёти шавқовари ҳаётӣ пурра кардан, ифшо намудани ин ё он масъалаи мураккаби ҳақиқат дохил мешавад.
  • Шартҳои дидактикӣ ва тарбиявии ташаккули ҷаҳонбинӣ дар алоқамандӣ дар ҳаёт, ҷалб кардани хонандагон ба фаъолияти меҳнатиро талаб мекунад. Ақида ва эътиқод нафақат дар натиҷаи корҳои зеҳнӣ, инчунин дар фаълона иштирок кардани хонандагон ба корҳои муҳити иҷтимоӣ, маишӣ ва ахлоқӣ, ки ҳамарӯза сарукор доранд ва тибқи фаъолияти амалии шахсиашон низ устувор мегардад.
  • Шарти ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷараёни корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ин ба ҳисоб гирифатани хусусиятҳои синну сол ва фардии хонандагон мебошад. Ташаккули ҷаҳонбинӣ аз синфи якум оғоз мешавад, вале хусусият ва натиҷаи ин кор дар синфҳои ибтидоӣ, миёна ва болоӣ, албатта фарқ мекунад. Дар синфҳои ибтидоӣ бештар ҳодисаҳо ба таври оддӣ ба дараҷаи муаррификунӣ омӯзонида мешаванд. Ба наврасон ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ нисбатан чуқур ба дараҷаи фаҳмишашон сурат мегирад, вале ҳоло ақида ва эътиқоди онҳо як системаи яклухтро ифода намекунад. Дар синфҳои болоӣ ҷаҳонбинии илмӣ дар ҳаҷми пурра дода мешавад. Бинобар ин ин синну солро синни ҷаҳонбини ҳам меноманд. Аммо онҳо ҳам баъзан ба ҳодисаҳои муҳити атроф нофаҳмӣ ва нодуруст баҳодиҳӣ зоҳир мекунанд.

[1] И. Ю. Крачковский. Избранные сочинения. М., 1954, Т4. с. 50. Ин њадисро дар шаклњои гуногун муаллифони асарњои минбаъда, масалан, Тољиддин (Рисолаи азиза, Ќазон, 1850, с. 12.) низ овардаанд.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.