Тарбияи экологӣ – ҷузъи ташаккули ҷаҳонбинӣ

         Экология ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ҷузъи илми биологӣ буда, қонунияти якҷояамалкунӣ ва муносибатҳои дутарафаи дохили ҳайвонот, набототи муҳити фарогирифтаро меомӯзад. Инсоният ҳавасманди нигаҳдории тозагӣ, мутаносиби яклухти табиат ва пешгирӣ кардани вайроншавии таъсири мутақобили биологӣ ва баробарвазнист. Баробарӣ ин инсон дар фаъолияти бунёдкориҳои фаъоли худ ба равиши табиӣ сарукор намуда, онро вайрон мекунад, боигариҳои табиатро ба манфиати худ истифода мебарад. Агар ин фаъолият бидуни назорат, бидуни ҳисобу китоби қонунияти экологӣ ва азнавбарқароркунии чорабиниҳо, бидуни мувозинати (баланси) билогӣ дар табиат ҷорӣ гардад, он метавонад зарари ислоҳнопазиру ба ҳаёти инсон таҳдидкунанда биёрад. Масъалаҳои экологӣ чун масштаби умумиинсонӣ, ҳамчун минтақавӣ вуҷуд дорад. Фақат бо мададу ҳамкории тамоми ҷаҳониён тозагию покии атмосфераро нигоҳ доштан, аз олудашавии укёнуси ҷаҳон пок доштан, оқилона истифода бурдани боигариҳои зеризаминӣ мумкин аст. Илова бар ин ҳар давлати алоҳида метавонад дар минтақаи хурд нисбати пок нигаҳдории муҳити гирду атроф ғамхорӣ зоҳир намояд: аз болои тозагии ҳаво назорат бурдан, зидди харобкунии дарахтону бешазорҳо, олами ҳайвонот ва наботот мубориза кардан, аз ифлосшавӣ дарёҳо, ҳавзҳо, кӯлҳоро муҳофизат намудан, ба маданияти заминшиносӣ ва солим нигаҳдории хок риоя кардан ва амсоли инҳо. Зеро табиат – модар, манбаи ҳаёт аст, солим нигаҳдории онро бояд тамоми башарият андешад. Дар китоби дарсии синфҳои се – чор «Одобнома» (1996) барҳақ омадааст:

                            Муқаддас дон чор унсури покро,

                            Обу оташ, ҳаме боду хокро.

         Табиат барои инсоният объекти донисташаванда ва бахусус воситаи ҳаловатбахши эстетикӣ мебошад. Воқеан, он ҳодисаи комилан эстетикӣ буда, ба одами аз ҷиҳати зебошиносӣ рушд ёфта ҳаловати амиқи рӯҳи мебахшад. Ва албатта, донистани асрорҳои ташаккули ҷаҳонбинии илмии шахсиятро тақозо мекунад. Бо ин зарурати тарбияи умумӣ, ҳатмии ибтидоии экологӣ, ки дар он асоси маданияти экологии одам гузошта мешавад, шарт аст.

         Экология дар худ чунин донишҳоро мепарварад: далелҳо, маълумотҳо, хулосаҳо, натиҷабарорӣ, нисбати бо ҳам алоқамандӣ ва ивазшавӣ, ки дар олами ҳайвонот ва наботот фаро мегирад. Ҳиссиёт ва ӯҳдадории эстетикӣ ҳам ба экология тааллуқ дорад. Онҳо шахсро водор мекунанд, ки нисбати табиат эҳтиёткор бошанд, пешакӣ аз натиҷаҳои манфии об, замин, ҳаво, дигар унсурҳои табиӣ огоҳ бошанд, аз ифлосшавӣ, нобудгардӣ нигоҳ доранд, зеро бидуни онҳо ҳаёт вуҷуд надорад.

         Истифодабарии сарватҳои табиат аз инсоният инкишофи тафаккури экологиро мехоҳад. Ба таври шуурона муносибаткунии экологӣ саъю кӯшиши иродавии инсон баҳри муҳофизати табиат, муборизаи фаъол бо вайронкунандагони қонунияти муҳити табиии фарогирифта лозим аст.

         Шуурнокии экологӣ вазифаҳои муҳимро адо мекунад. Вазифаи маърифатпарварӣ ба талабагон роҷеъ ба дарк кардани табиат ҳамчун маскуни инсоният ва ҳамчун ғояти камолоти эстетикӣ мадад мерасонад. Ба насли наврас оиди зарурати истифодабарии имтиёзҳои экологӣ додани дониш ба мақсади муҳофизати табиат талқини фикр дода мешавад, то табиати зист аз олоишҳо пок бошад. Зимни вазифаи инкишофдиҳӣ дар раванди ташаккули фаҳмиши ҳодисаҳои экологии талабагон алоқамандӣ ва вобастагии мавҷудияти олами рустанӣ ва ҳайвонот баррасӣ мегардад; нисбати ҳолати табиат ҷамъбасти хулосаҳо, маслиҳатҳои оқилона додан дар назар дошта мешавад. Дар вазифаи тарбиявии донистани экология ташаккул додани хонандагон нисбати муносибати ахлоқӣ ва эстетикӣ кардан ба табиат зоҳир мегардад. Ҳисси вазифадорӣ ва масъулият аз ҳиссиёти завқу шавқи зебоии олами воқеӣ ҷорӣ мегардад, ки ин талабагонро ба фаъолияти муҳофизаткунии табиат майл медиҳад. Донистани табиати азиз ба онҳо ҳисси ватандӯстии чуқур мебахшад. Вазифаи ташкилкунӣ аз ҳавасмандгардонии фаъолияти табиатҳифзкунии талабагон иборат аст, онҳо дар корҳои сохтмони муассисаҳо, истифодаи замин, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ширкат меварзанд ва ҳамаи ин корҳо бояд мувофиқи қонуни муҳофизаи табиат ҷиддӣ сурат гирад. Донистани хусусиятҳои экологӣ талабагонро ба мубориза баҳри сулҳ, баҳри зиндагии осоиштаи одамон, зидди ҷангҳои қатли ом, ки ба харобии тамоми мамлакат ва ҷонзот меорад, ҷалб мекунад. Вазифаи ташхисии фаҳмиши экологӣ дар инкишофи дастпарварон пешгӯӣ карда тавонистани оқибатҳои беэҳтиётӣ, ғайриимконпазирии ин ё он амалиёти инсонро нисбати табиат муайян мекунад: оқибати вайронкунии мӯътадилии экологӣ ба куҷо мебарад, чӣ гуна амалиёт бетарафии экологиро ифода мекунад, вале чӣ гуна чорабиниҳо барои беҳбудии табиат зарурист, ба назар мегирад. Ташхиси экологӣ шароити саводона банақшагирӣ, ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолӣ ва инкишофи тамоми хоҷагии халқро муайян мекунад.

         Муфидона дар амал иҷро кардани вазифаи шууронаи экологӣ ба ташаккули маданияти экологӣ мебарад. Он дар худ донишҳои экологӣ, фаъолияти ҳифзи табиат, саводона иҷро кардани он боигарии ҳисси ахлоқӣ, эстетикӣ ва тассурот, натиҷабахшии алоқа бо табиатро фаро мегриад.

         Фаҳмиши экологӣ ҳамчун қисмати таркибии муҳити ҷаҳонбинии илмии талабагон, дар раванди тарбияи экологӣ ташаккул меёбад. Он фаъолияти мақсаднок, системаноки педагогӣ, ки ба инкишофи маълумотнокии экологӣ ва тарбияи кӯдакон нигарнида шуда, ғун шудани донишҳои экологӣ, ташаккули маҳорат ва малакаҳои фаъолият дар табиат, бедор кардани ҳисси баланди ахлоқию эстетикӣ, ҳосил намудани сифати ахлоқии баланди шахсият ва иродаи мустаҳкам дар адои корҳои ҳифзи табиатро ифода мекунад. Тарбияи экологӣ дар натиҷаи мақсаддории омӯзиши фанҳои гуногун дода мешавад. Талабагони синни хурди мактабӣ тавассути омӯзиши забони модарӣ, хониш, одобнома, табиатшиносӣ, санъати миллӣ ва меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ дониши экологии худро ғанӣ мегардонанд. Тарбияи ахлоқӣ ва эстетикӣ таваҷҷӯҳи шогирдонро ба ҳифзи табиат мекашад, онро дӯст медоранд, аз он ҳаловат мебаранд. Меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ талабагонро ба дӯстдории табиат ва муҳофизати он майл медиҳад. Ҳамаи ин дар якҷоягии алоқамандӣ ва намудҳои системаи фаъолияткуниҳо дар бораи тарбияи экологӣ маълумот дода метавонад.

         Мақсади системаҳо дар инкишофи фаҳмиши экологии мактабиён ҳамчун маҷмӯи донишҳо, тафаккур, ҳис ва ирода; дар онҳо ташаккул додани маданияти экологӣ; омодагӣ ба фаъолияти муҳофизати табиат водор мекунанд. Система дар омӯзиши биология, ҷуғрофия, физика, кимиё ҳаллу фасли асосии худро меёбад. Табиатшиносӣ, биология ва ҷуғрофия ҳолати экологии олами наботот, ҳайвонот – тамоми муҳити зисти муосирро дар манзараҳои дақиқ инъикос мекунанд. Талабагон аз онҳо чӣ будани мувозинати экологиро ҳамчунин гиёҳҳо, ҳашарот, паррандаҳо, ҳайвонот, беша ва замин, қаъри замин ва ҳаворо дарк мекунанд, бо ҳам алоқадории онҳоро фаҳмида мегиранд. Мӯрчаҳо, ҳамчун санитарон бешазорро тоза мекунанд, ҳашаротҳо паррандаҳоро парво мекунанд, худи бешазор ҳаворо тоза менамояд ва ғайра. Ин алоқамандӣ ба ягонагии табиат мепайвандад. Вайронкунии ин алоқамандӣ мувозинати биологиро дар табиат дигар мекунад. Ба он зарар меорад, шароити зиндагии мардум бад мешавад.

         Физика ва кимиё ба толибилмон донишҳои комплексӣ политехникӣ, асосҳои илмӣ ва принсипҳои истеҳсолоти замонавӣ медиҳанд. Талабагон дар бораи хусусиятҳои истеҳсолот, алоқамандии он бо муҳити табиии гирду атроф, дар бораи принсипҳо ва сохти ҷилавгирӣ кардани таъсири зарароварии раванди технологӣ, дар бобати имкониятҳои бепартавии истеҳсолот, ки моҳияти калони иқтисодию экологӣ дорад, мефаҳманд.

         Дар ташаккули шуурнокии экологии талабагон саҳми фанҳои гуманитарӣ ва силсилаи эстетикӣ калон аст. Таърих, ҷамъиятшиносӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ муносибати норавоӣ ва ваҳшигарӣ ба табиат, истисмори бераҳмонаи онро баррасӣ мекунанд. Дастпарварон зимни ин фанҳо нисбати камбудиҳои кори муҳофизати табиат дар ҷамъияти мо, дар бораи қонуният, ки ба табиат муносибат доштани одамонро ба танзим меорад, фаҳмида мегиранд. Силсилаи фанҳои эстетикӣ, адабиёт, санъати тасвирӣ, мусиқӣ моҳияти табиат, зебоии нотакрори он, ки ба ахлоқ, ҳолати рӯҳии инсон, муносибати вай ба табиат ва тамоми ҷонзот таъсири бузург мерасонад, ифшо медиҳанд.

         Дар ташаккули шуурнокии талабагон меҳнати фоиданоки ҷамъиятии онҳо низ хусусияти муҳифозатии табиатро дорост: бешазоркунӣ, шинондани ниҳолҳо дар қитъаҳои ҳимоятӣ, ҷангалпарварӣ ва боғот, кор дар фермаҳо ва ғайра, инҷо корҳои отрядҳои муҳофизати санитарии муҳит, ки ҳаво, об, қитъаҳои дамгириро аз ифлосшавӣ муҳофизат мекунанд, отрядҳои мубориз алайҳи қурӯқшиканӣ бешазорҳо, ҳавзи моҳиён; гурӯҳи таъҷилии ҳайвонот ва паррандагон дар шароити зимистон, гӯшаҳои табиат дар мактабҳо, Қаср ва Хонаи мактабиён низ дохил мешаванд. Корҳои туристию кишваршиносии талабгон ҳам бо муҳофизати табиат вобастагӣ дорад.

         Дар тарбияи экологии талабагон воситаҳои ахбори омма кӯмаки калон мерасонанд. Адабиёти бачагона ва ҷавонон, рӯзнома ва маҷаллаҳо, радио, телевизион ба муҳофизати табиат эътибори махсус медиҳанд.

         Тарбияи экологӣ бо тарбияи ақлӣ – ҳамчун қисмати ҷаҳонбинӣ, дарки умумии олам; бо тарбияи меҳнат – ҳамчун муайянкунандаи фаҳмиши ҳақиқии экологӣ; бо тарбияи эстетикӣ – ҳамчун инкишофдиҳандаи ҳисси зебоии табиат; бо тарбияи ахлоқӣ – ҳамчун ташаккулдиҳандаи ҳисси маъсулият нисбати табиат ва одамон алоқаи мустаҳкам дорад. Нишондодҳои асосии маърифатнокии экологӣ фаҳмидани масъалаҳои экологии ҳозиразамон, шуурнокии ҳисси масъулият нисбати муҳофизати табиат, фаъолияти табиатпарастӣ, инкишофи ҳисси дӯстдории табиат, дида тавонистани зебоӣ, ҳаловат бурдан аз он мебошад.

Санҷиши контролӣ

  1. Ҷаҳонбинии илмӣ дар инкишоф ва ташаккули шахсият чӣ аҳамият дорад?
  2. Дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ мактаб кадом вазифаҳоро адо мекунад?
  3. Моҳияти ҷаҳонбинӣ дар чист? Аз қисматҳои он ном баред ва моҳияти онҳоро дар ҳайати ҷаҳонбинӣ муайян кунед.
  4. Дар синфҳои ибтидоӣ тавассути кадом фанҳо ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дода мешавад?
  5. Шартҳои муҳими дидактикӣ ва тарбияивии ба ақида ва эътиқоди шахсият гузаронидани донишҳои азхудкардаро ошкор созед.
  6. Аз вазифаҳои тарбияи иқтисодӣ маълумот диҳед.
  7. Системаи тарбияи экологӣ аз кадом ҷузъиятҳои асосӣ иборат аст?
  8. Аснои таҷрибаи педагогӣ бо толибилмон чорабиниҳо, корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ташкил кунед, ки моҳияти ҷаҳонбинӣ, иқтисодӣ, экологӣ дошта бошад.

Адабиёт барои худомӯзӣ

         Лихачев Б. П. Педагогика. Курс лекций. – М., 1993.

         Педагогика (Под ред. Ю. К. Бабанского). – М., 1988.

         Педагогикаи мактаб. – Душанбе,1988.

         Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе,1997.

         Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.

         Харламов И. Ф. Педагогика. – М., 1990.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.