Технологияи тарбия

Санъат ва технологияи тарбия

Дар таҷриба назария бо ёрии технология ба вуҷуд меояд. Калимаи «технология» аз лотинӣ гирифта шуда, маънои «техне» – санъат, устогӣ ва «логос» – илм, яъне илми санъатро ифода мекунад. Дар раванди истеҳсолӣ технология – ин системаи пешниҳодкардаи илми алгоритмҳо буда, тарз ва воситаҳое, ки истифодабарии онҳо ба тахминӣ пешбинӣ кардаи натиҷаи фаъолият, ваколатдиҳандаи маҳсулоти миқдоран хушсифат. Ҳамаи истеҳсолоти муосир ба технология асосонида шудааст. Технология – ифодаи ҷамъи сатҳи ноилгардии истеҳсолот: ин ҳам тарз, ҳам натиҷаи амалигардонии илмӣ «Ҳар фаъолият метавонад ёки технологӣ, ёки санъат бошад. Санъат ба гувоҳи дил асос ёфтааст, технолгия – ба илм. Ҳама аз санъат сар шуда, ба технология тамом мешавад, сипас ҳамааш аз нав такрор меёбад»[1].

Бояд гуфт, ки ҳоло технология пайдо нашуда, санъати инфиродӣ ҳукм меронад. Аммо зуд ё дер он ҷои худро ба «санъати коллективӣ», ба якҷоягӣ, яъне ки ба технология месупорад. Инро дар фаъолияти асосёфтаи фардӣ ва технологии зайл муқоиса кардан мумкин аст:

Санъати инфиродӣ

Технологияи умумӣ

  1. Раванд аз аввал то охир аз ҷониби коргар иҷро мешавад
  2. Донистани ҳамаи система, ҳамаи нузукиҳои раванд шарт аст
  3. Ҳамаи корро бояд худаш иҷро кунад
  4. Раванд дарозмуддат
  5. Маҳсулот босифат
  6. Дар асоси гувоҳи дил, ҳис кардан, таҷриба
  7. Маҳсулот имконияти истеҳсолкунандаро маҳдуд мегардонад
  1. Раванд ба қисмҳо ҷудо карда мешавад, ҳар коргар қисми кории худро иҷро мекунад
  2. Донистани он қисми раванде, ки коргар иҷро мекунад, шарт аст
  3. Коркарди «тайёр» татбиқ карда мешавад, аз зарурати ҳама кори худкарда озод мешавад
  4. Раванд хеле тезонида мешавад
  5. Маҳсулот сифатан кам не
  6. Дар асоси баҳисобгирии илмӣ, дониш
  7. Маҳсулот маҳдуд карда намешавад, мумкин имконияти истеҳсолкунандагони алоҳида, имкони истеҳсоли оммавӣ маҳдуд гардад

Ба шаробсоз ё мӯзадӯзи ҳозира донистани ҳамаи нозукиҳои раванд шарт аст: барои гирифтани маҳсулоти хушсифат вай бояд фақат технологияи барқароршудаи қисми дахлдори худро вайрон накунад ва виҷдонан кори додашударо иҷро намояд. Вақте ки шахси алоҳида қисми кории худро иҷро мекунад, ин бартарият ва ҳам камбуди дорад. Охиринаш аз боиси маҳдудияти эҷодӣ пайдо мешавад: ин хусусият истеҳсоли технологиро асосан аз сабаби имконияти истифода набурдани намудҳои зеҳнии меҳнатӣ суст мегардонад. Умуман дар ин ҷо ҳам роҳи бартарафкунии маҳдудияти технологӣ ҳаст.

То вақтҳои охир «истеҳсоли зеҳнӣ» дар ҳисоби тарбияи одам ҳам бо нофаҳмии технология бурда мешуд, ки он ба соҳаи истеҳсоли маводӣ такя мекард. Назарияи педагогикаи муосир барои дар тарбия муносибати технологӣ кардан «пухта расида» – аст, онро мувофиқи мақсад ва ратсионализм (мулоҳизакорона) зарур мешуморад, вале барои мактаб на ба таври механикии технологияи истеҳсолӣ, балки комилан бояд аз нигоҳи илмӣ асосонида шуда бошад.

Раванди тарбияиро мо ҳамчун истеҳсолот дида баромадем. Дар ҳақиқат мантиқи тарбияи мактабӣ ва мантиқи истеҳсолот аз ҳамдигар начандон дур аст. Мактаб чун истеҳсолот, чӣ тавре, ки омма дикта мекунад, супориши ҷомеаро иҷро менамояд. Дар вай, ҳамчун дар истеҳсолот вуҷуд доштани базаи маводи муайян мадди назар дошта машавад, то ки ба хусусияти вазифаҳои гузошташуда мувофиқат кунад. Барои амалӣ гардонидани ин вазифаҳо раванди тарбия равона карда шудааст – раванда аналогии истеҳсолот. Асоси он – ба фаъолияти тарбиявии педагогҳо, ки ба нақшагирии нияткардаи онҳо, ба натиҷа ва тарзи ба он ноилгардӣ, бо тарҳсозии ин тарзҳо, иҷро намудани коркарди нақшаҳо ва намунаҳо, идора кардани фаъолият ва рафтори одамони татбиқкунандаи ин нақшаҳо вобаста аст. Ҳангоми идоракунии фаъолияти педагогҳо, мисли истеҳсолкунандагон, дар асоси анбӯҳи маълумотдиҳӣ ҳолати система ва вазифаҳои судбахши он амалӣ гардонида мешавад.

Дар мактаб, чун истеҳсолот, гурӯҳи системаи омилҳо вуҷуд доранд, ки педагогҳо аз онҳо истифода бурда, раванди тарбияро майл ва ислоҳкорӣ менамоянд. Мактаб, ҳамчун истеҳсолот хоси шабакаи алоқа буда, педагогҳо аз он нисбати тарбия ахбороти зиёд мегиранд. Самарабахшии ин раванд дар мактаб (ҳамчун дар истеҳсолот) аз муҳити фарогирифта, аз таъсири гуногуни қисматҳои вай: оила, кӯдакистон, муассисаҳои беруназмактабӣ, мададрасонии давлат ва институтҳои он вобаста аст. Самарабахшии фаъолияти мактаб, ҳамчун фаъолияти истеҳсолот бо сифати маҳсулоти тайёркардашуда арзёбӣ карда мешавад. Дар мактаб ин дараҷаи дониш, маҳорат ва малакаҳои мактабиён, омодагии онҳо ба ҳаёти мустақилона, меҳнат, давом додани маълумотгирӣ, ба ҳаёти оиладорӣ, оқилона гузаронидани дамгирӣ ва истироҳат эътибор меёбад.

Ҳамин тавр, системаи тарбиявии мактаб, ҳамчун системаи истеҳсолот, ба худ мақсади иҷтимоӣ гирифта, барои ҳатман иҷро кардани он маҷмӯи равандҳое, ки баҳри адои вазифаҳои таълимӣ тарбиявӣ, кормандони коллектив ин равандҳои ташкилкунӣ ва идоранамоиро мегирад.

Мафҳуми технология ба таркиби луғавии педагогика ворид шуда, дар назария ва амалияи ҳаёти педагогӣ самти нав овард. Системаи тарбияи ғарб махсусан бо баъзе технологияи радикализми худ фарқ мекунад, ки яке аз паҳншудаи онҳо «педагогикаи дақиқ» мебошад. Аммо то коркарди технологияи тарбия, ки бояд ҳар педагог барои ташаккулдиҳӣ ба ҳамаи талаботҳои ҷавобгӯи шахсият такя намуда кор барад, ҳоло ба он дур аст. Имрӯзҳо фақат дар бораи элементҳои технологияи тарбия, ки истифодабарии онҳо самарабахшанд, гап задан мумкин аст. Дар истеҳсолот расму одати оддӣ ва аниқ, дар мактаб технология ҳамин хел душворӣ ва тасодуфан аломатҳоеро ба миён меорад, ки дар бобати айнан якхелагии истеҳсоли технологикунонии тарбия мумкин нест.

Аз технология нисбати тарбия асосан барои ҳамаи тарбиятгарон марҳалаҳои умумӣ мемонанд, ки онҳо баҳри сари вақт бартарафкунии камбудиҳои ташаккули ҳамаҷониба ва мутаносиби шахсият заруранд. Ҷудо кардан ва нишон додани роҳи ноилшавии онҳо – ин вазифаи илм. Ҳангоми ҳалли технологии проблемаҳои тарбия ҳар тарбиягар вазифадор аст, ки аз роҳи каноникии (қонунҳои) ноилгардӣ ба мақсад назорат ва сари вақт ислоҳкунии натиҷаҳо мувофиқи «нуқтаҳои шартӣ» бояд гузарад ва эҷодкорона амал кунад. Ин ба таври умумии дар нақшаи 14 додашуда мегузарад. Чӣ тавре ки мебинем, элементи асосии технология – звено – нигоҳ дошта мешавад.

Таҷрибаи ҳозираи тарбия дар марҳалаи гузориш мебошад – тарбиягарон ҳоло ба технологияи илмии гузошташуда хуб кор намекунанд, вале акунн тадриҷан аз иҳотаи инфиродии беихтиёронаи ҳалли вазифаҳои тарбия мебароянд. Амалан маъқулкунии фоидаоварии бозёфти технологӣ кӯшиш ба талаботи якхелагӣ ва стандартӣ кашидан аён аст.

  1. Беспалько В. П. Слагаемые педагогической техлогии. – М., 1989. – с. 5.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.