Муносибати комплексӣ

Ғояи яклухтии раванди тарбия дар технологияи амалӣ тибқи муносибати комплексӣ иҷро карда мешавад. Комплекс ягонагии мақсад, вазифаҳо, мазмун, метод ва шаклҳои таъсирбахши тарбия ва ҳамкориро ифода мекунад. Чунин муносибаткунӣ басо зарурияти муҳим дорад, аз он сабаб вай ба миён омад, ки ҳам дар назарияи тарбия ва ҳам дар амалияи корҳои тарбиявии мактаб раванди тарбия дар даҳсолаҳои охир ҳамчун қисми ҷамъулҷамъи раванди сохти он дида мешуд. Гумон мекарданд, ки ин ҷараёнҳоро ташкил кардан ва ҳамчун дар мустақилияташон такомулот додан мумкин аст. Ба ғайр аз ин, на ба ташаккули умумии шахсият такя мекарданд, балки ба баъзеи сифатҳои он пайравӣ менамуданд. Алалхусус, принсипи ҳамаҷониба ва мутаносиби рушди шахсият вайрон карда мешуд.

Технологияи муосири тарбия дар муносибаткунии комплексона ҳамчун талаботи зарурӣ иҷро карда мешавад:

  1. Ба тарбиягирандагон аз се ҷиҳат таъсир расонида мешавад – ба шуур, ҳис ва рафтор.
  2. Натиҷаҳои муфид тибқи табиаташон якҷоягии тарбия ба даст меояд (таъсирбахшии зоҳирӣ) ва бо худтарбиякунии шахсият.
  3. Ягонагӣ ва мутобиқати пурқуввати ҳамаи ба тарбия молик, институтҳои иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳо, пеш аз ҳама, воситаҳои ахбори умумӣ, адабиётҳо, санъат, оила, мактаб, органҳои тартиботи хуқуқ, коллектив ва гурӯҳҳо – шароити ҳатмии муносибати комплексӣ.
  4. Супориши сифатҳои шахсият тибқи системаи аниқи корҳои тарбиявӣ ташаккул дода мешавад. Ин кор хусусияти комплексӣ мегирад, дар як вақт талаботи вазифаҳои тарбияи ақлӣ, ҷисмонӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва меҳнатӣ дар яклухтии раванд сурат мегирад. Дар гузашта хатои калони тарбия аз ҳам ҷудокунии ҳалли вазифаҳо: тарбияи ахлоқӣ нокифоя ба тарбияҳои меҳнатӣ, эстетикӣ, ақлӣ – тарбияи ҷисмонӣ ба ахлоқӣ, меҳнатӣ – ақлӣ бо дигар намудҳои тарбия алоқадор карда мешуд. Назарияи тарбия асосан аз ҳамдигар ба қисмҳо канда шуда буд, ҳалли вазифаҳои тарбия амалан на комплексона, балки ба таври сатҳӣ бурда мешуданд.
  5. Муносибати комплексӣ рафтори системанок намудан ба раванди тарбия ва идоракунии онро дар назар дорад. Идоракунӣ ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ медиҳад, ки ба ҳисоб гирифтани омилҳои таъсирбахши зоҳирӣ ва ботинии тарбия ва робитаи байни онҳо риоя карда шавад. Барои ин нисбати ин омилҳо ва хислати таъсиррасонии онҳо тасаввуроти дақиқ бояд дошт (нақ. 15).

Ба адади омилҳои асосӣ инҳо дохил мешаванд: а) тарзи гузошташавии ҳаёти талаба, ки он метавонад ба инкишофи сифати супоридашудаи вай таъсир расонад ё (дар шароитҳои муайян) ба ӯ мухолифат кунад; б) шароити зиндагӣ, ки ба тарзи зиндагӣ дар доираи минтақаи гуногун (анъанаҳо, расму русум, урфу одатҳои миллӣ, ки дар қарибии мактабанд, муҳити табиӣ) таъсири муайян мерасонанд; в) воситаҳои ахбороти умумӣ ва тарғибот; г) дараҷаи рушд ва шароити зиндагии коллектив, ки бевосита ба шахсияти талаба таъсир мекунад (системаҳои тарбиявӣ, афкори умум, арзишҳои маҳаллӣ, нормаҳои ахлоқ, иқлими психологӣ); д) нормаҳои тарафайн дар коллектив; е) хусусиятҳои фардӣ ва шахсии тарбиягиранда.

Ҳангоми муносибати комплексӣ барои рушди комили шахсият бояд ҳамаи ин шароитҳо дар ягонагии маҷмӯ ба ҳисоб гирифта шавад.

Шароити муносибати комплексӣ, чӣ тавре, ки зикр карда шуд – ягонагии мақсад, мазмун, шакл ва методҳои тарбия. Комплектнокӣ дар чунин матн бемухолифатиро ифода мекунад ва роҳи иҷрокунӣ мевофиқи натиҷаҳои он мақсад ва вазифаҳо мебошад.

Корҳои тарбиявӣ

Дар адабиётҳои психологию педагогӣ мафҳуми «чорабиниҳои педагогӣ» барои ифодаи истифода бурдани намуд ва шаклҳои гуногуни корҳои тарбиявӣ кор фармуда мешавад. Чорабиниҳои тарбиявӣ – ин маҷмӯи гуногуни таъсирбахшии тарбиявӣ нисбати шароитҳои муайян ба миён омада, баҳри тарбияи комплексии талабагон хизмат мекунад. Аз чорабиниҳои тарбиявӣ раванди тарбиявӣ пайдо мешавад.

Мафҳуми «корҳои тарбивӣ» системанокӣ, комплексӣ, пайдарҳамӣ, бефосилагии кори тарбиявиро ифода менамояд. Корҳои тарбиявӣ (КТ) – ин намуди (шакли) ташкилкунӣ ва иҷро намудани фаъолияти аниқи муайян бо тарбиягирандагон. Хусусияти асосии фарқияти КТ – зарурат, муфидонагӣ, иҷрошавандагӣ. Ҷараёни тарбия аз занҷираи бардавоми корҳои тарбиявӣ иборат мебошад ва кандашавиро намепарварад. Он хусусияти коллективӣ ва эҷодкорӣ дошта, дар ҳамкории тарбиядиҳанда сурат мегирад.

Дар асоси корҳои тарбиявӣ ду намуди муносибат ҳаст – фаъолият ва комплексӣ. Аввалинаш ташкили намудҳои гуногуни фаъолияти мактабиёнро талаб мекунад: дарк намудан, корҳои меҳнатӣ, умумӣ, рассомӣ, спортӣ, арзишҳои миллӣ, дар дуюмаш, ки мо медонем – пайвастакунии ҳамаи намудҳои фаъолият ва таъсири ягонагии онҳо дар раванди тарбия. Муносибати фаъолият дар тарбия характери комплексӣ мегирад.

Агар корҳои тарбиявиро ҳамчун системаи маълумот дида бароем, ба гуногунии зиёди он нигоҳ накарда, дар мактаб зоҳир намудан мумкин, ки ҳамаи он асосан як хел ташкил карда мешавад. Дар ҳама кор ба марҳалаҳои зайл ҷудокуниро дидан мумкин аст: 1) мақсадгузорӣ (таҳлили вазъият, ташаккули бартаридошта ва ҳамроҳикунандаи мақсади тарбия); 2) банақшагирӣ; 3) ташкил ва тайёрӣ; 4) ҳатман иҷрокунии кор; 5) таҳлили натиҷаҳои ноилшуда (нақ. 16). Онҳоро дида мебароем.

Яке аз сарчашмаҳои муҳими мақсадгузорӣ ва тарҳрезии КТ вазъияти иҷтимоии ҳамон давр мебошад, ки корҳои тарбиявӣ ба вуқӯъ пайваста аст. ин вазъият ба ҳодисаҳои иҷтимоии кишвар ва олам вобастагӣ дорад: идҳо, санаҳои таърихӣ, қарорҳои ҳукумат ва ҳодисаҳои маҳаллӣ.

Дигар сарчашмаи ташкил ва гузаронидани КТ ба ташхиси сифатан ташаккулёбии шахсият хизмат мекунад. Боз як манбаъ – майли умумии умури таълимию тарбиявии муассиса дар давраи муайян. Дар якҷоягӣ ин сарчашмаҳо кори тарбияро дар зиндагӣ пурра мегардонанд.

Бартарӣ доштани мақсад (одатан ин мақсади тарбияи ахлоқӣ) вазифаҳои муайяни корро возеҳ мегардонад. Дар ҳар кор ғояи асосӣ ҷудо карда мешавад, ки он бо яке аз майлҳои тарбия (ақлӣ, ҷисмонӣ, меҳнатӣ ва ғ.) мувофиқат мекунад.

Вазифаи педагог дар марҳалаи мақсадгузорӣ – ба ҳисоб гирифтани вазъияти иҷтимоӣ, итоат кунонидани фаъолияти тарбиявии худ ба мақсади бартаридошта, ташхис кардани дараҷаи тарбиятии коллектив ва узвъҳои алоҳидаи он, сипас гузаронидани таҳлили ҷузъии педагогӣ дар сатҳи тайёрии тарбиягирандагон ба он системаи тарбияи таъсиррасон, ки дар оянда ба назар гирифта мешавад. Дар ин маврид бояд ба ин саволҳо ҷавоби муайян гирифта шавад: 1. Бо кадом коллектив таъсирбахшии тарбиявӣ равона карда шудааст? 2. Дараҷаи инкишофи он нисбати майли мазкур чӣ тавр аст? 3. Иҷроиши кор бояд ба ноилшавии кадом натиҷа бошад? 4. Бо кадом системаи тарбия ба натиҷаҳои банақша гирифташуда ноил шудан мумкин аст?.

Дар ин марҳала ба камбудиҳо низ эътибор дода мешавад.

Марҳалаи банақшагирӣ корҳои тарбиявӣ аз паи марҳалаи мақсадгузорӣ бурда мешавад ва аз вай фақат бо назариявии худ фарқ мекунад, амалан ин раванди ягонагӣ ҷудонашаванда аст. Ин марҳала дар назди педагог вазифаи муҳим мегузорад – бо ҳамроҳии тарбиягирандагон ҳамаи қисматҳои майли фаъолиятро муайян кардан, тақсим намудани вазифаҳо байни иштироккунандагон, фаҳмондани тарзи амалигардонии онҳо. Аксари педагогҳо банақшагирии кори тарбиявиро дар ғайби иштирокчиён тартиб доданро меписанданд. Аз ин лиҳоз ба роҳбари синф лозим аст, ки КТ– ро ҳамроҳи талабагон тартиб диҳад. Мавриди банақшагирӣ ба он эътибори ҷиддӣ додан шарт аст, ки масъалаҳои якумдараҷа аз нақша наафтанд.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *