Ҳуқуқи мактабиён ва волидайни онҳо

Натиҷаҳои мусбат додани тарбияи ҳуқуқ дар раванди яклухти педагогӣ аз чуқур фаҳмонидани ҳуқуқҳои адолатхоҳонаи давлати соҳибистиқлол иборат аст, ки онҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» 27 декабри 1993 баъди муҳокимаи умумхалқӣ зикр ёфтаанд:

  1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қаламрави он, сарфи назар аз аслу насаб, ҷинсият, забон, мансубияти нажодию миллӣ, вазъи иҷтимоию махсусиятҳои касбу кор, ҷои истиқомат, эътиқод, масҳаб ва муносибат ба дин хуқуқи таҳсил кафолат дода мешавад.
  2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, экстернат ва ғайра) ҳуқуқ доранд.
  3. Бо мақсади амалӣ намудани ҳуқуқи таҳсил давлат хароҷоти таълими шаҳрвандонеро, ки ба ёрӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ ниёз доранд, дар муддати таҳсил қисман ё пурра ба зиммаи хеш мегирад, иқдомати хайрияро нисбати онҳо дастгирӣ менамояд.
  4. Давлат шахсони дорои қобилияти фавқулоддаро даргирӣ мекунад, ба онҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ ёрӣ мерасонад, барояшон идрорҳои махсус муқаррар менамояд, онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад.
  5. Шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои талимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаву мувофиқатномаҳои байнидавлатӣ ва хориҷиёни муқими ҷумҳурӣ бошанд, дар асоси муқаррароти умумӣ таҳсил менамоянд.
  6. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои идомаи таҳсил дар зинаҳои болоии таълим ҳуқуқи баробар доранд[1].

Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон интихоби озодонаи забони таълимиро кафолат дода, ба забони давлатӣ ва дар маҳалҳои сукунати сарҷамъи шаҳрвандонӣ миллатҳои дигар ба забони модариашон гирифтани маълумоти миёнаи умумиро таъмин менамояд.

Хонандагон ва тарбиягирандагон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ чунин ҳуқуқҳо доранд:

а) касб, шакл ва мӯҳлати таҳсил, барномаҳои инфиродии машғулияти беруназсинфиро интихоб кунанд;

б) аз базаҳои таълиму истеҳсолӣ, илмӣ фарҳангию варзишӣ, маишӣ, беҳдоштӣ ба таври ройгон ва ё имтиёзнок истифода намоянд;

в) барои гирифтани маълумот дар тамоми соҳаҳои дониш роҳ дода шаванд;

г) дар иттиҳодияҳои худфаъолиятӣ, дар фаъолияти татқиқоти илмӣ, татқиқотию конструкторӣ ва дигар намудҳои фаъолияти илмӣ, дар конференсияҳо, олимпиадҳо ва озмунҳо иштирок намоянд, барои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ба дигар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ба хориҷа рохҳат гиранд;

д) таъсилро дар муассисаҳои таълиму тарбия бо сабабҳои асоснок қатъ гардонанд, таъсилро мувофиқи касбу ихтисоси гирифтаашон идома диҳанд;

е) аз амали маъмурият, коркунони педагогӣ ва дигар коркунон, ки ҳуқуқ ё шаъну шараф, қадру қиматашонро паст мезананд, худро ҳимоя кунанд;

ж) бо идрор, мададпулӣ, хобгоҳу интернатҳо, ёрии тиббӣ ва солимгардонӣ дар муассисаҳои таълиму тарбия, имтиёзҳо ё хӯроки бепулу рафтуо дар нақлиёт ва дигар намудҳои ёрии моддӣ мутобиқи муқаррар кардаи давлат таъмин бошанд[2]. Аз якӯми майи соли 1996 фармони президенти мамлакат баромад, ки мувофиқи он донишҷӯёни мактабҳои олӣ, талабагони омӯзишгоҳҳо дар нақлиёти шаҳрҳо бепул рафтуо мекунанд.

Хонандагон ва тарбиягирандагон ҳуқуқ ва имтиёзҳои давлатро ба инобат гирифта, донишҳоро бояду шояд чуқур аз худ намоянд, малакаи амалӣ, маҳорати касбӣ, баланд бардоштани сатҳи умумифарҳангиро таъмин кунанд. Ба қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, меъёрҳои одобу ахлоқ ва этикаи хобгоҳҳои умумӣ риоя намоянд.

Ҳуқуқҳо ва вазифаҳои волидайн

Насли наврас тавассути роҳпаймоии аҳли оила дорои маълумоту касбу кори муайян мегарданд. Бинобар ин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» нисбати ҳуқуқҳо ва вазифаҳои волидайн ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, чунин ҳуқуқҳо дода шудаанд:

а) барои кӯдакони нобилиғашон муассисаҳои таълиму тарбиявиро интихоб кунанд;

б) дар кори мақомоти худидораи ҷамъиятии муассисаҳои таълимию тарбиявӣ иштирок намоянд;

в) дар мақомоти давлатии идоракунӣ ва ҷамъиятии худидора оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи бачагон муроҷиат намоянд;

г) манфиатҳои қонунии фарзандони худро дар мақомоти давлатӣ ва додхоҳии дахлдор ҳимоя кунанд.

Ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, вазифадоранд, ки:

а) барои   сиҳатии  ҷисмонӣ  ва  равонии  бачаҳо  пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарурӣ муҳайё созанд;

б) ҳуқуқ ва қадру қимати бачагонро ҳимоя намоянд;

в) фарзандонро дар рӯҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси нақукорӣ, муносибати боэҳтиромона нисбати аҳли хонавода, забони модарӣ, адабиёту таърих, эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии дигар ҳалқҳо тарбия намоянд;

г) ба бачаҳо барои гирифтани маълумот дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ мусоидат намоянд ва ё дар хона шароит муҳайё созанд, ки дар сатҳи талаботи давлатӣ маълумот гиранд;

д) фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ҳуқуқ ва озодии инсон, риояи қоидаҳои ҳаёт тарбия намоянд.

Волидайн ва шахсони онҳоро ивазкунанда, ки садди роҳи маълумотгирии фарзандон мешаванд, ба тарбияи онҳо беэътиборӣ зоҳир мекунанд, мутобиқи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд[3].


[1] Ниг. Моддаи 5. Њуќуќи шањрвандон ба таълим Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф».

[2] Моддаи 32 – и њамон љо

[3] Ниг. Моддаи 35 – и ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф»

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.