Восита ва методҳои тарбияи ҷисмонӣ

Пеш аз ҳама ба воситаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва беҳдошти мактабиён қувваҳои ҳаётбахши табиат, ташкили дурусти истеъмоли ғизо, меҳнат ва дамгирӣ, гимнастика, дарсҳои варзиш, беҳдошти фард, шаклҳои корҳои оммавӣ – спортии беруназсинфӣ, бозиҳои спортӣ, туризм мансубият дорад.

Қувваҳои ҳаётбахши табиат – маҷмӯи воситаҳои беҳтарини тарбияи ҷисмонӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва инкишофёбии талабагон. Ба ин шуои офтоб, ҳаво, об дохил мешавад, бидуни инҳо зандигӣ, инкишофи шахсиятро тасаввур кардан мумкин нест. Офтоб, ҳаво, об дар якҷоягӣ бо машқҳои варзиш саломатии дастпарваронро тақвият мебахшанд. Нури офтоб, ҳаво, об дар меъёри манбаи махсуси ташкилдиҳии роҳҳои муолиҷавии беҳдошт ба шумор мераванд. Қабули ваннаи шуои офтобӣ, обҳои минералии шифобахш, оббозӣ дар баҳр, гардиш дар ҳавои соф, молиш додани узвҳои бадан бо оби муқаррарии сард аз ҳамин қабил манбаъ ва воситаҳои табиии саломатӣ мебошанд.

Омилҳои ҳифзиссиҳа ташкили дурусти машғулиятҳои варзиш, оқилона истифода бурдани истироҳат (хоб) – ро дар бар мегирад. Ташаккулёбии инсон дар пиромуни табиат риояи ҷиддии як қатор табобатҳои санитарию ҳифзиссиҳаро мепарварад, чунончи, тозагӣ, равшанӣ, васеъӣ, хушбоду ҳаво будани биноҳои мактабӣ, зали варзишӣ, асбобу анҷоми варзиш, таҷҳизот, бо либоси махсуси варзишӣ машқ кардан, риоя намудани низоми рӯз ва ғайра. Ба қавли Иван Петрович Павлов барои организми инсон аз риояи назму низоми муайяни кор, дамгирӣ, ғизо истеъмолкунӣ ва хобравӣ муҳимтар чизи дигаре нест. Бинобар ин, пеш аз ҳама, ба низоми рӯз бо қатъият риоя бояд кард. Созгории фаъолият бо назму низом (режим) – маҳаки асосии ҳаёт. Низом сарфи қувваи омӯзиши беруназтаълимӣ, вақти холиро мувофиқи меъёри ҳифзиссиҳа ба тартиб меорад, шахс сермаҳсул кор мекунад ва хуб дам ҳам мегирад. Режими рӯзи диқиқи муназзам тартибдодашуда ва мунтазам риоя намудани он мувозинаи байни харҷу барқароркунии нерӯи шахсро нигоҳ медорад, саломатиро мустаҳкам мекунад, бардамию рӯҳафзоӣ мебахшад. Режими рӯз барои ҳама як хел шуда наметавонад. Он тибқи ҳолати саломатӣ, дараҷаи коршоямӣ, шароити мушаххаси кору зиндагӣ ва хусусиятҳои фардии ҳар талаба мувофиқ тартиб дода мешавад. Вале дар онҳо баъзе тартиботҳое ҳам ҳастанд, ки ҳама бояд риоя намоянд, чунончи, варзиши пагоҳирӯзӣ, шустушӯ, иҷрои супоришҳои мактабӣ, ғизохӯрӣ, дамгирӣ баъди хӯроки нисфирӯзӣ, иҷро кардани корҳои хона ва ҷамъитятӣ, сайр дар ҳавои кушод, шуғли кори дӯстдошта, сайру гашти бегоҳирӯзӣ, тайёрӣ ба хоб.

Аснои истеъмоли ғизо ҳатман ба тозагӣ бояду шояд риоя кард, сабзавоту меваҷотро шустан, хусусан аз пурхӯрӣ худдорӣ намудан (ба хусус мавриди варзиш ва хобравӣ) ниҳоят ҳатмист.

Гимнастика машқҳои зиёдеро дар бар мегирад ва аз нигоҳи педагогӣ барои таъсирбахшии ину он узви ҷисм аз онҳо интихобан истифода бурда мешавад. Гимнастика чунин намудҳо дорад: асосӣ, ҳифзиссиҳавӣ, спортӣ, варзиши нафис, истеҳсолотӣ, табобатӣ.  Дар мактаб талабагон тибқи барномаи таълимӣ бо гимнастикаи асосӣ шуғл меварзанд. Он дар ҳар синф мувофиқи синну сол бурда мешавад ва чунин машқҳоро фаро мегирад: сафкашӣ, машқҳои гуногуни бевосита (беашё) ва бавосита (бо ягон чиз), ҷаҳидан, часпида баромадан, роҳравӣ, давидан, унсурҳои машқи акробатика ва ғайра. Ин машқҳои ҷисмонӣ ба фаъолияти маркази системаи асаб вобаста буда, хастагии қишри мағзи сар ва иртиқо додани қобилияти коршоямии шахсро таъмину тақвият медиҳанд. Машқҳо барои инкишоф додани мушакҳо, узвҳои бадан, мӯътадилии ҷараёни хун ва органҳои нафаскашӣ хеле фоидаоваранд. Машқҳо устухонҳоро устувор ва суръати ҳаракати онҳоро метезонанд.

Бозиҳо муҳаррикӣ ва спортӣ мешаванд ва онҳо барои инкишофи ҷисми кӯдакон аҳмияти калон доранд. Дар синфҳои ибтидоӣ бештар бозиҳои муҳаррикӣ, дар синфҳои боло бозиҳои спортӣ гузаронида мешавад. Чуноне, ки зикр намуда будем, дар бозиҳо нерӯмандӣ, муқовиматкунӣ, чолокӣ, ҳассосӣ, ташаббускорӣ инкишоф дода мешавад. Дар бозихои дамка ва шоҳмот қобилияти ақлӣ инкишоф меёбад.

Туризм – саёҳат, сайру гашт, роҳпаймоӣ ва ҷаҳонгардӣ барои шиносоӣ бо сарватҳои кишвар, табиат, ҷойҳои таърихӣ ва ёдгориҳои мадании диёри хеш. Дар чорабиниҳои туристӣ талабагон ҷисман обутоб меёбанд, нормаҳои рафтори амалиро нисбати муҳити табиӣ бо масъулият азхуд мекунанд. Роҳпаймоии турустӣ пои пиёда, бо велосипед, лижа (иски) ва бо заврақҳо гузаронида мешавад, ки дар он ҳамроҳи муаллими тарбияи ҷисмонӣ, муаллимон, роҳбарони синф, иддае аз волидайн, вакили сарпарастӣ метавонанд иштирок кунанд. Мавриди сафари туристӣ ба қодиаҳои бехатарӣ, нигаҳдории саломатӣ пурра риоя карда мешавад.

Спорт – мусобиқаи варзишӣ, бо натиҷаҳои ноилгардии намудҳои муайяни тамриноти ҷисмонӣ вобастагӣ дорад. Барои аниқ кардани натиҷаи беҳтаринҳо дар намудҳои гуногуни варзиш, ҳамчунин муайян кардани ғолибони мусобиқа ин намуди тарбияи ҷисонӣ истифода бурда мешавад. Спорт асосан ба мусобиқаҳои тарафайн тааллуқ дорад. Мусобиқаҳои спортӣ дар вазъияти тезу тунди талошҳои варзишӣ мегузаранд барои ҷои аввалин. Ҳисси масъулияти варзишгарон дар назди коллектив меафзояд. Спортчӣ обутобдиҳии муайяни ҷисмиро аз сар гузаронида, бо ҳаяҷони пуризтироб бо ҳарифи худ бо шуҷоят талош мекунад, то ки ғолибият насибаш гардад. Дар спорт сифатҳои ахлоқӣ ва иродавӣ рушду камол меёбанд. Мактабиёни хурдсол, чунонки зикр карда будем, мувофиқи нишондоди барномаи таълимӣ мусобиқаҳоро байни худ – ҳамсинфон ба тарзи сабук мегузаронанд.

Ба спорт қисме аз намудҳои гимнастика: варзиши сабук, лижаронӣ, оббозӣ, воллейбол, футбол, шоҳмот, дамка ва ғайра, ки аз командаҳои тарафайн иборатанд, дохил мешаванд. Мусобиқаҳои спортӣ дохилимактабӣ, байнимактабӣ, байниноҳиявӣ, байнишаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва олимпиадавӣ мешаванд.

Ҳамаи воситаҳои номбурда ба таври комплекс бо методҳои марбути тарбияи ҷисмонӣ сурат мегирад. Акнун методҳои муҳими тарбияи ҷисмониро ба таври мухтасар зикр мекунем.

Дар ҷараёни тарбияи ҷисмонӣ ба сифати методи асосӣ машқҳои ҷисмонӣ баромад мекунад. Доираи истифодабарии машқҳои ҷисмонӣ хеле васеъ аст, он аз ёддиҳӣ сар мешавад ва то инкишофи қобилияти ҷисмонӣ, аломатҳои истеъдодии давидан, ҷаҳидан, гимнастика ва ғайраро фаро мегирад. Чунончи, дар амал ёд додани ин ё он машқ, ёд додани қабулкунии ваннаи офтобӣ, ёддиҳии ҷаҳидан аз дарозӣ ва ғайра. Бидуни ёддиҳӣ ҳосил кардани чусту чолокӣ, инкишоф додани нерӯи ҷисмонӣ ғайри имкон аст. Аммо муфидии методи машқҳои ҷисмонӣ аз бисёр ҷиҳат ба хоҳиш ва фаъолияти дақиқи иҷрокунии хонандагон вобаста аст. Вақте ки хонанда саъю кӯшиши шуурона зоҳир намуда, барои мустаҳкам кардани қувваи ҷисмонӣ ва қобилияти худ сафарбар мегардад, инкишофи ҷисмонии вай бо муваффақият сурат мегирад. Ба ташаккул додани талаботи баланд бардоштани маданияти ҷисмонии худ ва оқилона муносибат кардан ба ташкили меҳнат ва дамгирӣ итминон бояд пайдо кард. Бинобар ин дар тарбияи ҷисмонӣ методҳои эътиқоди эзоҳдиҳӣ ва намунаи ибрат аҳамияти калон дорад. Ин методҳо пеш аз ҳама мавридҳои ҷараёни ташкили тамриноти ҷисмонии хонандагон ва чорабиниҳои оммавию спортӣ ба харҷ дода мешавад. Бо кӯмаки онҳо аҳамияти машқҳои ҷисмонӣ баҳри мустаҳкамкунии саломатӣ ва инкишофи онон баррасӣ карда мешавад. Барои намуна варзишгарони барҷастаро мисол овардан аз фоида холӣ нест.

Мавриди шабнишиниҳои варзишгарон ва хонандагони алоҳида аз методҳои сӯҳбат, маърӯза, лексия дар мавзӯъҳои спортӣ васеъ истифода мебаранд. Дар ҳавасмандгардонии корҳои тарбияи ҷисмонӣ методҳои маъқулкунӣ ва маҳкумкунӣ, инчунин назораткунӣ аз болои риояти режими санитарию ҳифзиссиҳа, иштирок дар корҳои оммавӣ – спортӣ ва чорбиниҳои гуногуни тандурустӣ низ аҳамияти калон дорад.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *