Касбогоҳӣ дар мактаб

Дар оянда орзуи соҳиби ягон касб шудани кӯдакон хеле бармаҳал, ҳатто аз давраи синни томактабӣ аснои бо бозичаҳо сару кор доштанашон пайдо мешавад. Аммо ҳоло ин орзу хомакӣ ва тахминӣ буда, ҳини мактабхониашон дар баъзеҳо борҳо тағйиру табдил ёфта меистад. Фақат дар охирҳои мактаби асосӣ, бахусус баъди омӯхтани силсилаи асосҳои фан ва шиносшавӣ бо хусусиятҳои касбу пеша орзуи интихоби касб ба ҳукми қатъӣ медарояд, ин ё он ихтисоси дилхоҳашонро дилпурона муайян мекунанд. Вале мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ омӯхтану пешниҳод кардани касбро дар ӯҳда надорад, он тибқи вазифаи асосии худ – маълумоти умумӣ фаъоляит намуда, дар касбогоҳӣ ҳам ба тариқи умумӣ шуғл меварзад.

Асосан мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ мувофиқи нишондодҳои консепсияи миллии тоҷик нисбати касбмуайянкунӣ корҳои зайлро анҷом медиҳад:

  1. Эҳтироми ҳамаи касбу ҳунарҳо, аз он ҷумла касбу ҳунарҳои мардумӣ, ки байни халқ ривоҷ доранд. Ин вазифа бештар дар ҷараёни омӯзиши фанҳо, хусусан таҳти таълими санъати миллӣ ва меҳнат ва таълими меҳнати синфҳои боло ҳаллу фасли худро меёбад. Ҳангоми омӯзиши фанҳо толибилмон бо ҳаёт ва фаъоляити олимон, адибон, ихтироъкорон, хунармандон, кормандони санъат, варзишгарони номӣ ва дигарон шинос мешаванд. Воситаи дигари ҳалли ин масъала бо ташкили сӯҳбат, вохӯрӣ бо одамони касбу кори гуногун, саёҳат ба муассисаҳои саноатӣ, ҳунармандӣ, илмӣ, хоҷагии қишлоқ, сохтмон ва ғайра сурат мегирад.
  2. Талабагоне, ки дар ҷараёни машғулиятҳо ва корҳои берун аз синф зимни корҳои амалӣ майлу қобилияташонро нисбати ин ё он чиз зоҳир манемоянд, бояд қадру таҳсин карда шаванд. Вақте ки талабагон ба ягон соҳа (чунончи, харротӣ, кандакорӣ, наққошӣ, челонгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, ҳофизӣ, ва ғ.) завқу шавқ пайдо мекунанд, ин аз он далолат медиҳад, ки онҳо дар доираи касбинтихобкунианд. Дар ин гуна мавридҳо муаллимон бояд чунин ташаббуси онҳоро дастгрӣ намоянд ва барои минбаъда соҳиби ин ё он касб шуданашон маслиҳатҳои муфид диҳанд.
  3. Касбогоҳии талабагон дар мактаб муҳайё намудани шароит барои ошкор сохтани шахсияту фардияти талабаҳо ва дар онҳо бедор намудани кӯшиши худинкишофдиҳию худтакмилдиҳиро тақозо мекунад. Қобилияти касбогоҳии талабагон бештар дар комбинатҳои таълимию истеҳсолии байнимактабӣ, маҳфилҳои мактабӣ, истгоҳи техникони ҷавон, истгоҳи табиатшиносони ҷавон, корхонаҳои саноатӣ, колхозу совхозҳо мавриди корҳои амалӣ зоҳир мегардад. Талабае, ки ба ин ё он касб рағбат пайдо мекунад, дар фаъолияти амалиаш фарахмандӣ, қаноатмандӣ, эҷодкорӣ, ташаббускорӣ ҳис карда мешавад ва сифату миқдори маҳсулоти истеҳсол кардааш ба мутахассисон маъқул мегардад.
  4. Касбогоҳӣ аз талабагон ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди хонавода, рафиқон, миллат ва саъю кӯшиш баҳри афзун намудани ғановати маънавию ахлоқиро тақозо мекунад. Дар рӯҳияи ҳис кардани масъулият тарбия намудани дастпарварон нисбат ба вазифаи супоридашуда нақши муҳим дорад, зеро масъулиятшиносӣ онҳоро ба ҳалолкорӣ, поквиҷдонӣ ҳидоят мекунад. Шарафи инсонӣ доштани меҳнат ин гувоҳи маънавиёти баланди ахлоқии шахсият аст.
  5. Ошно сохтани талабаҳо бо фарҳангу маданияти миллати худ ва дигар халқҳои сокини ҷумҳурӣ, ниёзмандиҳо ва масъалаҳои тараққиёти минбаъдаи хоҷагии халқ. Ҳамаи ин заминаест барои болоравии маданияти ҷумҳурӣ.
  6. Дар талабагон тарбия намудани сариштакорӣ ва мувофиқи мақсад истифода бурдани неъматҳои маънавӣ ва моддӣ, онҳо бояд дарк кунанд, ки ҳеҷ чиз муфту ройгон ба даст намеояд. Аз синфҳои ибтидоӣ сар карда талабагонро ба эҳтиёту сарфакорӣ одат кунонидан лозим аст, то ҳар як маводро мувофиқи зарурат, бидуни исрофкорӣ, оқилона истифода баранд, онҳоро афзун гардонанд, ба қадри ҳар чиз бирасанд.
  7. Бедор намудани ҳисси талабагон дар боби фаъолона иштирок кардани онҳо баҳри афзоиши сарватҳои модиию маънавӣ. Ин қарзу фарзи инсонист.
  8. Дар ҷомеа ҳар шахс мавқеи худро дорад, онро бояд бо кордонию поквиҷдонӣ дарёфт.

Агар ин чорабиниҳо дар мактаб оқилона ва дуруст ба роҳ монда шавад, барои талабагони мактаби маълумоти ҳамагонӣ заминаи устувори шуурона муайянкунии касб гузошта мешавад. Онҳо метавонанд баъди хатми мактаби асосӣ ва миёна ба омӯзишгоҳҳои миёнаи касбӣ – техникӣ ва мактабҳои олӣ ва ғайра дар касби интихобкардаи худ таҳсилро бо муваффақият идома диҳанд.

Тибқи нақшаи ҷории таълими тафриқаи синфҳои X – XI мактаби миёна дар равияи техника ва технология соҳаи тайёрии меҳнатию касбӣ низ ба назар гирифта шудааст. Ин равия, агар шароит дар ҷое даст диҳад, соҳаи аниқи тайёрии меҳнатӣ ва ё касбиро ҷорӣ менамоянд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳамаи хатмкунандагони мактаби миёнаи ҳамагонӣ дар муайян кардани касбу кори ояндаи худ устуворӣ зоҳир мекунанд. Нафарҳое ёфт мешаванд, ки дар натиҷаи булҳавасӣ касбу пешаи худро ҷиддан муайян карда наметавонанд. Ва ё хатмкунандае ёфт мешавад, ки органи биноӣ ва ё шунавоиаш суст асту даъвои орзуи ҳавопаймоӣ дорад. Аз ин лиҳоз, агар муайянкунии касбу ихтисос дар мактаб тавассути шакл ва методҳои зерин сурат гирад, камбудиҳои фавқулзикр аз байн бардошта мешавад: касбогоҳии маърифатӣ, мусоҳибаи касбогоҳӣ, хоста гирифтани касб.

Касбогоҳии маърифатӣ (ахборотӣ) ба талабагон нисбати касбу ҳунарҳои олам, моҳияти онҳо дар хоҷагии халқ, дар бораи роҳҳои омӯхнату талаботҳои онҳо маълумот медиҳад. Муаллим дар ин ҷода имкониятҳои эҷодии тахассусҳои оммавиро ошкор, роҳҳои ҷустуҷӯи кашфиётҳоро нишон медиҳад, дар истеҳсолот чӣ гуна нақш ва масъулият доштани соҳибкасбро ба тарзи ахборот баррасӣ мекунад.

Дар шароити кунунӣ ҳар шахс метавонад мувофиқи қобилияту коршоямии худ касбу кори дилхоҳашро азхуд кунад. Ба ин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Вале гап дар сари он аст, ки соҳиби касб ба ҷамъият манфиат орад ва худаш ҳам аз бурдбориҳои меҳнатиаш беҳад қаноатманд бошад. Дар ҳамин дида мешавад вазифаи асосии касбогоҳии маърифатӣ.

Касбогоҳии маърифатӣ дар раванди омӯзиш ва фаъолиятҳои беруназтаълимӣ бурда мешавад. Шакл ва методҳои маъмули он инҳоянд: дарсҳои меҳнат, физика, биология, кимиё, саёҳатҳои истеҳсолӣ,  вохӯриҳо бо ветеранҳои арсаи меҳнат, навоварони истеҳсолот, сӯҳбат ва ҳикоя дар бораи ихтисосҳо, шабнишиниҳои якҷояи мактабиён бо коллективҳои муассиса, университети касбогоҳӣ ва ғайра.

Вазифаи ахбороти касбогоҳӣ дар синфҳои ибтидоӣ аз дӯст доштани меҳнат ва эҳтироми одамони меҳнатӣ иборат аст. Дар синфҳои V – IX муаллим доираи назари умумӣ ва политехникии мактабиёнро вусъат дода, дар бораи ихтисосҳои бештар паҳншудаи зарурӣ ва касбу корҳои оянда маълумот медиҳад. Дар синфҳои X – XI омӯзиши мушаххаси ихтисосҳои ояндадор ва ба онҳо эҳтиёҷ доштани ноҳияҳо ахборот дода мешавад. Чунин корҳоро тавассути машғулиятҳои факултативӣ, равияи техника ва технология, маҳфилҳои техникӣ ва ғайраҳо низ ҳал кардан мумкин аст.

Мусоҳибаи (консултатсияи) касбогоҳӣ имкониятҳои шахсӣ, майлу рағбати мактабиён ба касб, талаботи хоҷагии халқ ба он, адаптатсия (мувофиқаткунии узвҳои бадан) – ро ба инобат гирифта, ба довталабон маслиҳатҳои муфид медиҳад. Ба ҳайъати мусоҳиба муаллимон, духтури мактаб, падару модарон, вакилони идораи сарпарастӣ ҷалб карда мешаванд. Онҳо тамоми санадҳо, аз ҷумла қобилияту коршоямии довталабро меомӯзанд ва аз рӯи маълумотҳои пайдокарда ба хонандагони синфҳои охирини мактаби миёна характеристика менависанд, ки дар он майлу рағбат доштани хонанда ва хусусиятҳои фардии вай аниқ ва ба тафсил зикр карда мешавад.

Хоста гирифтани касб – ин раванди махсус ташкил кардаи педагогист, ки бо мадади методикаи асосёфтаи илмӣ барои омӯзиши ин ё он ихтисосҳои мураккабу масъулиятнок аз байни довталабони зиёд нисбатан беҳтаринҳояш хоста гирифта мешаванд. Ин усул аз нигоҳи гуманистӣ бурда мешавад, он пеш аз ҳама, ба кор ва ба шароити «одаткардани» шахси ҷавони навкорро дар назар дорад. Ба касб одаткунӣ бошад, дар ҷои кору дар раванди амалии фаъолияти меҳнатӣ ба вуҷуд оварда мешавад.

Интихоби касб ниҳоят мураккаб буда, бевосита ба хоҳиш ва майли ҷавонон, ба худбаҳодиҳӣ ва дараҷаи даъво, дар бораи чашмдошт, дар бораи моҳияти иҷтимоӣ ва касбӣ вобаста аст. Барои ҳамин ҳам муайянкунии касб ҳамеша ба муомилаи шахсият мансуб буда, қисми таркибии инкишофи ҳамаҷонибаи ӯ ба шумор меравад.

Ин ҷараён ба ҷавонон ҳаваси ихтисосгириро бедор карда, ба касбгирӣ маънан ва рӯҳан омодашавиашонро тақозо мекунад. Касбогоҳӣ ба яке аз механизмҳои мутаносиб тақсимкунӣ ва оқилона истифодабарии манбаҳои меҳнатӣ, сазовор пурра кардани сафи синфи коргару деҳқон хизмат мекунад.

Аммо касбу ҳунаромӯзӣ иродаи матинро талаб менамояд.

Санҷиши контролӣ

  1. Технология аз санъати тарбия бо чӣ фарқ дорад?
    1. Оянда ба санъат ё технологияи тарбия тааллуқ дорад? Барои чӣ?
    1. Моҳияти комплексона рафторкунӣ дар чист?
    1. Корҳои тарбиявиро чӣ хел фаҳмидан мумкин?
    1. Моҳияти корҳои тарбиявии коллективона дар чист?
    1. Сохти корҳои тарбиявӣ чӣ гуна?
    1. Вазифаи педагог дар марҳалаи банақшагирӣ ва ташкилкунии корҳои тарбиявӣ аз чӣ иборат?
    1. Вазифаи педагог дар давраи ташкилкунӣ ва таҳлил аз чӣ иборат?
    1. Дар тарбияи ахлоқӣ интизомнокии мактабиён чӣ тавр кор карда мешавад?
    1. Тарбияи ҳуқуқ ва вазифаи он кадомҳо?
    1. Мавқеи ҳаёти фаъолона чӣ тавр ташаккул дода мешавад?
    1. Корҳои тарбияи ахлоқӣ чист?
    1. Ҳалли проблемавии тарбияи ҷинсӣ чӣ тавр мегузарад?
    1. Моҳияти корҳои тарбиявии эстетикӣ дар чист?
    1. Корҳои тарбиявии тарбияи ҷисмонӣ ба кадом мақсад равона карда мешавад?
    1. Корҳои тарбиявии ақлӣ ва меҳнатӣ чӣ гуна мақсад дорад?
    1. Тарзи касбогоҳӣ дар мактаб чӣ гуна сурат мегирад?

Адабиёт барои худомӯзӣ

Иванов И. П. Энциклопедия коллективных творческих дел. – М., 1989.

Подласый И. П. Педагогика. Книга 2. – М., 2000.

Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.

Шуркова Н. Нравственное воспитание // Воспитание школьников. – 1990. – №1 – 3.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.