Мазмуни кори роҳбари синф

Вазифаҳои амалии роҳбари синф

Маъмурияти мактаб аз синфи панҷум то синфи ёздаҳум яке аз муаллимони дарсдиҳандаро роҳбари синф таъин мекунад, то ки ба танзими корҳои таълимию тарбиявӣ, нигаҳдорӣ ва пешбурди хуҷҷату санадҳои шахсии талабагон, кор бо волидайни онҳо ва ғайраҳо масъул бошад. Аммо дар синфҳои ибтидоӣ ҳамаи ин вазифаҳо бар дӯши муаллимон аст. Муаллимони синфҳои ибтидоӣ ба ҳайси роҳбари синф ва оне, ки роҳбари синф таъин шудааст, чунин вазифаҳоро бар ӯҳда доранд:

  • тарбия кардани талабагон дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида ва асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ;
  • ташкил ва тарбия кардани фаъолони синф баҳри коллективи муттаҳид;
  • инкишоф додани завқи маърифатӣ ва қобилияти эҷодии дастпарварон, баланд бардоштани дараҷаи дарсҳазмкунии онҳо;
  • ғамхорӣ нисбати ҳифзи саломатӣ ва инкишофи ҷисмонии онҳо;
  • ёриву ёварии педагогӣ ба кумитаи хонандагон ва созмонҳои талабагӣ роҷеъ ба худидоракунӣ;
  • равобити мустаҳкам бо падару модарони талабагон, аҳли ҷамъият ва таъмини ҳамкории онҳо дар корҳои таълимӣ – тарбиявӣ.

Дар адои ин вазифаҳо муаллимон ва роҳбарони синф бояд корҳои зеринро иҷро кунанд: а) дақиқ омӯхтани талабагон; б) ба талабаҳо фаҳмондани моҳияти Қоида ва низомҳои  созмонҳои талабагӣ ва таъмини амалии онҳо дар синф; в) мушоҳидаи ҳамарӯзаи донишгирии онон ва назорати доимӣ аз болои иҷрои вазифаҳои хонагӣ, ҳамчунин худдорӣ аз сербории онҳо; г) сари вақт гузаронидани маҷлисҳои синфӣ; д) ба маҳфилҳо ҷалб намудани талабаҳо; е) ташкил кардани корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ; ж) ба маъмурияти мактаб пешниҳод кардани пешқадамон барои ҳавасмандонӣ; з) кор бо талабагони душвортарбия; и) таъмини ҳамкории мустаҳкам бо волидайн; к) нигаҳдории ҳуҷҷатҳои шахсии талабагони синф ва коргузорӣ бо онҳо ва ғ.

Омӯхтани хусусиятҳои психологии талабагони синф. Ҳангоми таълиму тарбия хусусиятҳои психологии кӯдаконро надониста ноили комёбиҳо шудан ғайриимкон аст. Чунки кӯдакон ҳар кадом дорои мизоҷи ба худ хосе мебошанд ва аз муаллимон муносибати муайянеро талаб мекунанд: яке зиндадилу серҳаракат, дигаре маъюсу ғамгин, яке чусту чолок, дигаре коҳилу танфарох, яке ҳалиму гапдаро, дигаре тундмизоҷу гарданшах ва ғ. Дар ибтидо омӯхтани хислатҳои коллективи синф ин як кашфиёти муҳимест барои роҳбари синф ва бо ҳар кадом муомила карда тавонистан эҷодкории ӯст. Омӯхтани хислатҳои психологии шогирдон. Тибқи методҳои гуногун муяссар мегардад. Дар ин ҷода ба роҳбари синф методи мушоҳидаи ҳамарӯза маълумотҳои зиёд дода метавонад. Таҳти ин равиши таҳқиқ фаъолияту қобилияти таълимӣ ва рафтору муносибатҳои кӯдакон аснои таълим ва машғулиятҳои тарбиявӣ баръало намоён мегардад. Зимни ин метод диққат, ҳофиза, тафаккур, ба машғулияту иҷрои супоришҳо чӣ гуна муносибат доштани ҳар як талаба ошкор карда мешавад.

Методи сӯҳбат (фардӣ ва гурӯҳӣ) ҳам дар муайян кардани хусусиятҳои хоси кӯдакон аҳамияти муайян дорад. Роҳбари синф зимни сӯҳбат бо талабагон, падару модарон асрорҳои ба вай ниҳонро, аз ҷумлаи сустии органи биноӣ, шунавоӣ, аломатҳои ҳофиза, тафаккуру тасаввурашонро фаҳмида мегирад ва чораҳои лозима меандешад. Кӯдаконе, ки навоқиси забонӣ (лакнатзабон), ақлан ақибмонда ва нуқсҳои дигаре доранд, муайян карда, ба ташхису маслиҳатҳои мутахассисони муассисаҳои дахлдор мефиристад. Дар чунин сӯҳбатҳои самимӣ шароити зиндагӣ, вазъи ҳаёти оилавӣ, ба чӣ шавқманд будани кӯдакон низ ифшо карда мешавад.

Хислат, қобилият ва истеъдоди фардӣ доштани дастпарваронро тавассути методи натиҷаҳои фаъолияти амалиашон низ донистан мумкин аст. Ба ин ташкили намоишҳои маҳсули санъати тасвирӣ ва меҳнати дастӣ, корҳои хаттӣ, иҷрои супоришҳои хонагӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд. Роҳбари синф муайян кардани шавқмандӣ ва қобилияти шогирдон аз баъзе фанҳо (хусусан забони модарӣ ва риёзӣ) вазифаи севариантӣ месупорад. Агар талаба аз се варианти супориши хонагӣ ҳамаашро мунтазам кор карда ояд, ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вай нисбати ин ё он фан хеле шавқманд аст. Ва бо ҳамин роҳ дар мактаби асосӣ барои таъмини омӯзиши тафриқа замина гузошта мешавад.

Барои аниқ донистану омӯхтани кӯдакон ба хонадонҳо ташриф овардани роҳбари синф воситаи беҳтарини бо шароити зиндагӣ ва тарзи тарбиякунии оилаҳо аз наздик шиносшавӣ мебошад. Ин иқдоми нек ба муаллим имкон медиҳад, ки нисбати шогирдонаш маълумотҳои иловагӣ, аз қабили ба корҳои хона дастёрӣ кардан ва ё накардан, фиребгарӣ ё поквиҷдонӣ, ростқавлӣ ё дуруғгӯӣ, хушодобӣ ё дағалона рафторкуниашонро муайян кунад.

Омӯхтани шогирдон раванди доимӣ буда, муаллим нафақат ба хислатҳои мусбату манфии рафтор ва донишҳазмкунии талабаҳо, ҳамчунин бо дигаргуниҳои инкишофи онҳо ҳам эътибори ҷиддӣ медиҳад. Баъди чуқур омӯхтани дастпарварон ба ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта андешакорона мекӯшад. Барои бартарафкунии ақибмонии талабаҳо роҳбари синф чораҳои мушаххас меандешад ва воситаҳои таъсирбахшро ба харҷ медиҳад, то ки пай дар пай натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда шавад албатта, барои бартараф кардани камбудиҳои таълимӣ ва тарбиявии талабагон дастгирӣ ва ҳамкории оилаҳо ва ҷамоатчигӣ лозим аст, он гоҳ ҳар гуна кӯдакро, ҳатто душвортарбияро ҳам ба роҳи дуруст майл додан мумкин аст.

Азнавтарбиякунии кӯдакони душвортарбия. Бо истифодабарии методҳои фавқулзикр кӯдакони душвортарбия муайян карда мешаванд. Ёдовар шудан ҷоиз аст, ки дар синфҳои ибтидоии тоҷикии мо теъдоди зиёди кӯдакони душвортарбияро талабагони душвортаълим ташкил медиҳанд. Сабаби душвортаълимии онҳо, пеш аз ҳама, дар синни томактабӣ ба мактаб ба таври бояду шояд тайёр накардани оилаҳост. Ин аз камтаҷрибагӣ ва бепарвоии бархе аз волидайн ва калонсолони оила сар мезанад. Чунонки роҷеъ ба ин масъала дар синни томактабӣ маълумот дода будем, яке аз сабабҳои душвортаълимии кӯдакон аввало аз камзахирагии фонди луғавӣ ва аз нокифоягии инкишофи нутқи онҳо бошад, аз ҷиҳати дигар, ба мактаб ҳавасманд нагардонидани онҳо мебошад. Ниҳоят кӯдак то панҷсолагӣ, ки ин айёми басо муҳими захирағундории дониш ва фонди луғавӣ аст, аз муомилаи нодурусти калонсолон камнасиб гаштааст, бо «бағочи» нокифоя ба мактаб омадааст. Аз ин бобат дар таълим карахтӣ мекунад, маънои чизи шунида ва хондаашро намефаҳмад, аз ҳамсабақонаш ақиб мемонад. Оқибат ӯ баъзан дар назди ҳамсолонаш хиҷолат кашида, феълаш мекоҳад ва гарданшахӣ мекунад.

Душвортарбия онҳое мебошанд, ки дар рафтор дилозоранд, ҷанҷолу низоъ ва дашномдиҳиро дӯст медоранд, ҳатто кӯдаконе ёфт мешаванд, ки носу сигор мекашанд, машрубот менӯшанд, дурӯғгӯи фиребгаранд ва ғ. Ҳамаи ин аз беназоратӣ, аз беандешагии аҳли оила ва муҳити носолими ягон гурӯҳ сар мезанад. Ин қабил кӯдакон ғамхорию ҳамкорӣ, таҳаммулу устувории муаллимро тақозо мекунад. Барои он ки онҳо аз нав тарбия карда шаванд, аввало сабабҳои душвортаълимӣ ва душвортарбиягии онҳоро бояд муайян кард, яъне ташхиси мушаххаси педагогӣ бояд гузошт. Ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки талабагони душвортаълиму душвортарбияро дар синфҳои ибтидоӣ ислоҳ кардан осонтар аст нисбат аз синфҳои мактаби асосӣ ва синни калони мактабӣ. Чунки дар кӯдакони хурдсол решаҳои носолим ҳоло чуқур нарафтаанд. Бо вуҷуди ин онҳо заҳмату меҳрубониҳои зиёду тӯлонии роҳбари синфро мепарваранд. Муаллимон бо маҳорати баланди педагогӣ, ҳамкории беғаш, ҳар пешравии онҳоро қадркунон бо серталабии оқилона ислоҳ мекунад.

Дар ислоҳи рафторҳои ношоям ҳамаи муаллимон, волидайни кӯдакон, фаъолони синф, кумитаи хонандагон, созмонҳои талабагӣ, кумитаи волидайни синф, ҷои кори падару модарон бояд мададрасонӣ кунанд, то ки онҳо сари вақт ислоҳ пазиранд. Дар ислоҳи талабагони душвортарбия муносибати хуши роҳбари синф ва муоширати педагогӣ, ҳамчунин барои онҳо шароити мусоид фароҳам овардан зарур аст.

Муаллими мактаби ибтидоӣ – поягузори илму дониш ва тарбия. Муаллими мактаби ибтидоиро дар ҷомеа нафақат барои «муаллими аввалин» буданаш, ҳамчунин баҳри поягузориаш дар илму маърифат ва навниҳолони солим тарбия карданаш қадр мекунанд. Чунки таълиму тарбияи мақсадноки насли наврас аз ин сарчашмаи боэътимод оғоз мегирад. Муаллим ҳамчун роҳбари синфи ибтидоӣ кӯшишу заҳмати зиёд ба харҷ дода, шогирдонашро аз ҷиҳати дониш ва аз ҷиҳати рафтору кирдор сазовори давру замон дар зинаи нави болоравӣ мегузорад.

Яке аз вазифаҳои басо масъулиятноки рӯзмараи муаллим тибқи нишондодҳои фанни нави «Одобнома» тарбия кардани кӯдакон мебошад. Зеро «Ободнома» шогирдонро пайваста бо панду ҳикматҳои ниёгону муосир, анъанаҳои миллӣ, ба хушрафторӣ, одаму одамгарӣ, раҳму шафқат, ақлу заковат, лутфу эҳсос ҳидоят намуда, навдаҳои навниҳолонро пурбор мегардонад. Ба роҳбарони синфҳои минбаъда лозим аст, ки ба сербории ин навдаҳо ғамхорӣ зоҳир намоянд, то ки онҳо осебе надида, бо сифатҳои нав ба нав ба «пазиш» рӯ оваранд.

Вазифаи дигари муаллимон ва роҳбарони синф – талабаҳоро ба маҳфилҳои дилчаспашон ҷалб намудан, ба мутолеаи адабиёти бадеӣ, илмӣ – оммавии беруназтаълимӣ (мувофиқи синну солашон) ташвиқ кардан; донишҳои онҳоро баланд бардоштан, қобилияту истеъдодашонро ошкору ривоҷ додан. Илова бар ин нисбати тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ, варзишу беҳдошти онон сарварӣ бинмудан. Ҳини саёҳатҳои гуворои табиат дастпарваронро ҳаддалимкон бо меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ, ба ғундоштани тухмиҳо, гулу гиёҳҳои дурувор, инчунин дар корҳои худхизматрасонии ошхонаи мактаб, китобхона ва таъмири китобҳо ва ғайра ҷалб намудан аҳамияти калони тарбиявӣ дорад.

Ҳамкории муаллимон ва роҳбарни синф бо падару модарон. Зарурати ҳамкории муаллимони синфҳои ибтидоӣ нисбат ба роҳбарони синф зиёдтар аст. Ба ҳамагон аён аст, ки аз рӯзҳои аввалини ба мактаб омадани кӯдакон волидайнашон ба маслиҳату машварати муаллимон бештар ниёз доранд, зеро кори бомаслиҳат – салоҳи кор. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» мефармояд: «Чун дар воқеоту ҳодисот аз машварат гурез нест, бояд ки машварат бо аҳли ҳикмат ва азҳоби таҷриба ва мардуми дурандешу пирони оқибатбин воқеъ шавад ва тадбири ин тоифа собит аст»[1].

Воқеан, барои волидайн машварати соҳибтаҷриба, мутахассиси таълиму тарбия – муаллим бениҳоят зарур аст. Бидуни дастгирӣ ва ёрии хайрхоҳонаи тарафайн баланд бардоштани фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии мактабиён натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Танҳо робита, муҳити солими ҳамкорӣ, шароити мусоиди оила ва мактаб ва билохира талаботи ягонаи онҳо бурдбориҳо оварда метавонад.

Яке аз воситаҳои иртиботи муҳим ва ҳамкории роҳбарони синф бо оилаҳо ин нисбати дарсҳазмкунӣ, давомот, рафтор ва                    муносибати фарзандонашон мунтазам ахборот дода истодан мебошад. Чунин алоқамандии мактабу оиларо, чуноне, ки пештар маълумот дода будем, дар навбати аввал рӯзномаи талабаҳо ба ҷо меорад. Рӯзнома воситаи муҳими ҳарҳафтаинаи иртиботи роҳбари синфу оила буда, ба он падару модарон дар охири ҳафтаҳо аз фанҳо баҳоҳои гуногун гирифтаю, рафтору ахлоқи фарзандонашон ва аз чорабиниҳои синф (машварат, мубодилаи афкор, маҷлиси волидайн ва ғ.) огоҳ мешаванд ва ба рӯзнома имзо мегузоранд, ки ин алоқаи бозгаштро ифода мекунад. Илова бар ин, дар охири ҳар чоряки таълимӣ маҷлиси волидайни синф баргузор мегардад, ки дар он ба таври муфассал вазъи таълиму тарбия ва рафтору интизоми талабаҳо аз ҷониби роҳбари синф таҳлили ҷамъбастӣ баррасӣ карда мешавад ва чораҳои минбаъд беҳтаргардонии назорати оилаҳо ҳаллу фасл меёбад.

Роҳбарони синф дар мавридҳои зарурӣ ё ба матлаби шиносшавӣ бо шароити зиндагӣ, имкониятҳои дарстайёркунии шогирдон ба хонаашон ташриф меоранд ва ё волидайнро ба мактаб даъват мекунанд. Ин он маъноро надорад, ки муаллим барои камбудиеро гуфтан омада бошад, балки онҳо ба хонадонҳои аълохонҳо ва пешқадамон ҳам ташриф меоранд, ҷиҳатҳои судманди тарбияи ононро баҳри мубодилаи афкор меомӯзанд. Ва дар ҷамъомадҳо онҳоро ба дигарон баррасӣ мекунанд, то ки волидайни ҷавон аз онҳо таҷриба гиранд.

Ба волидайн тарғиб намудани донишҳои педагогию психологӣ яке аз вазифаҳои басо муҳими мактаб ба шумор меравад. Зимни сӯҳбат, маърӯза, лексия, машварат ба онҳо оиди инкишофу хусусиятҳои хоси тарбияи кӯдакон ва роҳҳои муомилакунӣ бо онҳоро бояд ба падару модарон омӯхт, то ки дар хонадонҳо бо кӯдакон дар ҳар синнну сол чӣ тавр муомила карданро донанд. Дар тарғиботи донишҳои педагогӣ нақши университети донишҳои педагогии умумимактабӣ хеле калон аст. Ба машғулиятҳои он волидайни талабаҳои синфҳои ибтидоӣ низ ҷалб карда мешаванд. Дар машғулиятҳои университети мазкур чунин мавзӯъҳо бояд ба падару модарон баррасӣ гарданд: муносибати калонсолон бо кӯдакон, наврасон ва ҷавонон; ба омӯзиши фарзандон чӣ гуна бояд ёрӣ расонд; танзими низоми санитарию ҳифзиссиҳа дар оила ва ғайра. Ба мутолиаи волидайн пешниҳод кардани адабиётҳои педагогӣ, психологӣ ва ба тарбия мансуб дошта вазифаи ногузири мактабу муаллимон аст. Кори хайр мебуд, агар бо ташаббуси мактаб аз байни падару модарон мутахассисони гуногун ба корҳои алоҳидаи таълимию тарбиявӣ ҷалб карда мешуданд. Онҳо дар мавзӯъҳои тарбияи ахлоқ, тиб, ҳарбӣ – ватандӯстӣ, санъат, меҳнат, маҳфилҳои дуредгарӣ, зардӯзӣ, рассомӣ, ҳунарҳои миллӣ баромад мекарданд.

Тазаккур бояд дод, ки кори роҳбари синф хеле мураккаб ва серпаҳлӯ мебошад. Аз роҳбари синф ташаббускорӣ ва эҷодкориро тақозо мекунад. Дар ин ҷода ба роҳбарони синф директори мактаб ҷонишинҳои ӯ, хусусан ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ, ҳамчунин иттиҳодияи методии роҳбарони синфи мактаб кӯмак расонида метавонанд.

Нақшаи корҳои таълимию тарбиявии роҳбари синф. Роҳбари синф хусусиятҳои хоси талабагонро ба ҳисоб гирифта нақшаи корҳои тарбиявиро тартиб дода, аз тасдиқи маъмурияти мактаб мегузаронад ва дар раванди кор онҳоро амалӣ мегардонад. Мазмуни нақшаи корҳои таълимӣ – тарбиявии ҳар синф (ҳатто дар синфҳои мувозӣ) аз ҳамдигар фарқ мекунад. Нақша аз роҳбари синф дақиқкорӣ, эҷодкориро талаб мекунад. Нақшаи роҳбари синф метавонад чорякӣ ё нимсола бошад.

Бояд нақша иҷрои вазифаҳои асосии таълимӣ ва тарбиявиро дар бар гирад, мақсади муайян дошта бошад ва дар асоси қонунияти ҷараёни тарбия мантиқан андешамандона тартиб дода шавад. Шакли маъмул ва сохти нақша бо «Тавсифи синф» оғоз меёбад, ки дар он вазифаҳои умдаи таълимӣ – тарбиявӣ таҳти даъвати (шиори) ба синф хос, чунончи, «Бо баҳои «4» – «5» мехонем» ва ё «Мақсади мо рафтору одоби намунавӣ» ва ғайра зикр карда мешавад. Илова бар ин дар ҳамин дебочаи нақша оид ба теъдоди талабаҳо, фаъолони синф, аълохонҳо, сустхонҳо, бачаҳои душвортарбия мухтасар маълумот дода мешавад. Сипас нақша тахминан ба қисматҳои зайл тақсим мегардад: 1. Баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон. 2. Тарбияи ахлоқи солеҳу ҳамида. 3. Ташикли корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ва шиносоӣ бо касбу пеша. 4. Корҳои оммавӣ – спортӣ дар шакли бозиҳо ва санитарию тандурустӣ. 5. Корҳои тарбиявии якҷоя бо созмонҳои худидоракунии мактаб. 6. Тарбияи эстетикӣ. 7. Кор бо падару модарони талабагон.

Нақшаи овардаи мо ҳамаи вазифаҳои таълимӣ – тарбиявии роҳбари синфро фаро намегирад. Фаромӯш на бояд кард, ки ҳар қисмати дар боло зикрёфта бо назардошти зарурати синф боз ба ҷузъҳои мушаххаси алоҳидаи зиёд тақсим мешаванд. Барои намуна ба қисмати «Тарбияи эстетикӣ» тахминан чунин ҷузъиётҳоро мисол меорем: 1) сӯҳбат дар бораи мафҳуми «эстетика»; 2) тарбияи эстетикӣ ҳангоми таълим; 3) тарбияи зебописандӣ дар корҳои беруназсинфӣ ва берун аз мактаб; 4) иштироки талабагон дар маҳфили санои нафиса; 5) якҷоя тамошо кардани филми ҳунарӣ; 6) мутолиаи асарҳои бадеӣ ва ғайра.

Нақшаи тартиб додаи роҳбарони синф бояд бо нақшаи солонаи умумимактабӣ ва иттиҳодияҳои методӣ мувофиқат кунад, ба санаҳои чорабиниҳои умумимактабӣ мухолифат накунад.

Асосан ҷамъбасти ҳар чоряк ва солонаи натиҷаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ба зиммаи роҳбарони синф аст.

Санҷиши контролӣ

  1. Вазифаҳои асосии роҳбари синф аз чиҳо иборат?
    1. Барои чӣ роҳбари синфро аз синфи панҷум таъин мекунанд?
    1. Кадом вақт кори роҳбари синф барор мегирад?
    1. Барои пешрафти кор ба вай киҳо ҳамкорӣ мекунанд?

5.   Дар омӯхтани хусусиятҳои талабаҳо ба роҳбари синф кадом методҳо мадад мерасонанд?

    6.в  Азнавтарбиякунӣ чист?

  • Ҳамкории роҳбари синф бо волидон чӣ аҳамият дорад?
  • Вазифаи университети падару модарон аз чӣ иборат аст?
  • Нақшаи корҳои тарбиявии роҳбари синф чӣ тавр тартиб дода мешавад?

Адабиёт барои худомӯзӣ

Кан – Калик В. А. Учитель о педагогическом общении. – М., 1987.

Нуров А., Раҳимов Х. Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ. – Душанбе, 2005.

Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.

Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.

Шуркова Н. Е. Вы стали класным руководителем. – М.,  1986.


[1] Њусайн Воизи Кошифї. Ахлоќи Муњсинї. – Душанбе, 1991. – с. 193.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.