Мактаб – ташкилотчии ҳамкорӣ дар боби тарбия

Дар тарабияи солими насли наврас ваҳдат, ҳамкорӣ, мадади ғамхоронаи мактаб, оила ва аҳли ҷамоатчигӣ бағоят зарур аст. Баҳри бунёди чунин такягоҳи боэътимод мактаб эҳтиёҷи зиёд дорад ва маҳз мактаб метавонад барои чунин ҳамкорӣ заминаи устувор гузорад. Зеро соҳибкамолони кордону ботаҷриба дар ин маъво маскан ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки нисбати ҳамкории мактаб, оила ва аҳли ҷамоатчигӣ мо дар чанд маврид, хусусан дар мавзӯи «Принсипҳои тарбия» қаблан маълумот дода будем. Бинобар ин дар ин ҷо мо нисбати хусусиятҳои ба худ хоси ин ҳамкорӣ таваққуф мекунем.

Чунин ҳамкории муштараки мактабу аҳли оила ҳанӯз аз синфҳои ибтидоӣ, аниқтараш қабл аз бамактабоии талабагони синфи якум сурат мегирад. Муаллиме, ки дар соли нави таҳсил бо талабагони синфи якӯм сарукор карданӣ аст, қабл аз шурӯи корҳои мактабӣ бояду шояд бо волидайни ҳар кӯдак иртибот гирад, маълумотҳои зарурӣ ба даст орад. Вай зимни сӯҳбат бо волидайн ва мушоҳидаҳо бо шароиту сатҳи зисту зиндагонии хонандаҳо шинос шуда, бо кӯдакон дар тамос мешавад, ба мактаб омодагӣ, мизоҷ, рафтор, хулқ, захираи луғавии онҳоро тахминӣ аз санҷиш мегузаронад. Агар бача аз кӯдакистон ба мактаб ояд, бо мураббии ӯ ҳам мусоҳиб мешавад, завқу шавқи мактабравӣ, зеҳну қобилият, тайёрии таълимии ӯро санҷида муайян мекунад. Ҳамаи ин маълумотҳо барои нақшаи фаъолимяти минбаъдаи ӯ басо заруранд.

Агар кӯдаке дар хонадон гӯшаи махсуси дарстайёркунӣ надошта бошад, онро ҳатман ташкил кунонад, ба волидайни кӯдак фаҳмонад, ки тайёр кардани мизу курсии ба вай мувофиқ ва шароити мусоид зарур аст. Дар ҳамин қатор волидайнро ёдовар мешавад, ки паси миз нишаста дарс тайёр кардани мактабиён нисбат аз рӯи кӯрпача ва кати «бароҳат» дароз кашида хондану навиштан авлотар аст. Чунки аснои дар курси нишаста дарстайёркунӣ ҷараёни хун мӯътадил ҳаракат мекунад, аммо ҳини дароз кашида хондан фишори хун ба майна зиёд мешавад, капилярҳои (рагҳои мӯякии) чашм аз шиддати фишор пурхун гашта, чашмҳо мисли лола сурх мешаванд, яъне аз хоб рафта хондан сар ба дард меояд (чизи хондаашро чуқур намефаҳмад) ва чашмҳо осеб мебинанд, ки ин боиси бемаҳал айнакмонии шахс мегардад. Волидайне, ки аз чунин маълумот огоҳӣ меёбад, албатта ба фарзандаш ягон осебро раво намебинад ва чизеро аз ӯ дареғ намедорад. Ҳамаи ин ҳамкориҳо то ба мактаб омадани кӯдакон дар назар дошта мешавад.

Баъди ба мактаб омадани кӯдакон ҳамкориву мададрасонии тарафайни мактабу оила ранги дигар мегирад. Муаллиму волидайн дар фикри таълиму тарбиявии кӯдак мешаванд. Онҳо бо маслиҳат шароиту бахши мактабравии кӯдакро ба инобат гирифта, низоми рӯз тартиб медиҳанд ва риояи онро дар оила ва мактаб назорат мебаранд, то ки ба он меъёри рӯз ӯро одат кунонанд.

Аз рӯзи ба мактаб воридшавии кӯдакон волидайни онҳо ҳам ба туфайли кумитаи падару модарон узви коллективи умумимактабӣ ҳисоб мешаванд. Ва маслиҳату супоришҳоро аз кумитаи волидайни мактаб ва муаллимон мегиранд, дар корҳои таълимӣ ва тарбиявии кӯдаконашон камари ҷиддӣ баста, ба мактаб мадад мерасонанд.

Мактаб бидуни ҳимояву ҳамкории оилаҳо ва ҷамоатчигӣ бе болу пар аст. Маҳз бо ҳамкорӣ ва имдоди онҳо мактаб фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии худро ба дараҷаи талаботи замон бардошта метавонад. Мунтаҳо мактаб барои омода кардану ҷалб намудани оила ва ҷамоатчигӣ ба чунин ҳамкорӣ чороҳаи амалии «аз мо ки бар мост» – баҳри рушди ҷомеа бояд андешад, дар созмондиҳии мададрасонии тарафайн нақши барандагӣ бозад.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.