Системаҳои дидактикӣ ва навъҳои омӯзиш

Дар таҳти система (аз лот. systema – яклухтии аз қисматҳо иборат, пайвасткунӣ) ҷудокунии яклухтии таҳсилот ба маҳакҳои муайянро гӯянд. Системаҳои дидактикӣ хусусияти сохти ягонагии дохилӣ дошта, ягонагии мақсадҳои тахсилот, принсипи ташкилкунӣ, мазмун, шакл ва методҳои омӯзишро ифода мекунад. Сохти гуногун доштани системаҳо ба тадқиқотчии имрӯза имконият медиҳад, ки фарқияти байни худии системаҳои дидактикиро ба се қисмати асосӣ тақсим намоянд:

системаи дидактикии И. Ф. Гербарт;

системаи дидактикии Д. Дьюи;

системаи мукаммал.

Файласуф, педагоги немис И. Ф. Гербарт (1776 – 1841) ба системаи анъанавии дарси синфии Я. А. Коменский танқидона таҷдиди назар карда, дар заминаи комёбиҳои назарияи этика ва психология «системаи илмии педагогика» барпо кард. Ба қавли Гербарт, мақсади аз ҳама баланди тарбия ташаккул додани шахсият, ахлоқан хислати пурқувват доштан иборат аст. Тарбия бояд ба ғояҳои зайли этикӣ асос ёбад:

камлолот, муайянкунандаи самт, соҳа ва мақсади шахсият;

некхоҳонагӣ, таъмингари мутобиқкунӣ ва итоатнамоӣ ба иродаи шахсӣ ва бо иродаи дигарон;

ҳуқуқ, пешгирикардани афзоиши низоҳои байни одамон;

адолат, гузоштани ӯҳдадории товони нохуш ва озор додани дигар одамон;

озодии ботин, иҷозатдиҳии мутобиқкунии иродаи одам бо хоҳиш ва эътиқоди вай.

Гербарт аз психологияи замонаш ду қоидаи асосиро мегирад:

ҳеҷ гуна ирсият вуҷуд надорад ё ҳосил кардани гирифторшавии рӯҳӣ;

тамоми ҳаёти рӯҳӣ дар асоси тасаввурот гузошта мешавад.

Психология ва этикаи Гербарт хусусияти метофизикӣ дорад ва пешниҳодҳои дидактикааш аз фалсафаи идеалистии немис баромадааст. Ҷиҳатҳои асосии системаи омӯзиши гербартӣ аз инҳо иборат. Вазифаи асосии мактаб – ин ғамхорӣ дар бораи инкишофи зеҳнии талабагон, вале тарбия – кори оила. Ташаккули пурқувват аз нуқтаи назари хусусияти роҳбарии педагогӣ, интизом ва вобаста ба он омӯзиши дуруст хизмат мекунад. Вазифаи роҳбарӣ аз он иборат аст, ки мунтазам таъмин карда истодани машғулият бо талабагон, ташкил кардани омӯзиш, мушоида карда истодани инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳнӣ, омӯхтани тартибот ба онҳо. Барои дастгирӣ намудани тартибот ва интизом Гербарт аз инҳо истифодабариро пешниҳод мекунад: мамнӯъҳо, маҳдудият инчунин ҷазои ҷисмоние, ки бояд таъсиррасонӣ «бо эҳтиёт ва мӯътадил» бошад. Дар якҷоягии зичи омӯзиш бо интизом, пайвастани донишҳо бо инкишофи ҳис ва иродаи талабагон ва моҳияти омӯзиши тарбиядиҳандагӣ анҷом меёбад. Гербарт ин мафҳумро истифода бурда, қайд мекунад, ки тарбияро аз омӯзиш ҷудо кардан мумкин нест, зеро ирода ва феъл дар якҷоягӣ бо хирад инкишоф меёбад.

Саҳми асосии Гербарт дар дидиактика ба марҳалаҳо тақсим кардани омӯзиш мебошад. Нақшаи вай чунин аст: возеҳӣ – иттиҳод – система – метод. Раванди омӯзиш аз тасаввурот ба мафҳум ва аз мафҳум ба маҳорати хусусияти назариявӣ ҷорӣ мешавад. Таҷриба дар ин нақша дида намешавад. Ин сатҳи расмӣ аз мазмуни омӯзиш вобаста нест, рафти таълимро дар ҳамаи дарсҳо ва ҳамаи фанҳо раванди омӯзиш муайян мекунад.

Пайравон ва шогирдони Гербарт (В. Рейн, Т. Циллер, Ф. Дерифельд) назарияи ӯро инкишоф дода, нав карданд.

Назарияи Гербарт дар нимаи мобайни асри XIX васеъ интишор ёфт ва бо империя шудани Германия ба пастравӣ омад. Мувофиқи арзёбии замони ҳозира он ба инкишофи мактаб таъсири номусоид овард: махсусан бо таъсири он ақидаҳои зиёд интишор ёфт, мувофиқи нишондоди он мақсади омӯзиш – додани донишҳои тайёр, ки онҳоро аз ёд кардан иборат асту бас; дар раванди омӯзиш, пеш аз ҳама, муаллим бояд худ фаъол бошад, ба талабагон нақши ғайрифаъолонагӣ дода шуд, онҳо вазифадоранд, ки «ором нишинанд, бо диққат бошанд, фармонҳои муаллимро иҷро кунанд»; дар сифат бештар такмил ёфтаи нақшаи дарс дониста шуд, ки барои ҳама якхела «зинаҳои рӯякӣ» асос ёфта буд; муаллим бояд ба гузориши методикӣ назора мекард, ба ягон хушгузаронии талаба роҳ намедод, барномаро ба талаботу шавқмандии онҳо мувофиқ кунонидан ҳақ надошт. Аммо бояд қайд кард, ки бидуни дидактикаи Гербарт, такони мазкури ӯ, бетанқид дарк кардани таҷрибаи тарбиявии гербартионии назария ва таҷрибаи муосир шуда наметавонист.

Дидактикаи файласуф, психолог ва педагоги амрикоӣ Джон Дьюи ба мақсади муқобилгузории педагогикаи авторитарии (ҳукмравоии) гербартчиён, дар мухолифаткунӣ бо инкишофи воридшудаи пешқадами ҷомеа ва мактаб кор карда шудааст. Ба муқобили мактаби «анъанавӣ» чунин айбномаҳо пешбарӣ карда шуд:

тарбияи рӯякӣ, ки ба чорабиниҳои интизом асос ёфтааст;

омӯзиши «китоб», аз алоқа бо ҳаёт маҳрум;

ба талбагон додани донишҳои «тайёр», истифода бурдани методҳои бефаъолият, ки ба азёдкунӣ равона карда шудаанд;

нокифоя ба ҳисоб гирифтани шавқмандӣ, талабот ва дархостҳои талабагон;

кандашавии мазмуни омӯзиш аз талаботи иҷтимоӣ;

эътибори нокифоя ба инкишофи қобилияти хонандагон.

Д. Дьюи озмунҳои худро соли 1895 дар яке аз мактабҳои чикагогӣ оғоз намуд. Вай ба инкишофи фаъолияти шахсии талабагон актсент намуд ва зуд боварӣ ҳосил кард, ки омӯзише, ки бо ба ҳисобгирии шавқмандии мактабиён пайваста мешавад, ба талаботи ҳаётии онҳо вобаста аст, нисбат аз омӯзиши «лафзӣ» (шифоҳии китобӣ), ки ба азёдкунӣ асос ёфтааст, хеле натиҷаи хуб медиҳад. Саҳми асосии Дьюи дар назарияи омӯзиш коркарди консепсияи «амали пурраи тафаккур» мебошад. Мувофиқи ақидаи фалсафӣ ва психологии муаллиф, одам ҳамон вақт фикр мекунад, ки ба душворӣ дучор ояд ва барои бартарафкунии он барояш моҳияти муҳим дошта бошад. Дар ҳар «амали пурраи тафаккур» давраҳои зерин ҷудо карда мешавад:

ҳис кардани душворӣ;

дарёфт ва муайян кардани он;

пешниҳод кардани нияти ҳалкунии он (тасвияти фарзияҳо);

тасвияти хулосаҳо аз ҳалли тахминшавандаҳои навбатӣ (мантиқан санҷидани фарзияҳо);

мушоҳидаи минбаъда ва озмунҳое, ки имконяити қабул ё радкунии фарзияҳоро медиҳанд.

Баъдтар аз «душвориҳо», ки бояд бартараф кард, дар бораи ҷустуҷӯи ҳалли онҳо фикру андеша бинмудан ва номгӯи «проблемаҳо» – ро мустаҳкам кардан. Дуруст бароҳмонии омӯзиш, ба қавли Дьюи бояд проблемавӣ бошад. Дар ин ҳол худи проблемаҳое, ки дар назди талабагон гузошта мешавад, аз тахминшавандаҳои муассисаи таълимии гербатистон – «проблемаҳои тасаввурӣ» ки қимати пасти омӯзиш ва тарбия доранд ва бештар ақибмонда нисбат ба завқу шавқи талабагон ва талаботи зиндагии онҳо асосёфта ба таври ҷиддӣ фарқ мекунад.

Муаллим бояд ба инкишофи завқӣ хонандагон бо диққат назорат барад. Ба онҳо мувофиқи қудрати тавоноиашон ҳаллу фасли проблемаҳоро гузорад. Талабагон дар навбати худ ба ҳалли онҳо бояд боварибахш бошанд, онҳо бо ин роҳ барои худ донишҳои нав кашф мекунанд. Дарсҳо дар асоси «амалии пурраи тафаккур» сурат гиранд, то ки хонандагон онҳоро ба тарзи зайл ӯҳда карда тавонанд:

ҳис кардани душвории мушаххас;

муайян кардан (зоҳир намудани проблема);

фарзиятро тасвият додан ва бартарафкунии душворӣ;

ноилгардӣ ба ҳалли проблема ё ҷузъиёти он;

санҷидани фарзия бо ёрии мушоҳида ё озмунҳо[1].

Дар муқоиса бо «анъанавӣ» – и гербартӣ системаи пешниҳодкардаи Дьюи навигарии далерона буда, ҳалли ногаҳонӣ аст. Ба ҷои омӯзиши «таълими китобӣ» принсипи омӯзиши фаъол ҷой гирифт. Ба ҷои муаллими фаъол, муаллими мададгор, ки ба талабагон мазмунро на ба зӯрӣ боркунанда, на методҳои кор, вале маҳз ёрирасони бартарафкунии мушкилиҳо, ки худи талабагон барои ёварӣ муроҷиат мекунанд, мавқеъ ёфт. Ба ҷои барномаи таълимӣ барои ҳама умумӣ барномаи тахминӣ, ки мазмунашро фақат муаллим аз ҷиҳати хусусияти умумӣ муайян мекард, ҷорӣ шуд. Ҷои калимаи шифоҳӣ ва хаттиро машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ишғол кардаанд, ки тавассути онҳо хонандагон корҳои мустақилона ва татқиқотӣ иҷро мекарданд.

Бо вуҷуди он, ки дар бисёр хусусиятҳои дидактикӣ Дьюи инқилоб карда бошад ҳам, дар вай камбудиҳо ҷой доранд ва ошкоркунии онҳо давом дорад. Бо осонӣ пай бурдан мумкин аст, ки Дьюи ҳамчун Гербарт зинаҳои омӯзишро ба ҳамаи фанҳои таълимӣ ва ба ҳамаи корҳои таълимӣ дар як сатҳ мепиндоранд, аз ин лиҳоз ин масъала хусусияти расмӣ мегирад ва даъвои универсалӣ дорад. Таҷриба навъи универсалиро рад мекунад ва нишон медиҳад, ки омӯзиш «комилан проблемавӣ» шуда наметавонад. Маҳдудияти дидактикаи «прогрессивӣ» – и Дьюи боз дар он аст, ки талабагон дар раванди мустаҳкамкунии дониш, инкишофи маҳорати муайян иштирок намекунанд. Умуман, дидактикаи Дьюи барои талабагон омӯзиши муттасил ва системанокро таъмин намекунад.

Алалхусус, зимни таҷриба ва таҳлил маълум шуд, ки ҳар ду система ба талабаоти тез ҷоришавии ҳаёт ҷавоби пурра дода наметавонанд. Бинобар ин барои пайдо кардани системаи беҳтарин тадқиқотҳои навбатӣ ба миён омаданд, токи ҷиҳатҳои беҳтарини қадима, анъанавӣ ва системаҳои пешқадамро нигоҳ дошта, роҳи ҳалли нави масъалаҳои рӯзмара кашф ёбад. Дидактикае, ки ба ин ният шуғл меварзад, дидактикаи нав номидаанд.

Дар байни ин самти нав коркарди консепсияи омӯзиши «ба воситаи ошкоро иҷрокунӣ» – и психолог ва педагоги маъруфи амрикоӣ Джером Бруннер эътибори махсус пайдо кардааст. Мувофиқи он талабагон бояд оламро дарк намоянд, донишҳоро бо ихтиёри худ кашф кунанд, ки ин ҷидду ҷаҳди тамоми нерӯи фаҳмидагирӣ ва аз ҳад зиёд самарабахш таъсиррасонӣ нисбати сермаҳсулии инкишофи тафаккурро тақозо мекунад. Дар ҳамин қатор талабагон бояд мустақилона ба онҳо то ин дам чизҳои номаълум бударо тасвият диҳанд, инчунин оиди онҳо маҳорату малакаҳои амалӣ хосил кунанд. Чунин омӯзиши эҷодкорона ҳам аз он азхудкунии «донишҳои тайёр», ҳам аз омӯзиши бо роҳи бартарфкунии душвориҳо фарқ мекунанд, вале ину он – ҳарду ҳамчун бо сифати замина ва шароити муҳим баромад мекунанд. Хусусияти омӯзиши эҷодкоронаи Бруннер натанҳо ҷамъкунӣ ва арзёбии маълумотҳо нисбати мавзӯи муайян, ҳамчунин зоҳир намудани қонунияти ба маводи таълимӣ дохилшаванда ҳам мебошад.

Ба дидатикаи муосир ва принсипҳо, ки ба асоси амалии фаъолияти педагогӣ тааллуқ доранд, хусусиятҳои зайланд:

Асоси методологии онро қонунияти объектвии фалсафаи фаҳмиши гнессологӣ (назарияи дониш), материализм ташкил медиҳад, ки ба шарофати ин дидактикаи муосир тавонист яктарафа муносибаткунӣ ба таҳлил ва шарҳи раванди омӯзиш дар системаҳои фалсафаи прогматизм, ратсионализм, эмперизм, технократизмро бартараф кунад. Консепсияи ҳозираи он ба муносибати фаҳмидани системаи раванди омӯзиш, мувофиқи он ҳис кардани фаҳмидагирӣ, дарк кардан ва аз худ намудани донишҳо, дар амал татбиқ намудани дониш, маҳорат дар фаъолияти омӯзиши якҷоягии аслӣ асос ёфт. Пешравии талаботи инкишофи мусовӣ ва дар ҳамин маврид якҷоя амалкунии ҳис, тафаккур ва фаъолияти амалӣ дар фаҳмиш, системаи дидактикаи муосир кӯшиш мекунад, ки мухолифатҳои типикии байни гербартӣ ва пешқадами байни назария ва амалия байни дониш ва маҳорат, байни қобилият ва тасвир дигаргунии ҳақиқатро бартараф намудан ва ниҳоят байни ҳаҷми дониши гирифтаи яклухт аз муаллим ва эътибори талабагон ба мустақилият нигаронида шавад.

Гарчи суст бошад ҳам, вале ҳар сол бештар байни татқиқотчиён боварӣ ба фаҳмиши муносибати комплексӣ барпокунии системаи дидактикӣ ҳамчун асоси принсипи методологӣ мустаҳкам мегардад. Фақат он системаи дидактикӣ аз ӯҳдаи ҳалли ин вазифҳо баромада метавонад, ки ба вазифаҳои кулли таҳсилоти ҳамаҷониба ва мутаносиби рушди шахсият, ба тамоми маҷмӯи донишҳои ҳозираи худи талабагон нисбати механизмҳои омӯзиш, мақсад ва мотивҳои дарки фаъолият такя кунад, қодир аст. Чунин системаро мо метавонем идеалӣ биномем.

Дар дидактикаи муосир система моҳияти омӯзишро на ба он маъно, ки ба талабагон донишҳои тайёр медиҳад, на ба он, ки мустақилона бартарафкунии душвориҳоро ҳал мекунад ва на ба кашфиётҳои шахсии талабагон бурда мешавад. Онро бо якҷоягии оқилона идоракунии педагогӣ, ташаббуси хусусӣ ва мустақилият, фаъолонагии талабагон фарқ кардан равост. Дидактикаи муосир ба мулоҳизакории оқилона майл дорад. Ҷаҳонбинии илмӣ ва мақсади асосии он – талабагонро ба сатҳи омӯзиши гузошташудаи замон майл додан бо роҳи сарфи вақти кам, кувва, воситаҳо.

Ба мазмуни омӯзиши муайян рафторкунӣ тағйир ёфт, принсипҳои ташаккулдиҳии нақшаҳо, барномаҳои таълимӣ, тартиб додани курсҳои омӯзиш дигар шуданд. Гербартчиён, барномаҳо тартиб дода, умуман завқу шавк, дархосту талаботҳои хонандагонро ба ҳисоб намегирифтанд, моҳияти «донишҳои китобӣ» – ро аз будаш зиёд баҳо медоданд, вале прогрессивчиён ҳунари роҳбариро ташикл карда, бештар ба худбахудрӯйдиҳии шавқмандӣ ва вазъияти фаъолонагии талабагон умедвор буданд. Дар натиҷа барномаҳо фақат суроби умумии муайянкунии омӯзишро мегирифтанд, аммо фанҳои алоҳидаи таълимӣ танҳо дар синфҳои болоӣ пайдо мешуданд. Чунин муносибаткунӣ ҳам, ҷиҳати мусбӣ ва ҳам манфӣ дошт. Ҷиҳати хубии он дар он буд, ки талабагон мустақилона кор карда истода, бидуни саросемагӣ нисбати соҳаи интихобкардаи худ тайёрии асоснок мегирифтанд, вале маълумотҳои онҳо дар доираи танги проблемаҳо маҳдуд, нопурра ва ғайрисистеманокӣ буд.

Дидактикаи нав кӯшиш дорад, ки сифатҳои мусбати барномаҳои пештараро нигоҳ дорад ва боз ҳам афзоиш диҳад. Имрӯзҳо нақшаҳои таълимии тафриқавӣ, барномаҳо, курсҳо дар миқёси ҷаҳон интишор ёфтаанд. Дар баробари ин раванди ҳамгироии (интегратсияи) курсҳои таълимӣ, мувофиқкунонии онҳо бо талаботи гуногун ва рағбати талабагон амиқ мегарданд.

Намунаҳои илмӣ чист, онҳо ба кадом мақсад барпо ва истифода карда мешаванд, мо кайҳо боз медонем. Дар шароити кунунӣ даҳҳо намунаҳои гуногун барои тасвир, фаҳмондан, ҳисобкунии раванди омӯзиш ё қисматҳои алоҳидаи он кор карда шудаанд.

Дар онҳо яқинан тамоюли назарияи классикии Коменский, Гербарт бо назарияи прогрессивии Дьюи ва назарияи нави омӯзиш пайвасткунӣ ба миён омад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамаи бозёфтҳои педагогҳои наслҳои пештара рад карда намешаванд, ба мавқеъ дар назария бештар дарҷ меёбанд.

Дар нақшаи 18, дигаршавии звеноҳои раванди омӯзиши муосир дар якҷоягӣ бо давраҳои дарк кардан ва сатҳи ташаккулёбии дониш, маҳорат, малакаҳо пешниҳод карда шуд. Дар марҳалаи гузориш ва сарфаҳмравии проблемаҳо дар аввал маҳсули омӯзиш (тасаввурӣ) шакл мегирад. Сипас муносибати инкишофи ин маҳсулот миқдоран ва сифатан (мулоҳиза, мафҳум, дониш ва ғ.) меравад. Мақсади омӯзиш ҳамон вақт ноил мегардад, ки натиҷаҳо (маҳсули омӯзиш) ба дараҷаи муайянкардашуда бирасад. Омӯзиш дар чунин муносибаткунӣ ба худ раванди гузориши аз сатҳи пасти омӯзиши талабагон ба сатҳи бештар баландро мегирад. Раванд бо ин дараҷа маҳдуд мегардад ва дидактикӣ ном мегирад.

  1. Ниг. Дьюи Дж. Моё педагогическое кредо. – Львов, 1933. – с. 19

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.