Мотивонидани омӯзиш

Мотивҳо – нерӯи ҳаракатдиҳандаи идрок

Мотивонидани раванди омӯзиш тасодифӣ нест, балки омили умдаи завқу шавқбедоркунӣ ба меҳнати омӯзондагӣ, фаъолияти фаҳмидагирии фанни таълимӣ, муайянкунандаи сермаҳсулии ҷараёни дидактикист.

Мотивҳо – қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи раванди дидактикӣ. Омӯхтан ва амалан дуруст истифода бурдани мотивҳо, ки ташаккулдиҳандаи шахсият ва ҳаракати он ба майли зарурӣ – рукни меҳнати омӯзгорӣ мебошад, дар айни замон барои омӯзгорон хеле муҳим аст.

Мотивонӣ (франс. motif, аз лот. moveo – ҳаракат мекунам) – номгӯи умумираванд, методҳо, воситаҳои водоркунии талабагон ба маҳсулдории фаъолияти фаҳмидагирии мазмуни таҳсил. Образнок карда гӯем, ҷилави мотивониро муаллимон ва толибилмон якҷоя ба дасти худ гирифтаанд. Аввалинро ба назар гирифта, аз мавқеи омӯзандагӣ оиди мотивонии омӯзиш (ботинан ё автоматиконӣ) сухан меронем. Дар фаҳмиши мотивонидани муаллимон чандин фикри дигар вуҷуд дорад, онҳоро бештар ба муносибати ӯҳдадории касбӣ пайвастан лозим аст.

Мотивонидан ҳамчун раванд ба дигаргунии ҳолат ва муносибати шахсият бо мотивҳо асосонида мешавад, ки зимни он ангезаи аниқ, сабабҳо, водоркунии шахсият ба амалкунӣ фаҳмида мешавад. Мотивҳоро ҳамчун муносибати талаба ба фанни таълимӣ ҳам фаҳмидан мумкин аст. Баъзе фанҳо ононро ба завқу шавқ меорад ва дар донистани онҳо фаъолона азм мекунанд. Ба нақши мотивҳо дар алоқамандии талабот рағбат, саъю кӯшиш, эҳсос, гузориши идеалҳо баромад мекунанд. Аз ин рӯ мотивҳо хеле маълумоти мураккаб, дар худ системаи серҳаракатӣ, таҳлилу баҳомонии алтернативӣ, қабулу ҳалли супоришҳоро фаро мегирад. Фаҳмидани мотивҳо боз барои он мураккаб аст, ки онҳо комплексона пешниҳод мегарданд ва дар раванди педагогӣ мо қариб бо як мотив кор намебарем ва аз ҷиҳати дигар онҳо ҳамеша аз тарафи муаллимон ва талабагон эътироф карда мешаванд.

Омӯхтани мотивонӣ масъалаи марказии дидактика ва психологияи педагогӣ мебошад. Дар ин соҳа комёбиҳои муайян ба даст оварда шуда бошад ҳам, вале масъала ҳалли комили худро наёфтааст: тағйирёбандагӣ, серҳаракатӣ, гуногунии мотивҳо ба сохти муайян даровардани онҳо, муайян кардани ҳаммаъногии мотивҳо ва тарзи идоракуниашон ҳалталабӣ доранд. Агар дар дидактика соҳаи санъати соф бошад, он ҳам бешубҳа соҳаи мотивҳо ва ба онҳо алоқаманд методҳо мебошад.

Таснифоти методҳо, ки ба системаи омӯзиш таъсир мерасонанд, метавон ба тарзи гуногуни меъёр фарқ кард. Дар намуд онҳо ба мотивҳои иҷтимоӣ ва идрокшаванда ҷудо мешаванд. Дар сатҳи ҳамвор мотивҳоро ба чунин қисматҳо тақсим кардан мумкин аст:

Мотивҳои васеи иҷтимоӣ (ӯҳдадорӣ, масъулият, моҳияти иҷтимоӣ доштани омӯзиш);

Пеш аз ҳама, ин саъю кӯшиши шахсият баъд омӯзиш дар ҷомеа тасдиқ мегардад (тасдиқи ҳолату мавқеи иҷтимоии худ);

Мотивҳои иҷтимоии танг (ё вазъияти – кӯшиш ба мавқеи ишғолкунии ҷои муайяну вазифаи оянда, ӯро эътироф кардани атрофиён, гирифтани инъомҳо барои меҳнати худ);

Мотивҳои ҳамкории иҷтмоӣ (рӯоварӣ ба воситаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо атрофиён, тасдиқ кардани нақш ва мавқеи худ дар синф);

Мотивҳои васеи даркнамоӣ (ҳамчун муайянкунандаи фазилат намоён мегардад), инчунин аз худи раванди омӯзиш ва натиҷаҳои қаноатмандӣ гирифта ба миён меояд. Фаъолияти фаҳмидвгирии одам соҳаи барандагии фаъолияти ҳаёти вай мебошад;

Мотивҳои таълимии даркнамоӣ (рӯоварӣ ба воситаҳои азхудкунии донишҳои фанҳои таълимӣ) – фаҳмидагирӣ (рӯоварӣ ба воситаҳои азхудкунии донишҳои фанҳои таълимӣ);

Мотивҳои худомӯзӣ (рӯоварӣ баҳри ҳосилкунии донишҳои иловагӣ).

Дар педагогикаи амалӣ ин мотивҳо мувофиқи мазмун ба гурӯҳҳо муттаҳид карда мешаванд:

иҷтимоӣ (қимати иҷтимоидошта);

фаҳмидагирӣ;

қимати касбидошта;

эстетикӣ;

алоқакунанда;

вазъиятӣ – мавқеӣ;

анъанавӣ – таърихӣ;

амалӣ – таҷрибавӣ (манфиатовар).

Барқарор шудааст: а) дар инкишофи давраҳои гуногуни ҷамъиятӣ ин ё он гурӯҳи мотивҳои омӯзиши мактабиён бартарӣ меёбанд, б) гурӯҳи мотивҳо дар ҳаракати динамикии алоқамандии байни ҳамдигарӣ дошта, тарзи якҷоягӣ худаш вобастагии аҷоибест нисбати рӯйдодҳои шароит. Аз ин якҷокунӣ қувваи харакати омӯзандагӣ, сабот, майл ва ҷамъулҷамъи амали мотивҳо ба вуҷуд меояд. Яке аз тадқиқотҳои охирин, ки барои муайян кардани сатҳи афзалияти мотивҳои гуногун дар мактаби миёнаи ҳамагонӣ (ниг. нақшаи 20), таҳлил шудааст, аз рӯи он аҳамияти якҷоя амалкунии онҳо таъсири ангеза, майли мотивонии умумии омӯзиши муосирро тасаввур кардан мумкин аст.

Мотивҳои гуногун ба таъсиррасонии натиҷагирии раванди дидактикӣ қувваи якхеларо надоранд. Масалан, мотивҳои васеи фаҳмидагирӣ дар натиҷаи саъю кӯшиш мазмуни зиёдро ба худ гирифта нисбати муқоиса бо дарки таълимӣ, ҳавасмандгардонии мустақилият ва устуворӣ дар соҳаи танг нисбатан суст таъсир мерасонанд. Дар рақобити байни мотивҳо аксаран мотивҳои амалӣ – таҷрибавӣ бо аҳамият мебошанд. Ба ин муносибат мотивҳои мактабиёнро бо водоркунанда ҷудо кардан мумкин аст, зеро онҳо дар асоси ба мақсадравонакунии амалиёти гуногун мавқеъ дошта, ба фикркунӣ, ки дар сатҳи шахсият ба ҷомеа қимати зиёд доранд – «барои ман», яъне бо зарурати худи шахс мебошанд.

Мотивҳо омӯзишро баъзан ба қисмҳои зоҳирӣ ва ботинӣ тақсим мекунанд. Аввалинаш, табиӣ, аз атрофиён – педагог, волидон, синф, умуман ҷомеа гузошта мешавад ва шакли луқмадиҳӣ, киноя, талабот, нишондод, ҳадаҳакунӣ ё ҳатто заруратро мегирад. Онҳо, ҳамчун қоида, амал мекунанд, вале амали онҳо на ҳамеша ба ботини шахсият мутобиқат мекунанд, чунки онҳоро хайрхоҳона гуфтан мумкин нест. Бояд худи талаба бо хоҳишу рағбати худ амал кунад. Манбаи ҳақиқии мотивонии инсон дар худи ӯст. Ана барои ҳамин ҳам моҳияти ҳалли ин масъала на ба мотивҳои омӯзиш – фишори зоҳирӣ, балки омӯхтани мотивҳо, ба қувваи ботинии ангезиш вобаста аст.

Мотивҳои фаҳмиданӣ ва ғайрифаҳмиданӣ вуҷуд доранд. Фаҳмиданӣ он аст, ки мактабхонро кадом ваҷҳ ба амалкунӣ водор мекунад, фаҳмида мешавад. Мотивҳои ғайрифаҳмиданӣ фақат эҳсос мегарданд, чунки онҳо дар намуди мубҳам номоён гашта, шуурона назорат карда намешаванд, бо вуҷуди ин онҳо метавонанд, басо пурқувват бошанд.

Охируламр, мотивҳои воқеиро ба фаҳмидани омӯзиши талабагон ва муаллимон нисбати муваффақиятҳои мактабро ҳақиқӣ ва мотивҳои хаёлӣ (фикрнакарда, хом)-ро нишон медиҳанд, метавонистанд аснои шароити муайян амал намоянд, ҷудо мекунем. Гуфтан лоим аст, ки раванди дидактикӣ бояд ба мотивҳои воқеӣ такя кунад, дар он вақт барои ҳосил кардани мотивҳои нави беҳтар амалкунанда замина гузошт, дар ҳамин вақт ҳамчун пешомад роҷеъ ба барномаи такмилдиҳӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гашт.

Дар бораи азхудкунӣ ва амалӣ гардонидани ин ё он мотивҳои омӯзиш баҳри тасаввуроти аввалин мумукин аст, ки мушоҳидаи муносибати талаба ба омӯзишро ташкил кард. Татқиқот имкон медиҳад, ки чандин зинаи омӯзишро дар раванди омӯзиш ҷудо кард: манфӣ, бепарвоӣ (ё бетарафӣ), мусбати – як (номуайянӣ, тақсимнашаванда), мусбати – ду (идоракунанда, ташаббускор, бофаҳм), мусбати – се (шахсиятӣ, ҷиддӣ, амалкор).

Барои муносибати манфии талабагон ба омӯзиш чунин хусусиятҳо мушоҳида мешаванд: камбағалӣ ва тангии мотивҳо, сустэътиборӣ ба комёбиҳо, ба баҳо умед баста, мақсад гузошта натавонанда, бартараф карда натавонии душворӣ, ба омӯзиш ҳавсалаю хоҳиш надошта, инкоркунандаи муносибат ба мактаб ва муаллимон.

Муносибати бепарвоӣ ҳам ҳамон хусусиятҳои фарқкунандаи манфиро дорост, вале онҳо қобилиятнок пиндошта мешаванд ва метавонанд ҳолати худро дигар намоянд, агар аз худ коҳилиро биронанд; ба ноилшавии комёбиҳо мушарраф хоҳанд шуд. Қобилият доранд, аммо танбалу лаванданд.

Ин гуногунии сатҳи омӯзиши мактабиён бо роҳи мотивонӣ оҳиста – оҳиста аз ноустуворӣ то амиқ фаҳмидагирӣ рушд дода мешавад. Мотивҳои ояндадоре, ки мартабаи мақсадгузорӣ дошта, ояндаро пешбинӣ карда метавонанд ва бартарафкунандаи монеаҳои ҷойдошта мебошанд, дараҷаи баланди устуворӣ дошта мебошанд.

Муносибати мактабиён нисбати омӯзиш муаллимони амалкорро одатан бо сифати фаъол тавсиф медиҳанд. Фаъолиро (омӯзиш, азхудкунандаи мазмун ва ғ.) дараҷаи (сермаҳсулӣ, пойдорӣ), ҳамҳудудии фаъолияти талабагон пайваста бо фан муайян мекунад.

Ба сохтори фаъолонагӣ қисматҳои зайл шомил мешаванд:

ба иҷрокунии супоришҳои таълимӣ тайёр;

ба фаъолияти мустақилона кӯшишкунӣ;

шуурона иҷрокунии супоришҳо;

омӯзандаи системанокӣ;

шавқу рағбати баландбардории дараҷаи шахсӣ ва дигарон.

Ба фаъолонагӣ бевосита вобаста боз як паҳлӯи муҳими мотивонии омӯзиши мактабиён – мустақилонагӣ, ки бо объекти муайян вобастагӣ дорад, воситаҳои фаъолият бо кӯшиши худи талабагон, бе ёрии калонсолон ва муаллимон. Дарки фаъолонагӣ ва мустақилонагии мактабиён аз инҳо ҷудонашаванда: мактабиёни бештар фаъол, ҳамчун қоида, ва бештар мустақил; камбудиҳои шахсии фаъолияти мактабиёнро вобаста аз дигарон гузоштан ва нест кардани камбудиҳо бо мустақилият.

Идора кардани фаъолони мактабиро бо анъана фаъолгардонӣ меноманд онро ҳамчун ҷараёни доимии раванди ҷории ангеза ба ҳаракат, мақсаддорона омӯзиш, бартарафкунандаи беғайратӣ ва фаъолияти яқолибӣ, сустшавӣ ва сустҳаракатӣ дар кори ақлии муайян кардан мумкин аст. Мақсади асосии фаъолгардонӣ – ташаккул додани фаъолияти омӯзандагон, баланд бардоштани сифати раванди таълимӣ – тарбиявӣ. Таҷрибаи педагогӣ аз роҳҳои гуногуни фаъолгардонӣ истифода мебарад, чанде аз асостарини онҳоро мисол меорем: шаклҳои гуногун, методҳо, васоити омӯзиш, интихоби якҷояи онҳо ва дар ҳолати рӯйдоди вазъият ҳавасмандгардонии фаъолият ва мустақилияти мактабиёнро нишон додан мумкин аст.

Бештар муфидона фаъолгардонӣ дар дарс вазъиятҳоеро меоранд, ки бояд омӯзандагон ба онҳо пайравӣ кунанд:

истодагарӣ дар фикри худ;

иштирок кардан дар мубоҳиса ва муҳокимаҳо;

саволҳои худро ба рафиқон ва муаллимон пешбарӣ кардан;

тақриз кардани ҷавобҳои рафиқон;

арзёбӣ намудани ҷавобҳо ва корҳои хаттии рафиқон;

ба ақибмондаҳои омӯзиш ёрӣ расондан;

ба талабаи сустхон ҷойҳои нафаҳмидаашро фаҳмонидан;

мустақилона интихоб намудани вазифаҳои мувофиқи қувва;

пайдо кардани чундин варианти ҳалаш имконпазири вазифаҳои иҷрошаванда (проблемавӣ);

вазъияти худсанҷӣ барпо кардан. Таҳлили шахсии амалиётҳои фаҳмидагирӣ ва таҷрибавӣ;

ҳал кардани вазифаҳои фаҳмидагирӣ бо роҳи комплексӣ бо истифодабарии воситаҳои ҳалли маълуми ба онҳо хос.

Тасдиқ кардан мумкин аст, ки ҳамаи технологияи нави мустқилонаи омӯзиш, пеш аз ҳама, таъмин кардани баландбардории фаъолонагии мактабиёнро дар назар дорад: ҳақӣқат, ки бо роҳи ҷидду ҷаҳди шахсӣ ба даст омада қимати бузурги фаҳмидагирӣ доранд. Дар роҳи ҷорӣ намудани раванди омӯзмиши насли наврас китобҳои дарсӣ ба саволҳо ва талабгорон мунтазам ҷавоб медиҳанд, баҳри алоқаи бозгашт барномаҳои компютерии тахассусӣ нисбати санҷишҳои ҷорӣ назорат мекунанд ва ғайра.

Яке аз мотивҳои пурқуввати доимии таъсиррасон – ин мотиви ҳавасмандгардонӣ. Ҳавасмандгардонӣ аслан аз решаи калимаи арабаии «ҳавас» гирифта шуда, маъноҳои орзу, майл, шавқ, иштиёқ, хоҳиш, рағбатро дорад. Ҳавасмандонӣ – боиси амри воқеии амалиётҳо, ки аз тарафи одам ҳамчун зурарату баҳри ширинии зиндагӣ карда мешавад. Дарки ҳавасмандии донишандӯзии мактабиён аз муносибати кайфияти ояндаи зиндагӣ ба миён меояд. Ҳавасмандӣ – шаҳту лаззати ҳаётии инсон.

Дар омӯзиш ҳавасмандгардониҳои зиёд арзи вуҷуд доранд, фақат онҳоро ба мавқеъ ва дуруст истифодабарӣ метавонад ба ангеза биоварад. Қонунияти умумии аввалини вобастагии ҳавасмандгардонии талабагон ба омӯзиш аз сатҳ ва сифати дониш, ташаккулёбии онон нисбати фаъолонагии ақлии онҳост. Дигираш, қонунияти умумӣ ва хеле муҳим муносибати талаба бо муаллим мебошад. Талабагон он муаллимеро дӯст медоранд, ки дар дарси онон бо завқу шавқ мехонанд. Аввал педагог, сипас фанни ӯ – тобеияти устувор, муайянкунандаи сарнавишти бисёр одамон шудааст.

Татқиқоти махсус ин тобеиятро собит мекунад. Яке аз онҳо[1]1 гирифтани маълумотҳо дар бораи алоқамандии тобеият ба муаллим ва фанни тадрискунандаи вай чунин аст:

Тобеият

Синф

Ба муаллим

Ба фан (дар %)

дӯстдошта

бетараф

дилнохоҳ

VI

VII

Дӯстдошта, бетараф, дилнохоҳ

Дӯстдошта, бетараф, дилнохоҳ

87

33

14

84

14

21

11.5

50

14

15

65

21

1.5

17

72

1

21

58

Дар байни роҳ ва воситаҳои гуногун барои ташаккул додани устуворона фаҳмидагирии ҳавасмандгардонӣ дар таҷриба чунин намудҳо кор карда шудаанд:

бо мароқ дарс додан;

дар маводи таълимӣ чизҳои нав;

таърихият;

алоқадории донишҳо бо қисмати одамоне, ки онҳоро кашф кардаанд;

дар амал нишон додани дониш дар алоқамандӣ бо нақшаи ҳаётӣ ва тамоюли мактабиён;

истифода бурдани шаклҳои нави омӯзиш;

табдил додани шакл ва методҳои омӯзиш;

таълими проблемавӣ;

таълими эвристикӣ;

омӯзиш бо дастгирии компютер;

истифодабарии системаи мултимедиа;

истифодабарии воситаи копютерии интерактивӣ;

омӯзиши бо ҳам алоқадор (дар дукаса ё микрогурӯҳ);

тестонидани дониш, маҳорат;

нишон додани комёбиҳои талбагон;

барпо кардани шароитҳои комёбшавӣ;

мусобиқа (бо рафиқ дар синф, худ ба худ);

барпо кардани микроиқлими мусбат дар синф;

боварӣ ба омӯзандагон;

одоби педагогӣ ва маҳорати омӯзгорӣ;

муносибати педагог ба фанни тадрисии худ;

муносибати гуманистӣ дар мактаб ва ғайра.

Дар алоқаамндии мотивҳо талабот низ вобастагии ногузастанӣ дорад. Аз ҳама оддитарини талабот – ҳоҷат, ниёзе ба чизе. Талабот сарчашмаи фаъолият ва нерӯи ба ҳаракатоварандаи вай мебошад. Талабот аввало ҳамчун қувваи соф, бефишорӣ бо шиддат ва нияти фаъолияти ҷустуҷӯӣ пайдо мешавад. Вақте ки мавзӯи талабот дақиқ муайян мешавад, он ба ҳолати мотив табдил меёбад. Ба ин муносибат мотиви омӯзиш метавонад ҳамчун талаботи пешбинишудаи фанни таълимии фаъолонаи талабагон равона карда шавад. Алоқаи байни талабот ва мотивҳо дар ин нақша, хусусан дар бисёрмаъноӣ, хеле зиёд аст: он ҳамон талаботест, ки метавонад бо мотивҳои зиёд фаъол гардонида шавад. Ва ҳар як мотив метавонад талаботи гуногун дошта бошад.

  1. 1 Ниг. Психологические основы формирования личности в педагогическом процессе. – М., – 1981. – с. 195.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.