Омӯхтан ва ташаккул додани мотивҳо

Бо масъалаи амиқи татқиқоти паҳлӯҳои гуногуни раванди педагогӣ ва сифати шахсият мо ҳамеша муроҷиат мекунем. Омӯхтани мотивҳо яке аз вазифаҳои амалии басо душвор буда, вале агар баландбардории сифати омӯзиш мақсад гузошта шавад, ҳалли он ниҳоят зарур аст. Ғайридақиқ тасаввур кардан нисбати нерӯи ҳаракатдиҳандаи омӯзиш ба комёбиҳои онҳо ноил шудан мумкин нест.

Омӯзиши мотивҳо дар алоқамандӣ бо ташаккулдиҳии онҳо бурда мешаванд. Фаъолияти амалии муаллим дар ин самт бо такякунӣ ба алгоритми зайл бурда мешавад.

Муайян ва саҳеҳ кардани мақсади омӯзиш. Ба ин муносибат таҳлили моҳият, мазмун майл ва нерӯи мотивҳо барои дастгирии раванд ва бо муваффақият анҷом додани вазифаҳои муайяншуда заруранд. Агар мақсад ва вазифаҳо аз стандарти давлатӣ рад карда нашаванд, он гоҳ мотивҳои маълуми умумӣ ва омилҳо ҷорӣ карда мешаванд. Мақсад махусус истифода кардани мотивҳои ба худ хосро талаб мекунад.

Ошкор кардани имкониятҳои синнусолии мотивҳо. Инҷо ҷавобҳои дақиқ додан ба ин саволҳоро талаб мекунад: а) кадом нишондоди мотивониро ба талабагони синни хурд, миёна ва калони мактабӣ мутобиқ кардан мумкин аст; б) мотивонии талабагони синфи муайян ба «нормаи синнусолӣ» нисбати мақсад ва вазифа, душвории меҳнати омӯзишро чӣ қадар талаб мекунад.

Омӯхтани дараҷаи аввали мотивонӣ. Инро ҳатман бояд иҷро кард, зеро он хеле муҳим аст, то ки минбаъд барои дигаргуниҳои рӯйдоди мотивонии доираи талабагони синф асоснок муқоиса карда шавад.

Омӯхтани мотивҳои афзалиятдошта. Дар ин ҷо кадом мотивҳо дар фаъолияти таълимии талабагон ё микрогурӯҳи синф хусусияти барандагӣ доранд, дохил мешаванд. Дар хотир бояд дошт, ки мотиви «хуб» ё «бад» нест, ҳамаи онҳо муҳим, фақат ба раванд ва натиҷаи омӯзиш таъсири гуногун мерасонанд.

Омӯхтани хусусиятҳои фардии мотивонӣ. Агар педагог ҳар як талабаро «фаро» гирифта натавонад, он гоҳ хусусияти мотивонӣ, агарчи зергурӯҳ (синф) сершумор бошад ҳам, вай бояд ҳатман донад.

Таҳлили сабабҳои дигаргунӣ (пастшавӣ, стабилӣ, болоравӣ) – и мотивонӣ. Бо ин гуна сабабҳои камбудиҳои дараҷаи инкишоф (ташаккулёбӣ) дар худи соҳаи мотивонӣ метавонад нокифоя бошад: пастии омӯзиш, фаъолияти таълимии инкишофнаёфта, сустии омӯзандагон ва ғ.

Зарурати ташаккулёбии мотивҳо. Ин дар рафти умури таълиму тарбия ва дигар вазифаҳо аз ҷониби муаллимон иҷро карда мешавад. Дар ин ҷо набояд ягон машқи махсус ё тестикунӣ «ба мотивонӣ» бошад. Методҳои гуногун комплексона истфиода бурда мешавад, аз он ҷумла: аз як намуди кор ба дигараш гузаштан, истифода бурдани вазифаҳои душвори беҳтарин, мусобиқа ва дигарҳо. Баъзан ба мӯътадилии ҷараёни омӯзиш «барпокунии монеа» таҷриба карда мешавад, то ки талабагон ба душвориҳо тайёр будану бартарафкунии онҳо санҷида шавад.

Арзёбии комёбиҳо ва банақшагирии амалиёти минбаъда. Баъди иҷро кардани корҳои ҷамъбасткунии онҳо ва таҳлили дигаргуниҳои рӯйдода ба матлаб мувофиқ аст. Талабагон бештар ба нишондиҳандаҳои воқеӣ муносибат доранд, ба омӯзиш муносибаташон дигар мешавад.

Равиш ва натиҷаҳои фаъолият нисбати ташаккулёбии мотивонӣ беҳтараш дар ҳаритаи махсус зикр кардан аст1 ҳатман сатҳи аввалин ва дигаргуниҳои минбаъда зикр карда мешавад. Ба нишондиҳандаҳои мушаххас инҳо дохил мешаванд: 1) навъи муносибат ба омӯзиш; 2) мақсадҳо (омӯзандагон ҷи гуна масъала мегузоранд ва иҷро мекунанд); 3) мотивҳо (омӯзиш ба хотири чӣ); 4) эҳсос (омӯзиш чӣ гуна таассурот мегузорад); 5) маҳорат ба омӯзиш; 6) дараҷаи омӯзандагӣ (ба кадом комёбиҳо ноилшавӣ); 7) тавсифи омӯзандагон (имкониятҳои иқтидор, ба чӣ гуна муваффақиятҳо ноил шуданашон мумкин).

Ҳоло методҳои омӯзишро дида мебароем, фаъолгардонӣ ва инкишофи мотивонии омӯзиш. Барои ин мақсад методҳои умумии татқиқот мушоҳида, саволу ҷавоб (анкета), мосоҳиба, сӯҳбат, баҳои озмоишии ба мо маълум истифода бурда мешавад.

Моҳияти охирин аз ташкилкунии мақсаддорӣ ва ҳамаҷониба омӯхтани фардӣ (ё гурӯҳӣ) – и мотивонӣ бо ёрии методҳои озмоиши махсус ва ба ин мақсад даъват кардани ҳамкасбон – муаллимон ва дигар мутахассисон – санҷишгарон. Санҷиш бо ҷиддияти махсуси расму қоида, лаҳзаҳои ҳатмӣ, мақсади санҷиш дақиқ тасвия дода мешавад ва намуди  ҷамъбастии санҷӣш, муайян намудани баҳои санҷиш, расму қоидаҳо безарарӣ, хулосаҳои асосонидашуда ва ғайра бурда мешавад.

Содда кардани тарзи амалии санҷиши мотивонӣ пурсиши муаллимоне, ки дар айни ҳол дар синф кор мекунанд, аҳамияти муҳим дорад. Барои ин саволнома тартиб дода мешавад. Ҷавоб гирифтан ба ҳар савол аз муаллимони гуногун дар бораи инкишофи доираи мотивонӣ хулосаи воқеӣ баровардан ва дар асоси онҳо тартиб додани лавҳаи фардӣ ё гурӯҳии ташаккулёбии мотивҳо мумкин аст.

Ин лавҳа бо он дақиқ дониста мешавад, ки дар мавриди тартиб додани он ҳамон қадари миқдори зиёди метод ва усулҳои махсус амалкунандаро фаро гирифта бошад. Барои коркарди муаллим ва таққос кардани маълумотҳо, ки бо роҳҳои гуногун гирифтааш, аксар вақт вазифаи ҳалнашуданист. Барои ғун кардани мушоҳида ва ташаккули хулосаи аввалин тартиб додани рӯзномаи педагогӣ пешниҳод карда мешавад, ки дар он ба шакли ихтиёрӣ ҳодисаҳои рӯйдодаи гуногуни мотивонии омӯзиш зикр карда мешавад.

Дар байни усулҳои махсуси омӯзиши мотивонӣ инҳоро нишон медиҳем:

а) ба вуҷуд овардани вазъият. Маънои ин усул дар он ки рафтори омӯзандагон дар тағйирёбии шароит чӣ тавр мешавад, дидан;

б) усули интихобкардаи шарик. Барои омӯхтани дараҷаи мустақилияти мотивҳо, ки таъсиррасонии онҳо аз дигарон вобаста аст, истифода бурда мешавад;

в) усули ҷумлаҳои нотамом. Ба мактабиён ҷумлаҳое пешниҳод карда мешаванд, ки бояд онҳо пурра карда шаванд. Масалан: «Ман фикр мекунам, ки аснои дарс…», «Ман шод мегаштам, агар…» ва ғ.;

г) усули ҳикояи нотамом. Ин ҳам мисли ҷумлаҳои нотамом, вале бештар бо мазмуни муфассал;

д) нақл аз рӯи расмҳое, ки қобили тасаввури вазъиятанд. Мувофиқи тасдиқи равоншиносон талабагон дар ин маврид беихтиёр масъалаи ҳаяҷоноварро ошкор намуда, ба онҳо муносибати худро зоҳир менамоянд.

Ба муаллимони ҷумҳурии мо лозим меояд, ки педагогҳои хориҷиро кор карда бароянд. Пештар онҳо барои мо аз сабаби фарқӣяти системаи иҷтимоӣ ва мувофиқ наомадани якумӣ будан дар тарбия шавқмандии махсус намебахшиданд, ҳоло метавонанд барои ташаккули мотивонии омӯзиш дар шароити нави бозорӣ муфид бошанд. Ҷараёнҳо, ки бо ташаккулёбии мотивонӣ алоқаманданд, педагогҳои амрикоӣ тренинг (машқ) меноманд ва охиринаш ба чор самти асосӣ тақсим мешавад: комёбиҳои мотивонӣ, нақшаи сабабҳо, сабабияти шахсӣ ва мотивонии ботинӣ.

Тренинги комёбиҳои мотивонӣ ба тахминҳо асос меёбанд, дар як шароити баробар он талабагон азхудкунии баланди мактабӣ мегиранд, ки дар онҳо ҳисси қурби шахсии тунду тезшуда ва нисбати комёбиҳои худ мунтазам саъю кӯшиш доранд. Аломатҳои ташаккулёбии комёбиҳо чунин тахмин карда мешаванд:

а) омӯзиши талабагонро нисбати комёбиҳои шахсӣ муқоиса кардан бо комёбиҳои дигарон – бо беҳтаринҳо;

б) омӯзиш ба тарзи рафтори ба одам хос бо мотивонии хеле инкишофёфта;

в) омӯзиши мисолҳои аниқ аз ҳаётии ҳамарӯзаи худ, ҳамчунин аз ҳаёти одамони дорои комёбиҳои мотивонии хеле инкишофёфта.

Агар аломатҳои ноилшавии давраҳои зайли ташаккулёбӣ тадриҷан як – як шуморида шаванд, тасдиқ мекунад психологи амрикоӣ Д. Мак Клелланд, он гоҳ натиҷаҳо бояд хуб шаванд:

ҷалб кардани диққати омӯзандагон ба мазмуни маводи омӯзиш;

гирифтани таҷрибаи фикркунӣ, рафтор ва таассуршавии пуртаъсир;

аз худ кардани мафҳум ва истилоҳотҳои гуногуни комёбиҳои мотивонӣ;

мувофиқ гардонидани мотивҳои воқеии худ бо идеалҳои шахсӣ;

тадқиқоти амалии пандҳои гирифтаи вазъияти ҳаёти воқеӣ;

тадриҷан кам кардани ёрии атрофиён, такя кардан ба афзунгардонии нерӯи худ.

Психологҳо дар татқиқотҳои худ падидор намудаанд, ки одамон рафтори худро гуногун маънидод мекунанд. «Сабабияти психологӣ» – ҳамин тавр ном бурда шуда буд ин ҳодиса – дар соҳаи мотивонӣ ҳам мерасад. Ҳатто «нақшаи» навъи фаҳмонидан ва асоскунӣ ҳам вуҷуд дорад. Ҷавоби талабае, ки вазифаи хонагиро иҷро накардааст, гӯш кунед ва шумо пай мебаред, ки гап дар бораи чӣ меравад.

Тренинги «нақшаи сабабҳо» бевосита ба мотивонӣ таъсир мерасонад, ё инки талабагонро  ба рафтори муайян водор менамояд ва ё ба вай бепарвоӣ ва беташаббускорӣ меоварад. Гап дар он аст, ки омӯзандагон рафтори худро ҳар хела мефаҳмонанд, аллакай рафтори кори ояндаи худро мувофиқи фаҳмидаи худ пешгӯӣ мекунанд. Фарз кардем, ки талаба аз кори контролӣ баҳои ғайриқаноатбахш гирифт. Нақшаи навъи эътимодиро надонист, кӯшиш накард, супориш душворӣ кард. Минбаъд агар эътимоди охиринашро интихоб кунад, ояндаро пешбинӣ кардан мумкин нест.

Дар барномаи тренинг бо роҳи мотивонӣ дигаргуниҳои сабабияти нақша имтиёзи афзалияти «пурқувват мекунам» ҳамчун воситаи беҳтарини дигаргунии субъективии тасаввуроти талабагонро нисбати ноомади кор нишон медиҳад, ки ҳар гуна сабаб фақат бо як фаҳмиш иваз карда мешавад – нокифоягии пурқувваткунии шахсӣ.

Дар алоқамандии зичи тренинги нақшаи сабабҳо тренинги сабабияти шахсӣ ҷой дорад, ки он мақсади ҷустуҷӯ кардани сабабҳои нобарории худ, пеш аз ҳама, дар худ ҷустуҷӯ кардани талабаро ифода мекунад, зеро аз дигарҳо вобастагии кам дорад. Ҳар қадаре, ки кам вобастагӣ кунанд, ҳамон қадар мустақилият меафзояд. Инсон дар бозии дигар набояд «пиёда» бошад, балки барои дигарон «сарчашма» гардад. Барои он ки ба мактабиён ёрӣ расонем, ононро ба таври зайл бояд омӯхт:

а) дар назди худ мақсадҳои дурандешона гузоштан;

б) андоза кардани мақсад бо имкониятҳои худ;

в) тарафҳои пурқувватӣ ва сустии худро донистан;

г) муайян кардани амалиёти аниқ;

д) ояндаро ба нақша гирифтан;

е) дуруст арзёбӣ намудани вазъияти гузошташуда;

ж) мунтазам таҳлил кардани иҷрои барномаи шахсӣ – оё амалиёт ба мақсад наздик мешавад.

Тренинги асосӣ – мотивонии ботинӣ, дар он кашфиёти психологи амрикоӣ Э. Деци амал мекунад: агар озмудашавандагон барои машғулият пул дода бошанд, он гоҳ дар навбати аввал ҳавасманд кардани худаш, вале онҳо дар ин машғулиятҳо тез шавқмандӣ гум мекунанд, нисбати онҳое, ки пул надодаанд. Ана акнун фикр кунед – оё мо дуруст мекунем, мотивонии мактабиёнро бо мукофот стипендияҳо (кӯмакхарҷӣ) «гарм» мекунем. Аз ҳама ҳаракатдиҳнада дар омӯзиш мотивҳои ботинӣ мебошад. Ба омили муваффақияти тренинги мотивҳои ботинӣ инҳо шомил мешаванд: азсаргузарониҳои талабагон ё сабабияти шахсӣ; эҳсос кардани омӯзандагон – салоҳиятдории шахсӣ; имконияти озодона интихобкунӣ. Таъсири манфӣ ба мотивонии омӯзиши ботинӣ ин амалҳо ҳамчун нарасидани вақт ва зарурати иҷрои кор дар мӯҳлати сахт нишондодашуда сабаб мешаванд.

Дар мактаби муосир бо қатъият ба ҷо овардани ислоҳот нисбати такомулоти мотивонидани ботинии хонандагон зарур аст. Мутаассифона, муайян кардан лозим аст, ки дар шароити кунунӣ муаллимон ва мактабҳои ба худ хос ба дастгирии бартарии ояндаи мотивонии зоҳирӣ бо намуди назорат кор мебаранд. Ҳол он ки шахсият ба ҷои он ки «Ман» – ро инкишоф диҳад, мунтазам дар вазъият мебошад, фишор дода мешавад. Комилан табиист, ки чунин таҷриба дар мотивонии ботинӣ хеле ҳалокатовар аст, тадриҷан ба пастшавии шавқмандии омӯзиш мебарад. Ислоҳоти ҳақиқӣ бидуни дастгирии ҳартарафаи ҳар гуна зоҳиршавии кӯшиши ботинии талабагон, пурра амалигардонии ғояҳо ва принсипи педагогикаи гуманистӣ мукин нест.Усулҳои худмотивонии омӯзандагонро бояд муаллим талқин кунад.


1 Ниг. Маркова А. К., Мотис Т. А., Орлов А. Б. Формирование мотивации учения. – М., 1990. – с. 69 – 75.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.