Ҳавасмандии омӯзиш

Дар Юнони Қадим калимаи «стимулус» гуфта чӯбдасти дарози нӯги тездоштаро меномидаанд, ки бо он барзагов ва хачирҳоро меронданд. «Стимул кардан» дар фаҳмиши ҳозира маъноҳои «тела додан, одамро ташвиқ кардан ба ягон коре» мебошад ва ба забони тоҷикии мо маъноҳои мураддифии «ҳавасмандӣ», «рағбатонӣ» – ро ифода мекунад. Инсон ҳамин хел хусусият дорад, ки бидуни мунтазам огоҳкунӣ ва ҳадаҳанамоӣ ҷидду ҷаҳди шахсӣ ё зоҳирӣ, вале мудом бо зарурати бевосита аз ҷо намеҷунбад, фаъол меҳнат намекунад, алалхусус ҳаёт аз ҳаракаткунӣ иборат аст. То водоркуние набошад инсон рӯҳбаландаона фаъолият зоҳир намекунад, такон намеёбад.

Вақтҳое буданд, ки одам ба кор фориғболона муносибат мекард, барои бартараф кардани коҳилӣ аз воситаҳои табиатан оддӣ истифода мебурданд – маҷбуркунӣ бо шаклу намудҳои гуногун, рӯҳан шикастдиҳӣ, аз қабили «…хирс мулло мешавад аз зарби чӯб» арзи вуҷуд карда омадааст. Бо мурури замон баҳри фаъолона амалкунии одам ангезаи таъсиррасон омада расид.

Ҳоло дараҷаи татқиқоти назариявии соҳаи ҳавасмандонӣ ба қадри кифоя баланд аст. Вале афсӯс, ки муаллим – амалкунанда баҳри кори худ аз ин файзу баракати асосӣ, назария, андеша кам баҳра мебардорад: ва дар ин масъала таҷриба дар тумани метод гум шуда рафтааст. Дар зимни он омилҳое, ки барои муқоиса кардан бо ҳавасмандонии худ натиҷабахшӣ ба маҳсулнокии раванди педагогӣ кам ёфт мешавад.

Талабот, мотивҳо, ҳавасмандгардонӣ чун меваи пайвандии як дарахтанд. Мумкин аст дуру дароз нисбати тартиботи ин мафҳумҳо баҳс кард, мавқеъ ва нақши онҳо дар система, нисбат ба назария бешубҳа яктост – ҳавасмандӣ ба талабот ва мотивҳо такя мекунад, аз онҳо ҷудоӣ надорад. Муҳимаш он ки инсон одатан дар як маврид амалиёти гуногуни талаботро ҳис мекунад ва мотивҳо ҳам бештар бо орзуи пурқувват мувофиқат мекунанд. Вале ин тавр ҳам шуданаш мумкин, дар як вақт бо қувва якхела дар майлҳои гуногуни талабот ва мотивҳое, ки байни худ бо низоъ баромад доранд, амал мекунанд. Дар ин ҳолат одам дар назди зарурат аз байни чандин имконият бо майл якеро интихоб мекунад ва дар он амал менамояд. Дар ин ҷо нақши муҳимро ҳавасмандиҳо мебозанд. Боз моҳияти муҳими онҳо дар вазъияти низоъ, вақте ки дар як тараф мотивҳо меистанд, барои одами фикри маънавидошта (ҳисси ӯҳдадорӣ, масъулият), вале аз тарафи дигар – талаботҳои муқобил сарфакоронагии ками арзандагӣ дорад, ҷолиби диққатанд, дида мешавад. Ба ҷо овардани интихоб, муайянкунӣ, қабули ҳалли дуруст ва ба майли лозимӣ амал кардан ҳавасмандиҳо ёрӣ мерасонанд.

Интихоби ҳавасмандонӣ барои хонанда бағоят лозим аст, вале чандон амал кардан намехоҳад, кӯшиши махсусеро талаб мекунад, то ки дар навбати худ бо шуурона бартарафкунии мухолифатҳои водоркуниро пайдо намояд. Ин хеле ҷараёни мушкил аст, ки онро на ҳамеша ҳал кардан мумкин. Дар ин ҷо ҳам ҳавасмандӣ нақши муҳим мебозад, зеро фақат фарди шавқманд роҳи ҳалли ҳар мушкилотро пайдо карда метавонад.

Билохира, ҳамаи хатоҳо аз он сар мезанад, ки муаллим бо мотивҳои ҳақиқии рафтори талабагон эътибор намедиҳад, ба воқеа сатҳӣ назар мекунад, фақат расман ба зоҳир, аксаран ба рафтори тасодуф эътибор медиҳад. Оё он метавонад бо ин ҳавасмандкуниҳои якхела ноили комёбиҳои устувор шавад? Дар гумон. Дар партави ҳавасмандонӣ даъвати омӯзонидани талабагон баҳри ҳосил кардани фикрҳои нав мехобад.

Қоида: дар бораи он фикр кунед, ки талабагон чӣ мехоҳанд

Дида баромадани ҳавасмандонии аниқи тарбия ва омӯзишро беҳтараш ба андешаҳои муқаррарнамудаи профессори амрикоӣ Г. Оверстрит, ки дар китоби судмандаш «Таъсиррасонӣ ба рафтори одам» пайравӣ бояд кард. Профессор Г. Оверстрит бе парда ва музахрафот тасдиқ мекунад, ки дар асоси рафтори мо хоҳиши ниҳонӣ мехобад… Беҳтарин маслиҳат ба онҳое, ки ба худ вазифаи касеро барои ин ё он рафтор гап зада розӣ кардан мехоҳанд, дар кори олам, дар оила, дар мактаб ё сиёсат чунин бояд кард: аввало мусоҳиби худро маҷбур кунед, ки чизеро гарму ҷӯшон хоҳиш кунад. Он касе, ки ин корро карда метавонад, тамоми оламро фатҳ мекунад, вале касе, ки наметавонад – танҳо мемонад. Ана барои ҳамин ҳам ҳавасмандиҳое, ки мо маслиҳат медиҳем, ин пайдо кардан ва истифода бурдани муаллим бо нозукӣ, хушмуомилагӣ «теладиҳӣ» – и талабагон ба иҷрои амали муайян ва бо истиснои «фишороварӣ» ва дағалона рафторкунӣ бояд такя кард.

Ба хоҳиш такя кунед. Талабагон чӣ мехоҳанд – саволи муҳим барои муаллим. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки муҳимаш на фақт мо худамон чӣ мехоҳем, балки талаба чӣ мехоҳад муайян кунем. Кӯшиш кунед, ки хоҳиши талаба нашиканад ва ё дигар карда нашавад: он нисбати хоҳишҳои худ гунаҳкор нест. Табиатворонагии қобилиятро ба хотир оред. Вазифаи педагог – иваз кардани майли саъю кӯшиш, агар онҳо ба мақсадҳои педагогӣ мутобиқат накунанд.

Агар мо хоҳем, ки талабагон сигор накашанд, вале яке хоҳиши давом додан дорад, ба вай вазъгӯӣ накарда, балки дар бораи аз заҳри тамоку – никотин мурдани асп нақл кунед, ки навёдгирони ҷавонро ба ҳарос меорад. Дастпарвароне, ки мусобиқаи футболро дӯст медорадн, ба онҳо фаҳмондани зарари тамокукашӣ таъсир карда метавонад.

Истифодабарии ҳаммонандиҳо. Кӯдаки нозпарвари хонадон мудом ҳар чиро бахона карда, мегирист, ба гапи калонсолони оила гӯш надода, пояк зада ғаш мекард. Ҳамсояе омада мегӯяд, ки як бачаи додарам ҳамин тавр якравӣ карда, ҳар вақт «хонаро ба скараш бардошта» мегиристу мегирист. Боре амакаш омада ӯро «хари ҳангӣ» ном дод ва дар бораи як кӯдаки хушфеъл нақл кард, ки ҳамаи ҳамосяҳо ҳам ӯро ӯст медоранд. Воқеан, аз бачаи гирёнчак ҳама ҳазар мекунанд, дур мегурезанд… Бача ин гуфтаҳоро шунида ором мешавад, шояд вай мисли кӯдаки ҳалими амакаш нақлкарда «дӯстдорак» шудан мехост.

Талабагони худро маҷбур кунед, ки бо эътироз орзуву умеди худро зоҳир намоянд, гарчи он умедҳо ба арзи педагогии шумо тамоман мувофиқ наояд ҳам, бигзор гӯянд, муҳимаш он ки он орзуҳо минбаъд ҷомаи амал пӯшанд ва шумо ба онҳо такя намуда кор пеш гиред.

Майлу ҳавасро ба ҳисоб гиред. Талабае нест, ки ба ягон чиз майлу ҳавас надошта бошад. Бинобар ин дар онҳо ҳанӯз хусусияти модароварии илмдӯстӣ, майли табиие доранд, ки қобилияти худро дар ин ё он роҳи умедбаста санҷида бароянд.

Дар бораи он бештар гап занед, ки талабагонатон рағбату муштоқ дошта бошанд. Шавқу мароқ ва фикри ононро пос доред, маъқул донед, зеро орзуву умеди давраи кӯдакию наврасӣ айб нест – лаззати зиндагӣ.

Истифодабарии ният. Ният дар заминаи талабот зоҳир мегардад. Масалан, наврас нияти фермер шудан дорад ва дар ин соҳа ҳар рӯз дар хоҷагӣ кори муайяне мекунад. Вай ҳоло ҳамаи паҳлӯҳои ният кардаашро фикр карда баромадааст, нақшаи корӣ тартиб дода, аз ҳисоби худ вақт ҷудо кардааст. Агар шумо ба ин майли ӯ дағалона рафтор кунед, чӣ мешавад? Он гаҳ нияти ӯ барбод меравад, рӯҳан шикаст мехӯрад ва шуморо эҳтиром намекунад.

Ба ниятҳои кардаи шогирдон ёрӣ расонидан лозим, то ки дар соҳаи интихоб намудааш дилгармӣ ва боварӣ ҳосил кунад. Аҷибаш ин ки қисми зиёди ниятҳо бо таъсири вазъияти мотивҳо пайдо мешаванд ва талабагон андеша намекунанд – оё ба ҳалли он қувваю донишашон ва вақташон мерасида бошад. Ин хел ҳодисаҳо дар ҳаёт зуд – зуд рӯй дода меистад. Вале вазъият имкон намедиҳад, ки ин нияташ амалӣ гардад. Барои ин ӯро сарзаниш кардан мумкин нест, балки ба вай ёрӣ расонидан лозим аст, то ки нияткардаи худро ба каф орад. Агар нияткардааш душвору вақтталаб бошад, ӯро ба тамкинӣ ва тобоварӣ бояд ташвиқ кард.

Хоҳишро бо ҳавасмандгардонӣ қадр кунед. Ба ҳама одамон хоҳиш маъруф шудан хос аст, хусусан ба кӯдакон. Барои ҳамин ҳам бисёр кӯдакон на баҳри дониш, балки баҳри маруфшавӣ (обрӯ) мехонанд. Агар он аз таккабурӣ холӣ бошад, ҳатман қадр кард.

Чӣ тавр ба он талабагоне, ки умеди «ба мардумбароӣ» гум кардаанд, ҳавас пайдо кунонидан мумкин аст?

Ин ҷо мебояд бо мадади ҳар гуна доираи кайфияти ирода ва ҳаллу фасли ғайридоимӣ пайдо кардан лозим аст. Масалан, ба талаба барои «куштани душманаш» ёрӣ бояд расонд. Ба вай фаҳмонед, ки одамони бисёр имконияти худро аз боиси сустии ирода ба амал бароварда натавонистанд. Ҳоло ту, чунонки мебинам, бо ғайрату шуҷоати худ метавони аз зери «санги» маломат бароӣ.

Аммо ҳоло, ки ёрӣ расонда наметавонед, мактабиёнро бо вазъияти сангин натарсонед. Вай аз сар то по карахт мешавад. Бо вай дар ягонагӣ бо муддате машқ кардан лозим аст. Вазифаи шумо – ба кӯдак ёрӣ расонидан, то ки ба худ боварӣ ҳосил кунад. Маҳз баъди ҳамин ва метавонад дар «мубориза ба душман» мустақилона амал кунад. Дониста бошед, ки 75% мактабиён – ин онҳоеанд, ки пурҳаяҷонии баланд дошта, мунтазири маъқулшуморӣ ва ҳамдардии шумоянд.

Натиҷаи иҷрошудаи рафторро нишон диҳед. Вақте ки муаллим аз талабагон мавзӯи гузаштаро мепурсад, супоришҳои хонагӣ ва корҳои хаттиро тафтиш карда баҳо мегузоред, ҳатман бояд хатоҳои содиркардаи ононро нишон диҳад. Аз нишондодҳо ва шарҳи баҳои омӯзгор талабагон хато содиркардаи худро пай мебаранд ва барои ислоҳи онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дониста бошед, кадру қимати баҳо дар шарҳи он аст. Шарҳи баҳои омӯзгор – «тозиёнаи» пешравии талабагон.

Агар педагог сари вақт (ҳамеша) камбудиҳои дастпарваронашро боварибахш мунтазам нишон дода истад, вай барои тағйироти рафтори онҳо барилова амали арзанда мегирад.

Қадру қиматро эътироф кунед. Дар толибилмон ҷӯшу хурӯш ва инкишофи ҳамаи он чизи беҳтарине, ки ба инсон тааллуқ дорад, бо мадади қадр кардани шахсияташон зоҳир намоед. Агар имконияту шароит даст диҳад, хушомад кунед. Зеро, ки хушомад – ин махсусан ба одам гуфтани он чиро, ки дар бораи худ фикр мекунад, зарур аст. Ба ин бидуни фиреб амал кунед, ки он метавонад ба дастпарваронатон афзоиши нерӯи нав бахшад.

Нисбати тасдиқкунии қадр кардани шахсияти онҳо татқиқотҳои зиёд гузаронида шудааст, ки ин нафақат ба кӯдакон, инчунин ба калонсолон ҳам писанд меояд. Барои ҳамин ҳам дар таъриф хасисӣ накарда, қадру қимати инсонро ҳамеша эътироф кардан лозим аст. Вале ҳар қадаре, ки қадр кардани бошед, нисбати шахсияти шогирд ҳамон қадар серталабӣ кунед. Барои серталабӣ, ҳатто сарзанишҳои холисона, ки ба хотири рушду эҳтироми шогирд карда мешавад, онҳо аз педагог намеранҷанд.

Комёбиҳоро писандед. «Агар образнок карда гӯем, барои иҷрои кори хубаш ба пушти талаба тап – тап задан доимо ӯро ҳавасманд намуда, боғайрат кӯшиш мекунад» – навиштааст педагоги амрикоӣ А. Дреер. Сухан ва имову ишоратҳои маъқулкунӣ нафақат ба талабаи беҳтарин, ҳамчунин ба ононе, ки дар омӯзиш суст саъю кӯшиш доранд, таъсири мусбӣ мерасонад. Маълум аст, ки вақти оқилона дуруст арзёбӣ намудани талабаи сустхон аз ҷониби муаллим таъсири тағйироти куллӣ мебахшад.

Таҷриба собит мекунад, ки мотиви асосии эҷодкорӣ кӯшиши худи одам баҳри беҳтар кардани натиҷаҳои фаъолият мебошад. Дар он яке аз талаботи муҳими пешравӣ мехобад. Ин хусусияти  мунтазам худ ба худ мусобиқакунӣ нисбати аз пештара беҳтар адокунии супоришҳои гузошташударо ифода мекунад.

Ҳамаи мо бояд аз иддаи якхелагии кор, ки моҳияти комёбиҳои шахс ва синфро таъриф мекунад, худдорӣ кунем, дар хотир бояд дошт: агар моҳияти ҳавасмандонӣ баҳри комёбӣ таъсири пурқувват дошта бошад, аз моҳияти дар ноомади кор маҳкумкунӣ ҳам пурқувват мегардад, тадриҷан аз ноомад хоҳиши дасткашӣ мекунад. Ҳамин гуна талабагон ҳастанд, ки барои ҷанг накардани волидон ва шарм надодани муаллимашон мехонанд.

Шуғлро ҷалбкунанда бинмоед. Инҷо барои талабагон фаъолияти душвору камдиққат ҷалбкунандаи таълимиро чӣ тавр шавқовару дилхоҳ гардонидан дар назар дошта мешавад. Мо нисбати масъала як эпизоди тарбияи оилавиро мисол меорем.

Падар бегоҳӣ аз кор ба хона баргашта дид, ки писараш (талабаи синфи шашӯм) таҳти сиёсат ва супориши бародари калониаш бо дили нохоҳам рӯи ҳавлиро об зада рӯфта истифодааст. Мефаҳмад, ки вай имрӯз дар мактаб аз фанни риёзиёт баҳои «ду» гирифта будааст ва бародараш ӯро бо ҳавлирӯбӣ ҷазо додааст. Падар мегӯяд: «Хондану меҳнат шараф аст. Ҳар касе, ки дар мактаб баҳои бад мегирад, лоиқи ин кори хайр нест. Минбаъд ҳар касе, ки баҳои баланд мегирад ҳамон сазовори ин кор аст».

Ҳамин вақт писари хурдӣ, ки дар синфи сеюм мехонд, гуфт:

дада, ин тавр бошад, ман рӯи ҳавлиро мерӯбам, чунки ман ҳамавақт баҳои «панҷ» мегирам.

Пас, ту сазовори зебу зинати ҳавлирӯбӣ дорӣ. Ин мукофоти оилавӣ нисбати ту, офарин писарам! Ба ноқобилон кор ҳаром аст, – гуфт падар.

Дар ин ҷо рӯфтурӯби ҳавлӣ пайваста бо комёбиҳои омӯзиш ҳамчун мукофоти маънавӣ ангезонида шуд, на ба ҷазо.

Дар мавзӯъҳои дармондаи талабагон гуфтаҳои зайли педагог онҳоро ҷолибу ҷалбкунанда мегардонад: «Фикр кун, боварӣ дорам, ки ту ин душвориро ҳам ҳал карда метавонӣ», «Мард бояд ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад», «Толибҷон, барои ту ин лозим. Ту бояд мардона рафтор кунӣ».

Аз вазъият истифода баред. Гап дар он, ки омилҳоро худи ҳаёт зуд – зуд ба миён мегузорад. Ин тасодуфан, худазхудрӯйдиҳӣ, омилҳои ногаҳонии, кариб тайёр, дуру дароз коркунӣ, банақшагириро талаб намекунанд. Фақат онҳоро пай бурда тавонистан, қадр кардан, зуд муайян намудан, ба нафъи кор майл додан лозим аст.

Чунин вазъиятҳо дар мактаб бештар рӯй дода меистанд. Мо яке аз онҳоро мисол меорем. Муллими риёзиёт барои мушоҳида кардани рафти кори мустақилонаи синфӣ байни партаҳо қадам мезад. Ногаҳон дид, ки бачаи сустхон ба ҷои кори синфӣ ба расмкашӣ – расми кабӯтар машғул аст. Фавран дар ботин аз дил гузаронд: «Ана ту ба чӣ шавқ доштаӣ». Муаллим бо хушмуомилагӣ ба бача рӯ овард: «Расми аҷоиб кашидӣ. Ту ин расми кабӯтарро даҳ квадрат калон карда каш, ба намоишгоҳ мегузорем». Бача пурсид: «Муаллим, квадраташ чист?» – «Чӣ, квадратро намедонӣ? Агар математикаю квадратро надонӣ, рассоми хуб шудан мумкин нест».

Алалхусус, бача, ки расмкаширо дӯст медошт, ба омӯхтани риёзиёт ҳавас пайдо кард ва ӯро сардори рассомони ҷавони мактаб таъин карданд. Вай тадриҷан пешқадам шуд.

Ба омӯзанда имконият диҳед. Ба кӯдак, шавҳар ё хизматкунандаатон гӯед, ки вай дар фаҳмиши муайян гӯл ё кунд аст, дар вай ба ягон чиз қобилият нест ва вай ҳама корро тамоман нодуруст мекунад, ва шумо аз вай қариб ҳама ҳавасмандии худташаккулдиҳиро маҳрум мекунед. Вале ба вай методи муқобилро истифода баред: дар ҳавасвмандгардонии худ саховатманд бошед; ба мусоҳӣби дар наздатон истода таъсир расонед, ки ягон вазифаи душвор нест; ба вай фаҳмонед, ки ба қобилияти ӯҳдабароияш боварӣ доред, дар вай барои ин қобилияти зарурии дарки ботинӣ ҳаст – ва вай тамоми шаб то субҳ амалан кор мебарад, то ки ба комёбӣ ноил гардад», – пешниҳод мекунад Д. Корнеги.

Омили «ту метавонӣ, ту ӯҳда мекунӣ» бисёрпаҳлӯ аст. Он аллакай ба натиҷаҳои «сохтакорӣ» мисоли классикӣ гашт, ки дар яке аз мактабҳои амрикоӣ психологҳои «коэффитсенти зеҳнӣ» чораи таҳқиқӣ андешиданд. Ба ногоҳ онҳо ба синф эълон карданд, ки чандин талабаи ақибмонда балли баланд гирифтаанд. Натиҷаи тамоми интизорӣ: эътирофкунии рӯҳбаландгардонӣ, талабагон бо муваффақият азхудкуниашонро баланд бардоштанд ва дар охири семестр бо санҷӣши тестӣ бо боварӣ ба гурӯҳи пешсафони синф муваффақ шуданд.

Муомилаи нек ба худпарастӣ. Ба қавли равоншиносон, одаме ҳаст, ки дар тамоми ҳаёти худ бетолеъ мегардад, одами муқаррарӣ хусусияти кӯшиши беҳтаркунии зиндагӣ дорад. Ин саъю кӯшишро бо имдоди худпарастӣ баҳри беҳбудии зиндагӣ бояд вусъат ва фаъол гардонд. Ҳар мактабхон хуб мефаҳмад, ки нокифоя мехонад ва метавонад азхудкунии худро бехтар бинмояд. Ба вай чӣ намерасад? Як худи фаҳм кам аст, боз такон лозим аст. Инро бояд ба мавҷудияти кӯшиши ботинӣ такя намуда педагог иҷро кунад. Дар адабиётҳои педагогӣ усулҳои аниқи ангезонӣ хеле зиёд навишта шудаанд. Қисми зиёди онҳоро ҳавасмандонии шахсияти мактабхон ташкил мекунад. Вале ба худпарастӣ, ҳамчун қоида, эътибор дода намешавад. Онро ҳам дохил кунед ва талабаро маҷбур намоед, ки бигӯяд: «Ман ҳам аз дигарон кам нестам!».

Лозим аст, ки талабагон серташвишии шуморо ҳис кунанд ва бовар намоянд. Он гоҳ имконияти сӯҳбати боварибахш вусъат меёбад: «Соҳиб, вазифаи ту дар назди худат, волидонат ва ҷомеа – беҳтар хондан. Ба ҳама ҳам нобиғашавӣ насиб намегардад. Аммо ҳар кас бояду шояд бисёр кор кунад. Ҳеҷ кас аз ту иҷрои кори имконнопазирро мунтазир нест. Барои он ки кори дигарон беҳтар меравад, ҷои изокашӣ ва ғамгиншудани ту нест, фақат бо тамоми қувва ғайрат бинмо ва ту ҳатман қуллаи муроди худро фатҳ хоҳи кард».

Муваффақиятҳоро нишон диҳед. Бешубҳа омилҳо ба серғайратии кори таълимии талабагон равона карда мешавад ва нишон додани натиҷаҳои воқеии онҳоро ба тарзи ахборот ба ҳар талаба баррасӣ намуданро талаб мекунад. Ин воситаи беҳтарини ошкоро баёнкунӣ мебошад. Педагогҳое, ки усули ҳавасмандониро истифода мебаранд, бештар ба суръати баланди пешравии омӯзиш ноил мегарданд. Дар ин ҷо асрори махфӣ нест – бештари одамон гӯш карданро дӯст медоранд, вақте ки дар бораи онҳо гуворо гап мезананд: дар баъзе мавридҳо сухани нек, «экрани азхудкунӣ», ҳисси боварӣ ва қаноатмандӣ мебахшад.

Татқиқотчиён (яке аз онҳо – Д. Брофи аз донишгоҳи Мичиган) барқарор намудаанд, ки муҳимаш на он қадар таъриф кардани муаллим, чӣ қадар мавҷудии алоқаи бозгашт ва позитивии нигоҳдорӣ аз он мебошад.

Ба иштирокчиёни раванди маърифат ҷалбшудагон зарур аст, ки ҳар маълумот дар лаҳзаи ҳозира дар куҷо меистад, чӣ қадар пешравӣ дида мешавад, донанд. Алоқаи бозгашт – дар шакли гуногун – бояд ба талабагон сари вақт баррасӣ гардад. Агар кори контролӣ (конкурс) дар рӯзи чоршанбе гузарад, фаҳмонидани натиҷаи он бояд панҷшанбе баррасӣ гардад, кашолкорӣ бефоида.

Рақобатро эҳтиёткорона нигоҳ доред. Одам моҳиятан рақобаткунанда ва аз ин амри воқеъ ба мо ҷои гурез нест. Ҳаёти муосир обу тоб, маҳорати истодагарӣ бар мубориза бо рақибро тақозо мекунад. Ба саволи, оё дар мактаб бо ҳариф ҳавасманд кардан мумкин аст ва дар кадом ҳад, ҳоло ҷавоби ҳаммаъно нест. Вале, мувофиқи таҷрибаи хориҷӣ, қисман амрикоӣ, байни мактабҳо, талабагон рақибон зарурати ҳавасмандонӣ ва аз онҳо ҳамчун омили ангезиши фаъолонидани меҳнат истифода мебаранд. Методҳои мусобиқа дар мактаб нафақат барои пешакӣ фаҳмидани вазъи ҳаёти оянда, инчунин ташаккули омодагии сазовор пешвоз гирифтани ноомади кор ва фарахмандӣ аз муваффақиятҳо мебошад.

Педагоге, ки ба омили мазкур майл дорад, ҳатман бояд ҳамаашро хуб дар тарозуи ақл бар кашад. Бояд дар назар дошт, ки шахси бохта дар олам бефоида мемонад, нуфузаш паст мегардад. Мумкин аст дар вай ҳисси нобоварӣ, ноилоҷӣ, пастшавии хусусӣ, вале дар вазъияти хусусан душвор ва садамаи пуртаъсир бимонад.

Барои ҳамин бигзор байни талабагон ҳарифи мусобиқаи спортиро ёдовар шавад, куҷо ғалаба ва куҷо ноомад иваз ёфта истад, вале саргарми доимӣ мемонад. Бигзор дар ҳар гурӯҳ мусобиқакунон бошанд, бо умеди ягона дар ғолибият. Гурӯҳҳоро ҳамин тавр баробар кунед, ки дар ҳар кадомаш саҳми ғалаба ва мағлубият баробар бошад. Агар дар раванди мусобиқа кадоме аз талабагон ягон сабаби асосӣ дошта бошад, ӯро бо назокат аз иштироккунӣ манъ кардан мумкин аст.

Ситоиш кунед. Инчунин омили оддӣ нест, ки ба назар менамояд. Он барои истифодабарӣ ҷиҳатҳои зеринро талаб мекунад:

Ситоиш бояд худ аз худ рӯй диҳад (агар хоҳед, ки бубахшед), онро ба нақша гирифтан лозим нест, онро таъин кардан мумкин нест.

Аз ҳад зиёд таъриф кардан мумкин нест, хусусан кори бад иҷрошударо, кори ҳарому ҳаришро таъриф кардан маҳкумкунии зеҳнӣ мебошад.

Ситоиш бояд аниқ бошад, суроға – ба ки таъин шуданаш дақиқ гардад. Сипосгузорӣ шунидан ҳамеша гуворо бувад, вале умумӣ, беқиёфаи забонзада ҷои бо даст навишташударо гирифта наметавонад, зеро дар он калимаҳои рӯҳафзоии самимӣ зикр карда мешаванд.

Ҳамин хел ситоиш кунед, ки тарафайн боварӣ хосил кунад, ба ваҷд ояд. Дар таъриф ҳаракатҳои ғайрилафзӣ – қиёфасозӣ, имову ишораи самимӣ нақши муҳим мебозанд. Агар муаллим бо рӯи турш ва қавоқи гирифта гӯяд, ки ба ман иншо маъқул шуд, талабагон ба гуфтаҳои вай бовар намекунанд.

Танқид кунед, вале бо ҳамдардӣ. Равоншинос Ю. Красовский танқидро саводона, комилан мусаллаҳшавӣ бо комёбиҳои илми муосир маслиҳат медиҳад:

танқиди ҷуръатбахш («ҳеҷ гап не, дар оянда беҳтар мекунӣ. Аммо ин дафъа нашуд»);

танқиди таънаовар («Хайр, ба ту чӣ шуд? Вале ман ба ту боварӣ доштам»);

танқиди аналогӣ («Вақте ки ман ту барин будам, ин хел айнан ту барин хато мекардам ва аз муаллим гап мешунидам»);

танқиди умедбахш («Боварӣ дорам, ки минбаъд ту супоришро беҳтар иҷро мекунӣ»);

танқӣди тавсифӣ («Кор хуб иҷро шудааст. Аммо ҳамин дафъа»);

танқӣди бешахс («Дар синфи мо ҳоло ҳам хонандагоне ҳастанд, ки вазифаи худро иҷро намекунанд. Номи онҳоро намегирем»);

танқиди ташвишовар («Ман аз вазъияти рӯйдода хеле дар ташвишам, хусусан аз талабагони худамон, аз…»);

танқиди ҳамдардӣ («Ман туро нағз мефаҳмам, дар вазиъяти ту дохил мешавам, ту ҳам вазъияти маро бифаҳм. Охир, кор иҷро нашудааст»);

танқиди пушаймонӣ («Афсӯс, ки кор бесифат иҷро карда шудааст»);

танқиди ҳайроншавӣ («Чӣ тавр? Наход ту дарсро тайёр накарда бошӣ. Интизор набудам…»);

танқиди киноявӣ («Ҳамин қадар таъкид карда бошам ҳам, кор ба дараҷаи «аъло» бад иҷро шудааст, изо намекашӣ?!»);

танқиди гунаҳкоркунӣ («Эҳ, ту! Аз ту инро умедвор набудам…»);

танқиди нармона («Ба гумонам, дар ин ҳодисаи нохуш гунаҳкор на фақат ту…»);

танқӣди маломат («Чаро ту корро дар вақташ иҷро накардӣ? Аз кашолкории бенатиҷа даст каш!»);

танқиди мулоҳизавӣ («Набояд ин тавр мекардӣ. Минбаъд дуруст фикр карда амал кун»);

танқиди талабовар («Ин вазифаро ту бояд аз нав кор кунӣ») ва ғайра.

Ҳалли ғайристандартӣ ҷустуҷӯ кунед. Беҳтараш он ки ба қоидаҳои санҷидашуда амал намудан. Вале ба касе барпо кардан ва навашро санҷидан лозим меояд. Кӯшиш кунед, аммо бо эҳтиёт.

Ба талаба имконият диҳед, ки обрӯи худро нигоҳ дорад. Аз сад наваду нӯҳ воқеа, қайд мекунанд, ки муаллифони татқиқоткунандаи психологҳои хусусӣ, одамон худро ба ҳеҷ чиз таъна намезананд, агарчи ноҳақ бошанд ҳам. Авло! Аз ин сустӣ истифода мебарем, бигзор талаба фикр кунад, ки дар баҳои бад гунаҳкор на вай, танҳо муаллим аст. Бигзор вай нисбати гумшавии шароит ва нобарории носози худро тан нагирад, худро бегуноҳ ҳис кунад. Барои вайрон кардани ин хаёли хомаш саросема намешавем. Ба вай фурсату имконият медиҳем, ки обрӯю эътибори худро нигоҳ дорад.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *