Принсипҳо ва қоидаҳои омӯзиш

Муносибати принсипҳо ва қоидаҳо

Дидактика пеш аз ҳама кӯшиш мекунад, ки қонунҳои воқеиро кашф намояд, ки алоқаи асосӣ ва зарурии байни ҳодиса ва омилҳои омӯзиш инъикос ёфта бошад. Ин қонунҳо ба муаллимон фаҳмиши умумии ҳодисаҳои воқеии инкишофи раванди дидактикӣ медиҳанд. Вале онҳо бевосита барои фаъолияти амалӣ нестанд, фақат асоси назариявии коркард ва такмилоти технологии он мебошанд. Нишондоди амалӣ нисбати иҷрокунии омӯзиш бештар ба мустаҳкамкунии амалигардонии принсипҳо ва қоидаҳо вобастаанд, ки номи принсип ва қоидаҳои дидактикӣ гирифтаанд. Ҳоло онҳоро дида мебароем.

Принсипҳои дидактикӣ – ин қоидаҳои асосие, ки мазмун, шаклҳои ташкилкунӣ ва методҳои раванди омӯзишро дар асоси мақсади муайяни умумӣ ва қонунияти он муайян мегардонад. Дар принсипҳои омӯзиш асоси меъёри омӯзиш ифода меёбад, ки ба он аз намуди мушаххаси таърихӣ гирифта шудааст. Принсипҳои омӯзиш ҳамчун категорияи дидактикӣ баромад карда, хусусияти ба мақсади муайянкардашуда истифодабарии қонунҳо ва қонуниятро доранд.

Дар шарҳи педагогӣ қоида – ин дар асоси тасвири умумии принсипҳои фаъолияти педагогӣ дар шароити муайян барои ноил шудан ба мақсади муайян. Бештар таҳти қоидаҳои омӯзиш он қоидаҳои роҳбарие, ки тарафҳои алоҳидаи истифодабарии ин ё он принсипи омӯзишро ифшо медиҳад, фаҳмида мешавад.

Қоидаи омӯзиш дар тартботи дараҷа зинаи пасти назарияи педагогиро ишғол мекунад (ниг. нақшаи 21). Онҳо ҳамчун звеноҳои гузаранда аз назария ба амалия ҳисоб меёбанд. Дар асоси қоидаҳои омӯзиш инкишофи падидаҳои дидактикиро пешгӯӣ кардан умкин нест – ин боз ҳам майли амалӣ доштани онҳоро исбот мекунад. Дар қоидаҳо одатан тарзи амали асосӣ муаллим дар вазъияти типикии омӯзиш ба назар гирифта мешавад.

Агар бештар ба тариқи оммафаҳм шарҳ диҳем, қоидаҳои дидактикӣ – ин нишондоди аниқи дастури муаллим дар бораи он, ки дар вазъияти типикии педагогӣ чӣ тавр бояд амал кунад. Барои ҳамин ҳам махсусан мувофиқи мақсад азхудкунии онҳо дар баъзе назариячиёни дидактика ва муаллимон – амалиёти эътироз пайдо мекунад. Онҳо гумон мекунанд, ки дақиқона иҷрокунии қоидаҳо метавонад ба инкишофи ташаббускории муаллимон таъсири бад расонад. Барои ҳамин ҳам эътибори асосӣ ба омӯхтани назарияи омӯзиш, азхудкунии малакаҳои дар амал эҷодкорона истифодабарии онҳо бояд дод.

Мактаби кӯҳнаи тоинқилобӣ, баръакс диққати асосии муаллимро ба омӯзиши қоидаҳои таълимӣ – ёдкунии онҳо медод. Воситаҳои таълимӣ барои муаллимон дар асл моҳияти зарурӣ надошт. Аз ин сабаб методикаи прогресс бо суръати суст пеш мерафт.

Ҳақикат, чун ҳамеша дар байни охирин аст. Аз ҳад зиёд ба қоидаҳо эътибор додан ва бо онҳо бо расмиятчигӣ риоя кардан ҳам мумкин нест, зеро аз онҳо бо ғаюрона истифодабарӣ дар ҳақиқат муаллимро побанд мегардонад, аз ташаббускориву эҷодкорӣ бозмедорад, вале аз қоидаҳо тамоман даст кашидан ҳам мумкин нест, кори омӯзишро ба таври пурра аз озодӣ маҳкум набояд кард. Дар омӯзиш, чун дигар равандҳои меҳнатӣ, вазъияти стандартӣ, типикӣ хеле бисёр, вақте, ки эҷодкории махсуси муаллим лозим мешавад, онҳо бештар метавонанд зарар оранд. Дар ин ҷо ҳатман бояд ба қоидаҳо риоя намуд. Дар таҷриба чӣ гуна моҳият доштани қоидаҳои Я. А. Коменский ва А. Дистервегро ба хотир меорем.

Қоида аз ҷониби муаллим дода мешавад, дар ин ё он вазъият иҷро кардани амалиёт, муайян намудани мавқеи он ба талаботи муайян риоя кардан, вале ин чӣ тавр карда мешавад, комилан аз муаллим вобаста аст. Чунончи, талаба ба дарс дер карда омад. Дар чунин вазъият фармони муаллим нисбати таъсиррасонӣ бояд дода шавад, зеро ягон қоидавайронкунӣ аз эътибори ӯ соқит нагардад. Вале муаллим ба чунин вайронкунии қоида чӣ тавр эътибор медиҳад – ин пурра аз вазъияти муайян вобаста аст, шахсияти талаба, хусусияти дермонӣ ва дигар сабабҳои зиёд.

Қоида аз принсипҳои омӯзиш ҷорӣ мегардад. Принсипҳо аз қоидаҳои омӯзиш ба амал меоянд. Аммо қоидаҳо на худ аз худ аз принсипҳо сар мезананд, балки аз ҷамъбасти амалии бисёр наслҳои муаллимон ба миён меоянд. Таҷрибаи амалии омӯзиш бештар дар қоидаҳо мустаҳкам мегарданд. Қоидаҳои навишта ва нонавишта хеле зиёданд, аз онҳо чандин ҷилд китоб навиштан мумкин аст.

Одатан қоида шакли маслиҳатӣ – ёдоварии муаллимро дорад, чӣ бояд кард барои имконияти пурра иҷро кардани талаботи принсип. Ҷавоб ба савол, чӣ тавр амал кардан, онҳо қариб вуҷуд надоранд. Ин ба хусусияти эҷодӣ вобаста аст.

Системаи принсипҳои дидактикӣ

Таърихи дидактика бо хусусияти устуворона, бо саъю кӯшиши татқиқотчиён зоҳир намудани принсипҳои умумии омӯзиш ва дар асоси онҳо аниқ ифодакунии он талаботҳои муҳимро ба назар гирифта, барои муаллимон дар омӯзонидани  мактабиён ба комёбиҳои баланди устувори натиҷаҳо ноил шуда тавонанд, арзи вуҷуд мекунад. Ташаккули асосҳои назариявии дидактика, зоҳир намудани моҳияти категорияҳои дидактикӣ, қонуният, принсипҳо, қоидаҳо дар натиҷаи муборизаи устувори ақидаҳо ба миён омадаанд.

 Ин баҳс нисбати дар дидиактика мавҷуд будани маҳдудият дақиқ дар мафҳуми қонунҳо, қонунмандӣ, принсипҳо ва қоидаҳо то солҳои наздик давом кард. Мафҳумҳои номбурда, дар адабиёти педагогӣ ба маъноҳои гуногун шарҳ дода мешуданд.

Аммо дар рафти баҳс исбот карда шуд, ки принсипҳои омӯзишро мақсади тарбия муайян мекунад ва ин хусусияти таърихӣ дорад, баъзе принсипҳо моҳияти худро гум кардаанд ва аз саҳнаи педагогӣ баромадаанд (масалан, табиатворонагӣ, худфаъолиятӣ, инфиродӣ). Дар баромади мазмуни принсипҳо азнавсозӣ, нигаҳдории моҳияти худ дар шароити нав ба миён омад ва принсипҳои нав пайдо мешаванд, ки дар онҳо ифодаҳои талаботи нави ҷомеа ба омӯзиш инъкос меёбад.

Дар дидактикаи муосир қоидае, ки принсипҳои аниқи таърихии омӯзиш ва ифодагари зарурии талаботи ҷамъиятӣ мебошанд, тағйир наёфтанд. Бо таъсири прогресси иҷтимоӣ ва комёбиҳои илмӣ, нисбати зоҳиршавӣ қонуниятҳои нави омӯзиш, ҷамъ шудани таҷрибаи кории муаллимон онҳо шаклан тағйир меёбанд, такмил дода мешаванд. Принсипҳои муосир ба ҳамаи қисмҳои раванди омӯзиш инҳоро шарт мегузоранд: мантиқ, мақсад ва вазифаҳо, ташаккули мазмун, интихоби шакл ва методҳо, ҳавасмандонӣ, банақшагирӣ ва таҳлили натиҷаҳои ноилшуда.

Присипҳои омӯзиш дар ягонагии мустаҳкам баромад намуда, баъзе консепсияи раванди дидактикӣ ба вуҷуд меоранд, ки онҳоро ҳамчун қисматҳои система тасаввур кардан мумкин аст. Вале на ҳамаи принисипҳо система шуда метавонанд.

Ҳалли вазифаҳои гузошташуда аз падидоршавии мантиқан дар натиҷаи саф оростани ин система сар мешавад. Чунин асосро Я. А. Коменский принсипи табиатворонагии омӯзиш ҳисоб карда буд ва ҳамаи дигар принсипҳои омӯзиш ба он пай дар пай бо ғояи табиатворонагӣ мутобиқ кунонида шуда буданд. А. Дистервег онҳоро ба таври дигар дида баромад. Вай ҷидду ҷаҳд карда бештар кушодани аниқи принсипҳои дидактикӣ ва қоидаҳоро ба намуди ин талаботҳо ҳал кард: 1) мазмуни омӯзиш; 2) омӯзгор; 3) омӯзанда.

К. Д. Ушинский омӯзиши хубро дар шароити зарурӣ ин тавр муайян карда буд: ба мавқеъ, тадриҷӣ – табиатан хос, мунтазам, устувор азхудкунӣ, возеҳ, худфаъолиятии талабагон, ғайришиддатнокӣ ва ғайриосон, дурустӣ. Марбут ба принсипҳои дидактикӣ низ инҳоро муайян кард: 1) шууронагӣ ва фаъолонагии омӯзиш; 2) аёният дар омӯзиш; 3) пайдарпаӣ; 4) мустаҳкамии дониш ва малака.

Олими барҷаста, педагоги маъруфи тоҷик М. Лутфуллоев дар «Дидактикаи муосир» принсипҳои омӯзишро ба таълими ҳамгиро пайравӣ намуда, ба таври зайл муайян кардааст:

Асоси инкишоф ва тарбиядиҳандагии омӯзиш.

Асоси илмии мазмуни маълумот ва методҳои ҷараёни омӯзиш.

Асоси омӯзиши муназзам ва пай дар пай.

Асоси омӯзиши ҳамгирои мазмуни маълумот ва тафриқа, ҳамгирои фаъолиятҳои инфиродӣ ва дастаҷамъии талабаҳо ва алоқаи байни онҳо.

Асоси омӯзиши фаъолиятнокӣ ва мустақилияти талабаҳо.

Асоси дастрасии омӯзиш.

Асоси шуурона ва устувории (мустаҳкамии) натиҷаҳои омӯзиш ва инкишофи фаъолияти маърифатҷӯии талабаҳо.

Асоси аёният дар омӯзиш.

Асоси омӯзиши робитаи таълим бо ҳаёт, ҷомеаи муосир, бо амалияи сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ.

Сипас муаллиф ҳар яки ин принсипҳо (асосҳо) – ро шарҳ медиҳад[1].

Аммо педагоги муосир И. П. Подласый дар китоби дарсии «Педагогика» принсипҳои омӯзишро ба 7 қисм ҷудо мекунад:

Шууронагӣ ва фаъолонагӣ.

Аёният дар омӯзиш.

Системанокӣ ва пайдарҳамӣ.

Пойдорӣ дар омӯзиш.

Илмиятӣ.

Дастрас будани маълумот.

Робитаи назария бо амалия.

Дар охир чунин ибрози назар медиҳад: «Ин принсипҳо системаи дидактикии принсипҳоро ташкил медиҳанд»[2]

Аҷибаш ин ки ҳарду муаллиф ҳам ба қоидаҳои умумӣ риоя намуда, аввал калимаи «принсип» (аз лот. principium – асос, ибтидо) – ро, ки истилоҳи илмии умумбашарӣ аст, ёдовар шуда, сипас ба забони модарии худ маънидод мекунанд. Вале муаллифон ва омӯзгорони фанни педагогика ёфт шуда истодаанд, ки ин қоидаро сарфи назар карда, истилоҳотҳои умумиҷаҳонӣ гаштаро (чунончи, принсип, дидактика, метод, гуманизм, демократия ва садҳо дигарон) ба забони модарии худ маънидод мекунанду бас. Аз баёни истилоҳи умумбашарӣ будани онҳо даст мекашанд. Ин маҳдудият сатҳи маълумоти стандартии умумиҷаҳонӣ ва рушди қоидаҳои забониро сахт мекоҳонад.

Мо ба муаллифони фавқулзикр, дигарон ва нисбати коркарди системаи дидактикии принсипҳо ба татқиқотҳои замони ҳозира пайравӣ менамоем, зеро таҳлили онҳо ба мо имконият медиҳад, ки ба сифати принсипҳои асосии маъмул инҳоро ба таври фишурда тавсиф диҳем:

Принсипи илмӣ. Мақсад ва вазифаи принсипи омӯзиши мазкур – пай дар пай бо назардошти сатҳи дониши талабаҳои ҳар синф вусъат додани донишҳои воқеии мактабиён дар асоси маводҳои марбути илмӣ ва дар онҳо ботил кардани фаҳмишҳои мавҷудаи ноустувор ва ғайриилмӣ. Дар ҳамин қатор ба онҳо омӯзонидани тарзи истифодабарии методҳои омӯзиш. Дар асоси принсипи илмӣ як қатор қоидаҳое амал мекунанд, ки дар қонунияти инкишофи инсоният нақши муҳим мебозанд, барои бо системаи донишҳои ҳақиқӣ мусаллаҳ намудани насли наврас равона карда шудаанд.

Принсипи илмӣ, пеш аз ҳама, мазмуни маълумоти мактабиро таъмин намуда, барои ба талабаҳо ҷиддӣ омӯзонидани донишҳо, ташаккул додани донишҳои воқеии шахсияти онҳо асос мегузорад. Аз нигоҳи илмӣ амалан омӯзонидан ба муаллимон тааллуқ дорад, зеро дар нақша ва барномаҳои таълимӣ дараҷаи иҷтимоӣ ва прогресси имлӣ – техникӣ, устувор гардонидани донишҳои ҳосилкарда бо амалиёт ба назар гирифта шудааст. Мазмуни омӯзиши мактабиёнро далелҳои ҳақиқӣ, назария, қонун, қоидаҳо ва мафҳумҳое бояд асос ёфта бошанд, ки вазъи кунунии имрӯзаи илмиро инъикос карда тавонанд.

Таҷрибаҳои системаи дидактикии пешқадам як қатор қоидаҳои амалигардонии принсипи мазкурро кор карда баромадаанд, ки чанде аз онҳоро зикр мекунем:

Ин принсипро дар асоси дастовардҳои нави педгогика, психология, методика, таҷрибаи пешқадами педагогӣ амалӣ гардонед.

Дастовардҳои омӯзиши навини дидактика ва психологияро ба инобат гиред, мантиқи нафақат омӯзиши индуктивӣ (ҳамгиро), инчунин дедуктивиро оқилона истифода баред, ҳатто дар мактаби ибтидоӣ бо ҷуръат абстраксия ҷорӣ намоед, то ки имконияти амиқ фаҳмидани чизи конкретӣ ба миён ояд. Вале аз обстраксияе, ки барои пурра муайянкунӣ ба чорчӯбаи курси мактабӣ мувофиқ намеояд, даст кашид.

Дар хонандагон нисбати омӯзиши ашёҳо, ҳодисаҳо ва робитаи байни онҳо рафтори диалектикӣ карданро тарбия кунед, ба онҳо аносири диалектикаи илмии тафаккурро ташаккул диҳед.

Ба методҳои омӯзиш методҳои илмии фаҳмидагириро ҳамгиро намоед, тафаккури талабаҳоро инкишоф диҳед, онҳоро ба ҷустуҷӯ, эҷодкорӣ ҳидоят кунед.

Дар синфҳои боло баҳси илмии проблемаҳоро ташкил намоед, ба шакли дастрас мазмуни онҳоро ифшо диҳед ва агар шароит даст диҳад, мубоҳиса ташкил диҳед.

Принсипи шууронагӣ ва фаъолонагӣ. Раванди омӯзиш фаъол будани тарафайн – муаллиму талабаҳоро тақозо мекунад. Дар асоси принсипи мазкур аз тарафи илм қонуният, қоидаҳои муқарраршуда мехобад: барои ҳосил кардани маълумоти моҳиятан ҳақиқии инсоният ташкилдиҳии дониши амиқ ва мустақилона фаҳмидагирӣ, тавассути бошиддат ҷаҳд кардани фаъолияти оқилонаи хусусӣ ҳосил мегардад; шуурона азхудкунии донишҳо аз ҷониби талабагон аз шароит ва омилҳои зиёд вобаста аст: мотивҳои омӯзиш, сатҳ ва хусусияти фаъолияти дарки талабагон, ташкили раванди таълимию тарбиявӣ ва идоракунии фаъолияти фаҳмидагирии толибилмон, аз ҷониби муаллим истифодабарии метод ва воситаҳои омӯзиш ва дигарҳо; фаъолияти фаҳмидагирии шахсии мактабхон омили муҳими омӯзиш ва барои бо суръати тез чуқуру устувор омӯхтани маводи таълимӣ таъсири ҳалкунанда мерасонад.

Амалан иҷро кардани принсипи шууронагӣ ва фаъолонагии омӯзиш бо роҳи риоя кардани қоидаҳои зайли омӯзиш иҷро карда мешавад:

Аниқ фаҳмондани мақсад ва вазифаҳои дар пешистода – шароити зарурии омӯзиши шуурона: ба талабагон нишон додани онҳо, фаҳмонидани чизҳои муҳим ва моҳияти онҳо, кушодани дурнамо.

Тавре таълим диҳед, ки талабагон фаҳманд, чӣ, барои чӣ ва чӣ тавр бояд кард, ҳеҷ гоҳ амалиёти таълимро сатҳӣ хомакӣ ва ғайришуурона иҷро накунанд.

Омӯзонидаистода истифода бурдани ҳамаи намуд ва шаклҳои фаҳмидагирӣ – пайвастани таҳлил бо синтез, индуксия (ҳамгироӣ) бо дидуксия, муқоисакунӣ, тез – тез истифода бурдан аналогия (монандӣ): ҳар қадаре, ки талабагон хурдсол бошанд, ҳамон қадар зуд аз ҳамгироӣ сар кунед.

Ба хонандагон маънои ҳар калима, ҷумла мафҳумро фаҳмонед: онҳоро ифшо диҳед, ба дониш ва таҷрибаи талабагон такя намуда, таққоси образнокро истифода баред.

Дар омӯзиш қувва ҳамкории хонандагонро истифода баред, шароити муносиб барои инкишофи коллективона шакли ҷустуҷӯи дурусти ҷавобро таъмин кунед. Вале аз он чизе, ки рафиқаш мегӯяд, гуфтаи муаллим писанди ҳама мегардад.

Дар тарбияи фаъолгардонӣ вақтро дареғ надонед. Дар ёд дошта бошед, ки имрӯз талабаи фаъол – фардо коргари фаъоли истеҳсолкунанда, аъзои ҷомеа.

Он чизе, ки ба хонандагон номаълум, мантиқан бо маълум пайвандед: он ҷое, ки алоқаи мантиқ нест, он ҷо омӯзиши шуурона намешавад.

Фаромӯш накунед, ки асос на фанни таълимӣ, балки шахсияте, ки шумо ташаккулаш медиҳед. Тавре омӯзед ва тарбия кунед, ки талабагон субъекти фаъоли азхудкунии он бошанд. Дар ёд доред, ки на фан шахсиятро ташаккул медиҳад, балки муаллим бо фаъолияти худ ва вобаста бо омӯзонидани фан.

Талабагонро ба вазъияте биоред, ки аснои аз онҳо талаб кардани зоҳиршавӣ ва ихтилофоти байни далелҳои мушоҳиданамуда ва дониши мавҷудаашонро маънидод намоед.

Омӯзиш ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ медиҳад, ки агар ҳар қоида бо мисолҳои муфиду ҷолиб таъмин бошад, барои он ки комилан равшан шавад, онро гуногун истифода барад.

Пайдо ва фарқ кардани чизи асосӣ аз дуюмдараҷа дар омӯзишро биомӯзед, чизи асосиро ҷудо кунед, пеш аз ҳама, кӯшиш кунед, ки чизи асосӣ фаҳмида ва азхуд карда шавад.

Танҳо ба обрӯ такя карда ҳама чизро омӯзонидан мумкин нест, вале ҳама чизро тавассути исботкунӣ, ки ба ҳиссиёт ва ақлу фаросат вобастагӣ дорад, омӯзонидан мумкин аст.

Ба талабагон оиди азхудкунии методҳои бештар самараноки фаъолияти таълимию фаҳмидагирӣ ёрӣ расонед, онҳоро ба омӯхтан омӯзонед.

Сабабҳоеро назорат кунед, ки диққати талабагонро аз объекти омӯзиш ба ҷои дигар ҷалб накунед, ҳамчун ботинӣ (парешонҳолӣ, бо корҳои дигар машғулшавӣ дар дарс ва ғ.), ҳам зоҳирӣ (дермонӣ, вайронкунии интизом ва ғ.) аз раванди таълимӣ – тарбиявӣ сабабҳои ноҷӯяро бартараф намоед.

Муваффақият дар он ҷое пайдо мешавад, ки онҷо ҳар чизе, ки омӯзонида мешавад, бо исботкунии далелҳо асосонида шуда бошад, барои шубҳа ва фаромӯшкунӣ ҷой намонда бошад.

Ёд доред, донандаи ҳақиқӣ на оне, ки чизи хондаашро нақл мекунад, вале он аст, ки дар амал истифода мебарад.

Завқу шавқи фардии талабагони худро мунтазам омӯзед ва истифода баред, онҳоро тавре инкишоф диҳед ва равона кунед, ки ба талаботи шахсияшон ба ҷомеа мувофиқат кунад.

Дар омӯзиш вазъияти амалиро васеъ истифода баред, аз дастпарварон дархост намоед, ки мустақилона бурдан, фаҳмидани фарқияти байни мушоҳидаҳои ҳаётӣ далелҳоро муайян кунанд ва онҳоро аз нигоҳи илмӣ  шарҳ диҳанд.

Чунон омӯзонед, ки дониш нерӯи эътиқодӣ пайдо кунад ва ба амал роҳбарӣ намояд.

Хонандагонро ба фикр кардан ва мустақилона амал намудан омӯзонед. Ба луқмадиҳӣ, нақлкунӣ ва нусхабардорӣ роҳ надиҳед.

Тафаккури эҷодиро бо таҳлили проблемаҳо ҳамаҷониба инкишоф диҳед.

Саволҳоро моҳирона диҳед ва дақиқона ҷавобҳоро гӯш кунед. Яке аз шартҳои муҳими фаъолонагӣ – ҳавасмандонӣ ва нигаҳдории фаъолиятнокӣ. Ҳар қадаре, ки талабагон маводи таълимиро шуурона ҳазм кунанд, дар дарс ҳамон қадар фаъолона иштирок менамоянд.

Принсипи аёният дар омӯзиш. Ин яке аз асосҳои қадимаи хеле маъмулгашта ва муҳими омӯзиш буда, толибилмон дар шинохт ва ҷуқур эҳсос намудани маводи таълимӣ аз нерӯи хавоси панҷгона – босира, сомеа, ламс, шома, зоиқа баҳраманд мешаванд. Ҳар қадаре, ки маводи таълимӣ ба хонандагон тавассути аёният тақдим гардад, дониши онҳо ҳамон қадар чуқуру пойдор мешавад. Нерӯи босира ба мағзи сар нисбат аз сомеа панҷ маротиба, аз ломиса қариб сездаҳ маротиба зиёд ахборот мерасонад. Беҳуда «Шунидан кай бувад монанди дидан» – нагуфтаанд. Чашм – «дарвозаи кушоди маълумотгирӣ»

Асосгузори принсипи аёният Я. А. Коменский ва «Қоидаи тиллоии дидактика» ба вай таллуқ дорад. Ин принсипро Г. Песталоцци, К. Д. Ушинский ва дигарон такмил доданд. Дар раванди таълим воситаҳои тасвирии зиёд, намоишдиҳии асбобҳо, корҳои лабораторӣ амалӣ пардохта мешаванд. Ҳоло дар умури омӯзиши кабинетӣ намоишдиҳӣ аз ҳисоби диафилмҳо, диапозитивҳо, схемаҳои кодоскопӣ, компютерӣ ва ғайра хеле вусъат ёфтааст.

Воситаҳои аёнии омӯзиш маҳз тавассути нутқи омӯзгор судманд мегардад. Агар нутқи муаллим таъсирбахшу образнок хотирнишин бошад, ҷои аёниятро низ гирифта метавонад.

Таҷрибаи омӯзиш қоидаҳои зиёди аёниятро кор карда баромадааст. Аз онҳо чандеро ёдовар мешавем.

Дар хотир дошта бошед, ки кӯдакон бо шаклҳо, ранг, садо, таъсурот фикр мекунанд, бинобар ин ба онҳо омӯзиши аёнӣ зарур аст.

Қоидаи тиллоии талабаҳо: ҳамаи он чизе, ки фақат мумкин аст, ифодакунандаи эҳсоскунии дарк, хусусан: намоён – барои дарки босира, шунавоӣ – сомеа, бӯй – шома, вобаста ба таъм – зоиқа, ламси оддӣ – бо роҳи ламскунӣ эҳсос мешавад.

Ҳеҷ гоҳ аз аёният даст накашед. Аёният мақсад нест, балки воситаи таълими, инкишофдиҳандаи тафаккури хонандагон.

Истифодабарии аёният нафақат барои тасвир, ҳамчунин ба сифати манбаи дониши мустақилона барои барпо намудани вазъияти проблемавӣ ҳам мебошад. Аёнияти муосир барои ташкили муфидонаи ҷустуҷӯ ва кори татқиқотии талабагон имконият медиҳад.

Аз намудҳои гуногуни аёният истифода берад, вале на аз миқдори зиёди онҳо дар як машғулият: ин диққати талабаҳоро пароканда мекунад. Аёниятро ба маврид истифода баред, ҳамин ки кор бо он анҷом ёфт, зуд ғун доред (то ба охир наистад), ки таваҷҷӯҳи талабаҳоро аз баёни минбаъдаи муаллим наканад.

Воситаҳои аёнии ҳозиразамон: телевизиони таълимӣ, видеосабт, кодослайдҳо ва ғайраҳоро аз нигоҳи илмӣ асосёфта истифода баред; дар такомулот васитаҳои техникии омӯзиш, методикаи истифодабарии онҳоро азхуд кунед.

Таҷрибаҳои таълимиро амалан, дақиқ, исботкорона ва боварибахш намоиш диҳед.

Принсипи системанокӣ ва пайдарҳамӣ. Ин принсип ба қоидаҳои илмии зайл риоя карданро талаб мекунад. Қонунияти аввалин – одам фақат ҳамон вақт донишҳои ҳақиқӣ ва амалкунандаи устувор гирифта метавонад, ки онҳо дар системаи муайян, яъне дар яклухтии қисматҳои бо ҳам алоқамандаш пайдарҳамии мантиқан барқарор дошта бошад. Олами беруна дар мағзи сари одам маҳз тавассути чунин системанокӣ ва пайдарҳамӣ дақиқ инъикос меёбад. Пойдории донишҳоро омӯзиши системанок ва пай дар пай таъмин мекунад, ки натиҷаҳои он дар маҳорат ва малакаҳои шахсият зоҳир мегардад. Риояи ин принсип дар барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ низ ба назар гирифта шудаанд. Дар раванди омӯзиш вайронкунии пайдарҳамии система ба пойдории донишҳо халал мерасонад. Агар ба хонандагон мантиқан тафаккуркунӣ омӯзонида нашавад, онҳо мунтазам дар фаъоляити фикрии худ мушкилӣ мекашанд. Ҳароина, агар ба система ва пайдарҳамӣ риоя карда нашавад, он гоҳ ҷараёни инкишофи талабаҳо суст мегардад.

Дар фаъолияти амалии ин принсипи омӯзиш қоидаҳои зиёд ба миён омадаанд, чунинанд баъзеи онҳо.

Аз ҷадвалу нақшаҳое, ки ба талабаҳо азхудкунии системаи донишҳоро таъмин мекунанд, истифода баред. Мазмуни маводи таълимиро бо хотимаёбии мантиқии қисмҳо тақсим кунед, ба пайдарҳамии онҳо эътибор диҳед, талабаҳоро ба ин омӯзед.

Ҳамчун мазмун ба вайроншаии система роҳ надиҳед, вале агар система вайрон шавад, ҳатман онро ислоҳ кунед, то ки ба азхудкунии омӯзандагон маҳдудият наорад.

Фанни таълимӣ – нусхаи хурди илм. Системаи онро ба талабагон нишон диҳед, мафҳумҳои фанни худро ҳамчун қисматҳои ҳақиқати воқеии илм ташаккул диҳед. Алоқаи байнифанниро мунтазам истифода баред.

Нақшаи санҷидашудаи ташаккули донишҳои назариявиро истифода баред: а) объект ва фанро барқарор кунед (табиат ва назарияи илмӣ); б) асосҳои назарияро баён кунед; в) асбобу анҷоми назарияро ифшо диҳед; г) натиҷаи назарияро нишон диҳед; д) ҳудуди истифодабарии онро баррасӣ намоед.

Дар охири ҳар қисм албатта дарси ҷамъбастӣ ва системабандӣ гузаронед.

Аз талабаҳо азхудкунии системаи донишҳоро талаб карда истед, то ки тамоми маводи барномаи таълимӣ ба онҳо хотирнишин гардад.

Дар хотир доред, ки ташкилёбии системаи донишҳо – воситаи муҳими пешгирии фаромӯшкунӣ. Донишҳои фаромӯшшударо зуд дар система барқарор кардан мумкин аст, бидуни он – бо меҳнати гарон.

Принсипи пойдорӣ дар омӯзиш. Принсипи мазкур ҷустуҷӯҳои назариявии олимон ва таҷрибаҳои зиёди муаллимонро нисбати устуворона азхудкунии донишҳоро ҷамъбаст мекунад. Ба он қонунияти эмпирикӣ ва назариявӣ устувор карда шудааст: азхдкунии мазмуни маълумот ва инкишофи нерӯи дарки талабҳо – раванди тарафайни бо ҳам робитадори омӯзиш; аз тарафи хонандагон маҳкам азхудкунии маводҳои таълимӣ нафақат вобаста аз омилҳои объективӣ: мазмуну сохти мавод, ҳамчунин вобаста аз объекти субъективии муносибати талабаҳо ба маводи таълимии мазкур, омӯзиш, муаллим; аз ҷониби талабаҳо мустаҳкам ҳазм кардани маводи таълимӣ ба ташкилкунии омӯзиш, истифодабарии навъҳои гуногуни методҳои омӯзиши мувофиқаткунонидашуда, инчунин аз вақти омӯзиш вобаста аст; хотираи талабаҳо хусусияти интихобӣ дорад: маводи таълимӣ ҳар қадар муҳим ва шавқовар бошад, ҳамон қадар дар хотири онҳо нақш мегузорад, пойдор мемонад.

Раванди пойдории азхудкунии донишҳо басо мураккаб аст. Дар вақтҳои охир омӯзиш натиҷаҳои нав овард. Дар як қатор тадқиқотҳо нишон дода шуд. Масалан, дар бисёр мавридҳо дар хотир нигаҳдории ғайриихтиёрӣ аз хотираи ихтиёрӣ дида, ҳатто бештар сермаҳсул мебошад. Ин бо тағйирёбии таҷрибаи омӯзиш дигаргунии муайян меорад, зеро ки ин омӯзиши анъанавӣ ҳисоб меёфт (вале бо асос), барои он ки омӯзиш бояд дар хотир нигаҳдории ихтиёрӣ асосонида шавад ва мувофиқи ин қоидаҳои амалии омӯзиш ташкил карда шуда бошанд. Фаҳмиши механизмҳои аносири фаъолияти таълимӣ, ки ба пойдор азхудкунии донишҳо овардааст, имконият медиҳад, ки ба омӯзиши анънавӣ баъзе қоидаҳои нав илова карда шавад.

Дар омӯзиши муосир тафаккур аз болои хотира сарварӣ мекунад. Бинобар ин сарфа кардани нерӯи талабаҳо, сарф накардани онҳо барои дар хотир нигаҳдории донишҳои камарзиш роҳ надодан, ба сербории хотира зиёновар аст ба тафаккур.

Барои он ки талабаҳо аз ҳифз кардани мавод озод шаванд, васитаҳои ёрирасон мавҷуданд, ононро ба истифодабарии маълумотномаҳо, луғатҳои гуногун (имлоӣ, тафсирӣ, техникӣ, ҷуғрофӣ ва ғ), бо энсиклопедияҳо ва ғайраҳо омӯзед.

Маводе, ки азхудкуниро талаб мекунад, бояд мухтасар бошад.

Барои устувор азхуд кардани мавод аз воситаҳои возеҳи хурӯшонӣ, воситаҳои намоишдиҳӣ, васоили техникӣ, бозиҳои дидактикӣ, нақшофарӣ, мубоҳисаи илмӣ, омӯзиши проблемавӣ – ҷустуҷӯӣ, байтбаракҳо ва ғайра истифода баред.

Ҳангоми омӯзиши маводи нав ҳамеша онро бо гузаштаи дуру наздик бипайвандед, гузаштаро дар нав такрор кунед.

Шакли муҳими устуворгардонии донишҳо мустақилона такроркунии онҳо, онро ташкил кунед ва ҳавасманд гардонед. Ба ғайриҳозирӣ дар машғулиятҳо ва беъэтиборӣ кардани талабаҳо дар дарсҳо роҳ надиҳед – ин ҳатман ба пастшавии пойдории дониш ва маҳоратҳо мебарад.

Принсипи дастрасӣ. Ин принсип аз талаботи бисёрасраи таҷрибаи коркарди омӯзиш ва қонунияти инкишофи синну соли мактабиён, ташкил ва амалан иҷрокунии раванди дидактикӣ мутобиқи сатҳи дониши талабаҳо ба миён омадааст.

Дар асоси принсипи дастрасӣ қонуни ба одам фаҳмо, ба қобилияти зеҳниаш мувофиқ бошад, мехобад. Ба маънои маҷозии ин фаҳмиш ҳаҷми аз тарафи инсоният ҷамъшудаи дониш, маҳорат, малакаҳо, қобилияти тафаккур низ фаҳмида мешавад.

Қонунияти дигарро ҳам дар асоси принсипи мазкур нишон додан мумкин аст: дастрасии омӯзиш хусусиятҳои синнусолии мактабиён, вобаста ба он хусусиятҳои фардии онҳоро ҳам муайян мекунад; дастрасии омӯзиш аз хусусиятҳои фардии синнусолӣ вобаста аст; дастрасии омӯзиш аз ташкилкунии раванди таълим бо истифодабарии методҳои омӯзиши муаллим ва бо назардошти шароити ҷоришавии раванди омӯзиш; дастрасии омӯзишро давраи пеш аз таърихи он муайян мекунад; ҳар қадаре, ки сатҳи инкишофи зеҳнии мактабиён баланд ва захираи тасаввуроту фаҳмишашон зиёд бошад, ҳамон қадар онҳо дар омӯхтани донишҳои нав пеш мераванд.

Дар бобати дастрасии омӯзиш бояд ба қоидаи классикии нишондодаи Я. А. Коменский такя кард: аз наздик ба дур, аз осон ба мушкил ва аз маълум ба номаълум. Назария ва амалияи омӯзиши муосир ин нишондодҳои қоидаро барои амалӣ гардонидан боз ҳам вусъат медиҳад.

Панди Я. А. Коменскийро фаромӯш накунед: ҳамаи он чизе, ки ба омӯзиш муносиб аст, бояд мувофиқи зинаҳои синнусол тақсим гардад, ҳамон чизе ба омӯзиш дар назар дошта шавад, ки маҳз барои фаҳмидагирии ҳар син дастрас бошад.

Омӯзонидаистода, ба сатҳи тайёрӣ ва инкишофи талабаҳо эътибор диҳед, ба имконияти онҳо такя намуда, омӯзонед. Таҷрибаҳои ҳаётии талабаҳоро омӯзед ва истифода баред, шавқ, хусусиятҳои рушди онро низ ба инобат гиред.

Дар раванди омӯзиш ҳатман омӯзиши фардии ҳар талабаро ба назар гиред, ба гурӯҳаки тафриқавии якхелаи талабаҳо шомил намоед.

Раванди омӯзиш бо суръати беҳтарин бурда шавад, вале пешравии пурқувватон нигоҳ дошта нашавад ва тезонидани рушди амалии талабаҳои миёна, сустхон ҳатмист.

Ҳангоми омӯзиши маводи нави мураккаб талабаҳои пурқувватро ҷалб кунед, вале вақти мустаҳкамкунӣ – миёна ва сустхонҳоро.

Дар амал иҷро кардани принсипи дастрасӣ, диққати асосиро ба фаъолияти фаҳмидагирии талабаҳо равона кунед: муаллими бад ҳақиқатро худаш осон баён карда, барои фикр кардани шогирдон ҷой намемонад, муаллими хуб ифшо кардани ҳақиқати дастрасро ба шогирдонаш ҳавола мекунад.

Дастрасӣ маънои осон омӯзониданро надорад, вазифаи муаллим на аз ҳад зиёд осон ва на басо мураккаб гардонидани маводи таълимӣ, балки ҷойҳои душворро офшо дода, ҳалли охиринро ба таҳлилу кашфиёти мутақилонаи шогирдон мегузорад.

Принсипи алоқаи назария бо амалия. Асоси принсипи мазкурро қоидаи марказии фалсафаи классикӣ ва гноссеологияи  (назарияи дониши) муосир, ки мувофиқи нуқтаи назари ҳаёт, таҷриба – аввалин ва нуқтаи назари асосӣ фаҳмидагирӣ мебошад.

Ин принсип ба қоидаҳои зиёди фалсафӣ, педагогӣ, психологӣ такя мекунад, ки онҳо ҳамчун қонунияти аввалин нақш мебозанд: омӯзиши самаранок ва босифат санҷидашуда, бо амалия тасдиқ ва равона карда мешавад. Таҷриба – маҳаки ҳақиқат, манбаи фаъолияти фаҳмидагирӣ ва соҳаи гузориши натиҷаҳои омӯзиш; дуруст ба роҳ мондани тарбия аз худи ҳаёт ҷорӣ мешавад, таҷриба ба он зич алоқаманд аст, насли наврасро ба фаъолияти фаъоли азнавсозӣ тайёр мекунад; натиҷабахшии ташаккулдиҳии шахсият аз дохилшавии вай ба фаъолияти меҳнатӣ ва мазмун, навъ, шакл ва майлдиҳӣ вобаста аст. Алоқамандии муфидонаи омӯзиш бо ҳаёт, назария бо амалия аз мазмуни маълумот, ташкили раванди таълимӣ – тарбиявӣ, истифодабарии шакл ва методҳои омӯзиш, вақти ба тайёрии меҳнатӣ ва политехникӣ ҷудокардашуда, ҳамчунин аз хусусиятҳои синнусолии талабаҳо вобаста аст. Ҳар қадар иҷрокунии системаи меҳнатӣ ва фаъолияти истеҳсолкунии талабаҳо, ки ба алоқамандии назария бо амалия иҷро карда мешавад, ҳамон қадар сифати баланди тайёрии онҳо таъмин мегардад. Ҳар қадаре, ки меҳнати истеҳсолӣ ва касбинтихобкунии мактабиён дуруст ҷорӣ карда шавад, ҳамон қадар мувофиқкунонӣ ба шароити истеҳсолоти рӯзафзун бо муваффақият пеш меравад. Ҳар қадаре, ки сатҳи политехнизм дар дарсҳои мактабӣ баланд шавад, ҳамон қадар донишҳои амалкунандаи талабаҳо афзун мегардад; ҳар қадаре талабаҳо донишҳои зиёдро дар шароити худ аснои ҳамкорӣ бо ҳаёт азхуд кунанд, ҳамон қадар шууронагии омӯзиш ва шавқ ба он ангезиш меёбад.

Амалан иҷро кардани принсипи алоқаи омӯзиш бо ҳаёт ба эҷодкорона муносибаткунӣ нисбати як қатор қоидаҳо ва таҷибаҳои беҳтарини коллективҳои мактабӣ асосонида шудааст.

Бо таҷрибаи ҷамъиятию таърихӣ зарурияти донишҳои илмии мактабиро исбот кунед. Тавре омӯзонед, ки талабаҳо фаҳманд ва ҳис кунанд, ки омӯзиш барои онҳо зарурияти ҳаётист.

Омӯзонида истода, аз ҳаёт ба дониш ё аз дониш ба ҳаёт равед: равобити «донишу ҳаёт» зарур.

Мунтазам амиқ ва боварибахш алоқаи диалектикии назария бо амалияро кушоед. Нишон диҳед, ки илм бо таъсири талаботи амалия инкишоф меёбад, мисолҳои дақиқ биёред, дар назди талабҳо саҳифаҳои муборизаи инсониятро баҳри сабук кардани меҳнат, нақши донишҳои илмӣ дар ин ҷараёнро кушоед.

Ба шогирдон дар бораи технологияи нави муосир, методҳои пешқадами меҳнатӣ, муносибати нави истеҳсолот нақл кунед.

Омӯзишро бо перспективаҳои инкишофи хоҷагии халқи маҳалла (ноҳия, шаҳр, вилоят, кишвар) вобаста кунед. Қоидаҳои касбогоҳӣ ва интихоби касбро ба ҷо оред.

Асоси омӯзиши тафриқа. Бо нишондодҳои Қонуни Маориф ва Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби муосир омӯзиши тафриқа ҳукмфармост. Мақсади таълими тафриқа ошкор намудани қобилият ва аломатҳои истеъдоди мактабиён дар омӯхтани фанҳои алоҳида мебошад. Таълими тафриқа зимни қобилият, майлу хоҳиши талабаҳо аз рӯи самти соҳаҳои ҷудогонаи фанҳо сурат мегирад, ки онро равия, ришта, тамоил меноманд. Талабаҳо ҳанӯз дар мактаби ибтидоӣ тибқи супоришҳои бисёрвариантаи омӯзиш ба кадом фан рағбат доштани худро ошкор мекунанд ва баҳри амиқ омӯхтани гурӯҳи бо ҳам наздики дилхоҳашон мепардозанд.

Дар омӯзиш ду намуди тафриқа ба кор бурда мешавад: тафриқаи муфассал ва маҳдуд. Тафриқаи муфассал аз синфи 5 – ум то охири синфи 9 – уми мактаби асосӣ давом мекунад мувофиқи вазифа, ҳамоҳангӣ ва робитаи фанҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: гурӯҳи фанҳои табиӣ – риёзӣ, гурӯҳи фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ. Ин гурӯҳҳо ҳамаи фанҳои таълимиро фаро мегиранд.

Илова бар ин синф ва гурӯҳҳои умумӣ ҳам амал мекунанд. Онҳое, ки дар давоми соли хониш аз фанҳои интихобии худ баҳои «ду» ё «се» мегиранд, аз риштаи тафриқавӣ ба синфи умумӣ гузаронида мешаванд.

Тафриқаи маҳдуд хоси синфҳои 10 – 11 – уми мактаби миёнаи ғайриҳатмӣ буда, он дар доираи гурӯҳҳои муфассали ҷамъиятӣ – гуманитарӣ ё табиӣ – риёзӣ ташкил меёбанд, ки миқдори нисбатан маҳдуди фанҳоро дар бар мегиранд. Ин фанҳо ба ихтисоси ояндаи онҳо вобаста аст. Дар тафриқаи маҳдуд ҷунин риштаҳоро ҷорӣ мекунанд: гуманитарӣ (забон ва адабиёт, забонҳои хоричӣ, ҷамъиятию иқтисодӣ, санъату маданият); физикаю риёзӣ, кимиё, техникӣ – иқтисодӣ ва ғайра. Ин равияҳо аз як ҷиҳат, ба донишу хоҳиши талабаҳо, аз дигар ҷиҳат ба ниёзи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳо вобастаанд.

Шарти асосии тафриқа – аз фанҳои интихобнамуда фақат баҳои «чор» ва «панҷ» гирифтан.

Санҷиши контролӣ

Приниспи омӯзиш чист?

Қоидаи омӯзиш чӣ маъно дорад?

К. Д. Ушинский кадом принсипҳоро пешниҳод карда буд?

Аз принсипҳои омӯзиши маъмул ном баред.

Моҳияти принсипи илмӣ дар чист?

Моҳияти принсипи шууронагӣ ва фаъолонагиро шарҳ диҳед.

Барои амалигардонии он чанд мисол оред.

Моҳияти принсипи аёният дар чист?

Барои амалигардонии намудҳои он мисолҳо оред.

Моҳияти принсипи системанокӣ ва пайдарҳамӣ дар чист?

Барои амалигардонии он мисолҳо оред.

Моҳияти принсипи пойдорӣ дар чист?

Моҳияти принсипи дастрасиро маънидод кунед.

Қоидаҳои классикии он кадомҳо?

Моҳияти принсипи алоқаи назария бо амалия дар чист?

Нисбати амалигардонии он мисолҳо оред.

Адабиёт барои худомӯзӣ

Баранов С. П. Принципы обучения. – М., 1975.

Загвязинский В. И. Педагогичесоке творчество учителя. – М., 1987.

Занков Л. В. Дидактика и жизнь. – М., 1968.

Луфтуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001.

Подласый И. П. Педагогика. – М., 2000

Раченко И. П. НОТ Учителя. – М., 1982.

Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.

Скульский Р. П. Учится быть учителем. – М., 1986.

Шукуров Р. Х. Творческий рост педагога. – М., 1985


[1] Ниг. Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001. – с. 53.

[2] Подласый И. П. Педагогика. – М., 2000. – с. 445.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *