Методҳои дар амал истифодабарии донишҳо

Мақсад аз омӯзиш дар талабагон ҳосил кунонидани дониш, маҳорату малакаҳо, бахухсус дар амал истифода бурдани донишҳо мебошад, ки ин вазифаҳоро методи машқ ва корҳои лабораторӣ иҷро мекунанд.

Методи машқ. Маҳорату малакаҳо дар натиҷаи такрор ба такрор машқкунӣ ҳосил мегардад. Ҳамаи фанҳои таълимӣ машқҳои ба худ хос доранд. Дар синфҳои ибтидоӣ барои ҳосил намудани маҳорат ва малакаҳои аввалин дар дарсҳои забони модарӣ, риёзӣ, табиатшиносӣ, санъати миллӣ ва меҳнат, мусиқӣ машқҳои тайёрӣ ва эҷодӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Муаллим пешопешакӣ матн ва вазифаро муайян мекунад ва тайёрии кӯдаконро месанҷад.

Моҳияти ин метод аз он иборат аст, ки кӯдакон амалиётро борҳо такрор мекунанд, яъне нисбати маводи омӯхташуда машқҳои амалӣ мегузаронанд ва бо ҳамин роҳ дониши худро амиқ мегардонанд, маҳорат ва малакаҳо ҳосил мекунанд, қобилияти эҷодӣ ва истеъдодашонро инкишоф медиҳанд.

Машқҳо баъди шуурона фаҳмидагирӣ ва азхудкунии маводи омӯхташуда гузаронида мешаванд. Ба ташкили фаъолияти машқу тамринот инҳо шомил мегарданд: а) машқҳои шифоҳӣ (ҳисоби даҳанакӣ, дар хотир нигоҳ доштани санаҳои таърихӣ, дуруст ифода кардани овоз ва калимаҳо ва ғ.); б) машқҳои хаттӣ аз забони модарӣ ва риёзӣ; в) машқҳои амалӣ аз риёзӣ, варзиш ва дигар фанҳо, ки ба корҳои ченкунӣ, маҳорати муносибаткунӣ ба асбобҳо ва ғайра вобастагӣ доранд.

Ҷараёни машқҳоро шартан ба марҳалаҳои зерин тақсим кардан мумкин аст: марҳалаи аввал – муаллим ба сатҳи дониши талабагон такя намуда, мақсад ва вазифаҳои иҷро кардани машқҳоро мефаҳмонад, марҳалаи дуюм – нишондод ё намунаории муаллим нисбати тарзи иҷроиши ину он машқ, марҳалаи сеюм – амалиёти аввалини талабагон роҷеъ ба истифодабарии дониш, марҳалаи чорум – муайянкунии фаъолияти минбаъдаи талабагон баҳри ҳосил намудани маҳорату малакаҳо.

Ҳангоми ташкили машқҳо ҳатман бояд фаъолияти эҷодии кӯдакон ба инобат гирифта шавад ва аз онон фаросат, фикркунӣ, ҷустуҷӯӣ дархост гардад, то ки бо майли эҷодӣ аз худ мисолҳои нав ба нав оварда тавонанд.

Машқҳои нахустини донишҳои нав, ҳамчун қоида, аз намунаории муаллим бояд оғоз гирад. Дар мустаҳкамкунии мавзӯъ мисолҳои аналогӣ (қиёсӣ) меорад, сипас машқҳои мустақилона пешниҳод мекунад, то ки роҷеъ ба мавзӯъ талабагон маҳорату малакаҳо ҳосил кунанд. Машқҳо, одатан, аз содда ба мураккаб майл дода шаванд. Аз риёзӣ, одатан, дар аввал бояд кори коллективона бурда шавад ва баъди он ки фаҳмиши дурусти талабагон таъмин карда шуд, барои санҷиши аввалини маҳорат мисолҳои амалӣ пешниҳод карда мешавад, ки дар ин ҷо ягон навоварӣ нест. Аммо баъди ин ҳама фаъолияти шогирдонро ба сӯи кори мустақилона майл додан равост. Дар иҷрои машқҳои мустақилона онҳо аз худ мисолҳо оварда метавонанд.

Дар машғулиятҳои забони модарии синфҳои ибтидоӣ машқҳои гуногун, аз қабили ба ҷои нуқтаҳо навиштани калимаҳои даркорӣ, аз калимаҳо тартиб додани ҷумлаи марбут, навиштани нақли мухтасар, овардани мисолҳои шифоҳӣ, таҳлилҳои фонетикӣ ва ғайра гузаронида мешавад.

Чунин методикаи кор ба беҳбудии фаъолияти мустақилона майл ва барои мантиқан чуқур омӯхтани мавзӯъ, ҳосил кардани маҳорату малкаҳои шогирдон заминаи мустаҳкам мегузорад.

Машғулиятҳои лабораторӣ. Аз методи корҳои лаборатории дар боло зикрёфта, ба мо маълум аст, ки омӯзиши баъзе фанҳо, ки ба хусус табиатшиноси, риёзӣ, физика, кимиё, биология ва дигарҳо бидуни машғулиятҳои лабораторӣ дониши устувор ҳосил намудан имконнопазир аст. Аснои омӯхтани ин фанҳо аз машғулиятҳои лабораторӣ талабаҳо нафақат маҳорату малакаҳо ҳосил мекунанд, инчунин бо асбобҳо, реактивҳо, дастгоҳҳо, механизмҳо сарукор намуда, дониши политехникӣ низ ҳосил менамояд.

Ҳангоми гузаронидани ин намуди корҳои лабораторӣ талабагон метавонанд аз китоби дарсӣ ва дигар адабиётҳои мададрасон истифода баранд. Ин методи таълимӣ бо методи  мушоҳида, намоишдиҳӣ, машқ, эзоҳ ва ғайра равобити зич дорад.

Методҳои санҷиш ва баҳодии дониш, маҳорат ва малакаҳои талабагон

Ба ин гурӯҳ методҳои мушоҳидаи ҳамарӯза аз болои корҳои хонандагон, пурсиши шифоҳӣ, корҳои контролӣ, санҷӣши корҳои хонагӣ, назорати барномавӣ дохил мешаванд. Ба ин гурӯҳ методҳои мушоҳидаи ҳамарӯза аз болои корҳои хонандагон, пурсиши шифоҳӣ, баҳогузорӣ дар дарс, корҳои контролӣ, санҷиши корҳои хонагӣ, назорати барномавӣ дохил мешавад. Санҷиш ва баҳодиҳии дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагон ҷиҳати басо муҳими ҷараёни омӯзиш ба шумор меравад. Ин методҳо мутобиқи принсипи системанокӣ, пайдарҳамӣ ва устувории омӯзиш дар тамоми ҷараёни соли таҳсил истифода бурда мешаванд. Намудҳои санҷиш ва баҳодиҳӣ гуногунанд:

санҷиш ва баҳогузории ҷорӣ, ки дар рафти машғулиятҳои ҳамарӯза сурат мегирад;

санҷиш ва баҳогузории чорякӣ;

баҳодиҳии солонаи дониш;

имтиҳоноти хатмкунӣ ва аз синф басинфгузаронӣ.

Ҳини санҷиш ва баҳогузорӣ сифати азхудкунии дониш, маҳорат ва малакаҳо, инчунин ҷаҳонбинии илмӣ, ғояҳои маънавию эстетикӣ, қобилияти эҷодии хонандагон муайян карда мешавад. Дар ҳамин радиф ба омӯзиш чӣ гуна муносибат доштани онҳоро ошкор кардан мумкин аст, ки ҳамаи ин тибқи методҳои гуногуни марбут анҷом дода мешавад. Ҳоло моҳияти дидактикии ин методҳоро дида мебароем:

Мушоҳидаи ҳамарӯза аз болои корҳои хонандагон. Тибқи ин метод муаллим ба омӯзиш чӣ муносибат доштани дастпарварони худро муайян карда меистад, шуурона ва мустақилона фаъолияткунӣ, майлу хоҳиш ва қобилияту хотираи онҳоро месанҷад ва арзёбӣ мекунад. Агар омӯзгор ҳамаи ҳаллу фасли ин масъалаҳоро таҳти назорати худ гирифта тавонад, ба санҷиши баҳогузории дониш, маҳорат ва малакаҳои шогирдонаш холисона рафтор карда метавонад.

Пурсиши шифоҳӣ. Ин метод хеле маъмул буда, аз тарафи ҳамаи омӯзгорон дар тамоми фанҳои таълимӣ мавриди муайян кардани сатҳи дониши хонандагон васеъ истифода бурда мешавад. Моҳияти пурсиши даҳанакӣ дар он аст, ки муаллим ба хонандагон аз мазмуни маводи омӯхташуда саволҳо мегузорад ва онҳоро ба ҷавоб додан ҳидоят намуда, дараҷаи азхудкунии ҳар якеро  муайян мекунад. Азбаски пурсиши шифоҳӣ ба тарзи саволу ҷавоб сурат мегирад, онро баъзан сӯҳбат ҳам меноманд. Пурсиши шифоҳӣ аз бисёр фанҳои таълимӣ бо иҷрои машқҳои хаттӣ анҷом меёбад, яъне хонанда ба савол даҳанакӣ ҷавоб дода истода, мисол ва машқҳоро дар тахтаи синф ҳал мекунад, чунончи, таҳлили грамматикӣ менамояд. Ҳамин тавр, дар фанни забони модарӣ, математика, физика, кимиё, одатан, пурсиши шифоҳӣ бо ҳалли амалии хаттӣ омехта мегардад. Камбудии ин метод аз он иборат аст, ки дар давоми дарс дониши теъдоди ками хонандагон санҷида мешавад. Барои ҳамин ҳам дар таҷрибаи мактаб пурсиши шифоҳиро бо чандин дигаргуниҳо истифода мебаранд, то ки он санҷиши теъдоди зиёди шогирдонро фаро гирад. Онҳоро ба ҳайси пурсиши ҷузъӣ ва муштарак ном бурдан мумкин аст.

Моҳияти пурсиши ҷузъӣ аз он иборат аст, ки маводи таълимро нисбатан ба саволҳои майда тақсим мекунад, то ки бо он роҳ аз теъдоди зиёди шогирдон зуд – зуд пурсон шавад. Аммо мавриди пурсиши ҷузъӣ баҳо гузоштан душвор аст, зеро саволу ҷавобҳо фаврӣ ва кӯтоҳ мешаванд. Бо як – ду ҷавоби маҳдуд дониши хонандагонро чуқур муайян кардан мумкин нест.

Моҳияти пурсиши муштарак дар он аст, ки муаллим якеро барои ҷавоби шифоҳӣ даъват мекунад ва се – чаҳор нафар хонандаро вазифадор меманояд, ки ба саволҳои дар варақи алоҳида пешакӣ тайёркарда ба тарзи хаттӣ ҷавоб гардонанд. Муштарак ном гирифтани ин пурсиш дар он, ки муаллим дар як маврид ҳам бо ҷавоби даҳанакии хонанда гӯш медиҳад, ҳам ҷавобҳои хаттиро дида мебарояд ва ба онҳо баҳо мегузорад. Ин методи таълимӣ аснои санҷиши дониш, маҳорат ва малакаҳо вақтро сарфа мекунад ва ба муаллим имконият медиҳад, ки  дониши зиёди хонандагонро бисанҷад.

Ёдовар мешавем, ки иддае аз хонандагон бидуни навбати пурсишашон дар давоми тамоми машғулият фаъол иштирок мекунанд, мисолҳо меоранд, ҷавобҳои ҳамсинфонашонро пурра намуда, мавриди баёни мавзӯи нав ва мустаҳкамкунии он хушфаҳмӣ зоҳир менамоянд, дар охири машғулият ба онҳо ҳам муаллим метавонад баҳо монад. Ин тарзи кор фаъолияти шогирдонро тақвият медиҳад. Баъзе муаллимон барои ба машғулият фаъол гардонидани хонандагон ба ҳар як ҷавоби мушаххасу саҳеҳи хонанда як балл муайян мекунад ва агар он хонанда дар давоми дарс ду ё се балл баҳо гирад, дар навбати пурсиши худаш он баллҳоро ба инобат мегиранд. Ва, агар хонанда 5 балл гирад, дар ҳамон дарс ба вай баҳои «5» мегузоранд. Ин тарзи корбарӣ низ қобили қабул аст.

Корҳои контролӣ. Корҳои контролӣ яке аз методҳои муфиди санҷиш ва баҳогузории умумӣ ба дониш, маҳорат, малакаҳо ва қобилияти эҷодии хонандагон ба шумор мераванд. Баъди омӯхтани мавзӯъҳои алоҳида ё бахшҳои барномаи таълимӣ муаллим кори хаттӣ ё контролӣ мегирад ва бо ҳамин роҳ дониши хонандагонро месанҷад ва арзёбӣ мекунад. Мавридҳои гузорандини корҳои котролӣ ба талаботи дидактикии зайл риоя карда мешавад:

Корҳои контролӣ ҳамон вақт гузаронида мешаванд, ки хонандагон маводи муайяни гузаштаро дуруст азхуд карда бошанд. Дар акси ҳол ба ҷои кори контролӣ дигар чорабиниҳои мустаҳкамкунии донишро гузаронидан лозим аст.

Як – ду ҳафта пеш аз гирифтани кори контролӣ хонандагонро огоҳ кардан ва корҳои тайёрии марбут дидан шарт аст, то ки онҳо мавзӯъҳои гузаштаро такрор хонанд, мисолу масъалаҳоро ҳал карда омодагӣ гиранд.

Мазмуни кори контролӣ бояд қоидаҳои асосии маводи гузаштаро фаро гирад ва дар он масъалаҳоеро  ҷой додан лозим аст, ки халлу фасли онҳо аз хонандагон зоҳир намудани зиракиву эҷодкориро тақозо намояд.

Мавриди гузаронидани корҳои контролӣ мустақилӣ таъмин карда шавад, ба луқмадиҳӣ ва кӯчондагирӣ роҳ дода нашавад. Барои ин интихоби вариантҳои ба ҳам монанд аҳамияти калон доранд.

Корҳои контролӣ, ҳамчун қоида, бояд нимаи аввали ҳафта, дар дарсҳои дуюму сеюм гузаронида шавад. Дар дигар мавридҳо бо сабаби хасташавии хонандагон натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Инчунин дар як рӯз ду кори контролӣ гирифтан мумкин нест.

Муаллим вазифадор аст, ки корҳои контролиро бодиқкат тафтиш кунад ва холисона арзёбӣ намояд, инчунин сифати иҷрои онҳоро таҳлил кунад, хатоҳои содиркардаи хонандагонро тасниф намуда, дар бартарф намудани хатоҳои типикӣ чорабаниҳо андешад.

Санҷиши корҳои хонагии хонандгон. Барои баланд бардоштани сифати азхудкунии донишҳо ва санҷидану баҳогузорӣ корҳои хонагии хонандагон аҳамияти калони дидактикӣ дорад. Аз иҷрои корҳои хонагӣ ба омӯзиш чӣ гуна муносибат доштан ва дараҷаи мустақилона коркунии  хар хонандаро муайян кардан мумкин аст. Санҷиши корҳои хонагӣ қариб дар ҳамаи дарсҳо ба ин ё он шакл сурат мегирад. Аз ин шакл дафтарҳоро ҷамъ карда гирифта, бодиққат тафтиш кардани муаллим хеле натиҷабахш аст. Корҳои хонагии шогирдони сустхонро мунтазам санҷида истодани муаллим натиҷаи хуб медиҳад. Дар иҷрои корҳои хонагие, ки чандин хатои умумӣ кардаанд, дар хузури умум ислоҳ намудан аз фоида золӣ нест.

Назорати барномавӣ. Дар системаи санҷиши донишҳои хонандагон аз назорати барномавӣ, ки методи алтернативӣ (фр. alternative, аз лот. alter – аз ду яке) ё методи интихобӣ ҳам меноманд, низ истифода бурда мешавад. Моҳияти метод аз он иборат аст, ки ба хонандагон саволҳое дода мешаванд, ки ҳар кадом се – чаҳор ҷавоб дошта, фақт яке аз онҳо дуруст аст. вазифаи хонандагон – интихоби ҷавоби дуруст. Чунончи, дар забони модарӣ кадоме аз калимаҳо исми хосанд ва бояд бо ҳарфи калон навишта шаванд, дар зераш хат кашед: кӯҳ, чашма, дарё, вахш, дара, ҷӯйбор, помир, кӯл. Чандин чунин саволҳо ба аҳли синф пешниҳод мегардад ва дар муддати кӯтоҳ дониши талабагон санҷида мешавад. Ҷиҳати муфидии ин метод фақат дар ҳамин аст. бо ёрии он танҳо тарафҳои алоҳидаи маводи омӯхташуда санҷида мешаваду бас.

Ҳамин тавр, ҳамаи методҳои зикршудаи саҷиш ва баҳодиҳии дониш дар системаи омӯзиш қобили қабул аст.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *