Хелҳои омӯзиш

Системаҳои дидактикӣ бо гузашта ҳеҷ гоҳ бедарак намешаванд. Онҳо ғизои ғоявӣ гирифта, бештар тағйир ёфта, ба талаботи даври прогрессивии ва система ҳамоҳанг мегарданд, ки дар решаи онҳо аломатҳо боз нигоҳ дошта мешаванд. Масалан, «Системаи педагогии илмӣ» – и Гербарт, ки дар натиҷа анъанавӣ гашт, ба худ унсурҳои пешинаи дидактикии Коменский, ҳамчунин бештар системаи гузаштаи догматикӣ ва схолостикиро ҷаббида буд. Дидатикаи «прогрессивистика» – и Дьюи ҳам бе такяи дидактикии анъанавӣ, ҳамчунин барномакардашуда ё омӯзиши ҳозираи компютерӣ, беасоси гузоштаи анъанавӣ, прогрессивистикӣ ва дигар системаҳо ҷой гирифта наметавонистанд. Пайдарпаии системаҳои дидактикӣ ин қонунияти умумии инкишофи назария ва амалияи омӯзишанд.

Ҳар системаи дидактикӣ дар зиндагӣ технологияи амалии навъи омӯзиши худро меорад. Системаҳо рад карда намешаванд, вале тадриҷан бештар таҳаввулоту такомулот меёбанд ва дар ҳамин вақт амалан дар чандин намуди омӯзиш таҷриба ҳам карда мешаванд. Истифодабарии онҳоро педагогҳо рад накарда, дар шароити худ аз онҳо муфидона баҳраманд гашта, аз ноилгардии давраи пештараи инкишофи қобилияти назария ва амалияи омӯзишро нигоҳ дошта, ба қабули нави ғояҳо омода мегарданд. Зеро дар омӯзиши схоластика ҳам ҷиҳатҳои муфид буд, ки то ҳол дар мактаб арзи вуҷуд доранд. Як қатор бартариро дар омӯзиши анъанавӣ ва дигар системаҳо ҳам дидан мумкин аст.

Дар мактаби муосир се намуди нисбатан ҷудогона ва бо аломатҳои худ фарқкунандаи омӯзиш истифода бурда мешавад: омӯзиши эзоҳию тасвирӣ, ки анъанавии хабардиҳӣ ё муқаррарӣ низ ном мебаранд; проблемавӣ; барномашуда ва дар асоси он омӯзиши компютерӣ ё компютеронии тараққикардаистода.

Педагогҳо бемайлон дар ҷустуҷӯи навъи омӯзише мебошанд, ки камбудиҳоро бартараф кунанд. Ҳоло намунаи чунин омӯзиши идеалӣ мавҷуд аст, ки ҷои сустӣ надорад. Дар ин ҷода кӯшиш карда мешавад, ки афзалияти тамоми системаҳои дидактикӣ пайваста карда шаванд. Чунин навъи фаръии нави омӯзиш пайдо шуд ва ҳоло амалан ба ин тариқ истифода бурда мешаванд: омӯзиши эзоҳӣ, проблемавӣ барномавӣ, компютеркунонӣ ва дигарҳо.

Бартарӣ ва камбудиҳои намудҳои ҳозираи омӯзишро дар асоси як қатор меъёрҳои муҳим муқоиса мекунем.

Омӯзиши эзоҳию тасвирӣ. Эзоҳӣ вобаса бо аёният – методи асосии омӯзиш, гӯшкунӣ ва азёдкунӣ – намуди барандагии фаъолияти талабагон, вале бехато айнан такрор кардани чизи омӯхташуда – талаботи асосӣ ва меъёри муҳими натиҷабахшӣ. Ин гуна омӯзишро боз анъанавӣ меноманд, вале на ба мақсади фарқ кардани он аз намудҳои дигари муосир, аммо барои таърихи дарозмуддати вуҷуддоштани он дар тағйирёбии гуногун. Ин намуди омӯзиши қадимӣ, моҳияташро гум накарда, дар мактаби муосир бо шарофати ба он илова кардани воситаҳои нави донишҳо ва намудҳои нави аёнияти органикӣ ҳамроҳӣ ёфт. Омӯзиши эзоҳӣ – тасвирӣ як қатор афзалиятҳост. Он вақтро сарфа мекунад, қувваи муаллим ва талабаҳоро муҳофизат менамояд, фаҳмиши мураккаби дониши онҳоро сабук мегардонад, ба қадри кифоя самарабахшии идоракунии равандро таъмин менамояд. Аммо бо баробари ин бартариҳо камбудии калони он ба донишҳои «тайёр» амал кардан ва озод будани талабагон аз зарурати мустақилона ва сермаҳсул фикркунӣ аснои азхудкунӣ, инчунин ғайри имконияти фардикунонӣ ва тафриқавии раванди таълимӣ мебошад.

Омӯзиши проблемавӣ. Хусусиятҳои хос ва сабабҳои пайдоиши он кайҳое муҳокима шуда буданд. Омӯзиши проблемавӣ бо роҳи мустақилона ҳосил кардани донишҳо дар ҷараёни проблемаҳои таълимӣ, инкишофи эҷодии тафаккур ва фаъолияти фаҳмидагирии талабаҳо фарқ мекунад. Технологияи омӯзиши проблемавӣ бо вариативии махсус фарқ карда намешавад, чунки талабагон дар фаъолияти фаъоли фаҳмидагирӣ ба як қатор давраҳое, ки бояд пай дар пай ва комплексона амалӣ карда шаванд, такя мекунанд. Давраи муҳими омӯзиши проблемавӣ барпо кардани вазъияти проблемавӣ, ки ҳисси фикркуниро ба худ мегирад. Проблемаи таълимӣ, ба лаҳзаҳои пайдошавии вазъияти поблемавӣ меорад, бояд мушкилии алоқадри ҳол бошад. Муқаддима бо фаҳмидагирӣ давраи аввали он ба охир мерасад. Давраи дуюм ҳалли проблема («пӯшида») талабагон донишҳои доштаи худро нисбати масъалаи мазкур истифода мебаранд, донишҳои нопурраашонро саҳеҳ мегардонанд. Давраи сеюм («ифшо») бо ҳар роҳ ба ҳалли проблема мекӯшанд. Он бо пайдоиши «равшанӣ» хотима меёбад. Сипас давраи ҳалли проблема, санҷиши натиҷа, муқоиса ба ҳолати фарзия, системакунонӣ ва ҷамъбасти дониш, маҳорати ҳосилшуда сурат мегирад.

Бартарии омӯзиши проблемавӣ худ маълум: мустақилона ҳосил кардани донишҳо бо роҳи фаъолияти эҷодии шахсӣ, шавқи баланд ба меҳнати таълимӣ, инкишофи маҳсулнокии тафаккур, устувор ва амалан иҷро кардани натиҷаҳои омӯзиш. Камбудии он – сустии идоракунии фаъолият фаҳмидагирии талабаҳо, сарфи вақти зиёд.

Омӯзиши барномашуда. Номи худро аз истилоҳи «барнома» («программа»), ки аз луғати техникаи ҳисоббарори электронӣ иқтибос шуда, маънои амалиёти системаи пай дар пай иҷрошавии натиҷаҳоро пешакӣ ба нақша мегирад,ифода мекунад. Мақсади асосии омӯзиши барномашуда (ОБ) – беҳтар гардонидани идоракунии раванди таълим. Он аввали солҳои 60 – уми асри гузашта дар асоси ғояҳои нави дидактикӣ, психологӣ ва кибернетика ба вуқӯъ омад. ОБ амалиёти худро дар асоси технологияи раванди таълим барои назорат кардани ҳар қадами пешравии талабагон нисбати дарк кардани донишҳои азхудкарда, ба онҳо сари вақт ёрирасонӣ ва осон кардани дигар мушкилотҳо равона кард. Оғози ОБ аз дидактикаи амрикоӣ сарчашма гирифта, бо саъю кӯшиши самарабахши уламои ҷаҳон такомул ёфтааст.

Хусусиятҳои ОБ аз инҳо иборат:

маводи таълимӣ ба қисматҳо ҷудо карда мешавад;

раванди таълим аз пайдарҳамии мазмуни донишҳо ва амалиёти фикрии ҳазмкунии онҳо иборат аст;

ҳар қадом бо назорат (саволҳо, супоришҳо ва ғ.) хотима меёбад;

баъди иҷрои дурусти супоришҳои контролӣ талабагон қисми нави маводро мегиранд ва омӯзиши минбаъдаро иҷро мекунанд;

аснои ҷавоби нодуруст хонандагон ёрӣ ва шарҳу баёноти иловагӣ мегиранд;

ҳар талаба мустақилона кор мекунад ва маводи таълимиро мувофиқи тавоноиаш азхуд менамояд;

натиҷаи иҷрокардаи ҳамаи супоришҳои контролӣ ба назар гирифта мешавад, онҳо ба талабагон ҳам (ҳамчун алоқаи бозгашти ботинӣ) ба педагог ҳам (алоқаи бозгашти зоҳирӣ);

педагог ҳамчун ташиклкунандаи омӯзиш ва ёридиҳанда баромад карда, муносибати фардикунониро ба ҷо меорад;

дар ҷараёни таълими ОБ хусусияти васеъ истифодабарии воситаҳоро дорад (китоби дарсии омӯзиши барномавӣ, дастгоҳи машқ, сохтори назоратӣ, мошинҳои омӯзандагӣ).

Мошинҳои омӯзиши муосир сатҳи омӯзандагӣ ва имконияти бо онҳо коркунии талабаҳоро зуд барқарор мекунад, бо он созгор мегардонад. Чунин барномаи худмувофиқсозӣ адаптатсияшуда ном мегирад. Барномаҳои муосири омӯзиш бештар бо роҳи аралашкунӣ (комбинатсионӣ) нақшавӣ сохта шудаанд.

Омӯзиши компютерӣ. Нисбати амиқтар кушода додани қонунияти омӯзши инсоният дар дидактикаи ҷаҳонӣ, ҳамчун прогресси пуравҷ дар соҳаи инкишофи шахсӣ мошинҳои ҳисоббарори эелектронӣ педагогҳоро ба технологияи нави омӯзиши компютерӣ (компютеркунонӣ) овард, ки дар ҳамаҷониба азнавсозии раванди таълимию тарбиявӣ нақши басо муҳим мебозад. Маълум шуд, ки компютерҳо, таъминкунандаи махсуси бо барнома омӯзандагон, самаранок мувофиқаткунӣ баҳри ҳалли қариб ҳамаи вазифаҳои дидактикӣ – нишон додани ахборот, идора кардани рафти омӯзиш, назорат ва ислоҳи натиҷаҳо, иҷрои машқҳои омодашавӣ, захиракунии маълумотҳо дар бораи инкишофи раванди таълим ва ғайра. Дар кишварҳои тараққикардае, ки дар омӯзиш аз компютер васеъ истифода бурда мешавад, самти асосиро самарабахшии МЭҲ ташкил мекунанд. Дар онҳо ду муҳимият дида мешавад; 1) болоравии азхудкунӣ аз фанҳои таълимии алоҳидаи (математика, фанҳои табиатшиносӣ, забони модарӣ ва хориҷӣ, ҷуғрофия ва ғ.) ба натиҷаҳои раванд нигаронидашуда; 2) инкишофи умумии қобилият – ҳалли вазифаҳои гузошташуда, мустақилона фикркунӣ, азхуд кардани малакаҳои робитавӣ (ҷамъкунӣ, таҳлил, синтези ахборот), яъне такя кардан ба раванде, ки дар асоси ташаккули ину он малака мебошад. Ба ғайр аз ин комютерҳо барои санҷиш (тестонӣ) – и автоматикӣ, баҳогузорӣ ва идоракунӣ, ки ба фориғшавии вақти омӯзгор ва дар ҳамин қатор самарабахшии раванди педагогиро баланд мебардорад, имкон медиҳад, васеъ истифода бурда мешавад.

Барномакунӣ ва ба пешвози он баромадани омӯзиши компютерӣ тибқи ҷудокунии алгоритмҳои омӯзиш асос мегиранд. Алгоритм ҳамчун система амалкунандаи пайдарҳамӣ ба дурустии натиҷаҳо мебарад, талабаҳоро ба пайдарҳам иҷрокунии фаъолияти таълимӣ, зарурияти пурарзиши азхудкунии дониш ва маҳорат ҳидоят мекунад. Пеш аз он ки барномаи таълимӣ тартиб дода шавад, бояд алгоритми иҷрои амалиёти фикркунӣ ва амалиёти омӯзишро кор кард, то ки МЭҲ идоракунии раванди омӯзишро дуруст бурда тавонад. Самарабахшии барномаи таълимӣ ва тамоми омӯзиши компютерӣ пурра аз сифати алгоритмҳои идоракунии амалиёти фикркунӣ вобаста аст. Тартибдиҳии алгоритми бад сифати омӯзиши компютериро тез паст мекунад.

Сохти дидактикии адаптивии барномаи омӯзиш дар нақшаи 22 пешниҳод карда мешавад.

Агар талабаҳо вазифаи (Di) – ро дуруст иҷро кунанд, он гоҳ он бо роҳӣ мӯҳлати кӯтоҳтарини ихтисоркунии омӯзиш мебарад. Мавриди хатоҳои гуногун (дар назария, забон ва ғ.) бо талабагон фаҳмонидан, ёрии иловагӣ (П1, П2, П3 ва ғ.) мегиранд, вале дар зарурият ва супоришҳои ёрирасон (Di + 1. Di + 2), баландшавии эҳтимолии дурустии ҷавоб, роҳи хеле дарози вақти омӯзиш мегарданд. Охируламр ҳамаи хонандагон ҷавобҳои дуруст медиҳанд, ки ин аз босифат иҷрошавии супориш кафолат медиҳад, вале ҳар талаба нисбати ин натиҷа бо роҳи худ ноил мегардад.

Дар синфҳои намунавии компютерии мактаб дар базаи ҳисобмошинҳои электронии шахсӣ (ҲМЭШ) аз маркази ҲМЭШ, ки дар ҷои кории омӯзгор ва ғайримарказӣ аз дувоздаҳ – понздаҳ ҷои кории талабаҳо иборат аст, машғулият оғоз мегардад ҲМЭШ марказӣ ва ҷои кории талбагон дар як шабакаи маҳаллӣ (сети локалӣ) меистанд. Одатан бо мошинҳои марказӣ барои ҳама барнома бор мекунад, ки баъди ин ҳар талаба мустақлона бо он кор мебарад. Муаллим метавонад бо ҳар ҷои корӣ алоқа барбандад ва равиши таълимиро таҳлил кунад.

Сифати омӯзиши компютерӣ бо ду амали асосӣ қайд карда мешавад: 1) сифати барномаи таълимӣ ва 2) сифати техникии ҳисоббарор. Ва дар ину он соҳа имрӯзҳо проблемаҳои аҳамиятнок арзи вуҷуд доранд. Вале барномаи хубу самарабахше, ки зимни баҳисобгирии қонунияти раванди фаҳмидагирии талабагон кор карда шуда бошад, ҳоло кам аст, тартиб додани онҳо вақти зиёд ва қувваи мутахассисонро талаб мекунад. Тадриҷан парки МЭҲ васеъ ва такомулот меёбад ва дар ин соҳа аз сатҳи умумиҷаҳонӣ ақибмонӣ холо бартараф нашудааст.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.