Шаклҳои омӯзиш

Шаклҳои ташкили тадрис – ин ифодаи зоҳирии фаъолияти якҷоя мутобиқкардашудаи муаллим ва толибилмон нисбати иҷрокунии тарзи муайяни омӯзиш дар тартиби рӯз. Шаклҳои омӯзиш вобастагии иҷтимоӣ доранд, ба воситаи инкишофёбии системаҳои дидактикӣ пайдо шуда, такомулот меёбанд. Шаклҳои ташкилкунии омӯзиш ба меёри гуногун таснифот карда мешаванд: миқдори талабаҳо; ҷои таълим, давомнокии машғулияти таълимӣ ва ғайра дар гурӯҳи аввали меъёри шаклҳои омӯзиши оммавӣ, коллективӣ, гурӯҳӣ, микрогурӯҳӣ ва инфиродӣ дохил мешаванд. Нисбати ҷои омӯзиш шаклҳои мактабӣ ва беруназмактабӣ шомил мегарданд. Ба аввалин машғулиятҳои мактабӣ (дарсҳо), кор дар устохона, дар қитъаи таҷрибавии наздимактабӣ, дар лаборатория ва ғайра, вале ба дуюм – корҳои мустақилонаи хонагӣ, саёҳат, машғулият дар муассисаҳо ва ғайра.

Омӯзиш дар марҳалаҳои инкишофи таърихии худ шаклҳои ташкилии гуногунро сипарӣ намудааст. Дар замонҳои хеле қадими инкишофи ҷамъияти инсонӣ омӯзиш табиатан ба фаъолияти меҳнатии одамон пайваста бурда мешуд. Кӯдакон ба касбу ҳунарҳои истеҳсолӣ ва маишии калонсолон пайравӣ намуда, ин ё он фаъолиятро меомӯхтанд ва баъди азхуд кардани касби одами ҳунарманд вазифаи омӯзишро адошуда медонистанд. Ин шакли тақлидии омӯзиш ҳоло ҳам арзи вуҷуд дорад.

Бо мурури замон дар натиҷаи мураккабшавии фаъолияти меҳнатӣ ва инкишофи донишҳо вазифаи азхудкунии таҷрибаи наслҳои калонсол шаклҳои махсуси ташкили омӯзишро тақозо намуданд, ки ин боиси пайдоиши мактбҳо шуд. Дар мактабҳои асримиёнагӣ шакли фардию гурӯҳии омӯзиш хукмфармо буд. Дар ин шакли таълимӣ омӯзгор ё дар хонаи худ ё дар хонаи кӯдак сабақ меомӯхт. Дар шароити Тоҷикистон мактабҳои назди масҷид кор мекарданд, ки омӯзгор ба гурӯҳ сабақ меомӯхт, вале бо ҳар кадом алоҳида – алоҳида. Зеро синну сол ва дараҷаи дониши кӯдакон гуногун буд. Бачаҳо ба мактаб дар вақтҳои гуногун супорида мешуданд, яъне ба маънои ҳозирааш дарс ва синф вуҷуд надошт. Ин шакли таълимии фардию гурӯҳӣ дар мактабҳои мамолики мусулмонӣ, аз ҷумла дар Тоҷикисон то солҳои 20 – уми қарни XX, вале дар дигар кишварҳо аз асри XVIII давом дорад.

Тараққияёти истеҳсолот ва ҳаёти маънавии ҷомеа дар қарни XVI бачаҳоро ба шакли таълими оммавӣ ҳидоят намуд. Ва дар асри XVII аз ҷониби педагоги барҷастаи чех Я. А. Коменский системаи синфӣ ё дарси синфӣ тавассути китоби «Дидактикаи бузург» (1632) кашф карда шуд. Аз тарафи Я. А. Коменский аз ҷиҳати илмӣ – назарӣ асосонидани ин системаи таълимӣ воқеаи бузурги ҷаҳонӣ буд. Дар ин шакли оммавии таълим талабагон мувофиқи синну сол ва дараҷаи донишашон ба гурӯҳҳои махсус (синфҳо) ҷудо карда омӯзонида шуданд. Машғулиятҳо дар тамоми гурӯҳ дар як маврид мегузашт. Ба мактаб омадани толибилмон дар вақти муайяни сол низом гирифт ва соатҳои машғулият пешакӣ муайян карда шуданд. Ҳамин тавр, шакли омӯзиши синфи дарсӣ дар илми педагогика мафҳумҳои нави зайлро низ тавлид намуд: соли таҳсил, рӯзи таҳсил, дарс, танаффуси байни машғулиятҳо, чорякҳо, таътилҳо ва ғайра.

Татбиқоти кунунии омӯзиш донистан ва самарабахш истифода бурдани шаклҳои гуногуни ташкили таълимро тақозо мекунад. Истилоҳи «шакл», чунонки гуфта шуд, маънои суроб, намуди берунаи чизеро ифода мекунад. Пас, шаклҳои таълимӣ ҳамчун категорияи дидактикӣ тарафи зоҳирии ташкили раванди таълим, ки ба теъдод, вақт ва ҷои таълимгирандагон, инчунин ба тартибу татбиқи он вобастагӣ дорад, фаҳмида мешавад. Яъне муаллим метавонад бо гурӯҳи мактабиён ва ё бо як нафар (дар мавридҳои зарурӣ) сабақ диҳад.

Шаклҳои ташкили таълим, ба ғайр аз ифодаи зоҳирӣ ба тарафи дохилӣ, яъне мазмуни худ низ вобастагӣ дорад. Аз ин нигоҳ як шакли таълимӣ мувофиқи вазифа ва методҳои таълимӣ метавонад ба чандин сохти дохилии шакл хизмат кунад. Аз ҷумла шакли саёҳат, дар баъзе мавридҳо барои омӯзонидани мавзӯи нав ва дар дигар маврид барои мустаҳкам кардани маводи дарс истифода бурда мешавад. Ин ҷо саёҳат як шакли зоҳирию ду тарафи дохилӣ мегирад.

Модоме, ки дарс дар мактаби муосир шакли асосии ташкили кори таълимию тарбиявӣ ба шумор меравад, он чунин таъриф гирифтааст: дарс машғулияти 35 – 45 дақиқагиест, ки аз тарафи муаллим бо синф бурда мешавад. Синф гуфта, гурӯҳи доимии талабагон, синну сол ва дараҷаи донишашон якхеларо меноманд. Дар қатори дарс дигар шаклҳои таълимӣ ҳам истифода бурда мешавад: саёҳат, корҳои амалӣ дар қитъаи таҷрибавии мактаб, устохона; дар синфҳои боло лексияи мактабӣ, семинар, практикум, факултатив, мусоҳиба, корҳои хонагӣ, маҳфилҳо ва ғайра.

Дертар барои тағйирдодани системаи дарси синфӣ шаклҳои дигари ташкили таълим низ пайдо шуданд.

Соли 1798 системаи таълими ҳамкории белл – ланкастеравӣ ба миён омад. Он чунин номро аз барпокунандагони худ: рӯҳонии англис А. Белла ва муаллим ДЖ. Ланкастера гирифта аст. ин системаи таълимӣ дар як маврид дар Англия ва Ҳиндустон истифода бурда шуд: дар шароити кам будани муаллимон хонандагони калонсол аввало таҳти роҳбарии муаллимон маводи таълимиро омӯхта, сипас, баъди гирифтани дастур рафиқони хурдсоли худро меомӯхтанд. Аммо ин система васеъ паҳн нашуд, зеро он тайёрии зарурии хонандагонро таъмин карда наметавонист, чунки хеҷ гоҳ хонанда ҷои муаллими боихтисосро гирифта наметавонад.

Соли 1905 дар шаҳри Далтони ИМА бо ташаббуси муаллима Елина Паркхерст системаи таълимии фардикунонидашуда – нақшаи далтонӣ таъсис ёфт. Ин системаро лабораторӣ ё системаи устохонагӣ низ меномиданд. Чунки талабаҳо ба ҷои синфҳои анъанавӣ дар устохонаҳои фанни супориши аз муаллим гирифтаашонро мустақилона иҷро мекарданд. Нақшаи умумӣ ва ҷадвали дарсҳо набуд. Машғулиятҳои коллективонаи ҳаррӯза яксоатӣ мегузашт. Дар дигар мавридҳо хонандагон маводро мустақилона меомӯхтанд ва аз иҷрои ҳар мавзӯи фан ба муаллим ҳисобот медоданд. Нақшаи далтонӣ хонандагонро ба шитобкорӣ меовард, нақши муаллимро паст мекард ва таълими устувор намедод. Аз ин рӯ он қобили қабулу истифода нашуд.

Дар нимаи аввали асри XX дар заминаи прогматизм (юн. progmatos – кор, амал) дар ИМА ба ном омӯзиши системаи лоиҳавӣ (проектная система) ҷорӣ карда шуд, ки «методи лоиҳавӣ» низ ном мебурданд. Мувофиқи ақидаи муаллифони он бояд дар асоси омӯзиш фаъолияти ташкили амалӣ ҷой дода шавад. Ин системаи омӯзиш аз роҳи мунтазам ва чуқур азхуд кардани асосҳои илм баромада, кӯтоҳназарона фаъолияти асосиро ба ҳосил кардани маҳорату малакаҳои оддитарини меҳнатӣ нигаронида буд.

Солҳои 20 – ум барои дар мактаби шӯравӣ ҷорӣ кардани системаи лоиҳавии омӯзиш ва нақшаи далтонӣ кӯшиш ба харҷ дода шуданд, аммо зуд камбудиҳои педагогии онҳоро ошкор намуданд ва аввали солҳои 30 – юм истифодабарии онҳо боз дошта шуд.

Системаҳои таълимии ғайриқобили мақбули дигар ҳам пайдо шуданд, аммо ягонтаи онҳо ҷои системаи дарси синфиро гирифта натавонистанд, он устувор баромад, такмил ёфт.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.