Талабот ба дарси муосир

Дар раванди омӯзиши ибтидоӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсил, тарбия ва инкишофи шахсияти мактабиёни хурдсол бағоят аҳамияти калон дорад. Чунки тарбия дар хурдӣ нақшест бар санг. Дарс дар ташаккули сифатҳои муфиди кӯдакон нерӯи таконовари беҳамтост. Аснои ҳар дарс вазифаҳои маълумотдиҳӣ, тарбиявӣ ва инкишофдиҳӣ ба дараҷаи муайян иҷро карда машеванд.

Бинобар ин ҳар дарс бояд тибқи дархости принсипҳои илмӣ, системанокӣ, дастрасӣ, шууронагӣ ва фаъолонагӣ, баҳри устувор азхуд кардани донишҳо бо назардошти ба инобатгирии хусусиятҳои инфиродии талабагон тақдим карда шавад. Дарс дар омӯзиши маводи барномаи таълимӣ мавқеи муайян дорад. Бояд ҳангоми азхуд кардани ҳар мавзӯъ системаи дарсҳо ва тамоми мазмуни фанни таълимиро донист.

Ҳар дарс интихоби ба худ хоси метод ва усулҳои омӯзишро тақозо мекунад. Бо роҳҳои гуногун омӯзонидани мавод дар дарс, хусусан дар синфҳои ибтидоӣ, аз тарафи муаллим пешакӣ ба назар гирифтани система ва низоми муайянро талаб мекунад, зеро дар рафти дарс худсарона иваз кардани метод ва усулҳои баёни мазмун мумкин нест, барои он ки ягонагии сохти мантиқии дарс вайрон мешавад. Талабагон маводи таълимиро ҳамон вақт бо осонӣ азхуд мекунанд, ки муҳокимаи муаллим система  ва низоми ҷиддӣ дошта бошад.

Дарси замонавӣ ба ҳар васила хусусияти эҷодӣ ва ҷустуҷӯӣ дорад, муаллим тибқи метод ва усулҳои беҳтарин шавқмандии дарсро таъмин мекунад; алоқамандии байни фанҳо, алоқадорӣ бо ҳаёт, меҳнат ва таълими политехникӣ ва фаъолияти беруназтаълимиро таъмин намуда, ба хусусияти тарбиявӣ гирифтани машғулиятҳо эътибор медиҳад.

Муаллими синфи ибтидоӣ мақсаде, ки аз талаботи барномаи таълимӣ сар мезанад, дақиқ муайян карда, барои ба мақсад ноил гаштан асбобҳои аёнӣ, воситаҳои техникӣ, карточкаҳои санҷишӣ ва ғайраҳоро тайёр мекунад. Сипас бо мисолҳои ҳаётӣ мазмуни дарсро ба нақша мегирад, конспект мекунад. Ҳатто муаллимони ботаҷриба ҳам омодагӣ гирифта, тибқи нақша ба дарс шурӯъ мекунанд.

Дар мактаби ибтидоӣ хусусан зоҳир намудани ташаббускорӣ, образнокӣ, эҷодкории муаллим ҳини гузаронидани дарс ниҳоят зарур аст.

Барои кӯдакони хурдсоли мактабӣ муҳимаш он ки маводи таълимиро худашон омӯхтан хоҳанд ва барои он ки ба онҳо мавод шавқовар бошад ва онҳоро аз ҳад зиёд хаста накунад, дарс бояд ҳаяҷоновар, ба таври проблемавӣ, ҷустуҷӯи эҷодӣ ифода ёбад, «баҳс дошта бошад» (таъкиди М. Луфтуллоев). Дарсҳои якрангу якқолибӣ талабагонро нафақат дилгир мекунад, инчунин ба ғайри шуурона азхудкунии мавод тела медиҳад.

Аз ҳама муҳимаш он аст, ки мазмуни маводи дарсро ҳамаи хонандагон бояд ҳазм кунанд. Баъзан чунин мешавад, ки ин ё он хонандаи хурдсол суст мехонад, ба дарс эътибор намедиҳад, вале муаллим пай намебарад. Дар чунин ҳолат муаллим бояд ҳассос бошад. Бо саволу ҷавобҳо чиро фаҳмидан ва чиро нафаҳмидани онҳоро муайян кунад. Яъне дар шакли коллективии таълим бо назардошти хусусиятҳои фардии хонандагон фардикунонии дарс ба инобат гирифта шавад. Хонандагони синфҳои болоӣ ҷоҳои нафаҳмидаашонро мавриди корҳои мустақилона фаҳмида метавонанд, аммо барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ мададгории муаллим ҳатмист. Зеро онҳо ҳоло қобилияти мустақилона дарккуниро надоранд.

Барои ба машғулиятҳои таълимӣ ҷалб намудани диққати шогирдон, пеш аз ҳама, интизоми аҳли синфро бояд таъмин кард. Барои ҷорӣ намудани интизом на дӯғу даранг, на зулму сиёсат, балки шафқату рӯҳафзоӣ бояд. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ нисбати шогирдон муҳаббати бепоён доштани муаллимро дар байти зерини худ таъкидкунон васл кардааст:

         Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,

         Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гузерпойро.

Ин ҷо калимаи «ҷумъа» рӯзи истироҳатӣ – кишварҳои мусулмониро ифода мекунад. Бо ин шоир таъкид кардааст, ки агар дарси муаллим бо муҳаббат ва пур аз шодиву дилҷӯӣ гузурад, натанҳо толибилмон, ҳатто тифлони мактабгурезро рӯзи ҷумъа (истироҳат) ҳам ба мактаб меоварад.

Педагоги барҷастаи рус К. Д. Ушинский низ таъкид карда буд, ки дар дарс бояд ҳазлу шӯҳӣ бошад, вале дарсро ба шӯхӣ табдил додан мумкин нест.

Ҳамаи ин гуфтаҳои фавқулзикр муаллимро ба педагогикаи ҳамкорӣ ҳидоят мекунад, ки он барилова нисбати дастпарварон меҳру шафқат, дили поку мустақилият, навоварию эҷодкорӣ, демократию гуманизми олӣ, хештаншиносию дӯстӣ, одаму одамгариро низ фаро мегирад. Бояд кӯдакон аснои душвориҳои таълиму тарбия «дар симои муаллим боз як шарикдарси худро» дарёбанд. Аммо, чунон ки таҷрибаҳо собит мекунанд, дар педагогикаи ҳамкорӣ омӯзгорро ба тамом мутеи шогирд гардонидан нашояд, муаллим бояд бо серталабии холисонаи худ фарқ кунад. Серталабӣ бошад, дар асоси принсипи пешниҳодкардаи А. С. Макаренко сурат мегирад: ҳар қадаре ба кӯдак талаби зиёд гузошта шавад, вайро бояд ҳамон қадар эҳтиром кард.

Агар талабагон нисбати худ эҳтироми ҳақиқии муаллимро ҳис кунанд, тамоми талаботи педагогии ӯро иҷро мекунанд. Хусусан талабагони синни хурди мактабӣ ба муаллим эътиқоди зиёд доранд, гуфтаҳои ӯ барояшон ҳамчун қонун пиндошта мешавад. Мактабиёни хурдсол, бахусус ҳафтсолаҳо ҳоло худ ва рафиқонашонро ба тарбия ва азнавтарбиякунӣ майл дода наметавонанд, аз ин лиҳоз ба талабот ва гуфтаҳои содиқонаи муаллим эҳтиёҷ доранд.

Мунтаҳо дар раванди дарс ба замми дархостҳои нишондодашуда, эҷодкорӣ ва навовариҳои муаллим илова гардад, ба бурдбориҳои зиёд умед бастан мумкин аст, чунки аз ин хотир «дарсро асари эҷодии муаллим» гуфтаанд.

Навъ ва сохтори дарсҳо

Дарс ба системаи дарси – синфӣ тааллуқ дошта, як шакли асосии дастаҷамъии (коллективонаи) ташкили таълим аст ва он таҳти раҳнамои муаллим дар як муддати муайян (барои синфҳои I – II 35 ва барои синфҳои дигар 45 дақиқа) мувофиқи ҷадвали муқарраршуда бо синф бурда мешавад.

Азхудкунии донишҳо, ташаккули маҳорат ва малакаҳо зимни дарсҳо ҳосил мегардад. Вазифаҳои гуногун, роҳҳои тарзу шаклҳои омӯзиши маводи таълимӣ, гуногунии навъҳои дарсро талаб мекунад. Гуногунии хелҳои дарс дар шароити мушаххаси таълим ба мақсад мувофиқ интихоб намудани навъи дарс ёрӣ мерасонад. Ҳар навъи дарс сохт ва хусусиятҳои муайяни худро дорад, ки ба муаллим барои дуруст фаҳмондан, мустаҳкам кардан, такрор намудани маводи таълимӣ ва ҳазмкунии онҳоро зери назорат гирифтан мадад мерасонад. Аммо дар илми педагогика таснифоти ягонае, ки ҳамаи варианти имкониятҳо ва хели дарсҳоро фаро гирифта бошад, вуҷуд надорад.

Дар китоби «Педагогика» – и зери таҳрири С. П. Баранов ва В. А. Сластенина (1986) навъҳои маъмули зайли дарсҳо оварда шудааст: дарси баёни маводи таълимӣ; дарси ташаккулдиҳӣ ва мустаҳкамкунии маҳорат ва малакаҳо; дарси ҷамъбасткунӣ, такрорӣ, дарси назораткунӣ, санҷиш ва баҳогузорӣ ба дониши талабагон; дарси муштарак (омехта). Аммо дар китоби «Дарс» – и М. Лутфуллоев (Душанбе, 1995), ки ба китобҳои дидактикию педагогии солҳои охир чопшуда такя намуда, навъҳои аз ҳама маълуми дарсҳоро ба таври возеҳу мушаххас нишон додааст, бартарӣ дорад ва қобили дастгирист.

дарсҳои якҷоя ё омехта;

дарсҳои шинос намудани бачаҳо бо маводи нав;

дарсҳои мустаҳкамкунӣ;

дарсҳои ҷамъбаст ва ба низом овардани маводи омӯхташуда;

дарсҳои ташаккул додан ва мустаҳкам намудани маҳорат ва малакаҳо;

дарсҳои санҷиши дониши талабагон, ки дар навбати худ боз ба чор гурӯҳ тақсим мешавад;

а) дарсҳои санҷиши шифоҳӣ;

б) дарсҳои санҷиши таҳрирӣ (хаттӣ);

в) дарсҳои амалие, ки хусусияти санҷишӣ доранд;

г) дарсҳои таҳлили корҳои санҷишӣ (Н. А. Сорокин, «Дидактика», 1974).

Чунин таснифоти дарсҳо ҳаргиз маънои онро надорад, ки онҳо дар таълими ҳамаи фанҳо умумӣ ва ҳатмиянд. Намояндагони фанҳои алоҳида ва методистони дидактикаи хусусӣ дар асоси онҳо метавонанд хелҳои дигари дарсҳоро дар таълими фанни алоҳида пешниҳод кунанд. Чунончи, муаллифи китоби номбурда хусусиятҳои ба худ хоси таълими забони модарии синфҳои ибтидоиро, ки асосан аз се қисми мантиқан бо ҳам алоқаманд, вале аз нигоҳи вазифаҳои дидактикӣ аз ҳамдигар фарқкунандаро (таълими савод ва инкишофи нутқ; хониш ва инкишофи нутқ; грамматика ва инкишофи нутқ) ба назар гирифта, навъи дарсҳои ҳар қисмро ба тариқи зайл пешниҳод кардааст.

Навъи дарсҳои грамматика ва имло:

дарси баёни мавзӯи нав;

дарси такрор;

дарси санҷиши дониш, маҳорат ва малака;

дарси ислоҳи хатоҳо;

дарси омехта.

Хели дарсҳои марҳилаи тоалифбо:

дарси инкишофи нутқи шифоҳӣ;

дарси навиштан ё машқи хат;

дарси омехта.

Навъи дарсҳои марҳалаи алифбо:

дарси омӯхтани овоз ва ҳарфи нав;

а) омӯхтани овози нав;

б) омӯхтани ҳарфи нав;

дарси такрору мустаҳкамкунӣ, ки ҳам ба овоз ва ҳам ба ҳарф дахл дорад;

дарси ба ҳисоб гирифтани пешрафи талабаҳо.

Хели дарсҳои марҳалаи баъдиалифбо:

дарсҳои хондан;

дарсҳои навиштан;

дарси ба ҳисоб гирифтани пешрафти талабаҳо.

Сохтори дарсҳо. Дарс аз лаҳза ва унсурҳои мантиқан бо ҳам алоқаманди муайяне иборат аст, ки ҳар яке вазифаи муайян доранд. Пайдарҳамӣ, алоқамандӣ ва вобастагии унсурҳо мафҳуми сохтори дарсро ташкил медиҳанд, ки ба мақсади гузошташуда, мазмуни мавод, метод ва усулҳои таълим, инчунин хусусиятҳои синну сол вобаста аст. Барои мисол мо сохти (лаҳзаҳои) дарси омехтаро зикр мекунем, ки баъзеи унсурҳои он тарҳи умумӣ доранд:

Мавзӯи дарс.

Мақсади дарс ва ифодаи он.

Санҷиши мавзӯъҳои гузашта.

Баёни мавзӯи нав бо тарзи шифоҳӣ, мушоҳида, намоиш, кори мустақилона ва ғайра.

Мустаҳкам намудани дониши нав бо роҳи машқ ва дигар корҳои амалӣ.

Такрори маводи омӯхта бо роҳи сӯхбат.

Санҷиш ва баҳогузорӣ ба дониши талабагон (инҷо санҷиши маводи гузашта, вазифаи хонагӣ ва мавзӯи нав дохил мешавад).

Ҷамъбасти дарс.

Вазифаи хонагӣ ва фаҳмондани он (М. Лутфуллоев. «Дарс», 1995).

Моҳият ва методикаи ҳар лаҳзаи асосии ин навъи дарсро ба таври фишурда шарҳ медиҳем.

М а в з ӯ и   д а р с. Ҳар дарс мавзӯи муайяни худро дорад, ки он асосан аз барномаи таълимӣ сар мезанад. Ба шогирдон пешниҳод мазӯи дарс (ба тарзи хаттӣ, шифоҳӣ ё нақша) ҳатмист, то ки онҳо гап дар бораи чӣ меравад, дарк кунанд, ба ҳазм кардани он омода гарданд.

М а қ с а д и   д а р с. Дар мақсади дарс зикр кардани вазифаҳои дидактикӣ ва тарбиявӣ ҳатмист. Чунки бидуни мақсад ва вазифаҳо фаъолият натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Баёни мақсади дарс барои он ҳам  зарур аст, ки он вазифаҳои маълумотдиҳӣ, тарбиякунӣ ва инкишофдиҳиро адо мекунад.

Л а ҳ з а и   т а ш к и л и. Набояд фаромӯш кард, ки пеш аз мавзӯи дарс ва баёни мақсади дарс тайёр кардани талабагон ба машғулият аҳамияти калони тарбиявӣ ва батанзиморӣ дорад. Чунки маҳсули бор – аз сари кор. Дар ин лаҳза муаллим синфро рӯҳан ба машғулият омода мегардонад, то ки таваҷҷӯҳ ва фаъолияти умум ба он нигаронида шавад. Барои ин, одатан, усулҳои зайлро ба кор мебаранд: а) одоби мулоқот ба ҷо овардан; б) ҳозири гирифтан; в) камбудие мушоҳида шавад, бартараф кардан; г) муттамарказонидани диққати аҳли синф ба маводи таълимӣ. Аз ибтидои шурӯъи кор ба он чизҳое, ки диққати кӯдаконро пароканда мекунанд, набояд роҳ дод, ҳатто ҷадвал, нақша ва харитаҳоро бидуни зарурат аз аввал то охири дарс овехта мондан мувофиқи талаб нест. Аз чунин асбобҳои аёнӣ фақат мавриди зарурӣ истифода мебаранд, дигар вақт аз намоиш дур мекунанд. Омӯзгорони пешқадам дар ин лаҳза аз вақти зиёд сарф кардан худдорӣ менамоянд.

С а н ҷ и ш и   м а в о д ҳ о и   г у з а ш т а. Такрори маводи гузашта танҳо маънои маводи дирӯзаро надорад, балки пайваста ба маводи имрӯза пурсидани маводҳои таалуқдори гузаштаи дур ҳам дар назар дошта мешавад. Чунки ба мавқеъ пурсида истодани маводҳои гузаштаи дур нафақат серталабии муаллимро собит мекунад, инчунин хонандагонро водор менамояд, ки бо маводи дирӯза маҳдуд набошанд. Муаллим такрорро тавре бояд ташкил кунад, ки аз он чигунагии тайёрии шогирдон барояш равшан гардад. Агар супориши хонагӣ дода бошад, натиҷаи онро муайян кунад.

Таҷриба ва мушоҳидаҳо собит мекунанд, ки баъзе муаллимон мавридҳои дар дарс ширкат доштани ягон вакил аснои такрорӣ аз бачаҳои пешқадам мепурсанд, ки ин на ҳамеша натиҷаи хуб медиҳад. Бо чунин сохтакорӣ обрӯи хеш ва синфро бардоштанӣ мешаванд. Аммо ин бохти муаллим, бохти захираи психологӣ аст. Ҳолатҳое, рӯй доданд, ки бачаи аълохон чун муаллимаш дар хузури вакил дасту по хӯрда хатоҳо содир кард, хиҷолат кашид, муаллим барои ислоҳи хатоҳои ӯ ба синф муроҷиат кард, аммо ягон кас ҳатто аълочиёни дигар ҳам ҷуръат карда даст набардоштанд. Яъне синф ба дарс фаъол иштирок накард. Ин нуқс аз муаллим сар зад. Чаро ин тавр шуд? Чунки хонандагон хуб медонистанд, ки муаллим дар вақтҳои ҳузур доштани вакил танҳо аз аълочиён мепурсад. Аълочиён ҳар яке дар изтироби «ҳозир аз ман мепурсад», дигарон «на аз ман, аз аълочиён мепурсад» – гӯён бепарво буданд. Ин ҳолат ва ба зимма гирифтани обрӯи синфу муаллим аълохонро ба пешпохӯрии рӯҳӣ овард. Агар муаллим пурсишро аз бачаҳои сустхон сар мекарду аълохонҳоро ҳамчун захираи дилпурӣ нигоҳ медошт, кор ранги дигар мегирифт. Чунки бачаи сустхон ба зимма чизе намегирад, ҳатто «хайр надонам боз як «ду» – и дигар мегирам» – гӯён бепарво мебарояд ва азбаски сустхон аст, хатоҳо содир мекунад. Вақте ки муаллим ба синф муроҷиат мекунад такягоҳ – аълочиён ва ҳатто дигарон ҳам даст мебардоранд, ба дарс фаъол иштирок мекунанд.

Дар лаҳзаи пурсиши маводи гузашта санҷиш ва баҳогузорӣ ба дониши хонандагон як ҷиҳати дарси омехта мебошад. Бинобар ин, моҳияти ин лаҳзаи дарсро ба хонандагон нағзакак бояд фаҳмонд. Ба ин муносибат се қоидаро меорем: а) хонанда бояд ҳис кунад, ки маводи гузашта ҳатман пурсида мешавад ва ӯ бояд бо тайёрии пухта ояд; б) такрор ва санҷиши маводи гузашта мувофиқи фаҳмиши худи хонанда сурат гирад, ки ин воситаи беҳтарини аз нав ҳосилкунии дониш аст; в) такрор ва санҷиши донишҳо, ҳамчун қоида, ба инкишофи нутқи хонандагон мувофиқат кунад. Азбаски нутқ бевосита ба тафаккур алоқамандӣ дорад, дар ҳамин қатор қобилияти фикркунии хонандагонро низ инкишоф медиҳад.

Аксари омӯзгорон дар як дарс аз чор – панҷ талаба мепурсанду халос. Барои аз ин маҳдудият раҳоӣ ёфтан муаллим бояд аз дигар методҳо, чунончи, пурсиши ҷузъӣ, пурсиши муштарак, методи барномашуда ва ғайра, ки дар мавзӯи «Методҳои омӯзиш» муфассал шарҳ дода мешаванд, истифода барад ва ба арзёбии зиёди талабагон муваффақ гардад.

Санҷиши маводҳои гузашта бо натиҷабарии муаллим хотима меёбад. Дар хотима шарҳи баҳоҳои талабагон, камбудиҳо нисбати маводҳои гузашта, супориш ба шогирдони алоҳида ҳатмист.

Б а ё н и   м а в з ӯ и   н а в – лаҳзаи асосии дарс. Мазмуни дарси нав алоқаманд бо мавзӯи гузашта оғоз меёбад. Муаллим мавзӯъро мувофиқи мақсади дидактикӣ, бо «гиреҳи» ногаҳонӣ, далелҳои ҳаётӣ, зеро «дарс оинаи рӯзгор»[1], ва асбоби аёнӣ, агар ба мавқеъ бошад, бо таҷрибаи муфид системанок баён мекунад.

Такроран мегӯем, ки муаллим ба маводи китоби дарсӣ маҳдуд нашуда, бояд маводҳои иловагӣ дошта бошад, то ки дар ҳазми маводи таълимӣ шогирдон ба шавқ омада фаъолона иштирок кунанд.

Баъзе мавзӯъҳои мураккаб дубора фаҳмонданро талаб мекунанд. Аммо баъзе муаллимони синфҳои ибтидоӣ ин корро намекунанд, мавзӯъро як бор баён карда, фавран ба мустаҳкамкунӣ мегузаранд. Дар натиҷа талабагон ба саволҳои муаллим ҷавоб дода наметавонанд, чунки онҳо дар марҳалаи фаҳмидагирии авваланд.

Муаллимони пешқадам ба қонунияти таълимӣ – маърифатӣ риоя намуда, барои пурра азхуд кардани маводи нав шароит фароҳам меоранд, сипас ба пурсиш – мустаҳкамкунӣ мегузаранд. Муаллими навовар В. Ф. Шаталов ва чанде дигарон, ҳамчун қоида, маводи навро ду маротиба мефаҳмонанд: фаҳмидигирии аввал ва азхудкунии минбаъда. Дар чунин ҳолат методикаи ташкили кори таълимии хонандагон дар дарс метавонад чандин вариант дошта бошад:

муаллим ду маротиба мазмуни маводи навро бо ёрии ҳикоя, эзоҳ, сӯҳбат худаш мефаҳмонад ва баъд ба пурсиши хонандагон мегузарад;

муаллим маводи навро тавассути методҳои шифоҳӣ баён мекунад, сипас ба мақсади минбаъд чуқур дарк кардани мавод кори мустақилонаи хонандагон бо китоби дарсиро ташкил менамояд;

муаллим мавзӯъ ва мақсади дарсро муайян мекунад, вазъияти проблемавӣ ба миён меорад ва масъалаҳое, ки бояд хонандагон азхуд кунанд, нишон медиҳад ва баъд кори мустақилона бо китоби дарсӣ ташкил намуда, онро мустаҳкам мекунад;

ба мақсади дарк кардан ва амиқтар омухтани маводи нав аз фанҳои марбут таҷриба ва кори лабораторӣ ташкил мекунад.

Аз гуфтаҳои фавқ шояд чунин савол барояд: дар таҷрибаи оммавии мактабҳо, ҳатто барои як бор баёнкунии баъзе мавзӯъҳо вақт намерасаду муаллимони соҳибтаҷриба ба ду бор баёнкунии он вақтро аз куҷо меёбанд? Онҳо ҳангоми баёни мазӯи нав 2 – 3 ва ё зиёда мавзӯъро пайваста (ҳамгиро), дар як дарс мегузаранд ва бо ҳамин барои минбаъд чуқуртар азхудкунӣ ва вусъат додани донишҳои фаҳмидигирии аввал вақт холӣ мекунанд. Табиист, ки онҳо мавзӯъҳои бо ҳам ҳамгиро кардаашонро ба таври мухтасар ҷиҳатҳои асосию муҳимашро мегузаранд. Сипас вақти такрор онҳоро пурратар меомӯзанд. Ба таври мисол, муаллим дар синфи IV метавонад аз маводи ҳандаса чор мавзӯъ: «росткунҷа», «секунҷа», «бисёркунҷа» ва «квадрат» – ро дар як дарс пайваста гузарад ва се дарси минбаъдаро барои мустаҳкам кардани донишҳо ва гузаронидани машқҳо бахшад. Ин тарзи омӯзиш аз муаллим эҷодкориро тақозо мекунад.

Дар синфҳои ибтидоӣ, бахусус дар дарсҳои охир, ки хасташавии кӯдакон мушоҳида карда мешавад, пайваста ба мазмуни мавзӯи таълимӣ ҳазлу шӯхӣ ва унсурҳои бозиҳоро истифода бурдан аҳамияти калони дидактикӣ дорад. Зеро хандаю бозӣ ба онҳо хушҳолӣ меорад, хастагии онҳоро рафъ намуда, рӯҳан ва ҷисман нерӯманд ва бардам мегардонад. Ҳини гузаштани маводи нав муаллим бо талабагони алоҳида ҳамкорӣ кардани худро набояд фаромӯш кунад.

М у с т а ҳ к а м   н а м у д а н и   д о н и ш и   н а в. Ин лаҳзаи дарси омехта ба истифода бурдани методҳои даҳанакӣ, хаттӣ ва машқҳои амалӣ вобаста аст. баъди чуқур азхуд кардани маводи нави таълимӣ онро маҳз тавассути саволу ҷавобҳо, машқҳои шифоҳӣ, хаттӣ ва амалан бояд мустаҳкам кард. Вале маводи назариявиро дуруст наомӯхта машқ кунонидан мисли дар замини шудгорнашуда дон пошидан аст. Ва бидуни мақш дониш пойдор нахоҳад шуд.

Таҳти машқҳо маҳорату малакаҳо ҳосил мегарданд. Масалан, машқҳои даҳанакӣ аснои ташаккули маҳорат ва малакаҳои орфографӣ, синтаксисии забони модарӣ бағоят заруранд, зеро талаба калимаҳоро беғалат навишта, дуруст машқ карда наметавоанд. Аз дигар фанҳо ҳам иҷро кардани машқ ва вазифаҳо аз қабили ҳалли масъалаҳо, роҷеъ ба ченакҳои вазн, масоҳат (аз риёзӣ), таҷрибаҳо (аз табиатшиносӣ) ва ғайра дар ҳосил намудани маҳорат ва малакаҳо аҳамияти калон доранд. Зимни машқҳои амалӣ муаллим метавонад сатҳи дониши тамоми синфро муайян кунад. Ин лаҳзаи дарс бо ҷамъбасткунӣ хотима меёбад. Агар мавзӯи нав давоми мавзӯи гузашта бошад, муаллим метавонад лаҳзае санҷиши маводҳои гузаштаро дар ҳамин лаҳза анҷом диҳад ва ба дониши мавзӯи нав пайваста баҳо гузорад. Дар чунин ҳолат вақт сарфа карда мешавад.

В а з и ф а и   х о н а г ӣ. Дониш бидуни корҳои мустақилона пойдор намегардад. Бинобар ин, муаллимон баъди гузаштани мавзӯи нав аксар вақт ба шогирдон супоришҳои хонагӣ медиҳанд. Супоришҳо шаклҳои гуногун доранд: хонда омадани машқ, машқҳои даҳонакӣ ва хаттӣ, ҷавоб навиштан ба саволҳо, навиштани нақли хаттӣ ва иншои хонагӣ, ҷавоб навиштан ба саволҳо, навиштани нақли хаттӣ ва иншои хонагӣ, мушоҳидаи ҳодисаҳои табиат, тайёр кардани гербарияҳо, нақшаҳо диаграммаҳо ва ғайра.

Дар айни замон, баробари супоришҳои умумӣ, ба хонандагони шавқманди ин ё он фан супоришҳои иловагии тафриқавӣ низ дода мешаванд. Баъзе муаллимон барои муайян кардани қобилият ва хусусиятҳои фардии шогирдонашон супоришҳои сезинагӣ медиҳанд (севарианта), ки барои иҷрои супориши яктоаш танҳо баҳои «се», барои иҷрои дутоаш баҳои «чор» ва барои иҷрои се супориш баҳои «панҷ» мегузоранд. Муҳимаш он ки супоришҳои хонагӣ ба хонандагон фаҳмо бошад, дигар, ин ки супоришҳо мувофиқи савияи донишу синну соли хонандагон дода мешавад. Аз ҳад зиёд сербор кардани онҳо ба дилгиркунӣ меоварад.

Э ҷ о д к о р о н а   р а ф т о р к у н ӣ   б а   г у з а р о н и д а н и     д а р с и   о м е х т а. Инҷо, пеш аз ҳама, ба низом даровардани тақсимоти вақти қисмҳои (лаҳзаҳои) дарс дар назар дошта мешавад. Он барои маводи гузашта ва санҷиши дониши хонандагон набояд аз 15 – 18 дақиқа зиёд бошад. Боқимондаи вақт барои омӯзонидани мавзӯи нав ва мустаҳкамкунӣ сарф карда мешавад.

Ҳамеша дарсро аз лаҳзаи ташкилию такрории маводи гузашта оғоз намудан шарт нест. Агар маводи қаблан омӯхташуда мазмунан ба мавзӯи нав зич алоқаманд бошад, дарсро аз мавзӯи нав оғоз кардан мумкин аст. Дар ин ҳол, чунонки зикр кардем, санҷиши мавзӯи гузашта якҷоя бо мустаҳкамкунии маводи нав бурда мешавад.


[1] Гуфтањои дохили нохунак ба ќалами М. Лутфуллоев тааллуќ доранд.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *