Тайёрии муаллим ба дарс

Тайёрии муаллим ба дарс ба фаъолияти эҷодкории ӯ зич вобаста аст. Ташкили дарс аз бисёр ҷиҳат ба захираи дониш, таҷриба ва бахусус ба тайёрии муаллим тааллуқ дорад. Ҳар як дарс аз муаллим, хоҳ навкор аст, хоҳ кордидаи таҷрибакор тайёрии ҷиддиро талаб мекунад. Зеро ҳар дарс дар шакли ифодаи дохилии худ ба сони ниҳоли пурсамари боғи ояндаи дастпарварон пиндошта мешавад ва зимни ҳар як ҳарфи он чунин асрори рамзӣ мехобад:

         Д – Доно ба раҳи илм барад доим ранҷ,

         а – Аз азму талоши худ ба каф орад ганҷ.

         р – Роҳ бас ки бувад пурхатару пурасрор,

         с – Сад раҳ ту варо ба ақлу дониш месанҷ.

Оре, барои он ки шогирдон донишҳои назариявиро дар амал санҷида, боварии комил ҳосил кунанд, онҳоро ҳамроҳи муаллим борҳо дар таҷриба бояд бисанҷанд. Аз ин лиҳоз ҳаматарафа ва эҷодкорона ба дарс тайёрӣ дидани омӯзгор ҳатмист.

Тайёрии муаллим ба дарс аз ду марҳала иборат аст: умумӣ ва алоҳида. Омадагии умумии муаллим ба дарс сараввал ба омӯхтани адабиёти махсуси педагогӣ ва методӣ, шиносшавӣ бо талабот ва мазмуни барномаи таълимии фан ва мактуби эзоҳии он, бо китоби дарсӣ, таҷрибаҳои муаллимони пешқдам, ҳамчунин кулли таҷрибаи касбии андӯхтаи шахсии омӯзгор ва ғайраҳо иборат аст.

Тайёрии умумии муаллим тартиб додани нақшаи мавзӯӣ – тақвимии тамоми мавзӯъҳои барнома (мутобиқи маҷмӯи соатҳои дар нақшаи таълимӣ нишондодашудаи фанни мазкур) ва ҷадвали дарсҳо, инчунин соати ба мавзӯи мушаххас муайяншударо низ дар бар мегирад. Бахусус барномаи таълимӣ барои муаллим чун нақшаи тақивимӣ имконият медиҳад, ки мӯҳлати гузаштани қисматҳои алоҳидаи барномаро назорат барад ва аз он берун набарояд. Ба муаллимон мавриди тартиб додани нақшаи мавзӯъии ҳар фан пайдарпаии дарсҳо, қисмҳои асосӣ ва намудҳои машғулият, алоқамандии байни фанҳо ва таҷҳизоти зарурии ҳар дарс тавсия карда мешавад.

Тайёрии алоҳидаи муаллим ба дарс аз татбиқоти мушаххаси ҳар дарси дар нақшаи мавзӯибуда ва тартиб додани нақшаи дарсҳои алоҳида иборат мебошад. Нақшаи дарс (нақшаи корӣ) барои ҳар муаллим (хоҳ навкору хоҳ кордида) зарур аст. Боз ҳам такроран зикр мекунем, ки муаллимони навкор, одатан, нақшаву конспекти дарсро тартиб медиҳанд, муаллимони кордидаи таҷрибакор метавонанд бо тайёр кардани нақшаи мухтасари дарс маҳдуд гарданд. Ба ҳар ҳол нақшаву конспекти муфассал аз тайёрии пухтаи муаллим гувоҳӣ медиҳад.

Дар  ихтиёран тартиб додани нақшаи дарс инъикос намудани лаҳзаҳои зайл лозим аст: номи мавзӯи дарс ва синфе, ки дар он гузаронида мешавад, вазифаҳои маълумотдиҳӣ, тарбиядиҳӣ ва инкишфдиҳии дарс, зикри мазмуни мухтасари мавод бо ҷудо кардани қисмҳои асосӣ ва воситаҳои таҷҳизотии он.

Сохтори дарс мувофиқи хелаш муайян карда мешавад. Вазифаи хели дарсро метод, усул ва воситахои таълими оптималӣ (беҳтарин), хусусияти фаъолияти дарккунии хонандагон (репродуктивӣ ё ҷустуҷӯӣ), корҳои вобаста ба умумӣ, гурӯҳӣ ва фардии дарс, интихоб ва тайёр кардани маводи дидактикӣ, воситахои намоишдиҳӣ ва техникӣ ва дигарҳо муайян мекунанд.

Ба дарс тайёрии мууалллим дар мактабҳои камкомплектӣ аз синфҳои муқаррарӣ фарқ дорад.

Тайёрии муаллим ба дарсҳои мактаби камкомплектӣ. Истилоҳи «камкомплект» асосан лотинӣ буда, маънои дар бар гирифтан ё пурра карданро дорад. Мактаби камкомплектӣ гуфта мактаби ибтидоиеро мегӯянд, ки аз боиси хеле кам будани теъдоди хонандагон чандин синф якҷо меомӯзанд ва як муаллим дар як вақт ба онҳо дарс медиҳад. Ин гуна мактабҳо дар чарогоҳҳо, деҳаҳои баландкӯҳи дурдаст, ки аз мактабҳои асосӣ ва миёнаи ҳамагонӣ дуранд, ташкил карда мешаванд. Мактабҳои камкомплектӣ ду навъ доранд: яккомплектӣ ва дукомплектӣ.

Дар мактабҳои яккомплектӣ (камкомплектӣ) як мауаллим дар як маврид ба ду синф (I – III), дар мактабҳои дукомплектӣ (бисёркомплектӣ ду муаллим дар як маврид дар ду комплект (синфҳои I – III ва II – IV) дарс медиҳанд.

Машғулиятҳои таълимӣ дар ин мактабҳо мувофиқи барномаҳои умумӣ гузаронида шаванд ҳам, хуссусиятҳои ба худ хосе доранд. Дар мактабҳои камкомплектӣ бештари вақти хонандагон ба корҳои мустақилона сарф мешавад. Масалан, муаллим дар як синф кори мустақилона супорида, дар синфи дигар дарс мегузарад ва ин фаъолиятро сипас иваз мекунад. Аз ин рӯ, самарабахшии таълим аз бисёр ҷиҳат ба ташкили хуби кори мустақилона ва дуруст тартиб додани ҷадвали дарсҳо восбата аст, чунки дар як синф риёзӣ бошад, дар дигараш дарси хониш ва ё забони русӣ ва ё расмкашӣ гузаронида мешавад.

Дар мактабҳои ибтидоии яккомплектӣ ба хонандагони синфҳҳои I эътибори муаллим бештар мешавад. Бо онҳо ҳар рӯз ду соат дарси алоҳида мегузарад, зеро онҳо ҳоло маҳорату малакаи мустақилона коркуниро тамоман надоранд. Мавриде, ки муаллим ба онҳо аз забони модарӣ ва ё риёзӣ дарс мегузарад, дар дигар синфҳо (II – IV) муаллими забони русӣ дарс медиҳад, ё кори мустақилона супорида мешавад.

Дарсҳои варзиш ва сурудхониро якҷоя бо дигар фанҳо таълим додан мумкин нест. Агар мактаб дукомплектӣ бошад, як муаллим метавонад дар ду синф дарси варзишӣ, инчунин дар ду синф сурудхонӣ гузарад. Агар мактаб яккомплектӣ бошад, муаллим метавонад тарбияи ҷисмониро дар яке аз ин синфҳо сипас ҳамчун дарси дигар гузаронад, чунки муаллими мактаби комкомплектӣ якуним ставкаи корӣ музд мегирад.

Муаллими мактаби камкомплектӣ ҳар рӯз шаш соатӣ тайёрӣ мебинад, ки ҳар дарс 30 дақиқагӣ муайян карда шудааст. Чӣ тавре, ки зикр шуд, муаллим ба хонандагони синфи як аз забони модарӣ ва риёзӣ ҳафтае ду соат дарси алоҳида мегузарад, чунки омӯхтани ин фанҳо нисбатан душвор аст. аз ин рӯ, дар нимсолаи якӯм ва дуюм ҷадвали дарсҳо аз чандин вариант иборат мешавад. Дар нимсолаи якуми соли хониш дар синфи якум ҳар рӯз ду дарси мустақил бояд гузаронида шавад.

Ҳамин тавр, муаллимони мактабҳои камкопмлектӣ дар як дарс барои ду ё чаҳор синф тайёрии ду ба як ё чаҳор ба як мебинанд.

Санҷиши контролӣ

Моҳияти омӯзиши эзоҳию тасвирӣ дар чист?

Омӯзиши проблемавӣ чӣ гуна хусусият дорад?

Омӯзиши барномашуда ва компютерӣ чӣ тавр гузаронида мешавад?

Шаклҳои ташкили омӯзиш чист?

Дар инкишофи таърихи мактаб чӣ гуна шаклҳои ташкили омӯзиш ба миён омад?

Шакли ташкилии омӯзиши дарси синфӣ чӣ гуна хусусиятҳои худро дорад?

Ба дарси муосир чӣ гуна талаботи умумӣ гузошта мешавад?

Моҳияти талаботи дидактикӣ ба дарс аз чӣ борат?

Дар дарс талаботи тарбиявӣ ва инкишофдиҳӣ чӣ гуна гузошта мешавад?

Аз хелҳои дарс ва сохтори онҳо ном баред.

Дарси омехта чӣ гуна бартарӣ ва камбудиҳо дорад?

Аз дигар шаклҳои ташкили омӯзиш маълумот диҳед.

Ба экскурсияи таълимӣ чӣ гуна талабот гузошта мешавад?

Кори маҳфилҳо ва машғулиятҳои факултативӣ чӣ гуна хусусият доранд?

Ба кори мустақӣлонаи хонагии талабаҳо чӣ гуна талабот гузошта мешавад?

Адабиёт барои худомӯзӣ

Вильямс Р., Маклин К. Компъютеры в школе. – М., 1988.

Крылова Г. Д. Теория и практика урока в условиях развивающего обучения. – М., 1980.

Луфтуллоев М. Дарс. – Душанбе, 1995.

Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001.

Подласый И. П. Педагогика. – М., 2000.

Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.

Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.

test

Добавить комментарий