Ташхиси омӯзиш

Ташхиси омӯзандагӣ

Ташхисро ҳамчун муносибати умумӣ ва ташхискуниро ҳамчун раванди (қисми таркибии) амалии фаъолияти педагогӣ бояд фаҳмид. Ташхис, бори дигар ёдовар мешавем – ин равшантар кардани ҳамаи шароитҳои ҷоригардидаи раванди дидактикӣ, дақиқ муайян кардани натиҷаҳои он бидуни ташхис муфидона идора кардани раванди дидактикӣ, ноилгардӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ дар шароити мавҷуда имконнопазир аст.

Ташхискунии омӯзандагӣ бо анҷом, натиҷаҳои ноилшуда ва омӯзандагӣ фарқ мекунад. Омӯзандагӣ ҳамчун дараҷаи комёбиҳо, ки аснои ташхискунӣ дар амал татбиқкардаи мақсади гузошташуда дида мешавад. Мақсади ташхискунии дидактикӣ сари вақт муайян кардани арзёбӣ ва таҳлили ҷараёни раванди омӯзиш пайваста бо маҳсулнокии он мебошад.

Чӣ тавре, ки мебинем, ба ташхис, нисбат ба санҷиши анънавии дониш, малакаи талабагон маънои хели васеъ ва чуқур гузошта мешавад. Санҷиш сабабҳои пайдошавии ҳодисаҳоро нишон надода, фақат натиҷаҳоро муайян мекунад. Ташхисонӣ бошад, натиҷаҳоро бо роҳу воситаҳои ноилшавиашон, бо зоҳир намудани тамоюл, ҳаракати ташаккулдиҳии маҳсулнокии омӯзиш фаро мегирад. Ташхисонӣ ба худ назорат бахри, санҷиш, арзёбӣ, ғуншавии маълумоти эҳсоиявӣ, таҳлили онҳо, муайян кардани ҳаракат, майл, минбаъд ташхискунии инкишофи ҳодисаҳоро мадди назар мегирад.

Ташхискунӣ, баҳодиҳӣ ба дониш ва маҳорати талабагон низ ҳамчун қисми муҳими таркибии он дохил мегардад. Ин қисматҳо хеле қадимӣ буда, технологияи педагогиро адо карда меоянд. Инҳо ҳанӯз дар шафақи маданият ҳамсафари педагогика ҳамроҳӣ доштанд. Хусусан то ба имрӯз оиди баҳогузорӣ ва технологияи он баҳси тунду тез давом дорад. Садсолаҳо инҷониб педагогҳо нисбати арзандагии баҳогузорӣ, индикатори сифат – муайянкунандаи қатъии азхудкунии толибилмон ва ё баръакс бояд ҳамчун нишондиҳандаи беҳтарин ва ё бо нуқсони ин ё он системаи (методикаи омӯзиш шуданашон) баҳс доранд. Хислати ихтилофӣ доштани баҳои мактабиро ҳанӯз Я. А. Коменский қайд карда, педагогҳоро таъкид намуда буд, ки нисбати баҳогузорӣ оқилона ва бобаркаш рафтор кунанд. Талаботи холисонагӣ агар пайваста ба муносибати гуманистии талабагон гузошта шавад, тамоми системаи дидактикиро паст мекунад.

К. Д. Ушинский шакли санҷиши замонавиашро сахт танқид карда буд. Камбудиҳои онро нишон дода, қайд карда буд, ки рафтор ва воситаҳои мавҷуда ба фаъолияти ақлии хонандагон фишор меорад. Одатан муаллим аз як ё чандин талаба мепурсад, вале дигарон дар ин ҳолат вақтро зоеъ мегузаронанд. Табиист, ки дар чунин шароит талаба имконияти ошкоркунии қобилият ва ташаббускориро надорад.

Дар мактабҳои нави демократӣ санҷишу баҳогузории рӯякӣ набояд буд. Санҷиши дидактикӣ ҳамчун методи ба худ хоси омӯзиш бояд дониши талабагонро равшан ифода кунад, ба инкишоф майл диҳад ва бо худсанҷӣ пайваста бошад.

Кӯшишҳои дар гузашта карда, нисбати дигаргунии рафтор ба санҷиши мактабӣ асосан чизе дода натавонист, ҳарчанд, ки пиромуни як масъала – оё дар мактаб истифода бурдани баҳо шарт аст, ё баҳо намондан, басо баҳс шуд. Моҳи майи соли 1918 бо қарори Комиссариати Халқӣ «Дар бораи бекор кардани баҳо» бо ҳамроҳии баҳо имтиҳонҳо ҳам бекор карда шуданд, дар татбиқ кардани хели шакли оддии баҳисобгирӣ ва санҷиш нисбати азхудкунии талабагон ҷорӣ гашт. Ба ҳамин мақсад қисман дафтарҳои баҳисобгирии дониш ташкил карда, дар он номи беҳтарин ва бадхонҳо зикр карда мешуданд ва «мусобиқаи сотсиалистӣ» ҷорӣ карда шуд ва ғайра. Аммо омӯзиш бебаҳо (асосан бесанҷиш) натиҷа надод ва дода ҳам наметавонист.

Демократикунонии ҳаёти мактабӣ санҷиш ва баҳомонӣ ба дониш ва маҳорати талабагонро талаб мекунад, зеро бидуни онҳо ба донишандӯзӣ ангезиш гум мешавад. Ҷустуҷӯи воситаҳои нави ҳавасмандгардонӣ ба раванди меҳнати таълимии мактабиён принсипи манфиати шахсӣ, ба омӯзиш ва тарбияи онҳо қувва мебахшад. Дар системаи ташхисонӣ баҳо ҳамчун воситаи рағбатонӣ сифати муҳим мебозад. Пеш аз ҳама, натиҷаҳои ташхисёфта ба баҳо пайравӣ мекунад, зеро баҳо дар худмуайянкунии шахсӣ ҳам яке аз омилҳои муҳими ангезиш ба шумор меравад.

Назорати донишазхудкунии талабагон

Чунонки қайд карда шуд, назорати донишазхудкунии талабагон дар мактаб басо зарур аст. назорат ҳамчун раванди қонунмандии воқеии дидактика аст ва барои он ки маҳсулоти донишандӯзии талабагон аз миқдор ба сифат майл дода шавад, назорат бояд сари вақт (фаврӣ), чуқур, холисона гузарад. Барои он ки он пурра дар амал татбиқ карда шавад, маънои онро дақиқ бояд дарк кард ва дар шароити мавҷуда ба мавқеъ истифода бурд. Дар назарияи имрӯза нисбати муносибати муайянкунии мафҳумоти «баҳо», «назорат», «санҷиш», «баҳисобгирӣ» ва дигарҳо, ки ба он алоқаманд мебошанд, ҳоло барқароркунии дақиқ нест. Баъзан онҳоро бо ҳам омехта, гоҳо якмоҳията мепиндоранд.

Мафҳуми умумии қавми «назорат» қисми ташхис ба шумор меравад, ки он маънои равшанкунӣ, ченкунӣ ва баҳомонӣ бо дониш, маҳорати талабагонро мефаҳмонад. Равшанкунӣ ва ченкунӣ гуфта, санҷиш дар назар дошта мешавад. Санҷиш барои ҳамин ҳам қисми таркибии назорат буда, вазифаи асосии дидактикии он таъмин кардани бозгашти алоқаи байни муаллиму талабагон, гирифтани ахбороти воқеӣ нисбати дараҷаи азхудкунии маводи таълимӣ аз ҷониби педагог, дар вақташ муайян кардани камбудиҳои ҷойдошта дар дониш. Санҷиш мақсади нафақат муайян кардани сатҳи дараҷаи дониш ва сифати омӯзандагии талабагон, ҳамчунин дар охир миқдори меҳнати омӯзишро низ дар зимма дорад. Назорат ба ғайр аз санҷиш дар худ  ҳамчун раванд баҳомониро ҳам мегирад ва баҳо ҳамчун натиҷаи санҷӣш ҳисоб меёбад. Дар табелҳои азхудкунӣ, дафтар (рӯзномаҳои) синфӣ, базаҳо (бонкҳо) ва дигар санадҳо зикр карда мешаванд. Асоси баҳомонӣ барои дониши талабагон ҷамъбасти (натиҷаи) контролӣ мебошад. Дар ин маврид кори хонандагон ҳамчун нишондоди сифатӣ ва ҳамчун миқдорӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Нишондиҳандаи миқдорӣ бештар бо баллҳо ё фоизҳо, вале нишондиҳандаи сифатӣ бо арзёбии андешамандии навъи «хуб», «қаноатбахш» ва ғайра зикр карда мешавад. Ҳар кадом баҳои қаблан андешидашуда ба қайди муқарраршудаи нишондод, (масалан, дар муҳокимаи баҳодиҳӣ «аъло» бо балли «5») гирифта мешавад. Фаҳмидан зарур аст, ки баҳо ин адад нест, ки дар мавридҳои ченкунии ҳисоб ҳосил мешавад, балки баҳои натиҷаи қайд кардашудаи муҳокимавист. Ҳаракати миқдорӣ бо муҳокимаи баҳодиҳӣ (бо баллҳо) имконпазир аст. барои он ки дар баҳомонӣ дилфиребӣ нашавад, истифода бурдани баҳо ҳамчун адад дар бисёрии кишварҳои ҷаҳон баҳо бо ҳарфҳо гузошта мешаванд, масалан. А, В, С ва ғ.

Маънои миқдории сатҳи омӯзандагӣ ҳамон вақт қабул карда мешавад, ки баҳоро ҳамчун муносибати байни дар ҳақиқат азхудкунии дониш, маҳорат ва дар ҳаҷми умумии донишҳо, маҳоратҳои пешбаришуда бошад. Нишондоди азхудкунӣ (маҳсулнокии омӯзиш) аз муносибат ҳисоб карда мешавад:

                                               О=Ф/П. 100%,

дар ҷое, ки О – баҳои азхудкунӣ (омӯзандагӣ, маҳсулнокӣ), Ф – ҳаҷми ҳақиқии азхудкунии дониш, маҳорат, П. – ҳаҷми пурраи дониш, маҳоратҳои пешбинишуда. Чӣ тавре, ки мебинем, нишондоди азхудкунӣ (баҳо) дар инҷо байни 100% мекалавад, пурра намешавад.

Барои муайян кардани баҳоҳо дар ҳамин меъёр ҳатман омӯхтани ченкунӣ ҳаҷми азхудкунӣ ва ахбороти пешбаришуда лозим аст. ин вазифа дар сатҳи амалиёти қуллаи технологӣ ҳал шуд.

Вазифаҳои баҳо, чӣ тавре, ки маълум аст, натанҳо муқаррар кардани дараҷаи омӯзандагист. Баҳо – дар ихтиёри педагог воситаи муҳими ҳавасмандгардонии омӯзиш, боиси беҳтарин, таъсиррасонӣ ба шахсият. Махсусан зимни таъсири баҳои холисона ба мактабиён айнан якхела худбаҳодиҳӣ, муносибати танқидӣ ба ноилгардии худ ба миён меояд. Барои ҳамин ҳам аҳамияти баҳо вазифаи гуногун дошта, толибилмонро ба ҷустуҷӯи такомулоти донишгирӣ водор мекунад. Аз ин лиҳоз минбаъд системаи ҳозираи бахомонӣ ба дониш, маҳорат таҷдиди назар – баланд бардоштани моҳият ва холисонагии меҳнати онро талаб мекунад.

Принсипи муҳими ташхисонӣ ва назорати омӯзандагии (азхудкунии) талабагон холисонагӣ, системанокӣ, аёнӣ (кушода) мебошад.

Холисонагӣ аз мазмуни ташхиси санҷиш (супориш саволҳо) баромада, аз нигоҳи илмӣ асосёфта, расму қоидаҳои ташхис, баробарӣ, муносибати дӯстонаи педагог бо тамоми талабагон, дақиқӣ, мувофиқатнокии меъёри баҳомонӣ ба дониш, маҳорат иборат аст. Холисонагии амалии ташхисонӣ нишон медиҳад, ки баҳогузорӣ новобаста ба методҳо ва воситаҳои назораткунӣ ва педагогҳо амалӣ мегардад.

Талаботи принсипи системанокӣ аз зарурати гузаронидани назорати ташхисонӣ дар ҳамаи марҳалаҳои раванди дидактикӣ – аз ибтидои донишандӯзӣ то амалан истифодабарии онҳо ба кор бурда мешавад. Системанокӣ дар он дида мешавад, ки танзими ташхисонӣ ҳамаи хонандагонро аз рӯзи аввал то рӯзи охири дар мактаб буданашон фаро мегирад. Назорати мактабӣ ҳатман бо тамоми покизагӣ, боварибахш санҷидани ҳамаи он чизи муҳим, ба талабагон чиро омӯзонидан ва тавонистан гузошта шудааст, дахл мекунад. Принсипи системанокӣ талаб мекунад, ки муносибати комплексона намудан ба гузаронидани ташхисонӣ бо шаклҳои гуногун, методҳо ва воситаҳои назоратӣ, санҷиш, баҳогузорӣ дар бо ҳам алоқамандии зич ва ягонагӣ баҳри як мақсад хизмат мекунад. Чунин муносибат универсалона баъзе метод ва воситаҳои ташхисиро ба худ мегирад.

Принсипи аёнӣ (кушода) пеш аз ҳама дар гузаронидани санҷиши кушода ҳамаи талабагон бо як меъёр мегузарад. Хислати ҳар кадом талаба, дар раванди ташхисонӣ муқаррар карда мешавад, хусусияти аёнии муқоисашаванда мегирад. Принсипи кушод ҳамчунин эълон кардан ва сабабҳои баҳоро талаб мекунад. Баҳо – ин нишонае, ки тавассути он талабагон дар бораи талаботи меъёри ба онон гузошта ва холисонагии педагог мулоҳиза мекунанд. Шароити зарурии амалигардонии ин принсип эълон кардани натиҷаҳои ташхис, муҳокима ва таҳлили онҳо, тартиб додани нақшаи минбаъд батарафкунии камбудиҳо мебошад.

Ташхисонӣ, назораткунӣ, санҷиш ва баҳогузорӣ ба дониш, маҳорати талабагон бояд дар он пайдарҳамии омӯзиш мантиқан сурат гирад.

З в е н о и   а в в а л   дар системаи санҷиш он тахминан муайян кардани дарараҷаи дониши талабагон. Ҳамчун қоида, он дар аввали соли хониш мегузарад, то ки дониши талабагон дар шароити муҳим аносири курси тадрисшаванда, муайян гардад. Санҷиши тахминӣ дар якҷоягии омӯзиши офиятгардонӣ (ҷубронкунӣ), ки баҳри бартарафкунии камбудиҳои дониш, маҳорат равона карда мешавад. Чунин санҷишро на фақат сари сол, инсунин дар мобайн низ ҳангоми омӯзонидани қисми нав бурдан мумкин аст.

З в е н о и   д у ю м   санҷиши ҷорӣ дар ҷараёни омӯзиши ҳар мавзӯъ муайян шудааст. Агарчи он дар ҳар дарс истифода шавад. Вазифаи асосии санҷиши ҷорӣ – ин омӯзонидан. Метод ва шаклҳои ин гуна санҷиш метавонад гуногун мебошад, онҳо аз омилҳои мазмуни маводи таълимӣ, мураккаби он, син ва сатҳи дониши талабагон, дараҷа ва мақсади омӯзиш, шароити мушаххас вобастаанд.

З в е н о и   с е ю м и   санҷиши дониш, маҳорати талабагон санҷиши такрорӣ мебошад, ки ҳамчун санҷиши ҷорӣ бояд мавзӯӣ бошад. Пайваста бо омӯзиши мавзӯи нав талабагон гузаштаро такрор мекунанд. Санҷиши такрорӣ барои устувор азхудкунии донишҳо пардохта мешавад, вале муайян кардани ҳаракати кори таълимӣ, ташаккулкунии сатҳи устувории донишҳо имконият намедиҳад. Муфидонагии ин намуди санҷиш дар ягонагӣ бо дигар намуд ва методҳои ташхисонӣ бурдашавӣ дида мешавад.

З в е н о и   ч о р у м и   санҷиш – санҷиши даврагии дониш, маҳорати таълимгирандагон дар ҳар як қисмати бутун. Мақсади ин гуна санҷиш – ташхисонидани сифати азхудкардаи хонандагон нисбати алоқамандии байни сохти унсурҳои маводи таълимӣ, ки дар дигар қисматҳои курси омӯхтаистода воқеанд. Вазифаи асосии ин санҷиши даврагӣ – ба системадарорӣ ва ҷамъбасткунӣ.

З в е н о и   п а н ҷ у м   дар ташкил кардани санҷиш санҷиши ҷамъбастӣ ва ҳисоботи дониш, маҳорат талабагон мебошад. Дар ин санҷиш ба ҳамаи марҳалаҳои раванди дидактикӣ эътибор дода мешавад. Ҳисоботи ҷамъбастии азхудкунӣ дар охири ҳар чоряк ва охири соли хониш гузаронида мешавад. Ин пеш аз ҳама, дараҷаи ташхисонии ҳақиқати омӯзандагӣ мувофиқи мақсади гузошташуда мебошад.

Намуди махсуси санҷиш – санҷиши комлпексӣ. бо ёрии он фаъолияти омӯзандагии талабагон дар азхудкунии маҷмӯи фанҳои таълимӣ ва дар амал истифода бурда тавонистани онҳо ба инобат гирифта мешавад. Маслан, ҳисоби даромаднокии паррандапарварӣ дар хоҷагии фермерҳои шахсӣ истифодабарии донишҳои дар курсҳои физика, кимиё, риёзиёт, биология, ҷуғрофия ва дигарҳо гирифтаро талаб мекунад. Чунин санҷӣш ҳоло қиёсан кам таҷиба карда мешавад, вале ҷорӣ кардани курсҳои якҷокунӣ моҳиятан инкишоф меёбанд. Чунин кусрҳо махсусан барои он амалӣ мегардонанд, ки ҷудоӣ доштани байни фанҳои таълимии мактабро бартараф кунанд. Вазифаи асосии комплексӣ – ташхисонидани сифати амалигардонии алоқамандии фанҳо, меъёри амалии санҷиши комплексӣ, муайян кардани қобилияти талабагон, комплексона фаҳмондани ҳодисаҳо, ҷараёнҳо.

Педагог ба шогирдон баҳои гузоштаашро бояд шарҳ диҳад, зеро қадри баҳо дар шарҳи он аст. муаллимони таҷрибакор инро хуб медонанд, ки талаба аз шарҳи баҳо дар куҷо лангидани худро пай мебарад ва нисбати он кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ташхисонӣ баҳои рӯякӣ бо муқоиса дониши ту аз дониши ҳамсинфонат ё фалонӣ баланд), раҳмона (ту бачаи дар ташкилотчигӣ фаъол) ва ғайра, ки ғайри холисонагӣ баҳогузории иддаи педагогҳоро ифшо медиҳад. Аз ин лиҳоз баҳо ҳолисона дар асоси дониши барномаи муайяншуда дақиқ гузошта мешавад.

Ба дониш, маҳорати талабагони мактабҳои миёнаи ҳамагонии ҷумҳурии мо баҳомонӣ бурда мешавад. Ин системаи бахогузорӣ ҳанӯз соли 1935 дар шакли панҷзинагӣ: хеле нағз (аъло), хуб, миёна (қаноатбахш), бад, бади бад ҷорӣ шуда буд. Соли 1944 ин шакли шифоҳӣ ва бо ҳарфҳо навишташаванда барои дар санадҳо осону қулай зикр кардан ба системаи рамзии панҷбаллии рақамӣ: «5», «4», «3», «2», «1» гузашта шуд, ки то ҳол идома дорад.

Баҳои «5» ба донишу маҳорати омӯзандагии хонандае гузошта мешавад, ки тамоми ҳаҷми барномаи таълимиро ҷудо карда метавонад ва мавриди ҷавоб додан душворӣ намекашад, донишҳои гирифтаашро дар амал озодона истифода мебарад, дар корҳои хаттӣ ва нӯтқ ба хатогиҳо роҳ намедиҳад.

Баҳои «4» ба дониши хонандае асос гузошта мешавад, ки тамоми маводи омӯхташударо медонад, ба саволҳои омӯзгор бе душвории махсус ҷавоб медиҳад, донишҳои гирифтаашро дар амал истифода бурда метавонад, дар нутқи бадеӣ хатои ҷиддӣ надорад. Баъзе хатоҳои ҷузъиро ба саволҳои ёрирасон бо осонӣ бартараф мекунад, дар корҳои хаттӣ хатоҳои ҷузъӣ дорад.

Донишҳое, ки бо «5» ва «4» арзёбӣ карда мешаванд, ҳамчун қоида, аз сатҳи баландии дониши хонанда нисбати барномаи таълимии марбут ҷавобгӯ мебошад.

Баҳои «3» ба дониши хонандае гузошта мешавад, ки қисми асосии маводи барномаи таълимиро медонад, вале дар мустақилона истифодабарии онҳо душворӣ мекашад ва ба саволҳои иловагӣ эҳтиёҷ дорад ва ба онҳо бо душворӣ ҷавоб мегардонад. Дар корҳои хаттӣ хатоҳо содир мекунад. Дониши «3» – балла ба дараҷаи тасаввуроти умумӣ вобастагӣ дорад.

Баҳои «2» ба дониши хонандае гузошта мешавад, ки нисбати маводи омӯхташуда тасаввуроти алоҳида дорад ва қисми зиёди маводи барномавиро намедонад. Дар корҳои хаттӣ хатоҳои ҷиддӣ содир мекунад.

Баҳои «1» ба хонандае гузошта мешавад, ки маводи таълимии барномавиро тамоман намедонад.

Ин ҷадвали меъёри баҳоҳои умумии дидактикӣ дар курсҳои методикаи хусусӣ мушаххас карда мешаванд. Аз ҳар фанни таълимӣ ба ҷавобҳои шифоҳӣ корҳои амалии хаттии талабагон чӣ гуна баҳо мондан тавсия мегардад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки синфҳои якуми мактабҳои ҷумҳурии мо, агарчи дар давоми соли хониш санҷиши ҷорӣ гузаронида шавад ҳам, вале аз фанни забони тоҷикӣ баҳои ададӣ гузошта намешавад. Ба дониш, маҳорат ва малакаҳои талабагон бахои ададӣ бо зикр аз аввали чоряки дуюми синфи дуюм дар назар дошта шудааст. Истифода бурдани меъёри баҳо, шарҳи баҳо аз педагог маҳорат, қобилият, одоби муоширатро талаб мекунад. Дониши шогирдон тавре арзёбӣ гардад, ки ононро ба донишгирӣ такон диҳад, ангезонад.

Санҷиши комёбшавӣ ва инкишоф

Масъалаи ташхисонии санҷиш ҳоло ҳаллу фасли худро ёфтааст. Санҷиши омӯзандагӣ – ин маҷмӯи супоришҳо баҳри ҳолдоншавӣ аз сатҳи азхудкунии ҷанбаи (қисми) мазмуни муайяни омӯзиш.

Дар шароити имрӯза санҷишҳо бештар тавассути тестҳо бурда мешаванд. Қалимаи «тест» англисӣ буда, маънои «озмоиш», «санҷиш» – ро дорад. Тести омӯзандагӣ бо супоришҳои худ сатҳи донишгирии мактабиёнро муайян мекунад. Вақте, ки мо дар ин ҷо санҷиш мегӯем, онро санҷиши тестӣ (тестҳо) фаҳмидан лозим аст.

Дуруст ташкил кардани санҷӣши (тестии) омӯзандагӣ бояд ба якҷоягии талаботҳо ҷавобгӯ бошад. Онҳо бояд нисбатан кӯтоҳмуддати буда, яъне вақти зиёдро нагиранд; ҳаммаъно, яъне бидуни кашолдиҳӣ, таъбиркунӣ бошанд; дуруст, яъне истиснои имконияти тасвияти ҷавобҳои сермаъно бошанд; нисбатан кӯтоҳ, ки ҷавоби фишурда талаб мекунанд; ахборотӣ, яъне имкондиҳандаи таъмини мувофиқи миқдори баҳоҳои барои иҷрои санҷиши ботартиб ё ба тарзи ҷадвали ченкунии фосилаҳо бошад; қулай, яъне соз барои коркарди натиҷаҳои арифметикӣ; стандартӣ (якхелагӣ), яъне барои истифодабарии қулайии амалиёти васеъ – чекунии дараҷаи  омӯзандагӣ ва имконпазирӣ барои бештари ҳайати васеи омӯзандагон ки хоҳиши ҳаҷман якхела дониширӣ дошта бошанд.

Санҷиши омӯзандагии мактаб – ин фақат як навъи санҷиши психологӣ ва педагогӣ барои ташхисонидани паҳлӯҳои гуногуни инкищоф ва ташаккулёбии сифати одамият, он ба тарзи зайл намоён мегардад:

Санҷишҳои умумии қобилияти ақлӣ, инкишофи зеҳнӣ.

Санҷишҳои махсуси қобилият дар соҳаҳои гуногуни фаъолият.

Санҷишҳои омӯзандагӣ, азхудкунӣ, комёбиҳои академикӣ.

Санҷишҳо барои муайян кардани сифатҳои алоҳидаи шахсият (хотира, тафаккур, хислат ва ғ).

Санҷишҳо барои муайян кардани дараҷаи тарбиятнокӣ (ташаккулёбии умумиинсонӣ, ахлоқӣ, муносибати иҷтимоӣ ва диг. сифатҳо),

Истифодабарии  ин ё он санҷӣш ҳамон вақт муфид ва таъмингари хулосаҳои боэътимод мегарданд, ки фақат дар шароити дуруст алоқамандии онҳо бо тамоми дигар гурӯҳҳои санҷиш нигоҳ дошта шавад. Барои ҳамин санҷиши тестӣ ҳама вақт хусусияти комплексӣ мегирад. Хулосаи умумӣ баровардан, масалан, дар бораи сатҳи инкишофи омӯзандагон дар асоси истифодабарии фақат санҷиши омӯзандагӣ хатои нобахшанда мешуд. Вақте, ки омӯзиши ташхисӣ бо алоқамандии комёбиҳо ва инкишофи шахсият вазифа гузошта мешавад, бояд мутобиқи намудҳои вазифаи санҷиши тестӣ ва ба онҳо ҳамроҳ кардани нишондодҳои методикаи ченкунӣ, хусусияти маҳаллии ташхисониро бояд ба назар гирифт.

Ҳангоми коркарди санҷӣшҳо (тестҳо) муҳимаш муайян кардан лозим аст, ки чӣ қадар онҳо ба мақсади лоиҳашудаи омӯзиш, маълумот, инкишофи омӯзандагон мувофиқат мекунанд, меъёри муҳими ташхисонии санҷишҳо омӯзандагӣ, амалиёт (нишондиҳандагӣ), эътимодият (эҳтимолӣ, саҳехӣ), тафриқавӣ (фарқиятнокӣ) мебошад.

Таъсирбахшии санҷиш (тест) бо мазмуни худ ба талаботи пуррагӣ, ҳаматарафагии санҷиш, бо тасаввуроти мавзуният ҳамаи унсурҳои дониш, маҳоратҳои омӯхташаванда наздик аст. истилоҳи «таъсирбахшӣ» ҳамчун ақалият ду муродиф дорад – арзандагӣ ва нишондиҳандагӣ, босалобатӣ низ ҳамин маъноро дорост, ҳамчун намояндагӣ. Тартибдиҳандаи санҷиш бояд доим дар назар дошта бошад, ки ҳамаи қисматҳои барномаи таълимӣ, китобҳои дарсиро дақиқ омӯзад, мақсад ва вазифаҳои мушаххаси омӯзишро хуб донад. Фақат ҳамон вақт вай метавонад тестҳои санҷишӣ тартиб диҳад, ки онҳо барои категорияи омӯзандагони муайян амалӣ гардад.

Дақиқӣ ва фаҳмо будани саволҳои пешниҳшуда дар ҳудуди азхудкунии донишҳо – вазифаи умдаи санҷиш – тестҳост. Агар онҳо аз ҳудуди мазмуни азхудкарда берун бароянд ё ки ба онҳо пурра ҷавобгӯ нестанд, сатҳи лоиҳаи омӯзишро баланд набардоранд, ва барои он омӯзандагоне, ки равона карда шудааст, қобили амал шуда наметавонад.

Таъсирбахши санҷиш (тест) бо методи эҳсоиявӣ муайян карда мешавад. Бузургии 0,7 – 0,9 дар бораи таъсирбазшии баланд гувоҳӣ медиҳад. Агар коэффисиенти муносиб то 0,45 – 0,55 расад, он гоҳ таъсирбахшии тест қаноатбахш, агар аз он паст бошад, моҳиятан ғайриқаноатбахш дониста мешавад.

Дараҷаи умебахш бо хусусияти бардавомӣ ва устуворӣ, аснои такроран ченкунӣ бо ёрии ҳамон тест ё ба он монанд муайян мегардад.

Саводона тартиб додани саволу супоришҳои санҷишии омӯзандагӣ имконияти ноилгардии коэффисиенти умедбахш то 0,9 афзоиш меёбад.

Муайян шудааст, ки ҳар қадар мавзӯъ ва мазмуни гуногуни супоришҳои санҷиш баланд шавад, ҳамон қадар эътимоднокии санҷиш паст мегардад. Ин чунин сабаб дорад: санҷише (тесте), ки ба азхудкунии мавзӯи аниқ равона карда шудааст, ҳамеша эътимоднок мешавад, агар санҷиш ҳамаи қисмҳо (курс), қисми зиёди маводро фаро гиад, қонунан натиҷа паст мегардад.

Эътимоднокии санҷиши омӯзандагӣ аз душвории иҷрои онҳо вобаста аст. душворӣ аз нодуруст муносибаткунӣ ва нодурустии ҷавобҳо муайян карда мешавад. Ба саволҳои санҷӣш ҳамин хел супоришҳо дохил карда мешаванд, ки ҳамаи талабагон ба онҳо ҷавоби дуруст, ё баръакс, ҷавоби нодуруст медиҳанд ва эътимоднокии санҷиш тез паст мешавад. Пештар қимати амалии супоришҳое, ки талабагон 45 – 80% дуруст ҷавоб медиҳанд, баланд аст.

Хусусияти тафриқавӣ (фарқият) ба истифодабарии санҷишҳое вобаста аст, ки дар онҳо аз байни чандин саволи алтернативӣ бояд ҷавоби дуруст интихоб кард. Агар, гӯем, ки ҳама талабагон бехато ба як савол ҷавоби дуруст ёбанд, онгоҳ ин гувоҳи комилан дурустии санҷишро ифода мекунад. Аммо онро ҳатман тафриқавӣ дигаргун кардан лозим аст, то ки ҳар ки мувофиқи дониши гирифтааш ҷавоб ёбад. Санҷишҳо амалан тибқи натиҷаҳои таҳлили эҳсоиявӣ, муқоисаи натиҷаҳои иҷрошудаи вазифаҳои алоҳида тафриқа карда мешаванд. Агар коэффисиенти байни ҷавобҳои мушаххаси вазифаҳо ва санҷиш бешатр аз 0,5 – ро ташкил кунад, ин комилан аз мутобиқаткунии тафриқа гувоҳӣ медиҳад.

Ба ғайр аз дида баромадани меъёр ва нишондиҳанда таъсирбахшии санҷиш низ истифода бурда мешавад. Санҷиш дар шароитҳои якхела ба миқдори зиёди ҷавобҳо дар ягонагии воҳиди вақт бештар муфидона ҳисоб меёбад. Мсалан, дар 10 дақиқа бо талабгон зимни методҳои гуногуни санҷиш (тестҳо) аз 5 то 10 ҷавоб гирифтан мумкин аст.

Вақти тайёрии мавод барои санҷиш назорат ба қоидаҳои зерин эътибор додан зарур аст:

Ба санҷиш ҷавобҳое, ки ба талабагон баррасӣ нашудааст, дохил кардан мумкин нест.

Ҷавобҳои нодуруст бояд дар асоси хатоҳои типикӣ тартиб дода шавад.

Ҷавобҳои дуруст дар байни ҳамаи ҷавобҳои пешниҳодшуда бояд ба тартиби тасодуфӣ ҷой дода шавад.

Саволҳо набояд такрори тасвияти китоби дарсӣ бошанд.

Ҷавобҳои як савол набояд ба дигараш такрор гардад.

Саволҳо набояд маънои «домро» дошта бошанд.

Санҷишҳои омӯзандагӣ дар ҳамаи марҳалаҳои раванди дидактикӣ истифдоа бурда мешаванд. Бо мадади онҳо самарабахшии назорати тахминӣ, ҷорӣ, мавзӯӣ ва ҷамъбастии дониш, маҳорат, ҳисоби азхудкунӣ, комёбиҳои академикӣ таъмин карда мешавад.

Назорати тахминӣ. Барои кори омӯзиши ҳар мавзӯъ (қисм ё курс) дар муайян кардани дараҷаи азхудкунии он мафҳумҳо, истилоҳот, қоидаҳо ва ғ., ки дар марҳалаҳои гуногун пештар омӯзонида шудаанд, вобаста аст. агар дар ин бора педагог ахборот надошта бошад, он гоҳ вай аз лоиҳасозӣ ва идоракунии раванди таълим, интихоби вариантҳои он маҳрум аст. Педагог ахбороти заруриро аз пропедевтивии ташхисонӣ истифода мебарад, ки бештар ба педагог ҳамчун назорати тахминии дониш маълум аст. Охиринаш барои зикр кардани дараҷаи аввали омӯзандагӣ зарур аст. Муқоисаи аввали дараҷаи омӯзандагӣ бо комёбиҳои охирин имконияти ченкунии рушди дониш, сатҳи ташаккулёбии маҳорат ва малакаҳо, таҳлили ҳаракат ва самарабахшии раванди дидактикӣ, инчунин баровардани хулосаҳои беғаразона нисбати «ҳиссаи» педагог дар омӯзандагии талабагон, самарабахшии меҳнати педагог, моҳирона баҳо додани ӯ имконият медиҳад. Агар хусусияти аввалини система маълум шавад, масъалаи муфидонагии он аз бисёр ҷиҳат ҳалёфта пиндошта мешавад.

Ғун кардани ахборот дар ҳаҷми зиёд нисбати хусусияти ибтидои омӯзандагӣ ва бахо додани онҳо дар нишондодҳои миқдорӣ ба туфайли санҷиши тестӣ имконпазир мегардад.

Назорати ҷорӣ. Он барои ташхисонидани равиши ҷараёни дидактикӣ, зоҳир намудани ҳаракати охирин, таққос кардани дастовардҳои ҳақиқӣ дар давраҳои алоҳидаи натиҷагирӣ бо лоиҳасозӣ. Ғайри вазифаи ташхисонӣ назорати ҷорӣ ва баҳисобгирии дониш, маҳорат меҳнати таълимии талабагонро ҳавасманд мегардонад, барои дар вақташ камбудиҳои содирнамудаи азхудкунии маводи таълимиро нишон медиҳад ва баҳри бартарафкунии камбудиҳо чораҳо меандешад.

Одатан назорати ҷорӣ ба воситаи пурсиши щифоҳӣ сурат мегирад, ки он ҳамавақт такомулот ёфта меистад: педагогҳо чунин шаклро васеъ истифода мебаранд. Ҳамчун гуфтугӯи ҷабҳавӣ, истифодаи карточкаҳо, комбинатсия, магнитафон ва ғ.  Он асосан унсурҳои муҳими 2 – 3 мавзӯи гузаштаи охиринро дар бар мегирад. Давомнокии санҷиш 10 – 12 дақиқааст. Баъзе педагогҳо пешниҳод мекунанд, ки гузаронидани чунин санҷиш баъди ду дарс дар дарси сеюм бурда шавад, вале ҳамаи хусусиятҳои мушаххас ва талаботҳо дар натиҷаи санҷиш муайян мегардад. Бинобар ин баъди анҷомёбии ҳар дарс албатта таҳлил бояд кард, то ки шогирдон хатоҳои содир кардаашонро пай баранд ва сари вақт ислоҳ намоянд. Барои тезонидани таҳлил аз тестҳои беҳтарин истифода бурдан лозим аст. Агар назорати ҷорӣ бо ёрии сохти автоматиконидашуда (МЭҲ, тренажорҳо, перфокарта ва ғ.) бурда шаванд, он гоҳ ҳатман ба пешгирӣ кардани ҷавобҳои нодурусти талабгон эътибори ҷиддӣ бояд дод.

Назорати мавзӯӣ. Тартиб додани вазифаҳои мавзӯии санҷиш меҳнати зиёди дақиқӣ ва эҷодкориро талаб мекунад. Зеро гап нафақат дар бораи санҷиши азхудкунии аносири алоҳида, балки нисбати фаҳмидани системаҳое, ки ин унсурҳоро фароҳам мегиранд, меравад. Дар ҳалли ин масъала нақши муҳимро вазифаҳои синтетикӣ ва комплексӣ, ки мафҳумҳои алоҳидаи мавзӯъро якҷоя ҳал мекунанд ва барои зоҳир намудани алоқаи байни ахборотҳоро таъмин менамоянд, мебозанд. Барои назорати санҷиши мавзӯӣ беҳтараш истифода бурдани супоришҳои тайёри санҷиш, ки аз ҷониби кордонҳои педагогӣ таҳия шудаанд, хеле қулай мебошад.

Назорати ҷамъбастӣ. Ин назорат аснои такрори ҷамъбастӣ дар охирҳои чорякҳо, соли хониш ва ҷараёни санҷиши имтиҳонҳо бурда мешавад. Дар ин марҳалаҳо махсусан маводи таълимии раванди дидактикӣ ба системакунӣ ва ҷамъбастнамоӣ мегузарад. Дар ин давраҳо барои омӯзандагӣ аз санҷишҳои (тестҳои) самарабахшиаш баланди намунавӣ истифода бурда мешавад. Дар таҷрибаи мактабӣ вариантҳои гуногуни санҷиши омӯзандагии ҷамъбастӣ дида мешавад. Аз онҳо санҷиши карточкавии имтиҳонии хатмкунандагон (дохилшавандагон) бо мадади воситаҳои техникӣ ба хотири тезондани рафти санҷиш хеле муфид баромаданд.

Талаботи асосӣ ба ҷамъбасти санҷӣш супориш якто. Онҳо бояд дар сатҳи стандарти миллии маълумот мувофиқат кунанд. Густаришҳоро бештар технологияи ҷамъбастии санҷишҳо бо дастгирию истифодабарии компютерҳо ва барномаи тахассусӣ таъмин мекунад. Барномаи компютерӣ «Ордана» барои санҷиши курси мо технологияи намунавӣ мебошад.

Барои дастгирии техникии санҷӣш аз воситахои махсус истифода бурда мешавад, ки онҳо ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд. Ба якумаш сохти мувофиқшуда ба санҷиши инфиродӣ – пефокарточкаҳои гуногуннамуд, варақаи баҳисобгирӣ ва ғайра. Ба гурӯҳи дуюм воситахои назорат, гурӯҳӣ – синфҳои автоматиконидашуда (контролӣ – омӯзандагони контролӣ), ки омӯзиши барномашударо иҷро мекунанд. Махсусан якҷоягии идоракунии раванди фаҳмидагирӣ ва системакунонии санҷиши омӯзандагӣ (таъмини фаврии алоқаи бозгашт) ва ба меъёри асосӣ баландшавии сифати раванди дидактикиро таъмин мекунад. Компютерҳои зудтаъсиррасони замонавӣ имконияти такомулоти муносибати ташхисонии санҷишро амалӣ мегардонанд.

Санҷишҳои омӯзандагӣ бештар оммавӣ шуда истодаанд. Ҳоло пурсиши кӯтоҳмуддати тамоми талабагон дар ҳард дарс бо ёрии тестҳоро қариб ҳамаи педагогҳо истифода мебаранд. Афзалияти чунин санҷиш дар он дида мешавад, ки дар як вақт тамоми синф бо кори сермаҳсул мепардозад ва дар якчанд дақиқа метавон натиҷаи омӯзандагии талабагонро гирифт. Ҳангоми санҷиш пеш аз ҳама, камбудиҳои дониш муайян карда мешаванд, ки ин барои муфидона кор кардан ва худомӯзии талабагон хеле муҳим аст. Корҳои фардӣ ва тафриқавӣ бо шогирдон нисбати бартарафкунии камбудиҳои ҷойдошта аҳамияти муҳим доранд.

Табиист, ки ҳамаи он чизи зарурии омӯзандагиро тавассути санҷиш ҳаллу фасл кардан мумкин нест. Чунончи, нишондиҳандаи маҳоратро, барои ҷавоби аниқи худ мисолҳо, далелҳо овардан, маҳорати алоқамандгардонии падидаҳои педагогӣ, мантиқан исбот намудани дониши гирифта ва маҳорату малкаҳоро бо санҷиш (тестҳо) ташхисонидан имкон надорад. Ба ин маъно, ки чунин санҷиш албатта ба дигар шаклҳо (анъанавӣ) ва методҳои санҷиш алоқамандӣ дорад. Он педагогҳо дуруст амал мекунанд, ки санҷиши хаттӣ гирифта истода ба талабагон имконияти шифоҳӣ баёнкунӣ медиҳанд.

Ташхискунии омӯзандагӣ

Ташхисонидани омӯзандагӣ аз ташхискунии омӯзандагӣ ҷудоӣ надорад, зеро дуруст тасаввуркунӣ нисбати дастовардҳои натиҷаҳо метавонад фақат дар алоқамандии шароити (роҳҳои, воситаҳои) он натиҷаҳо гирифта шавад.

Омӯзандагӣ – ин қобилияти (лаёқати) талабагон нисбати азхудкунии мазмуни супоришҳои омӯзиш. Муродифҳои маъмули мафҳуми омӯзандагӣ аз ин мафҳумот иборат: «қобил», «қобилияти омӯзандагӣ», «тамоилҳои имконпазир», «бофаросат» ва ғ., ки сифати омӯзандагии шахсиятро ифода мекунанд.

Қисматҳои муҳимтарини маънои омӯзандагӣ инҳо мебошанд: 1) тамоили имконпазирии омӯзандагӣ; 2) фонди (захираи) амалкунандаи дониш; 3) ҷамъбасти тафаккур; 4) суръати ҳаракат дар омӯзиш (азхудкунии дониш). Тамоили имконпазир ҳамчун омил ба худ тавсифҳои фардиро (сифат) фаро мегирад. Дар байни онҳо фаросат (идрок), омодагӣ ба меҳнати ақлӣ, қобилияти хондан, бароркорӣ, фаҳмидагирӣ, фаъолият ва диг. Бештар ташаккулёбии амалиёти ақлӣ, васеъгии дониш, фазилати пурдонии умумӣ, инкишофи забонӣ, сатҳи азхудкунии донишҳо, маҳорат ва ғ. Ҷамъбасти тафаккур – ин боз як муйянкунандаи омӯзандагии омили комплексӣ, масъул будан ба сифати (амиқ, муфидона) фаҳмидагирии раванд. Чунин тавсифҳои тафаккур, ҳамчун нерӯ, гиро, мустақӣлият, сарфакор ва дигарҳоро, ки моҳиятан имконпазир ва афзалияти ҳар шахсиятро дар омӯзиш муайян мекунанд.

Омили суръатро мантиқан ҳамчун маҳсули пештара дидан лозим аст, зеро, ки ҳамаи афзалиятҳои шахсият, дорандаи бештар баланди омӯзандагӣ, дар назди шахсият бештар паст тавсифёфта нисбати сифати мазкур амалан бо фарқият дар суръати (вақт) азхудкунии донишҳо, маҳорат, пешравӣ дар омӯзиш ва инкишофи натиҷаҳо нишон дода мешавад. Ба суръат тамоюли имконияти омӯзандагон ва фонди амалии донишҳо, маҳоратҳо ва тавсифи тафаккури онҳо ҳам таъсир мекунад. Аз ин ҷо махсусан суръатмуайянкунандаи хислати омӯзндагӣ мебошад. Баландшавии суръат ва пастшавӣ сарфашавии вақт ҳама ба омӯзандагӣ вобастагӣ дорад.

Дар омӯзиш, чӣ гуна суръат зарурат дорад, онҳоро чӣ тавр муайян мекунанд ва нисбати суръат чӣ хел ташхиси омӯзандагӣ мебаранд?

Суръати азхудкунии донишҳо, маҳорат (Са).

Ин нишондиҳанда шарҳи гуногун дорад. Ба онҳо пеш аз ҳама мумкин аст мафҳуми меъёри вақти азхудкунӣ (иҷрои меъёри санҷиш), ҳамчунин ихтиёран (вале якхела барои ҳамаи талабагон) фаҳмидани маъно ё тест:

                                      Са= Св/См. 100%,

дар ҷои Са – суръати азхудкунӣ; Св – суръати вақти сарфшуда барои пурра азхудкунии меъёри фаҳмиши маъно ё иҷрои меъёри санҷиш бо омӯзандагии аниқ; См – суръати миёнаи эҳсоиявии вақти иҷрои меъёри супориш. Мафҳуми «меъёр» маънои аниқ дорад ва метавонад маъноҳои «миёнаэҳсоиявӣ», «бо мушоҳидаи бисёрсола», «дар мактаби мо», «дар сатҳи талаботи қабулкунанда» ва амсоли инҳоро ҳам диҳад. Ташкил кардани тадқиқот нисбати ин нишондодҳо мураккаб нест: ба хонандагон пешниҳод кардан лозим аст, ки тестро иҷро кунанд ва аснои ҷавоб вақтро дақиқ қайд намоянд. Шароити зарурӣ дар ин маврид пурқувват кардани далеловарӣ мебошад, яъне барои тез иҷрокунии кор кӯшиш кунанд, вале бехато. Бо натиҷаҳои санҷиш ё иҷро кардани супориш рейтинги талабагон барқарор карда мешавад, валади онон дар рӯйхат зикр меёбад, тибқи нишондоди онҳо вақти (суръати) иҷрои супориш вусъат дода мешавад.

Суръати пешравӣ дар омӯзиш (Сп).

Ин нишондиҳанда як қадар пурра тавсифи омӯзандагиро медиҳад, азбаски омӯзиш хеле давраҳои тӯлониро фаро мегирад, бо он сифати таъсррасонӣ басо пурқувват мешавад. Ҳангоми истифодабарии нишондиҳандаи мазкур вақти пурраи азхудкунии қисм, фасли курс, тамоми фанни таълимӣ ба назар гирифта мешавад. Ифодаи аналитикии нишондиҳанда аз пештарааш фарқ намекунад:

                                      Сп=Са/См. 100%,

ҷое, ки Сп – суръати пешравӣ; Са – суръати азхудкунии қисм (қисми курс, тамоми фанни таълимӣ) бо талабагони муайян; См – суръати меъёри вақти азхудкунии ҳамин ҳаҷми маводи таълимӣ, ки бо роҳи эксперт (мумайиз) бо ёрии ҳисобҳои назариявӣ барқароршуда.

Таҷриба мунтазам собит мекунад, ки он талабаи ҳаҷми дониши ба вай пешниҳодшударо зуд аз худ мекунад, вай дорои хеле баланди омӯзандагӣ. Барои ҳамин ҳам омӯзиши Сп ба миқдори баҳо нисбати имконпазирии омӯандагӣ роҳ мекушояд. Ҳангоми амалан муайян кардани нишондиҳандаи Сп боз ҳам баҳри таъмини мақсади гузошташудаи омӯзиш зарур аст. Беалоқамандии он (ҳақиқӣ баҳо додани суръат, омӯзандагӣ, имконияти талабагон ва ғ.) мушкил аст.

Сарфа кардани вақт, тезонидани суръат, ҳатман омӯхтани на фақат мавзӯъҳои алоҳида, фаслҳо, ҳамчунин тамоми, чӣ тавре, ки мо дар педагогҳои ботаҷриба мушоҳида намудем, ноилшавӣ аз ҳисоби сафарбаркунии омӯзандагон, амалигардонии рағбатонӣ, ангезонидани баландбардории шиддатнокии фаҳмидагирии меҳнат бармеояд. Ҳамин тавр, талабагон на як бор, балки ҳама вақт ба сифати муқарраршудаи шахсият, ноил мегарданд, вале раванди ҳаракат, ки бо таъсири сабабҳои гуногун инкишоф меёбад, бо мақсад идора кардани он мумкин аст.

Суръати афзоиши натиҷаҳо (Са).

Ин нишондиҳанда тавсифи ҳаракати омӯзандагӣ ва моҳияти басо муҳим доштани фаҳмидагирӣ ва ҳисобу китоби фаврии тағйироти раванди таълимиро инъикос мекунад. Ин тағйирот хусусияти болоравӣ дошта, устуворкунӣ ё пастшавии натиҷаҳоро нишон медиҳад. Онҳоро бо баҳо мушобеҳ кардан мумкин нест, чунки охиринаш метавонад ноустувор бошад, дар дарсҳо тағйир ёбад. Тағйирёбӣ, ки гап дар бораи он меравад, хусусияти анъанавӣ дошта, пешравии ҳар омӯзандаро дар фаъолияти таълимгирӣ нишон медиҳад. Бояд қайд кард, ки анъана ин ба шароити омӯзандагон мушобеҳ карда мешавад. Аммо анъанаро чун одат яку якбора тасодуфан дигар кардан мумикн нест, онро бо оҳистагӣ ислоҳ бояд кард. Нишондиҳандаи афзоиши натиҷаҳо огоҳӣ медиҳад, ки раванд бо кадом суръат ҳаракат дорад ва худ чӣ хел майл ва хусусият мегирад.

Маънои тағйирдиҳӣ (афзалият, пастшавӣ) натиҷабахшии омӯзишро бо мисолҳо мекушоем. Бигзор бо муваффақият тести аввал 0,2 иҷро гардад, вале баъди он 0,9 мешавад. Нисбати натиҷаи аввалин дуюмаш афзалиятноку бо сураъти баланд натиҷа дод. Дар раванди омӯзиши «мӯътадил» ҷаҳиши аналогӣ хеле кам рӯй медиҳад, ҳамчунин пастшавӣ ҳам бо амри тасодуф чунин рӯй доданаш мумкин аст. Амали тағйирёбии суръати натиҷабахшӣ дар ҷараёни раванди омӯзиш лаппишёбии омӯзандагии талабагони алоҳида ё тамоми синфро муайян мекунад.

Нишондиҳандаи натиҷаҳои тағйирёбанда (Сн) муносибати комёбиҳои охиринро нисбат аз пештара ифода мекунад:

                                      Сн=См/Ск.100%

дар ҷои Сн – суръати натиҷаҳои тағйирёбанда; См – суръати «минбаъда» зикрёфтаи нишондиҳандаи омӯзиш (дар фоиз, маънои дахлдор, баллҳо); Ск – суръати комёбшавии маънои нишондиҳанда (аз пештара) ё маънои миёнаи арифметикии сафи нищондиҳандаҳо зикр карда мешавад. Формулаи аниқи аналитикӣ аз он иборат аст, ки маънои охирин ва пештараи пешравӣ чӣ тавр шарҳ дода мешавад, вобаста аст.

Технологияи муайянкунандаи омӯзандагии талабагон нисбати суръати дидакткӣ осонтар кардани ҳалли бисёр масъалаҳоро тақозо мекунад. Пеш аз ҳама он барои синфҳои омӯзиши тафриқавии якхела (гурӯҳ, зергурӯҳ) истифода бурда мешавад. То ҳол барои мақсад чунин маъёрҳо гирифта мешуданд, ҳамчунин азхудкунӣ, дараҷаи тайёрӣ нисбати фанҳо, қисман қобилият ва майли талабагон, баъзе дигар аломатҳо. Вале ҳамаи онҳо дар омӯзандагӣ, ба фарқ кардани талабагон пайравӣ мекунанд: махсусан ин тавсифи ҳамгирокунӣ имконияти ҳар кадом талаба, роҳҳои такмили раванди шахсии ӯро бехато нишон медиҳад.

Санҷиши контролӣ

Ташхиси омӯзандагӣ чист?

Назорати дониш, маҳорат чист?

Санҷиши дониш, маҳорат чист?

Арзёбӣ ва баҳо чист?

Ташхисонӣ, назорат ва санҷиши дониш дар асоси кадом принсипҳо асосонида мешавад?

Вазифаҳои назоратро номбар кунед.

Звеноҳои санҷиши дониш, маҳоратро тавзеҳ диҳед.

Кадом навъи камбудиҳо дар таҷрибаи оммавӣ, назорат, санҷиш, баҳомонӣ ба дониш зоҳир шудааст?

Системаи панҷбаллии баҳомонӣ чӣ гуна камбудиҳо дорад?

Кадом ҷадвали баҳомонӣ ба шумо маъқул ва барои чӣ?

Ташхисонии омӯзандагӣ, комёбшавӣ, инкишоф чист?

Барои баҳо додан ба санҷиши ташхисонӣ чӣ гуна меъёрҳо ҳаст?

Кадом шакли назорати санҷӣши тестиро шумо медонед?

Ба кадом қоидаҳои тартиб додани санҷши ташхисонӣ эътибор додан лозим аст?

Хусусияти тесткунонии барномашуда, компютерӣ дар чист?

Омӯзандагӣ чист?

Омӯзандагии талабагон чӣ тавр ташхисонида мешавад?

Адабиёт барои худомӯзӣ

Амонашвили Ш. А. Воспитательная и образовательная функции оценки учения школьников. – М.. 1984.

Бордин К. В. Как научить детей учится. – М., 1987.

Гузик Н. П. Учить учиться. – М., 1981.

Подласый И. П. Педагогика. – М., 2000

Полонский В. М. Оценка знаний школьников. – М., 1982.

Раҳимов Х., НуровА. Педагогика. – Душанбе, 2000.

Розенберг Н. М. Измерения в дидактике. – Киев, 1985.

Фридман Л. М., Волков К. Н. Психологическая наука – учителю. – М., 1985.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.