Тарбияи меҳнатӣ, моҳият ва вазифаҳои он

 

Зермавзӯъҳо:

  1. Тарбияи меҳнатӣ, мақсад ва аҳамияти он
  2. Шакл ва намудҳои фаъолияти тарбияи меҳнатӣ
  3. Тарбияи меҳнатӣ ва робитаи он ба интихоби касб
  4. Тарбияи меҳнатӣ – ин дар хонандагон ташаккул додани муносибати бошуурона ба меҳнат, ҷузъи таркибии тарбияи ҳаматарафаи шахсият аст. Он дар мактаб ба омодагии психологӣ ва амалии хонандагон равона карда шудааст. Меҳнат – асоси зиндагӣ, ѓановати маънавӣ ва моддӣ вазифаи муқаддаси инсон, меъёри қадру қиммати ҳар фард, рукни рушду камолоти шахсият мебошад.

Мақсади  тарбияи меҳнатӣ – ин ҷавононро бо асосҳои истеҳсолот , саноат, хоҷагии қишлоқ, сохтмон, нақлиёт, алоқа, соҳаи хизматрасонии маишӣ, шинос кардан ва интихоб кардани яке аз касбҳо дар раванди таълим аст.

Асарҳои илмӣ – бадеӣ, китобҳои доир ба санъат, ёдгориҳои таърихию меъморӣ, ки аз гузаштагон мерос мондааст,  маҳсули меҳнати онҳост.  Олимони машҳур А. Сино, Н. Хисрав, У. Хаём, Ф. Аттор, С. Шерозӣ, А. Ҷомӣ ва дигарон меҳнатдӯстиро тарѓибу талқин кардаанд. Дар эҷодиёти даҳонакии халқ дар бораи аҳамияти меҳнат зарбулмасал ва гуфтаҳои сершумор ҳастанд. Масалан: «Набурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад», «Кор кунӣ, дарё шавӣ, кор накунӣ, бурё», «Русурхии одам кор аст», «Бе меҳнат роҳате нест», «Имрӯз меҳнат, пагоҳ роҳат» ва ѓайра намунае аз онҳоянд. Дар ҳақиқат меҳнат доруест, ки ба одамизод солимӣ  ва бардамӣ ато мекунад. Меҳнат сабаби инкишофи шахс  мебошад, аз ин лиҳоз, ба бачагон аз хурдӣ меҳнат карданро одат кунонидан лозим аст.

Аҳамияти тарбияи меҳнатӣ дар он аст, ки он дар хонандагон сифатҳои неки инсониро пайдо мекунонад, бепарвоӣ ва беѓамиро рафъ месозад. Меҳнат ба шахси комил шодиву хурсандӣ ато менамояд, бахту саодат, обрӯю эътибор меоварад ва онро ба орзую мақсад мерасонад. Дар бораи аҳамияти тарбияи меҳнатӣ дар «Қобуснома»-и Кайковус, ки соли 1083 таълиф шудааст, чунин омадааст: «Агар хоҳӣ, ки зиндагонӣ ба осонӣ гузаронӣ, равиши худро ба рӯи кор ор».

Вазифаи тарбияи меҳнатӣ – ин ташаккули шахсият ҳамчун бунёдкор, эҷодкор баҳри ба даст овардани ягонагии миллӣ ва эҳёи на танҳо халқи тоҷик, балки халқҳои дигари Тоҷикистон мебошад. Он бояд зарурати меҳнати одамонро ба хонандагон фаҳмонад, сифатҳои ахлоқии онҳоро ташаккул диҳад ва барои интихоби дурусти касбу ҳунар кӯмак расонад.

  1. Аз таърихи тамаддуни инсоният – бармеояд, ки одам аз рӯзи пайдоишаш ба меҳнат машѓул будааст. Тарбияи меҳнатӣ дар ҷамъияти ѓуломдорӣ ва феодалӣ ба ду қисмат: ақлӣ ва ҷисмонӣ ҷудо шуда буд. Фарзандони табақаи болоӣ – ҳокимон, истисморгарон ба меҳнати ақлӣ, синфҳои мазлум бошад ба меҳнати ҷисмонӣ машѓул буданд. Аз ҳам ҷудоии ин қисматҳои меҳнат инсониятро асрҳои зиёд аз инкишофи ҳамаҷониба боздошт, чунки маҳз бо ҳам пайвастани меҳнати ақлию ҷисмонӣ метавонад, инкишофи ҳамаҷонибаи шахсиятро таъмин намояд.

Ҳоло мувофиқи нишондодҳои назарияи педагогҳои муосир ду шакли меҳнат фарқ карда мешавад:

  • Меҳнати ҷисмонӣ;
  • Меҳнати фикрӣ (ақлӣ).

Коре, ки бо ёрии ҳаракати узвҳои бадан ва харҷи қувват иҷро карда  мешавад, мењнати ҷисмонӣ аст. Чунин фаҳмидан хатост, ки ба меҳнати ҷисмонӣ  ақл даркор набошад. Меҳнати ҷисмонӣ ҳам бо мадади ақл маҳсулнок мешавад ва ба сифати баланду натиҷаи дилхоҳ анҷом дода мешавад.  Устои оҳангар ё дуредгар ақлро кор нафармояд, чизи даркориро сохта наметавонад.

Ба меҳнати фикрӣ бошад, муаллимон, духтурон, олимону адибон, кормандони маданият, рӯзноманигорон машѓул мешаванд. Ба меҳнати ҷисмонӣ ҷамъият аз ҷиҳати иқтисодӣ ва истеҳсолӣ бо маводҳои гуногун таъмин шавад, кормандони фикрӣ баҳри пешрафт ва инкишофи маънавиёти одамон хизмат мекунанд.

Барои он ки тарбияи  меҳнатӣ самараи хуб бахшад, мебояд, ки ҳар як омӯзгор аз намудҳои фаъолияти меҳнатии хонандагон дуруст истифода барад. Ба намудҳои фаъолияти меҳнатии талабагон инҳо дохил мешаванд:

  • меҳнати зиндагӣ (маишӣ)
  • меҳнати таълимӣ
  • меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ
  • меҳнати истеҳсол
  • Меҳнати зиндагӣ (маишӣ) – фаъолияти инсон аз ҳамин намуди меҳнат сарчашма мегирад. Меҳнати инсон ва ба он одаткунӣ сабақҳои нахустини меҳнати ҳаётии кӯдакон дар оила мегузарад;
  • Меҳнати таълимӣ – дар раванди ин намуди меҳнат хонандагон баробари амалиёти зеҳнӣ корҳои мураккаби амалии зиёдеро мустақилона анҷом медиҳад. Меҳнати таълимӣ  дар дарсҳои омехтаи санъати тасвирӣ ва таълими меҳнат ҳаллу фасли худро меёбад;
  • Меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ – манбаи арзиши моддӣ ҳисоб намешавад. Ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ кӯдакон аз рӯзи аввалини ба мактаб омаданашон ворид мегарданд. Ёрӣ ба оилаҳои мӯҳтоҷ, ветеранҳои меҳнату ҷанг, кабудизоркунӣ ва ѓайраҳо намудҳои корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ мебошад;
  • Меҳнати истеҳсолӣ – ин соҳаи фаъолияти педагогиест, ки дар он принсипи алоқаи омӯзиш бо меҳнати истеҳсолӣ баргузор мегардад. Дар қароргоҳи меҳнатӣ ва истироҳатӣ талабагон ба корҳои хоҷагии қишлоқ ёрӣ мерасонанд ва ҳам истироҳат мекунанд.
  1. Тамоми корҳои таълимӣ ва тарбиявии мактаб хонандагонро ба меҳнат тайёр мекунад ва ба марҳилаи интихоби касб оварда мерасонад, ки дар тарбияи меҳнатӣ марҳилаи охирин ба шумор меравад. Вазифаи асосии корҳои оид ба интихоби касб дар мактаби муосир аз он иборат аст, ки завқу шавқи ба касбу ҳунарҳо доштаи хонандагонро инкишоф дода, майли онҳоро ба кадом касбҳо аст, истеъдоди касбиашонро барои кадом соҳа муносиб карда мешавад.

Ба мақсади ёрирасонӣ ба интихоби касб дар мактаб барои хонандагон тадбирҳо  (усулҳо)-и зерин муайян гардидааст:

  • ахборотдиҳӣ оид ба касбҳо;
  • мусоҳиба (консултатсия) доир ба касбҳо;
  • хостагирии касбҳо.
  • Ахборотдиҳӣ оид ба касбҳо – дар синфҳои ибтидоӣ сар шуда, мазмуни он минбаъд вобаста ба синну соли бачагон дар синфҳои асосӣ ва миёна ба итмом мерасад. Маълумотдиҳӣ оид ба касбҳо дар синфҳо болоӣ дар дарсҳои меҳнат, физика, экскурсияҳо бо иштироки мутахассисон, собиқадорони меҳнат таъсири  мусбат мерасонад.
  • Мусоҳиба (консултатсия) доир ба касбҳо – дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ аҳамияти махсусро моликанд. Вазифаи асосии мусоҳиба аз он иборат аст, ки аз рӯи санҷиши саломатӣ, сифатҳои анатомӣ – физиологӣ ва психологӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ ягон касб ё тахассуси муайянро тавсия менамояд. Дар вақти гузаронидани мусоҳибаҳо аз байни муаллимон, волидон ё аз ҷумлаи мутахассисони корхонаҳо соҳибтахассусон даъват карда мешаванд.
  • Хостагирии касбҳо – ҷараёнест, ки дараҷаи ибтидоӣ ва хусусияту сифатҳои хонандагонро санҷида баромада  ба кадом касб мувофиқ буданашонро  аниқ менамояд. Баъди ба кори махсуси тадқиқотӣ муайян  кардани қобилияти хонандагон ба таҳсили таълимгоҳҳои касбӣ ва ба кори истеҳсолот фиристода мешаванд.  Бояд гуфт, ки бо ин усул аз байни  довталабони сершумор беҳтаринҳо ба касбу тахассусҳои мураккабу муҳими имтиёзнок хоста гирифта мешавад.

Ҳамин тавр муаллимон, роҳбарони синфҳо, волидон ва худи хонандагон доир ба интихоби касб мунтазам  чорабиниҳо гузаронанд, ҳамаи дастпарварони мактаб касбу тахассусҳои лозимаро дуруст ва бошуурона интихоб намуда ба халқу ватанамон бештар нафъ меоранд.

Адабиёт:

  1. Иванов И.П. Энсиклопедия коллективних творческих дел. – Москва, 1989.
  2. О трудовом воспитании. Хрестоматия. – Москва, 1983.
  3. Раҳмонов М. Педагогикаи мактаб. – Душанбе, 1988.
  4. Энсиклопедияи советии тоҷик, ҷилди 4. – Душанбе, 1980.

#

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.