Созмони талабагии мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сохтор ва вазифаҳои он

 

Зермавзўъҳо:

  1. Таърихи ҳаракати кўдакон.
  2. Фаъолияти Созмони талабагии мактабҳои Тоҷикистон ва вазифаҳои он.
  3. Сохтори Созмони талабагии мактабҳо.
  4. Идоракунӣ ва ба нақшадарории кори Созмони талабагӣ.
  5. Ҳаракати кўдакон таърихи тўлонӣ дорад. Собиқ давлати Шўравӣ аз аввали солҳои ҳукумрониаш барои бачагону наврасон ва ҷавонон ташкилотҳои махсус таъсис намуда буд, ки вазифаҳои онҳо дар аъзоён ақидаҳову ҷаҳонбинии коммунистиро парваридан буд. Бо ҳамин мақсад 29 октябри соли 1918 иттифоқи коммунистии ҷавонон- комсомол ташкил дода шуд. 19 май соли 1922 ташкилоти пешоҳангон- пионерон таъсис ёфт, ки дар таъси додани он Н. К. Крупская ҳисса гузошта мақсаду вазифаҳои онро муайян намуд. Соли 1923 дар назди отрядҳои пешоҳангон гурўҳҳои кўдакони хурдсол таъсис дода шуд, ки ба он номи “Октябрятҳо”- ро монданд.

Вазифаи ташкилоти пешоҳангон ба инкишофу тарбияи кўдакон ва ақли онҳо мусоидат намудан ҳисоб меёфт. “Ваъдаи тантанавии пешоҳангони наврас”. “Қонунҳои пешоҳангони наврас” дастурамали ҳар аъзои ташкилоти пешоҳангон буд. Комсомол ба ташкилоти пешоҳангон роҳбарӣ мекард. Ба ташкилоти комсомолии иттиҳоди Шўравӣ, ҷумҳуриҳо, вилоятҳо, шаҳриву ноҳиявӣ ҳизби коммунист роҳбарӣ мекард. Дар мактабҳо кумитаи комсомолӣ ва дружинаи пешоҳангони мактаб амал мекард. Дружина аз отрядҳои пешоҳангон буд.

Дар ибтидои солҳои 90 аввал ҳукумронии ҳизби коммунист аз байн рафт. Баъдан ташкилотҳои комсомолӣ ва пешоҳангон, ки як қисми ҷудонашавандаи ҳизб буданд, оҳиста- оҳиста фаъолияти худро қатъ намуда пас тамоман барҳам хўрданд.

  1. Аз баски чанд ташкилотҳои кўдаконаи пайдошуда дар мактабҳо мақоми худро пурра наёфт ба хонандагон кор бурда натавонистанд. Бинобар ин 25- 26 феврали соли 2000 дар шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии Созмони талабагӣ гузаронида шуд, ки он 26.02 соли 2000- ро рўзи ташкилёбии Созмони талабагӣ эълон карда ба он номи Исмоили Сомонӣ- ро дод.

Талаботҳои асосии фаъолияти созмон дар низомномаи Созмони талабагии мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ №215 аз 26.02 соли 1999 тасдиқ карда шуда буд, бояд дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ Созмонҳои талабагӣ ба кор шурўъ мекард.

Созмони талабагӣ ихтиёрӣ мсутақил ва ҷамъиятӣ буда, он бо мақомоти маорифи Тоҷикистон, Созмонҳои ҷавонон, касбию эҷодӣ ва дигар иттифоқҳою муассисаҳо, ки мақсаду фаъолияташон ба ташаккулу инкишофи шахсияти бачагон равона карда шуда ҳамкорӣ мекунад. Созмони талабагии мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмонҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ роҳбарӣ мекунад.

Мақсаду вазифаҳои созмон аз инҳо иборат мебошад:

  • фароҳам овардани шароит барои худидоракунӣ, хештаншиносӣ, ваҳдат, ошкорбаёнӣ, ҳимояи манфиатҳои кўдакон, эҳтироми рамзҳои ҷумҳурӣ (парчам, нишон ва Суруди миллӣ);
  • ёрӣ расонидан ба аъзоёни Созмонҳо;
  • бо меҳнати ҳалол ба худ ва ҷамъият нафъ овардан;
  • ҳуқуқи аъзоёнро ба муттаҳидшавӣ, аз нав ташкилкунӣ, барҳамдиҳӣ мувофиқи қонунҳо танзим намудан;
  • дар назди қонун ҷавобгарӣ доштан: ҳимоя намудани ҳуқуқи аъзоён, фарҳанг, урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва риояи расму оинҳои мардумӣ;
  • ҳифзи муҳити зист;
  • огоҳи доштан аз таърихи ҳаракати кўдакон ;
  • дар хонандагон тарбия намудани ҳисси ватандўстӣ, инсонпарварӣ, ваҳдат, меҳнатдўстӣ, ҷонибдорӣ сиёсати роҳбари давлат;
  • инкишоф додани маҳорату малакаҳои меҳнатӣ, эҷодӣ ва шавқу ҳаваси аъзоён.
  1.    Аз ҷиҳати сохтор Созмони талабагии мактабҳо аз се зина иборат аст:  “Ахтарон”, “Ворисони Сомониён”, “Сомониён”.

“Ахтарон”- хонандагони синфҳои ибтидоиро фаро гирифта, шиорашон “Мо кўдакони фаъол, ҷасур, хушахлоқ, ростқавл ва хушбахт мебошем!” мебошад.

“Ворисони Сомониён”- хонандагони синфҳои 5-9 ро дар бар мегиранд, ки шиорашон “Барои хизмат ба халқу ватан доимо тайёрем!” аст.

“Сомониён”- хонандагони синфҳои 10- 11 ро муттаҳид карда, шиорашон “Мо ба меҳнат ва ҳимояи Ватан тайёрем!” мебошад.

Созмон дар аввали сол дар маҷлиси умумимактабӣ таъсис дода мешавад. Аз ҳисоби аъзоёни Созмон: раис, муовин ва котиб интихоб карда мешавад.

“Ахтарон” зинаи ибтидоии Созмони талабагӣ буда, на кам аз се нафарро муттаҳид мекунад. Мақсади асосии “Ахтарон” ин тайёр намудани аъзоёни худ ба сафи “Ворисони Сомониён” аст. “Ахтарон” нишони сарисинагии худро дорост, ки шакли давраро дошта бо ранги зард офтоб ва шўълаи он бо ранги бунафш оро дода шудааст, ки он осудагӣ ва парчам шўҳрат ва ифтихори тоҷикистониён ифода гардидааст.

“Ворисони Сомониён” давомдиҳандаи кори “Ахтарон” мебошад. Нишони сарисинагии он дар шакли давра бо рўшноии нурҳои ҳаётбахши офтоб, ситораи бисёргўша- баробарҳуқуқии кўдакон, рангҳои дохили ситора: сурх, сафед ва сабз ифодаи парчами ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байн расми Исмоли Сомонӣ- рамзи адлу инсоф, ақлу хирад, шуҷоат ва баробарҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

Созмони “Сомониён” дар мактаб чун “Созмони ҷавонон” амал мекунад. Ҳар хонандаи ҷавони аз 15 то 17 солаи ҳамаи намуди мактабҳо метавонанд ба таври фардӣ дар асоси Низомномаю барнома фаъолияти худро муайян намуда бояд ба ягон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ мансуб набошад.

  1.  Шўрои Созмонҳои талабагии ҷумҳурӣ ҳар сол чор маротиба даъват карда шуда нақшаи корию буҷаи Созмонро тартиб дода ба конференсия пешниҳод менамояд. Идоракунии Созмони  талабагӣ ба шарте осонтар ва кораш самараноктар мегардад, ки фаъолияти он аз рўи нақшаи дурусту пурмазмун мураттаб шуда, ба роҳ монда мешавад. Нақшаи кории Созмон барои як соли хониш тартиб дода шуда, дар он чорабиниҳо доир ба тарбияи ҷаҳонбинии илмӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, забонпарастӣ, экологӣ, иқтисодӣ, ватандўстӣ, ҷисмонӣ, ҳуқуқӣ, кор бо волидайн ва ғайраҳо дохил мешавад.

Дар асоси нақшаи Созмони талабагии мактаб комиссияҳо ва Созмонҳои “Сомониён”, “Ворисони Сомониён”, “Ахтарон” нақшаҳои кории худро тартиб медиҳанд, ки онҳо дар маҷлиси умумии созмон тасдиқ мегарданд.

Нақшаи кори Созмони талабагии мактаб тахминан аз чунин фаслҳо иборат мебошад:

  1. Таҳлили корҳои Созмон дар соли гузашта;
  2. Вазифаҳои Созмон дар соли хониши нав;
  3. Корҳои ташкилӣ;
  4. Чорабиниҳои оммавӣ;
  5. Нақшаҳои коммисияҳои Созмон.

Дар нақша гузаронидани маҷлису ҷамъомадҳо бахшида ба идҳо мавқеи махсусро ишғол мекунад. Ҳамин тавр ташкил ёфтани Созмон талабагии мактабҳои ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми некест дар кори таълиму тарбияи насли наврас.

Адабиёт

  1. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии Созмони талабагии мактабҳои Тоҷикистон. – Душанбе, 2000.
  2. Обидов И. Очерки мухтасари таърихи маорифи халқи Тоҷикистон. – Душанбе, 1965.
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”. – Душанбе, 1994.
  4. Юнусов И. Педагогика. – Душанбе, 2005.
#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.