Корҳои берун аз синфӣ ва берун аз мактабӣ

Корҳои берун аз синфӣ ва берун аз мактабӣ

Зермавзўъҳо:

  1. Мазмун ва фаъолияти корҳои берун аз таълимӣ.
  2. Принсипҳои асосии корҳои берун аз синфӣ ва берун аз мактабӣ.
  3. Шакл ва методҳои корҳои берун аз синфию берун аз мактабӣ.
  4. Фаъолияти корҳои берун аз таълимии хонандагон асосан дар ду мавқеъ бурда мешавад: корҳои берун аз синфӣ ва берун аз мактабӣ. Мафҳуми “Корҳои берун аз синф”- ин фаъолияти ғайридарсии талабагон мебошад, ки он дар худи мактаб берун аз ҷадвали дарсӣ гузаронида мешавад. Корҳои берун аз синфӣ қисми таркибии таълиму тарбия буда, барои такмил додани дониш, маҳорат, малака, инкишофи мустақилияти хонандагон мусоидат мекунад. Корҳои берун аз синфӣ барои ба ҳаёти мустақилона тайёр кардани талабагон замина мегузорад.

Корҳои берун аз синфиро муаллимони фан, волидайн, кормандони идораҳои сарпараст, хонандагони фаъол мегузаронанд. Фарқи корҳои берун аз синфӣ аз корҳои синфӣ дар он аст, ки он ихтиёрӣ мебошад.

“Корҳои берун аз мактабӣ”-ин машғулиятҳоеро мегўянд, ки он дар муассисаҳои махсуси берун аз мактабӣ- қасрҳо, хонаҳои маданӣ, истгоҳҳои техникон, табиатшиносон, сайёҳони ҷавон, қасрҳои варзишӣ, клубҳо, марказҳои эҷодии бачагону наврасон, мактабҳои ҳунарӣ, бадеӣ, студияҳои мусиқӣ, муассисаҳои солимгардонӣ, китобхонаи ҷавонон ва ғайраҳо мегузаранд. Корҳои берун аз мактабиро роҳбарони махсус тайёркардашудаи маҳфилҳо, шўъбаҳо, иттиҳодияҳо ва дигарон мебаранд, ки дар ин машғулиятҳо қобилияту истеъдодҳо ба худ хоси хонандагон инкишоф меёбад. Корҳои берун аз мактабӣ яке аз шаклҳои ташкили вақти фароғати бачагон буда он воситаҳои  барҳам додани беназоратии кўдакон мебошад.Фарқияти корҳои берун аз мактабӣ аз корҳои берун аз синфӣ дар он аст, ки вай дар доираи муассисаҳои берун аз мактабӣ мегузарад.

  1. Корҳои берун аз синфӣ ва берун аз мактабӣ тибқи принсипҳои педагогии махсус амал мекунад, ки онҳо чунинанд: ихтиёрӣ самти иҷтимои, инкишофи ташаббускорӣ ва худфаъолияти, романтикӣ ва бозӣ оқилона ва эҷодкорона рафтор кардан, баҳисобгирии хусусиятҳои синнусолӣ ва фардӣ, пай дар пайӣ ва якҷояамалкунӣ.

Иҳтиёрӣ будани корҳои берун аз синфӣ-ин ё он шакли машғулияти берун аз синфию бо майлу хости худ,хонанда интихоб мекунад.

Самти иҷтимоӣ-мазмуни корҳои маҳфилҳо, клубҳо, иттиҳодияҳо ба инкишофи иҷтимоию иқтисодии кишвар ҷавобгў буда вобаста бо дастовардҳои илм, теҳника, маданият, санъати муосир гузаронида шаванд.

Ташаббускорӣ ва худфаъолиятӣ-дар рафти машғулиятҳо хоҳишманди худи иштироккунандагон, пешниҳодҳо, ташаббускорӣ ва амалиёти мустақилии онҳо пурра ба ҳисоб гирафта мешаванд.

Принсипи романтикӣ ва бозӣ- дар маҳфилҳо васеъ истифода бурдани бозиҳои идроккунӣ, намоиши таҷрибаҳои шавқангез, бозиҳои компютерӣ аҳамияти калон дорад. Асосан дар он хонандагони синни хурди мактабӣ фаро гирифта мешавад.

Оқилона ва эҷодкорона рафтор кардан-ихтироъкорӣ, техникадонии кўдакон, эҷодкории табиатшиносони ҷавон инкишоф дода мешавад.

Баҳисобгирии хусусиятҳои синну сол ва фардӣ- дар фаро гирифтан ба машғулиятҳо ба назар гирифта шуда, кўдакони синни хурди мактабӣ бо фаъолияти бозӣ, синни миёнаи мактабӣ бо алоқаи фаъоли ҳамсолон, калонсолони таҷрибанок пайваста амалӣ гардад.

Принсипи пайдарпайӣ-дар асоси нақшаи дақиқ муттасил бурдани корҳои берун аз синфӣ ва берун аз мактабиро тақозо мекунад.

Дар нақшаҳо хоҳиш ва дархости иштироккунандагон ҳатман ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Принсипи якҷояамалкунӣ-ба талаботи муносибати комплексии тарбия вобастагӣ дорад.Корҳои берун аз синфӣ ва берун аз мактабӣ бо дастгирии ҳамдигарӣ амал мекунад.

  1. Дар мактаб шаклҳои ташкили корҳои берун аз синфиро ба се қисм тақсим мекунанд: гурўҳҳӣ,оммавӣ ва фардӣ.

А) Гурўҳҳӣ-ба ин шакл маҳфилҳои фаннӣ,техикӣ,сексияҳои варзиш,бадеию ҳаваскорӣ дохил мешавад.Мазмуни кори маҳфилҳо  мувофиқи майлу рағбати хонандагонба нақша гирифта мешаванд. Машғулияти маҳфил ҳар ҳафта ё моҳе ду маротиба баргузор мегардад.

Б) Оммавӣ-ба ин шакл шабнишиниҳо,олимпиадаҳо,фестивалҳо, нигористонҳо,мубоҳиса,вохуриҳо,озмунҳо,мусобиқаҳо,экскурсињо дохил мешаванд.Дар корҳои оммавӣ асосан хонандагоне,ки дар маҳфилҳо фаро гирифта шудаанд,иштирок мекунанд,вале онҳое,ки ба фанни интихобкардаашон шавқу ҳавас доранд.

В) Фардӣ-ба ин шакл хондани китоб,машғулиятҳои мустақилона

бо техника,мусиқӣ ва расмкашӣ дохил мешавад.Машғулиятҳои он ба манфиати муайяни ҳар як хонанда нигаронида шудааст.Он метавонад ба тариқи зайл амалӣ гардонида шавад: тайёр кардани асбобҳои аёнӣ,

омўхтани адабиётҳои илмӣ.

Дар ҷумҳуриамон муассисаҳои гуногуни берун аз мактабӣ фаъолият мекунад, ки ба онҳо: қасрҳо, исгоҳҳои техникон, табиатшиносон, сайёҳони, боғҳои кўдакон, мактабҳои варзишӣ, мусикӣ, бадеӣ, театри лухтаку ҷавонон, кинотеатр ва ғайраҳо дохил мешавад.

Дар муассисаҳои тарбиявии берун аз мактабӣ ҳам мисли корҳои берун аз синфӣ корҳои тарбиявии хонандагон ба шакли оммавӣ, гурўҳӣ ва фордӣ бурда мешавад.

Кори тарбиявии оммавӣ  дар истгоҳҳои техникон, табиатшиносони ҷавон ва дигар муассисаҳои берун аз мактабӣ, ба шакли лексия дар бораи дастовардҳои илму техника вохуриҳо бо ходимони илм, техника, санъат, бо пешқадамони истеҳсолот коллективона тамошо кардани кинофилмэҷодкардаи мактабиюн, ташкили олимпиада, озмунҳа ва ғайра баргузор мегардад.

Шакли гуруҳии корҳои тарбиявии берун аз мактабӣ маҳфилҳо, шўъбаҳо, клубҳо, бригадаҳо дар бар мегирад.

Шакли фордии корҳои берун аз мактабӣ аз иҷроиши супоришҳои фордии эҷодӣ, машқи ягон асбоби мусиқӣ, фаъолияти тасвири дар студияҳои бадеӣ, машқҳои алоҳида овозхонӣ тайёр кардани маърўза, ахбор, кор бо компютер ва ғайра иборат аст.

Ба методҳои асосии корҳои тарбиявии берун аз синфию берун аз мактабӣ сўҳбат, мубоҳиса, лексия, ҳикоя, гузаронидани «мизи мудаввар» намоишдиҳӣ, методҳои  фаъолияти амалӣ (иҷро кардани супоришҳои меҳнатӣ сохтани асбобҳо, маводҳои техникӣ ва ғаӣра) методҳои ҳавасмондгардонии фаъолияти эҷодӣ (мукофот, сарзаниш, барои камбудиҳо ва ғайра), методҳои назорат –мушоҳида, сўҳбати контролӣ, соволнома  ва ғаӣра мансубанд. Истифодаи ин методҳо кори маҳфил, шўъба, клубҳо ва ғайраҳоро шавқманду  пурмазмун гардонидан дар як муддати кўтоҳ ташаккул додани  донишҳои зарурӣ, маҳорат ва малакаҳо мебошад.

Адабиёт

  1. Аҳмадов т, Ашуров Д, Корҳои тарбиявии берун аз синфӣ. – Душанбе, 2007
  2. Вольф Б.З. организатор внеклассной и внешкольной воспитательной работы.- Москва,1981.
  3. Кутьев В. О. Внеурочная деятельность школьников,- Москва, 1983.

Раҳимов Х. Педагогика,- Душанбе, 1997.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.