Ҳамкории мактабу оила ва аҳли ҷомеа дар тарбияи хонандагон

Ҳамкории мактабу оила ва аҳли ҷомеа дар тарбияи хонандагон

Зермавзӯъҳо:

  1. Мазмун, моҳият ва ҳамкории мактабу оила бо аҳли ҷомеа дар тарбияи хонандагон.
  2. Оила заминаи асосии тарбия.
  3. Нақши мактаб ва аҳли ҷомеа дар тарбияи хонандагон.

 

  1. Дар тарбияи насли наврас ҳамкории мактаб бо оила ва аҳли ҷамоатчигӣ бағоят зарур аст. Маҳз мактаб метавонад барои чунин ҳамкорӣ заминаи устувор гузорад, вале оила ва мактаб дар алоҳидагӣ ҳамаи он омилҳое, ки ба шахсияти ташаккули бача таъсир мерасонад иҷро карда наметавонад. Аз ин лиҳоз барои раванди пурраи мураттаби тарбия пайваста амал кардани ин се соҳаи ба ҳам алоқаманд: оила, мактаб ва ҷомеа пешбинӣ шудааст. Нақши ташаббускорӣ ба ҳам алоқамандшавии ин равандро асосан мактаб мебозад.

Дар тарбияи хонандагон мактаб, оила ва ҷомеа корҳои зеринро иҷро мекунанд:

а) Мактаб, ки дар кори тарбияи насли наврас нақши ҳалкунанда мебозад, дар тарбияи бачагон ба муассисаҳои беруназмактабӣ, корхонаҳои сарпараст, иттиҳодияву коргоҳҳое, ки падару модарони хонандагон кор мекунанд, комиссияҳои кор бо ноболиғон ва хонавода ҳамкорӣ менамояд.

б) Оила – аҳамияти оила дар тарбияи бача басо муҳим буда, он вазифадор аст, ки барои фарзандаш ҳамаи шароитҳои иҷтимоиро муҳайё намуда муҳити солими оиларо барпо кунад.

Ғамхориву меҳрубониҳои волидон инкишофи шахсияти бачаро метезонад.

Б) Ҷомеа дар гузаронидани корҳои тарбиявӣ дар мактаб кӯмак мерасонад, ҳамчун сарпараст корҳои таъмирии мактабро ташкил менамояд, ба волидон баҳри беҳтар намудани тарбияи оилавии фарзандон таъсир мебахшад.

Мактабҳо, ки маркази кори таълиму тарбия мебошанд ва дар он мутахассисон – муаллимон фаъолият мебаранд, дар кори якҷояи мактаб, оила ва аҳли ҷамъият бояд ташаббус зоҳир намуда, пешбарандагони кор ва дар ҳамкорӣ роҳнамои дигарон бошанд.

  1. Дар тарбияи инсон пеш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳаммаи хислатҳои неку бади инсон асосан аз оила ибтидо мегирад. Ба ин мақсад барои боз ҳам баланд бардоштани нақши падару модар дар тарбияи фарзанд 14.12. соли 2010 лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои мардуми кишварамон пешниҳод шуда…. ҳамчун қонун қабул гардид, ки он аз 5 боб ва 13 модда иборат аст. (105)

Оила аввалин ячейкаи ҷамъиятӣ буда, он офаранда, бахшандаи ҳаёт ва бақои ҷомеа аст.

Мақсади тарбияи оилавӣ – ин дар ҷамъияти демократӣ инкишофи ҳаматарафаи фарзандон аст, ки асоси онро тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, ҷисмонӣ ва меҳнатӣ ташкил мекунад. Оила дар тарбияи фарзанд сарчашмаи асосию аввалин ҳисоб мешавад. Аз ин лиҳоз тарбияи фарзандонро дар муҳити оила таҳти назорати калонсолон тарбияи оилавӣ меноманд.

Тарбияи оилавӣ қисми тарбияи ҷамъиятӣ буда, вазифаи он дар доираи оила ташкил кардани ҳаёти кӯдакон мебошад. Аз инрӯ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» волидайн ва шахсони ивазкунандаи онҳоро чунин вазифадор кардааст:

  • барои сиҳатӣ ва равонии бача пайваста ғамхорӣ намояд;
  • ӯро ба мактаб омода намуда, барои қобилиятҳои вай шароитҳои зарурӣ муҳайё кунад;
  • ҳуқуқ ва қадру қиммати бачаро ҳимоя намояд;
  • фарзандро дар рӯҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси некӯкорӣ, раҳмдилӣ, эҳтироми аҳли оила, забони модарӣ, адабиёту таърих, арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанги дигар халқҳо тарбия намояд;
  • ба бачаҳо барои гирифтани маълумот мусоидат кунад;
  • фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ҳуқуқ, озодии инсон ва риояи қоидаҳои ҳаёт тарбия намояд.

А.И.Сино дар рисолаи «Тадбири манзил» чунин гуфтааст: «аввалин вазифаи падар ин ба фарзанд номи накӯ мондан аст». Дар ҷои дигари рисола омадааст, ки бояд волидайн кӯдакро аз корҳои бад барканор намуда, ба онҳо маърифат омӯхта, одобу ахлоқи некро талқин кунад. Ин гуфтаҳои А.Сино то имрӯз муҳимияти худро гум накардааст, бинобар ин волидайн ва шахсони онҳоро ивазкунанда агар садди роҳи маълумотгирии фарзандон шаванд, мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Тадқиқотҳо ва таҷрибаҳо оиди тарбиявӣ нишон медиҳанд, ки тарбияи дурусти бачагон дар хона пеш аз ҳама аз муносибати хуби падару модар ба якдигар ва муҳити солимии оила вобастагии калон дорад. Вале оилаҳои ноустувору носолиме њам ҳастанд, ки ба мактаб ҳамкорӣ накарда ба ташаккулу инкишофи бача таъсири манфӣ мерасонанд, ки онҳо чунинанд:

– оилаҳое, ки ба таври объективӣ шароитҳои на он қадар хуби тарбияви доранд;

– волидайнҳо меъёрҳои муносибатҳои оилавиро намедонанд, ба бадмастию муфтхўрӣ машғуланд;

– оилаҳое, ки дар байни зану шавҳар доимо муноқиша, ҷангу ҷанҷол шуда меистад;

– оилаҳое, ки шароитҳои хуби иҷтимоию иқтисодӣ доранд, вале волидайнҳо ба айшу ишрат машғул шуда, аз тарбияи фарзандонашон дур мондаанд;

-волидайнҳое, ки ба ташкилоту созмонҳое мансубият доранд, ки онҳо барои сохтори кишварамон хатарноканд. Чунин оилаҳо барои инкишофи шахсияти инкишофи бача хеле хатарнок аст.

  1. Мактаб вазифадор аст, ки ҳамкориро ба ин хел оилаҳо мустаҳкам карда, пеш аз ҳама худи бачаро дар зери назорат гирифта ба ў ғамхории ҳамешагӣ зоҳир намояд, ўро ба ҳаёти коллективонаи бачагони фаъол ҷалб намуда, ба маҳфилҳои таълимию варзишӣ ва хонишҳои беруназсинфӣ фаро гирад.

Мактаб ҳамчун истилоҳ калимаи арабӣ буда, маънои тоҷикиаш дабистон, таълимгоҳ, ҷои омўзиши талабагон аст. Он муассисаест, ки таълиму тарбия таҳти роҳбарии муаллим мегузарад ва оиди илмҳои мухталиф маълумот дода мешавад. Мактаб дар кори тарбияи насли наврас нақши ҳалкунандаро бозида ба бача илмҳои гуманитарию риёзиро аз диди фарҳанги илмҳои техникии ҳозира меомўзад. ( 107 ) Дар тарбияи насли наврас мадади ғамхоронаи мактаб бағоят зарур аст, маҳз мактаб бо ҳамкории оила ва аҳли ҷамоатчигӣ тарбияи хонандагонро дуруст ба кор монда метавонад.

Мактаб ( муаллимон ) бо оилаҳо дар кори тарбия бо насли наврас алоқаи устувору доимӣ барқарор мекунад. Барои фаъолияти якҷоя бо падару модарон шаклҳои коллективӣ ва фардии ташкили корро истифода мекунанд.

Маҷлисҳои падару модарон, сӯҳбати гурӯҳӣ ва фардӣ бо волидон. Конференсияи падару модарон, ҷалби онҳо ба корҳои маҳфилҳо ва корҳои берун аз синф як қисми ҳамон шаклҳои кор мебошанд. Мактаб ҳамкориро ба оилаҳо мустаҳкам намуда масъалаҳои зеринро меомӯзад:

а) Шароити тарбиявии оила (таълимот, озодагӣ, мавҷудияти тартиби рӯз, аҳволи саломатии кӯдак, одоби аҳли оила, шуғли волидон, назорати иҷрои вазифаи хонагӣ);

б) Рафтори бача дар оила (иштирок ба кори хоҷагӣ, иҷрои тартиби рӯз, дӯстони бача, мавқеи хонанда дар ҳалқаи дӯстон);

г) Тарбияи бачагон дар оила (намунаи ибрат будани волидону калонсолон, ташаккули одатҳои рафтори дуруст, истифодаи ҳавасмандкунӣ ва ҷазо).

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» вазифаҳои мактаб чунин муайян шудааст:

  • ташкил кардани комитети падару модарон;
  • ба таълими ҳатмӣ фаро гирифтани хонандагон;
  • ҷалби падару модарон ба ҳаёти мактаб;
  • тарғиботи корҳои педагогӣ дар байни волидайн;
  • алоқаи мактаб ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳои сарпараст;
  • пешгирии беназоратии бачагон ва қонуншикании онҳо;
  • ташкили истироҳати бачагон;
  • ҳамкорӣ бо волидайнҳои хонандагон.

Нақши аҳли ҷомеа низ дар тарбияи хонандагон муҳим аст. Дар айни замон мафҳуми аҳли ҷамъият хеле васеъ гаштааст. Агар пештар зери ин мафҳум муассисаҳои давлатӣ, корхонаву созмонҳои ҷамъиятиро фаҳманд, акнун ба онҳо иттиҳодияҳо, ҷамъиятҳои саҳомии кишоварзӣ, саноатӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва динӣ, соҳибкорон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ мансубанд, ки ба мактабу оилаҳои камбизоат ва муаллимон дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Ҳукуматҳои шаҳру ноҳияиҳо ба мактабҳо корхонаҳои сарпарастро вобаста мекунад, то ки дар ҳалли масъалаҳои хоҷагии мактаб ғамхории доимӣ зоҳир намоянд. Бо мадади онҳо дар мактабҳо кабинетҳои фаннӣ ҷиҳозонида шуда, майдонҳои варзишӣ бунёд гашта, таъмири мактаб ба анҷом мерасад.

Ҳамин тавр, мактабу оила ва аҳли ҷамъият дар ҳамкорӣ бо якдигар вазифаи муҳими давлатиро оид ба тарбияи насли наврас иҷро намуда, ҳамчун созандагони ояндаи ҷамъияти демократӣ омода гаштанашро таъмин месозанд.

Адабиёт:

  1. Лутфуллоев М. Эҳёи педагогикаи Аҷам – Душанбе 1997
  2. Макаренко А. С. Книга для родителей Т. 2, Москва 1957
  3. Нуров А. Кори якҷояи оила мактаб дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол – Душанбе, 1989
  4. Сухомлинский В.А Родителӣская педагогика – Москва, 1981
10 Загрузки

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.