Таълим дар мактаби оли

Таълим дар мактаби оли

 Лексия ва аҳамияти он дар мактаби олӣ.
 Талабот ба лексияҳо.
Шаклҳои лексия дар макотиби олии муо- сир.
Кори мустаҳилонаи донишҷу. (КДМ)
Назорати педагогй. Тестҳо

Адабиёт

1. Гордон Г.Д. Экзамены в средней школе.

2. Маннонов А. Учитесь беречь время: В помогць первокурснику. //Педагогическое

мастерство от 5-сентября 1983 г. -С.223.

3. Педагогика высшей школы. Цикл лекций.

4. Педагогика и психология высшей школы. Для студентов вузов.-Ростов-на-Дону:

Феникс, 1998.-С. 74-132.

 

Сарсухан

Дар мактаби олй шакли таълим аз мактаби ҳамагонй куллан фарқ дорад: машғулиятҳои лексионӣ, дарсҳои амалй-семинарҳо, корҳои лабораторӣ практикум, кори илмии таълимй, кори илми-тадқиқотии донишҷӯён дар таҳти роҳбарии олимон, таҷрибаи истеҳсолй. Ҷараёни таълим шаклҳои назоратии худро дорад: суҳбати инфиродй, коллоквиум, санҷиш, имтиҳони тестй, рейтинг, ҳимояи кори курсй, дипломй, имтихонй давлатии тамомкунандагй.

1. Лексия ва аҳамияти он дар мактаби олй.

Лексия (аз лотинӣ ЬесПоп-хондан) звенои асосиии таълим мебошад, ки мақсади ташаккул додани асоси донйшро дорад. Лексия дар Юнони қадим пайдо шуда дар асрҳои миёна дар Рими Қадим инкишоф ёфт. Аз миёнаҳои асри XIX лексияро дарсҳои амалй пурра карданд, ки хусусияти индивидуалии донишҷӯён санҷида мешуданд.

Ба лексия чун воситаи тайёркунандаи донишҷӯ ба кори мустақилона назар мекарданд. Лексия бояд фақат он гоҳ гузаронида мешавад, ки агар наттоқ ҳақиқатан дониши илмй ва сухандон бошад:

Нигаҳ дор зи омӯзгори бадаш,

Ки бадбахту гумраҳ кунад чун худаш.

Солҳои 30-юм бо мақсади озмоиш дар мактаби олй лексияро қатъ намуданд, ки савияи дониши муҳассилон якбора наст шуд.

Аҳамияти лексия:

– муомилаи эҷодии наттоқ бо шунаванда, таъсири эмотсианалй ба ҳамдигар;

– лексия-роҳи сарфакоронаи асоси дбнишгирй;

– лексия фаъолияти тафаккури шунавандаро фаъол мегардонад.

Талабот ба лексия чунинанд:

– тарафи маънавии лексия ва омӯзонидани вай;

– илмият ва дараҷаи илмию ба замон мувофиқати он, исбот;

– мавҷудияти мисолҳои аниқу возеҳ-далелҳо ва асосҳо;

– ҳуҷҷату исботи илмй, шакли эхсоснокии баён, фаъолнокии фикрронии шунавандагон;

– гузориши масъалаҳо барои фикрронй ва диг.; сохти муайян ва услуби ҳалли пайдарпаи гузориши

масъала;

– баён бо забони оммафаҳм;

– истифодаи маводҳои индивидуалии дидактиҚй.

2. Талабот ба лексияҳо Лексияҳо аз ҳамдигар куллан бо мазмун ва характер фарқ мекунанд, лекин бо вуҷуди он аз рӯи қоида сохти худро доранд, баёни нақша ва риояи нақли онҳо, ки дар оянда ба саволҳои санҷиш ё билетҳои имтиҳон дохил карда мешаванд. Ба ғайр аз ин мавзӯи нав бо гузашта алоқаманд кунонида мешавад.

Ҳар як лексия бо хулоса ба охир мерасад.

Лексияи мукаппимавй-донишчуёнро бо мақсаду мароми фан, роҳ ва аҳамияти фан шинос менамояд. Аз руи одоби омузиши фан оиди инқишофи фан сухан меравад, олимони барҷастаи соҳа номбар карда мешаванд ва аз дастовардҳои онон донишҷӯёнро бохабар намуда намунаҳо нишон додан муфид мебошад. Ба чунин лексияҳо проблемаҳои илмӣ гузошта шуда гипотезаҳо пешкаш карда мешаванд, инкишофи дурнамои илм ва амали он дар таҷриба муайян мегардад. Маводи назариявии таълим бо таҷриба алоқаманд кунонида мешавад. Сониян дар бораи методикаи кор аз болои фан аз тарафи наттоқ муайян карда шуда китоби дарсӣ ва дастурҳои таълим хислат дода мешаванд ва ба донишҷӯён рӯйхати адабиёти зарурӣ, иловагй, талабот ба санҷишу имтиҳонот фаҳмонда дода мешаванд.

Лексияи обзорӣ-такрорй. Чунин лексия дар охири як фасли фан ё курс гузаронида мешавад, ки шаҳду шакари фанро дар бар мегирад.

Лексияи обзорй-конспекти кӯтоҳи курс набуда ба дониши системаи дараҷаи баланддошта мансуб мебошад. Психологияи таълим муайян кардааст, ки маводи ба система даровардашуда дер дар хотир нигоҳ дошта мешавад. Ба лексияи обзорӣ мавзӯъҳои душворфаҳми дар билетҳо омада дохил карда мешаванд.

Наттоқ бояд ба назар гирад, ки дар лексияи обзорӣ донишҷӯён бояд барои худ қайдҳо бинависанд.

Конспект (кайдхо)-ин қайдҳое, ки аз гуфтаҳои нотиқ дар ҳангоми лексия кардан навишта гирифта мешаванд ва дар вақти тайёрй ба семинар, санҷишу имтиҳон хонда дониш ба хотир оварда мешавад. Д, И. Менделеев навиштааст: “Лексия нонавишта бо хазинаи гумшуда баробар аст”.

Бояд ин гуфтаи олимро қувват дод, ки нотиқ лексияашро аз сарчашмаҳри зиёд мураттаб сохта ба саҳми шогирдонаш мерасонад ва шояд ба қисми зиёди донишҷӯён он адабиёт дастнорас бошад. Бинобарон ба донишҷӯён тавсия дода мешавад, ки дар машғулиятҳои лексионй пурра иштирок намуда барои худ.аз лексия бештар навишта гиранд.

Вазифаи наттоқ аз он иборат аст, ки ба донишҷӯён ҳарчй бештар имконияти навишта гирифтанро пайдо кунонанд, яъне шунавад, фикр кунад, дар майнааш таҳлил намуда навишта гирад.

Махорат (санъат) ба наттоқ барои Ташкили хуби лексия ёрии амалй мерасонад. Мазмун, сохти амиқи лексия, воситаҳои диққатҷалбкунии тафакқуру қобилияти кориро баланд мекунад, алоқаи педагогиро ба вуҷуд меорад. Ҳаваси шунавандаро устувор мегардонад, мехнатдусгиро сайқал медиҳад, ҳаваси шогирдонро ба фан ташаккул медиҳад.

Бахо ба сифати лексия (мазмун, услуб, роҳбарй ба кори донишҷӯён, воҳидҳои наттоқй, натиҷаҳои лексия).

Мазмуни лексия: илмият, мувофиқатии дараҷаи инкишофи илм ба замрн, тарафи ҷаҳонбинй, мавҷудияти масъалаҳои методй, фаҳмондадиҳии дурусти онҳо.

Методикаи гузаронидани лексия: сохти амиқи лексия ва мантиқи нақл нақшаи лексия ва ташкили он аз рӯи нақша. Шиносои бо адабиёти лексия, фаҳмондадиҳии мафҳумҳои нав. Исбот ва далелнокй, нишон додани ғояҳои асосй ва хулосаи даркорй.

Истифодаи воситаҳои мустаҳкамкунй: такрор, саволҳо барои тафтиши диққат, азхудкунии мавод, хулосаи ҳар як савол ва дар охир хулосаи лексия. Истифодаи воситаҳои техникӣ, айёният, манодҳои такягоҳй, тест, канспект, қоидаҳои алоҳида, хониши бе такя ба он маводи такягоҳй.

Рохбарй ба кори донишҷу: талабот ба конспект ва назорат аз болои иҷроиш. Омӯзонидани донишҷӯён ба конспект-қайдкунии лексия ва ёрй ба онҳо: суръат, суръати суст, такрор, фосилаҳо, тартибдиҳии графикҳо. Назорати конспекту қайдҳои донишҷӯён дар ҷараёни лексия, пас аз он ё дар машғулоти семинарию амалӣ, истифодаи методҳои диққатро тасдиқкунанда, саволҳои ҷавоб талабнакунанда, ҳазл, методи наттоқӣ. Иҷозати саволгузорӣ ба иштирокчиён.

Талабот ба натток: дониши фан, ҳассосй, овоз, диксия, маҳорати наттоқй, санъати сухан, намуди зоҳир, малакаи пайдокунии алоқа.

Натиҷабахшии лексия: қимати ахборотӣ, аҳамияти тарбиявй ба даст овардани мақсади дидактикӣ.

3. Шаклҳои лексия дар макотиби олии муосир.

Дар шароити имрӯзаи гуманитарикунонии маълумот шаклҳои нав-нави лексия пешниҳод карда мешаванд:

– лексияи проблемавй;

– лексияи дукаса;

– лексияи намоишй;

– лексия пресс-конфронс.

Лексияи проблемавӣ фарқаш аз ахборотй дар он аст, ки дониши нав ҳамчун мавзӯи номаълум пешниҳод карда мешавад. Муайянкунии он зарур аст, нотиқ ҳамин шартро ба донишҷӯён муҳайё мекунад ва бо шогирдонаш . ҳамкорй менамояд, ки кӯшиши донишҷӯён ба кори кофтуковй-ҷӯяндагӣ, яъне фаъолияти тадқиқотй, наздик кунонида мешавад. Шарти асосӣ-татбиқй принсипи

 

проблемавй дар интихоб .ва коркарди маводи лексионй, мазмуни он мебошад. Бо ёрии лексияи проблемавй инкишофи тафаккури назариявй ба роҳ монда мешавад.

Лексияи визуализатсия хамчун натиҷаи кофтуковй имкониятҳои нави татбиқи принсипй айёни пайдост. Тадқиқоти педагогй-психологй нишон доданд, ки на фақат дар азхудкунй, балки дар чуқур сарфаҳмравии маводи айёният ҳисса мегузорад (слайдҳо, плёнкаҳо, планшетҳо, схемаҳо, расмҳо ва диғ.). .

Лексияи дукаса. ки маводи нав дар шакли диалоги ду наттоқон гузаронида мешавад. Лаҳзаҳои муҳокимаи назариявй ва амалӣ аз тарафи ду мутахассисон ба модул дароварда мешаванд.

Лексия-щхсс-конфронс. Нотиқ мавзӯъро номбар мекунад ва аз донишҷӯён хоҳиш менамояд, ки аудитория ба нотиқ бо шакли хаттй оид ба мавзӯъ саволҳо гузоранд. Дар давоми 2-3 дақиқа донишҷӯён саволҳои худро ба нотиқ тартиб дода месупоранд. Нотиқ дар бадали 3-5 дақиқа саволҳоро аз рӯи мазмун ба гуруҳҳо ҷудо карда ба нақл сар мекунад. Лексия ҳамчун ҷавоб ба савол анҷом наёфта, балки ҳамчун матни ба ҳам пайваст баён карда мегузарад ва дар ҷараёни ҷавоб ба савол бо оҳанг ҷудо карда фаҳмонида медиҳад.

Машғулоти амалй – чунин шакли машғулият дар мактаби олй гузаронида мешавад, ки мақсадаш аз чуқур омӯхтани фан иборат аст. Нақшаи машғулиятҳои амалй аз тарафи мутахассисони фан тартиб дода шуда дар ҷаласаи кафедра муҳокима ва тасдиқ карда мешавад. Машғулоти амалй чун давоми машғулоти лексионй оғоз. меёбад ва мустақилияти донишҷӯ, ҳаваси вай ба фан бедор карда мешавад. Допишҷӯ бояд барои худ дар ҳар

як машғулият на кам аз 5-10 адад чизҳои навро интихоб ва навишта гирад, вагарна машғулият барои донишҷу бесамар мегардад, яъне вақт беҳуда сарфшуда ҳисоб меёбад.

Машғулоти семинарй – ҳамчун шакли таълим (лот,8еттапит-кӯчат) мебошад, ки бо донишгирй машғул мебошад. Дар машғулоти семинарй вазифаҳои зерини педагогй ҳал карда мешаванд:

– инкишофи дониши касбй дар шароити таълим;

– дарки маром;

– истифодаи дониши касбй дар шароити таълим.

Ба ғайр аз ин омузгор дар рафти таълим вазифаҳои хусусии таълимро ҳал менамояд:

– такрор ва мустаҳкамкунии дониш;

– назорат;

– муомилоти педагогй.

Имрӯзҳо дар мактаби олй 3 шаклҳои семинар паҳн шудаанд:

1. Просеминар;

2. Семинар;

3. Семинари махсус.

Просеминар – семинаре, ки бо донишҷӯёни курси якум гузаронида мешавад. Мақсадаш аз шинос кунонидани донишҷӯй бо хусусияти кори мустакилона – бо адабиёт, сарчашмаҳо, методикаи кор бо онҳо иборат аст. Таҷрибаи чандинсолаи мо нишон медиҳад, ки донишҷӯ дар курси якум бо якчанд сарчашмаҳо кор карда метавонад, аз адабиёт истифода бурда онро ёфта таҳлил ва ба саволи мавзӯъ мувофиқ кунонида метавонад, яъне саволи семинарро айнан аз китоб мечуяд-агар ёфта тавонад, аз он сархатхоро айнан мкучонад. Бинобар оп

бояд ба ин масъала 1эътибор дод (коркарди мавод). Давраи дуюм дар просеминар-ичрои рефератхо дар мавзуъхои муайян, хониш ва мухокимаи онхо бо иштирокчиёни просеминару хулосаи роҳбар.

Семинар-алокаи доимиро бо донишҷӯ пайдо мекунад, муносибати -боварибахши ҳамдигариро (омузгор ва донишҷуёнро) барпо мекунад.

Шаклҳои машғулияти семинарӣ:

а) баҳсои тулонӣ аз рӯи нақшаи муайяни пешакй;

б) маърузаи хурди донишҷӯён ва муҳокимаи онҳо бо иштирокчиёни семинар дар аудитория.

Семинар-ин воситаи муомилаи устод ва шогирд аст, ки бо ҳамдигар дар асоси боварии том доир мегардад. Устоди бомаҳорат корро ҳамеша байни донишҷуён бо хусусияти ҳамфикрӣ, эҷодкорона ташкил менамояд, яъне донишҷӯён ҳалли масъалаҳои семинарро якҷоя ҷустуҷӯ менамоянд.

Семинари махсус. Семинар дар курсҳои боло оҳиста донишҷӯёнро ба семинари махсус тайёр мекунад, ки он бо мактаби муомилоти татқиқотчигӣ оиди як масъаларо ҳаллу фасл намудан оварда мерасонад. Ба семинари махсус бояд омузгори баруманд ё донишманд роҳбарӣ намояд. Дар охир роҳбар бо шакли обзорй ба мавзуъҳо хотимаи илмӣ мебахшад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.