Алоқаи педагогика бо илмҳои дигар

 

Аслан илми педагогика бо фаннҳои мисли информатика рӯҳшиносӣ фалсафа,психология,кибернетика,илмҳои тиб,этнография,юриспруденсия,илмҳои техникӣ,иқтисод,таърих ва дигар фаннҳо алоқаи зич дорад.Ин фаннҳо барои омузгоронро бо донишу маҳорат мусаллаҳ кардан мебошад.Педагогика тарбияро тадқиқ мекунад,қонуниятҳои тарбия,самтҳо ва дурнамои инкишофро меомузад,назария ва техналогияи тарбияро тайёр мекунад,принсипҳо шаклҳо ва методҳои онро муайян менамояд. Тарбия мафҳуми кокретӣ таърихист.Вай ба дараҷаи сотсиалӣ-иқтисодӣ сиёсӣ ва маъдании ҷамъияти мамлакат алоқаи зич алоқаманд мебошад.

Дар замонҳои қадим тарбия ва ҷомеъа бо ҳам омехтаю яклухт нигоҳ дошта мешуд,яъне бачагон дар ҳаёти калонсолон иштирок менамуданд.(Кори ҷамъиятӣ,анъанаҳо,ва бозиҳо иштирок менамуданд.Мақсад шиносонидани хурдсолон бо ҳаёту меҳнат аз омузондани таҷрибаи ҳаёти онҳо аз ин иборат буд.

Бо душвор гардидани меҳнат ва ҳаёт  ҳаҷми донишу малака ҳам васеъ шуда,аз худкунии он ба инсон вазнинии зиёде оварда,ки мебоист тарбия соҳаи махсуси ҳаёти ҷамъиятӣ ҷудо карда шавад.

Бо инкишофи муносибатҳои рушди истеҳсолӣ  тарбия чун яке аз заруртарин фунсияи давлатӣ ҷудо шуд.Дар назди тарбия вазифаҳои ташаккули самаранок гузошта шуд.Инкишофи системаи тарбияи ҷисмонӣ аз асри XVIII  чун инкишофи илм дар бораи тарбия-педагогика дар қатори дигар илмҳо тез вусъат ёфт.

Илми педагогикаи замонавӣ бо тадқиқоти мазмун, шакл,методҳои тарбия,технология машғул шуда,дар маркази диққат инкишофи шахсро дар асоси қимати умуминсонӣ гузоштааст.

Функсияи муҳимтарини тарбия  –   ба насли нав омузонадани таҷрибаи ҷамъкардаи инсонӣ бо воситаи маълумот мебошад.

Предмети педагогика аз вазифаҳои дар боло зикрёфта муайян мегардад,ки ҳамчун илм яке аз шаклҳои шуурии инсон дар радифи санату дин аст.Илм ҳам соҳаи фаъолияти тадқиқотие,ки барои эҳёи дониши нав,ба низом дароварии он,мураттаб сохтани назария дар соҳаи фанни мазкур аст. Ба ҳамагон маълум аст,ки ҳар як илм усулҳои тадқиқотии соҳаи худро дорад.Предмети тадқиқотии илми педагогика-тарбия мебошад.

Тарбия бо мазмуни васеъи сотсиалӣ-ин таъсир расонидан ба шахсу ҷамъият аст,бо маънои маҳдуд-фаъолияти мақсадноки ташаккули системаи сифатҳои шахсӣ, ақидаҳо ва эътиқод  дониста мешавад.

Тарбия чун мафҳуми душворӣ сотсиалӣ обеъктӣ якчанд илмҳо ба ҳисоб меравад.

Фалсафа асосҳои антологӣ ва гнсеологӣ тарбияро тадқиқ намуда мафҳумҳои таорбияро дар   бораи мақсад ва қимати он мураттаб месозад.Сотсиалогия масъалаи сотсиализатсияи шахсро меомузад, инкишофи онро муайян менамояд.Этнография қонуниятҳои тарбияи халқҳои ҷаҳонро дар давраҳои гуногуни инкишофи тарихие,ки ҳар як халқият  “қонунҳои” тарбияи худро дошт,бо хусусиятҳои хоси онҳо меомузад.Илми иқтисод роли тарбияро дар инкишофи самараноки истеҳсолоти ҷамъиятӣ,захираҳои пулӣ ва молӣ-техникӣ,ки барои сохтани системаи қулайи зерсохторҳои тарбия хизмат мекунанд,муайян менамояд.Психология хусусиятҳои инфиродӣ,синусолӣ ва қонуниятҳои инкишофу рафтори одамонро меомӯзад,ки ҳамчун асос барои муайян намудани роҳҳо ва воситаҳои тарбия хизмат мекунад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.