Робита ва ҳамоҳангии педагогика бо фанҳои дигар

 

Фанни педагогика ба сурати танҳо мукаммал шуда наметавонад. Вай низ монанди фанҳои дигар аз дастовардҳои фанҳои ичтимои баҳраманд гардида, бевосита инки­шоф меёбад. Дар замони мо донишҳое, ки аз чониби аҳли илму адаб офарида шудаанд, навигариҳое, ки марбути таъ­лим мебошанд, метавонанд барои фанни педагогика нақши манбаъро бози кунанд. Чун фанҳои дигар, педагогика ҳам барои камолоти ичтимоии инсон хизмат менамояд.
Вай ба маълумотҳои оид ба ривочи табиат ва чамъият асос меёбад ва ба сифати фанни ичтимои низ беш аз пеш та­рами мекунад. Аз ин лиҳоз, бо фанҳои фалсафа, таърих, иқтисод, психология, сотсиология, этика ва эстетика робитаи ногусастани дорад. Ҳар як талаба ва мурабби бояд таърихи кишвари худро донад ва ватанпарвар бошад. Аз чумла, таърихи таълиму тарбияро надониста, аз таърихи фанни педагогика воқиф нашуда, мурабби шудан кори душвор аст. Барои амиқтар донистани назарияи педагогика таърихи пайдоиш ва тараққиёти собиқи онро омухтан шарт аст. Масалан, таърихи педагогика, бо чараёни таълиму тар­бияи замони пеш, тадричан хусусиятҳои нав пайдо наму­дани ғояҳои педагоги, ба туфайли тағйири шароити ичтимоию иктисоди ва сиёси мазмуни нав касб кардани моҳият ва услуби кори муассисаҳои тарбияви ва ҳоказо шинос менамояд.                           .
Фалсафа барои фанни педагогика ба сифати асоси ме­тодологи хизмат менамояд. Чунки муваффакиятҳои ҳозираи таълиму тарбия маҳсули муборизаи афкори фалсафи ва тараққиёти он ба шумор меравад.

 

Фанни фалсафа педагогикаро бо усулҳои илми мусаллаҳ месозад, дар рохи коркарди объективии коидаву конунҳои таълиму тарбия ба­рои вай ҳамчун манбаъ хизмат мекунад.
Фанҳои этика ва эстетика ба кисми назарияи тарбияи
илми педагогика робита доранд. Ин фанҳо дар бобати меъ-
ёри хулқу одоби хонанда, хамчунин фаҳмонидани маъ­нои хақиқии зебои баҳс ронда, дар шуури онон завқи эстетикиро нисбати пахлуҳои чозибави ва нафосатии ҳаёт бедор менамояд. Фанни педагогика бо анатомияю физиологияи бачагон, гигиенаи онҳо низ алоқаи мустаҳкам дорад.

Хулоса, фанҳои мазкур ҳамдигарро пурра мекунанд.
Объекти фанни педагогика сол то сол меафзояд, дар
натича соҳаҳои он низ ба чанд гуруҳ таксим шуда истодааст. Онҳо бахшҳои фанни педагогика ном доранд. Равшан аст, ки чихатҳои назари ва амалии таълими хонандагонеро, ки аз соҳаҳои гуногуни илм дониш меомузанд, фақат фанни педагогика ба танҳои наметавонад муфассал ошкор созад. Бахшҳои фанни педагогика дар
ҳалли мусбати ин муаммоҳо омили муҳим ба шумор мераванд.
Ҳоло педагогика ба чанд бахш ЧУДО шудааст. Аз чумла
педагогикаи умуми, педагогикаи тарбияи томактаби, пе­дагогикаи мадани-равшаннамои, педагогикаи таълими ҳунару техника, педагогикаи ҳарби ва ҳоказо, ки дар табодули донишҳо бо дигар фанҳои ичтимои ривоч меёбанд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.