Дар рафти инкишофи таърихии худ, педагогика аз чунин соҳаҳо таркиб ёфтааст: . 1. Педагогикаи умуми, ки қонуниятҳои асосии тарбияро таҳқиқ мекунад .
2. Педагогикаи синнусоли, ки хусусиятҳои тарбияи одамро дар даврадҳои гуногуни инкишоф меомузад. Педагогикаи томактаби, педагогикаи мактаби ибтидои, педагогикаи мактаби миёна бомуваффақият инкишоф ёфта истодаанд. Дар шароити васеъ ривоч ёфтани маълумоти миёнаи касби ва оли кор карда баромадани педагогикаи маълумоти касбию техники, педагогикаи мактаби оли аҳамияти калони рузафзун пайдо мекунад.
3. Педагогикаи махсус, ки дар навбати худ ба як қатор
соҳаҳо тақсим мешавад:
а) сурдо-педагогика, қонуниятҳои таълим ва тарбияи кару гунгҳоро меомузад;
б) тифлопедагогика, қонуниятҳои таълим ва тарбияи нобиноҳо ва хирачашмонро меомузад;
в) олигофренопедагогика, қонуниятҳои таълим ва тарбияи бачагони ноқисуақлонро меомузад; 4. Методикаи таълими фанҳои гуногун — забон, математика, таърих ва физика, ки ҳамчун назарияи таълимии ин ё он фан ва такомули тарбияи хонандагон дар чараёни омузиши ин фанни амиқ, инкишоф меёбад. 5. Таърихи педагогика инкишофи ғояҳои педагоги ва
тарбиявии давраҳои гуногуни таърихиро меомузад.
6. Педагогикаи амали. Истифода бурдан аз эчодиёти даҳонии халкҳои гуногунмиллат (фолклор) ва аз мероси маънавии мутафаккирони Шарқро дар назар дорад.
7. Педагогикаи оилави. Тачрибаҳои бисёрсолаи тарбияи
фарзанд дар оиларо меомузад. Мафҳумҳои асосии педагогика
Хангоми тавсифи фанни педагогика калимахои “таълим”, “тарбия” ва “маълумот”-ро истифода намудем. Калимахои мазкур бо ҳам вобаста буда, ҳамдигарро такмил медиҳанд. Ин калимаҳоро чун мафҳумҳои асосии педагогика, ба қалам медиҳем. Ғайр аз ин, калима-истилоҳҳое ба монанди “хонанда”, “муаллим”, “усул”, “интизом”, “чомеа”, “ирсият”, “муҳит”, ва ғайрa ҳастанд, ки дар
хусуси онҳо ҳангоми баҳс аз руи мавзуъҳои дахлдор ало
ҳида сухан хоҳем ронд.
Тарбия чараёнест, ки аз вақти таваллуди кудак то охири умри у давом мекунад. Аз ин чост, ки калимаи “тарбия” дар бисёр мавридҳо мазмуни корҳоеро хам мефаҳмонад, ки ба чараёни таълим ва маълумот дохил мешаванд. Тарбия натичаҳои таълим ва маълумотро дар худ акс мекунад. Таълим чараёнест, ки аз тарафи касони махсус тайёр карда шуда амали мегардад, хонандагонро бо дониш, тачриба ва малака мусаллаҳ месозад, дониш ва қобилияти онҳоро вусъат дода, чаҳонбиниро ташаккул медиҳад.
Агар тарбия аз вақти таваллуди кудак oғоз ёфта, то охири умри вай дар оила, мактаб ва бо таъсири ахли чомеа шакл гираду камол ёбад, таълим дар доираи маҳдуд (масалан, дар синф, лаборатория ва ҳучраҳо-кабинетҳо) тахти рохбарии муаллим-тарбиятгар сурат мегирад.
Маълумот мачмуи дониши дар натичаи таълиму тарбия хосилшудаву ба низом даромада, тачриба, малака ва
чаҳонбинии ташаккулёфта мебошад .
Таълим, тарбия ва маълумот чараёни ягонаи ба ҳам
муттаҳид буда, муаллим-тарбиятгар барои ташаккули онҳо
раҳнамои хоҳад кард. Муаллим хангоми дарс дар мактаб
хонандагонро аз навигариҳои олами фан бохабар намуда,
баробари он дар ҳастии онон сифатҳои инсониро низ ташаккул медиҳад ва тарбият менамояд. Барои парвариши
фазилатҳои неки инсонии хонандагон аз қабили боақли, хушахлоқи, меҳнатдусти кушиш карда бо маънавияти баланди хеш ба саъю ҳаракати ҳарруза ва феълу атвори онҳо ҳамеша таъсир мекунад. Муаллим фазилатҳоеро ба монанди эҳтироми падару модар, калонсолон, муомилаи боодобонаро ташаккул медидад, камоли муттасили онҳоро таъмин менамояд .
Т а ч р и б а и ҳаёти ичтимои нишон медиҳад, ки агар инсон таҳсил кунад, омузад, дар такмили хеш мунтазам
кор кунад, ҳатман соҳиби маълумот мегардад, асрори илму
оламро медонад. Барои соҳиби дақиқии камолот шудан
лозим аст, ки ба замми донишу маълумот фазилатҳои
олии инсони дар замири шахс чой пайдо кунад. Шахсеро, ки соҳиби чунин фазилатҳост, шахси тарбиядида мешуморанд.