Тарбия ҳамчун ҳодисаи ичтимои
Таълиму тарбия аз замони пайдоиши чамъияти инсони вучуд дорад. Дар давраи чамъияти ибтидои таълиму тарбия кори умум ба шумор мерафт. Дар замони чамъияти ғуломдори байни тарбияи фарзандони ғуломдор ва ғулом тафовут пайдо шуд. Агар дар давраҳои аввали тараққиёти чамъият, одамони калонсол бачагонро дар руҳи меҳнатдусти тарбия мекарданд, дертар баробари тараққиёти чамъият, чунин талқин кардани дониш ва тачриба ба талаботи ҳаёт чавоб дода натавонист. Ва дар натича ба тарбиядиҳи шахсони донишманду тачрибанок машғул шуданд. Оҳиста-оҳиста масканҳои илм пайдо гардида, толибилмон бисёр шуданд ва соҳибони касби махсус — педагогҳо ба миён омаданд. .
Тарбия, ки аз эдтиёчи додани тачриба ва дониши насли калонсол ба насли хурдсол ба миён омада буд, ҳам қадами доимии чамъияти инсони шуд. Тадричан силсилаи конун ва коидаҳое арзи вучуд карданд, ки доираи таълиму тарбия, хусусиятҳои урфу одатҳоро муайян менамуданд, инчунин доираи фаъолияти омузгор-тарбиятгарривоч ёфта, талаботи дар назди у гузошташуда руз ба руз такмил меёбад. Аммо тачрибаҳое, ки дар чараёни ҳаёти ичтимои ғyн гардидаанд, мазмун ва моҳияти тарбияро ташкил намоянд ҳам, барои омузонидани ондо ба насли наврас имкон
набуд. Фақат қисми муайяни тачрибаҳоеро, ки ба туфайли силсилаи таълими ҳалқи фароҳам омада буданд, фаро
гирифтан мумкин буд. Ин 40 низ муаммо пеш омад. Оё
тамоми шаклдои ҳама гуна тачриба мазмуни тарбияро ташкил карда метавонад, тачрибаҳои марбути тарбияи насли
навро чи тавр метавон чудо кард, бо ин кор ки бояд машғул шуд? Табиист, ки на ҳамаи шаклҳои тачриба мазмуни тарбияро ташкил карда==метавонад.
Чунки: —якум, дар ҳар кадом тачрибаи собиқ, чихатҳои
аз лихози чисмони, маънавию ахлоқи куҳнашуда, ношоям низ мавчуд аст; .
— дуюм, дар педагогика, хусусан дар тараққиёти педагогикаи халкхои Шарқ, паҳлуҳои басо мураккаб вучуд доранд, ки чавонон онҳоро наметавонанд зуд аз худ намоянд. Масалан, омухтани фалсафа ё мероси маънавии мутафаккирон бо сабаби пурра баҳраманд набудани мо аз фалсафа, фанҳои табиию гуманитари ва манбаъҳои дини, бо душвори муяссар мегардад;
—сеюм, бино бар нокифоягии асосҳои чи усули, чи модди барои фаро гирифтани тамоми тачрибахо имкон нест ва ҳоказо. Муҳимтар аз ҳама, мазмуни тарбияро бояд мувофиқи
эхтиёчоти инкишофи ичтимоию иқтисодии чамъият ва ба
ҳисоб гирифтани дигаргуниҳое, ки минбаъд ба амал омаданаш мумкин аст, ташаккул дод. Масалан, усулҳои тарбияи чамъияти ғуломдориро ба чамъияти капиталисти татбиқ намудан мумкин нест. Кушиши чори намудани унсурҳои таълиму тарбияи аврупои ба таркиби тарбияи халқхои Шарқ, кутоҳандеши хоҳад шуд. Роҳи макнули ҳалли муаммои мазкур иборат аз он аст, ки ҳар як халқ,
барои расидан ба камолот бояд таълиму тарбияи ба худ
мувофиқро чори кунад ва баробари ин бояд чабҳаҳои самарабахши тачрибаҳои чамъовардаи умумибашариро интихоб ва амали намояд. Мо хоҳем, нахоҳем, ҳар як чомеа ба таълиму тарбияи хоси худ муҳточ аст ва онро ҳатман меофарад. Чиҳатхоеро, ки ба чамъият зарар мерасонанд, қабул намекунад, балки барои нест кардани он мубориза мебарад ва роҳи пайдо намудани усулҳои худро мечуяд.
Вазифаи педагогикаи халқҳои Шарқ аз он иборат аст, ки таълиму тарбияро мутобиқи орзую умедҳои миллат ва
Халқиятҳои гуногуне, ки дар чамъият иқомат доранд, хам
аз чиҳати назари ва ҳам амали ҳал намояд. Ин имконият медиҳад, ки аз таълимоти алломаҳои олами ислом гирифта то таълимоти олиму фозилони кунуни чихатҳои ҳамоҳангро кофта ёбем, зеро ҳоло ба ҳокимияти яккамафкураги хотима гузошта шудааст. Барои он, ки имруз анъанаҳои неки ачдоди аз нав эҳё гарданд ва мустаҳкам дар ҳаёти мо чори шаванд, замони истиқлолият шароитҳои басо мусоиде ба вучуд овардааст.
Ин бешубҳа, ба души аҳли зиё, илму адабу маърифат вазифаҳои басо бузург ва пурмасъулиятро бор мекунад.
Воқеан, танҳо шахси соҳибмаълумот ва соҳибтарбия
метавонад, ба қадру қимати инсон бирасад, суннатҳои
миллиро ҳифз намояд, худшиносии миллиро баланд бардорад, барои дар чамъияти озод зиндаги кардан, худхоҳона мубориза барад, барои он ки давлати соҳибистиқлоли
мо дар ҳам чамъияти чаҳони ба мавкеи муносиб ва бону-
фузе соҳиб шавад, саъю кушиш намояд.
Хуллас, тарбия ин ҳодисаи ичтимои буда, худи маънои вожаи педагогика низ аз он дарак медихад. “Педагогика“ аз калимаи лотинии “пайдагогос” гирифта шуда,
“паине” — кудак ва “агогеин” — маънои “рохнамой”-ро
ифода менамояд. Дар Юнони қадим дар асрхои III—I қабл
аз замони солшумории мо ғуломон-тарбиятгаронеро, ки
ба бача хурок дода, уро ба сайру тамошо мебароварданд ва
дар оғуши табиат бози медоронданд, “педагог” меноми-
данд. Фарзанди ғуломдорро шахсони алоҳида раҳнамои
карда, ба мактаб бурда меоварданд.
Омузгоронеро, ки дар мактаб кор мекарданд, “дидаскалон” (дидаидо — ман меомузонам) мегуфтанд. Дар замони феодализм ба воситаи ҳамкории одамони хар ду касб касоне пайдо шуданд, ки махсус бо кори таълиму тарбия машғул мешуданд. Онҳоро “педагог” номиданд ва ин калима ҳоло ҳам нисбат ба касоне, ки машғули кори таълиму тарбия мебошанд, истифода мегардад. Бо калимаи қадими ва лотинии “педагог” (муаллим) номбар шудани қисми назарияи таълими фанни педагогика бесабаб нест. Объекти асосии педагогика асосан хонандагони мактаб мебошанд, маводи он бошад, назария ва амалияи таълим ва тарбияест, ки ба хонандагон дода мешавад.