Педагогика ҳамчун илм дар  бораи тарбия, таълим,  маълумот

1.Педагогика ва пайдоиши он.
2. Мафҳумҳои асосии педагогика.
3. Педагогика ва вазифахои он.
4. Қонуниятҳои ҷараёни тарбия.
5. Инкишоф, тарбия ва ташаккули шахс.
6. Мақсади тарбия.
7. Системаи илмҳои педагогй.
8. Алоқаи педагогика бо дигар илмҳо.
Педагогика ва пайдоиши он.

Педагогика дар ҳаёти имрӯза ба ҳамаи манбаҳои шндагй оҳиста-оҳиста ворид мегардад. Ин фанро ҳоло дар мактабҳои ҳамагонии равияҳои педагогй дошта (гафриқавй, синфҳои педагогй), омӯзишгоҳҳои касбй, коллеҷҳои педагогй, дар ҳамаи макотиби олй меомузанд./Таҷрибаи ҷомеа нишон дод, ки омӯзиши педагогика танҳо пас аз инқилоби Октябр ибтидо пайдо накарда, балки ҳамчун таҷрибаи халқӣ аз рӯзхои пайдоиши одам то ин дам вуҷуд дораду торафт инкишоф меёбад. Вай ҳамчун фанни кӯҳнанашаванда, аз руи принсипи дидактикии аз байн рафтани кӯҳна ва тавлиди нав амал мекунад. Яке аз хусусиятҳои педагогика ҳам дар ҳамин аст, ки инсон аз рӯзи тавлид то нафаси охирини умраш ба тарбия муҳтоҷй мекашад ва хусусияти фарқкунанддагии тарбия аз таълим дар ҳамин зоҳир мегардад.

Олимон бо воситаи педагогика ақидаҳои гуногуни худро ифода намуда онро яке илм, дигаре санъат, сеюмин илми эпикй номидаанд. Илм номидаанд, барои он, ки вай чун объект тадқиқ карда мешавад. Барои он санъат номидааанд, ки аз тарбиятгар маҳоратро талаб мекунад. Илми эпикй барой он гуфтаанд, кй таҷрйбаи тарбиявии халқ аз насл ба насл мегузарад. Аз ҳамин лиҳоз педагогикаи халқй пецагогикаи тачрибавӣ номида шудааст.

Мафҳуми педагогика ба ҷамъйяти ғуломдорй тааллуқ дорад. Пайда (лот.бача), гогос (бонй кардан),

яъне бачабониро мефаҳмонад. Ғуломе, ки фарзанди хӯҷаинашро (ғуломдорро) ба мактаб мегуселонду баъд онро қабул карда бо ӯ вақти зиёди худро мегузаронд, педагог меномиданд.

(Албатта, педагоги имрӯза аз гузашта ба куллй фарқ дорад, яЪне педагоги имрӯза дорои маълумоти касбй буда, яке аз институтҳои тарбиявӣ-педагогиро хатм кардааст, инчунин дар ягон муассисаи таълимй-тарбиявй фаъолият мебарад.

2. Мафҳумҳои асосии педагогика:

Инкишофи шахс ин ҷараёни ба шахсият табдилёбии инсон дар зери таъсири факторҳои зоҳирию ботинй, идорашаванда ё идорашавандаи сотсиалию табии мебошад.

Тарбия ҷараёни мақсадноки ташаккули интеллектуалй, ҷисмонӣ ва-рӯҳии шахс, тайёрии вай ба ҳаёт, иштироки фаъол ба фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ аст. Аниқтараш – таъсири доимӣ ва мақсадноки тарбиятгар ба тарбиягиранда бо ҳадафи ташаккули муносибати дилхоҳ дар шахс нисбати одамон ё муҳити иҳота мебошад.

Маълумот натиҷаи дониши азхудшуда ва инкишофи шахсӣ конкретӣ аст, ки бо роҳи хондан, шунидан, дидан, аз сар гузаронидан ҳосил мешавад. Вай дар ҷараёни таълим ва тарбия дар муассисаҳои таълимй дар таҳти роҳбарии омӯзгорон ба даст оварда мешавад. Боз як роҳи маъмултарини он худомӯзй ва мустақилона азхудкунии дониш мебошад.

Таълим ҷараёни мақсадноки дутарафа буда, аз фаъолияти омӯзгор ва донишандӯз оид ба донишомӯзонӣ ва донишомӯзй ҷараён мегирад.

3. Педагогика ва вазифахои он.

Ҳлр як насл асосан се вазифаро ҳал мёрамояд:

I. Гаҷрибаи насли гузаштаро меомӯзад;

Гаҷрибаи омӯхтаашро ғанй мегардонад;

* Гаҷрибаашро ба насли оянда меомӯзонад.

Илме, ки қонуниятҳои ба насли оянда омӯзонвдани ыҷрибаи калонсолонро таъкид менамояд, педагогика иомида шудааст.

Вазифахои асосии педагогика. Вазифаҳо дар назди фаини педагогика ниҳоят зиёдавд, аммо муҳимтарини опҳо инҳоянд:

конуниятҳои тарбияро тадқиқ кардан; моҳияти тарбияро ба давраҳою ҳолатҳо бо тарбиятгирандагони синну солашон гуногун муайян кардан;

– алоқаи байни мазмуну мақсад ва шаклҳою методҳои гарбияро омӯхта роҳҳои нави ҳалли тарбияро муайян кардан;

– қонуниятҳои ҷараёни азхудкунии дониш, маҳорату малака, ташаккули хислатҳои шахсро тадқиқ кардан;

– алоқаи байни қисмҳои таркибии тарбияро нишон додан;

– системаи тарбияро бо дурнамои он (принсипҳо, шаклҳо, методҳо) равшан

гардондан;

– фаъолияти тарбиятгар ва тарбиягирандаро омӯхтан;

– талаботро ба тарбиятгар, бо сифатҳои шахеии тарбиятгар омӯхта меъёри

онро муайян кардан;

– кори тарбиявии ташкилотҳои талабагӣ, муносибатҳои байни тарбиятгаронро бо муҳассилин ба низом даровардан; .

– омузгоронро бо дониш мусаллаҳ кардан, маслиҳат ва иҷрои кори амалй ва маҳорати касбй омӯзонидан.

Предмети недагогика аз вазифаҳои дар боло зикрёфта муайян мегардад, ки ҳамчун илм яке аз шаклҳои шуури инсон дар радифи санъату дин аст. Илм ҳам соҳаи фаъолияти тадқиқотие, ки барои эҳёи дониши нав, ба низом дароварии он, мураттаб сохтани назария дар сохаи фанни мазкур аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як илм усулҳои тадқиқотии соҳаи худро дорад. Предмети тадқикотии илми педагогика – тарбия мебошад.

Тарбия бо мазмуни васеъи сотсиалй – ин таъсир расонидан ба шахсу ҷамъият аст, бо маънои маҳдуд – фаъолияти мақсадноки ташаккули системаи сифатҳои шахсй, ақидаҳо ва эътиқод дониста мешавад.

Тарбия чун мафҳуми душвори сотсиалй объекти якчанд илмҳо ба ҳисоб меравад. ФалсаФа асосҳои антологй ва гносеологии тарбияро тадқиқ намуда мафҳумҳои тарбияро дар бораи мақсад ва қимати он мураттаб месозад. Сотсиология масъалаи сотсиализатсияи шахсро меомӯзад, инкишофи онро, муайян менамояд. Этнография қонуниятҳои тарбияи халқҳои ҷаҳонро дар давраҳои гуногуни инкишофи таърихие, ки ҳар як халқият “қонунҳои” тарбияи худро дошт, бо хусусиятҳои хосаи онҳо меомӯзад. Илми ~ иктисод роли тарбияро дар инкишофи самараноки истехсолоти ҷамъиятй, захираҳои нулй ва молй-техникй, ки барои сохтани системаи қулайи зерсохторҳои тарбия хизмат мекунанд, муайян менамояд. Психология хусусиятҳои инфиродй, синнусолй ва қонуниятҳои инкишофу рафтори одамонро меомӯзад, ки ҳамчун асос

йирои муайян намудани роҳҳо ва воситаҳои тарбия хпамат мекунад. Педагогика тарбияро тадқиқ

мекунад, қонуниятҳои тар.бия, самтҳо ва дурнамои ппкишофро меомузад, назария ва технологияи тарбияро | айёр мекунад, принсипҳо, мазмун, шаклҳо ва методҳои онро муайян менамояд. Тарбия мафҳуми кокретӣ- гаърихист. Вай ба дараҷаи сотсиалӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании ҷамъияту мамлакат зич алоқаманд мебошад.

Щар замони қадим тарбия ва ҷомеа бо ҳам омехтаю яклухт нигоҳ дошта мешуд, яъне бачагон дар ҳаёти калонсолон иштирок менамуданд^(кори истеҳсолй, ҷамьиятӣ, анъанаҳо, бозӣ). Мақсад – шиносонидани хурдсолон бо ҳаёту меҳнат, аз омӯзонидани таҷрибаи ҳаёт иборат буд.’

Бо душвор гаштани меҳнат ва ҳаёт ҳаҷми донишу малака ҳам васеъ шуда, азхудкунии он ба инсон вазнинй овард, ки. тарбия мебоист ба соҳаи махсуси ҳаёти ҷамъиятй ҷудо карда шавад.

Д>о инкишофи муносибатҳои истеҳсолй тарбия чун яке аз заруртарин функсияи давлатй ҷудо шуд. Дар-назди тарбия вазифаҳои ташаккули самаранок гузошта шудЛ Инкишофи системаи тарбияи ҷисмонй аз асри XVIII чун инкишофи илм дар бораи тарбия-педагогика дар қатори дигар илмҳо тез вусъат ёфт.

, Илми педагогикаи замонавй бо тадқиқоти мазмун, шакл, методҳои тарбия, технология машғул шуда, дар маркази диққат инкишофи шахсро дар асоси қимати умумиинсонӣ гузоштааст. /

Функсияи муҳимтарини тарбия – ба насли нав омӯзонидани таҷрибаи ҷамъкардаи инсонй бо воситаи маълумот мебошад.

Чараёни тарбия – ҷараёнест, ки мо худро ба ҷомеа мувофиқ мегардонем, ба ҳаёт тайёр мекунем, ба ҷомеа фоида меорем ва талаботи худро низ қонеъ мегардонем. Дар ҷараёни тарбия дар бисёр мавридҳо зарурати аз нав тарбия кардан, ислоҳот дар муносибат, муомилот пеш меоянд. Одатан дараҷаи баланди ҷараёни тарбия ба худтарбиякунӣ мебарад, ки он барои ташаккули шахс мадад мерасонад.

Ҳаёти иҷтимоии одамро фаъолият ва муносибат бо одамони диғар муайян мекунад, яъне фаъолият ва муносибат асоси ҷараёни тарбия мебошанд. Худи фаъолият дар ташаккули одам бебаҳо аст,чунки маҳз дар фаъодият одам меъёри ҳастии ҷамъиятиро азхуд мекунад, бо боигарии моддй ва маънавии халқ муносибат пайдо мекунад. Дар фаъолият мақсади меҳнат, таълим, рафтори мадании ҷамъйят аниқ меғардад, баҳодиҳшо мулоҳизаронӣ мураттаб мешавад, рафтору кирдор,одат устувор мешавад ва амалиёти зарурй такмил меёбад, қобилияту қувваи эҷодй тараққй мекунад.

Зимни муносибат бошад робитаҳои зиёд бо одамон пайдо мегардад: робитаи корй, вобастағй бо ҳамдигар (ғамхорй, муҳаббат), робитаи ахборотй, этикй, эстетикй, споргй, санъат, маданият ва ғайра. Ба ғайр аз ин бо воситаи муносибат шавқу ҳаваси ҷавонон инкишоф меёбад.

4. Қонунияти ҷараёни тарбия:

1) Чи қадаре, ки фаъолияти фоиданоки ҷамъиятии тарбиягиранда ба мақсад мувофиқ бошаду муносибати байниҳамдигарии онҳо бошуурона ғардад, ҷараёни тарбия ҳамон қадар самаранок мешавад.

Барои ипкишофи одам тарбия, муҳит, муносибату фаъолият таъсири калон мерасонад. Дар навбати худ одам дар муҳит фаъолона рафтор мекунад ва барои муҳити иҳотаро тағйир додан, аз нав сохтан мекӯшад. Таъсири муҳити иҳота бо воситаи таҷриба, талаботи шахсй вобаста буда, бо баробари он ҳиссиёти )Мотсионалй ва интеллектуалй ғанй мегардад, боигарии ҳаётии шахс мешавад.

2) Чй қадаре ки таъсири ҷараёни тарбия дар ботини шахс зиёд бошад, натиҷай он ҳамон қадар баланд мешавад.

Дар ҷараёни тарбия инкишофёбии нобаробарро психологҳо Б.Г.Ананьев, Д.Б.Элконин мушоҳида кардаанд. Масалан, муваффақияти бача дар спорт ва [ абъи эстетикии ои асос шуда наметавонад. Бинобар он талаба ҳарчанд донишро хуб азхуд кунад ҳам, вале ноуҳцабарой мекунад ё дар иҷрои меҳнати оддй мушкилй мекашад, ё зебоии атрофро ҳис карда наметавонад.

Ҳамин ҳолат қонуни сеюмй ҷараёни тарбияро ба миён меорад:

3) Чӣ қадаре ки ҷараёни тарбия ба ҷараёни вербалию сенсорй (эҳсосй) – серҳаракатии тарбиягирандагон мақсаднок такя намояд, ҳамон қадар йнкишофи маънавӣ, меҳнатй ва ҷисмонии хонандагон самаранок мегардад.

Мавқеъи тарбиятгар ва тарбиягйранда
дар ҷараёни тарбия

Тарбия ба тарбиятгар вобастагии калон дорад, чунки роли роҳбарй ба тарбия дар ӯҳдаи уст.

Бе мураббй зери гардун муътабар натвон шудан, Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

Тарбиятгар мақсади иҷтимоии тарбияро дар шароити конкретӣ ва реалй тарбия тағйир дода метавонад. Ташкили тарбияи ғоявӣ-сиёсй, ахлоқй, меҳнатй, зебоипарастй ва ҷисмонй маҳз аз тарбиятгар вобаста аст. Вай дар ин ҷода аз воситаҳо: матбаа, садо, симо, тиётур, синамо, адабиёти бадей ё вазъияти мусоиди тарбиявиро ба вуҷуд оварда аз онҳо васеъ истифода мебарад. Инчунин ҷараёни худтарбиякунй ва азнавтарбиякунии мақсаднокро ташкил мекунад.

5. Инкишоф, тарбия ва ташаккули шахс

Объекти тарбия – одами инкишофёбанда ва ба тарбия муҳтоҷ аст. Инсон дар тамоми тули зиндагиаш ба инкишоф мансуб буда, дар вай дигаргуниҳои ҷисмонй, руҳй, миқцорию сифатй ба вуҷуд меоянд.

Инкишофи шахс – ҷараёни басо душвор аст, ки ба вай таъсироти беруна (шароити зиндагӣ, муҳити иҳота, таъсири тарбиятгарон) ва қувваи ботинй (зиддиятҳо) дохил мешаванд.

Дар инкишофи шахс роли ирс ҳам эҳсос карда мешавад.

Ирс

биологи: тағйироти зоҳирй, ботинӣ, генетикй (ҷусса; ғурӯҳи хун; ранги – мӯи, пӯст, чашм; устухони сар; асаб), касалии хун (гемофилия), шизофрения, касалии қанд. ҷисмонӣ: ҷусса, қаду қомат, норасоиҳои ҷисмонй. кобилият, истеъдоди махсус: илм, мусиқа, забон, риёзй, техника.

кобилияги интеллектуалй: консепсияи таълими инкииюфсбапда мураттаб мешавад, ки бо ин роҳ тарбияи бачагони соҳибис геъдод шояд мумкин бошад. Ин мактаб дар дасти шахсони давлатманд буда, зери фишори онҳо монда мазмуни яктараф мегирад.

Сифатҳои ахлок, ва психика: Педагогикаи илмй ҳамаи сифатҳои психикии одамро маҳсули ба даст овардашаванда меҳисобад. Одамизод тавлид меёбад, инкишофи вай аз сифер оғоз меёбад.

Олимони буржуазй Г.Спенсер, Ч.Ломброзо овозаҳо паҳн карданд, ки баъзе кудакон аз хурдсолй бо майли бадкирдорй, нафрат, сангдилй ба дунё меоянд. Чунин ақидаҳо беасос ва бедалел будадатои маҳз мебошанд.

6. Мақсади тарбия – та,,С ли инсонй комил аст. Мақсади тарбияро хаёл карда баровардан ва пешбарӣ кардан мумкин нест,лунки вай ҳамеша талаботи ҷомеаро инъикос мекунад. Ин талаб дар навбати худ дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолй ва характери муносибатҳои истеҳсолиро муайян менамояд. Бинобар он мақсади тарбия ҳамеша ба усули истеҳсолот мувофиқат мекунад, бо баробари дигаргуншавии он низ дигар мешавад.

Бо инкишофи ҷамъият тарбия низ характери худро иваз менамояд. Масалан, дар ҷамъияти ғуломдорӣ тарбия карданй ғуломдор ва ғулом ба меҳнат, дар ҷамъияти феодалй – аз тайёр кардани феодалҳо ва косибону деҳқонон, дар ҷамъияти капиталистӣ – истисморгар ва истисморшаванда вобастагӣ дошт.

Мақсади тарбияи инсони комил дар ҳама давру замон, дар халқҳои гуногун бо ҳам наздик мебошанд, ки дар эҷодиёти даҳанакии халқиятҳо вохӯрдан мумкин. Масалан, дар афсонаҳои халқии тоҷик – қаҳрамонон Лаку

Пак, Кали зирак, Рустам ва Суҳроб, Афандӣ ва ҳок., дар русҳо Добрый молодец, Красная девица, Иванушка- дурачок, дар қафқозиҳо – джигит, дар Чувашҳо – умницы и красавицы ва диг. Ҳамаи қаҳрамонони афсонаҳои халқй ақл, меҳнатдӯстй, зебой, одоби инсонй, маънавиёти баланд, пурқувватй, тобоварй ба душвориҳо, ҳақиқатпарастй, сифатҳои муборизи ҳақиқй барои озодиро тараннум мекунанд.

Тарбия дар шароити имруза ба сифати асосй- ғоявии системаи тарбиявй бояд аз руи принсипи гуманизм амал намояд. Гуманизм (лот. инсондустй), нармй дар маносибати инсонй, ҳурмат ба шахс ва қиматҳои дигари инсонй аст. Амалӣ гардидани принсипи гуманизм дар ҷараёни тарбия ба кимати умумиинсонй вобастагй дорад, ки он аз ду фаҳмиш иборат аст:

1. Аҳамияташ на барои фақат гурӯҳи сотсиалй. синф, ҳизб, давлат, балки барои ҳамагон аст.

2. Қимати транссенденти дорад (аз ҳудуд берун), яъне қиматҳои умумй – абадй. Барои диндорон – табиати ҳамеша бо Худо будан, кй дар асоси он зикри Худо – некй, ҳақйқат, зебой ва хок. инъикос меёбад: дар система дини буддой васиятҳои қатл макун, на дузд, бутпарастй макун ва ҳоказо.

Ҳамин тариқ, мафҳуми гуманизм дар худ ватанпарастию эҳтироми баланди ҷомеаро таҷассум мекунад. Умумй карда гӯем, гуманитарикунонии тамоми ҷабҳаҳои ҳаётии макотиби миёнаю олиро оиди тайёр кардани кадрҳои бачандихтисос барои хоҷагии халқ дар бар мегирад. Нақшаҳои таълимию тарбиявй бояд ҳавасу дархости донишандӯзонро ба назар гирад, на ҳаваси ин ё он кафедра, макотиби олй ё давлатро. Инчунин муносибати устодон бо донишандӯзон низ аз аҳамия! холӣ набуда, вай дар асоси хамкории педагогӣ ба роҳ монда шавад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.