Педагогикаи халқй ҳамчун са рчашмаи. Асосии педагогикаи илмӣ

Фолклор-асоси педагогикаи эмпирикй, халкӣ.

2. Актуалии омузиши педагогикаи халқӣ дар давраи муосир ҳамчун хазинаи тарбиявии миллат (Абуабдуллои Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Муслиҳйддин, Саъди Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фаридаддин Аттор, Аҳмади Дониш, Садридцин Айни, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода.

 

Фолклор-асоси педагогикаи эмпирикй халқи.

I Педагогикаи халқӣ аз таҷрибаи тарбиявии халқ ба вуҷуд омадааст ва нисбат ба педагогикаи илмй пештар мавҷуд будааст/ Бинобарон педагогикаи халқро инчунин педагогикаи эмпирикй (таҷрибавй) меноманд.

Шояд ин ном ба он вобаста бошад, ки дар гузаштаи халқи тоҷик, вақто хату савод набуд, одамон таҷрибаи тарбиявии худро бо воситаи таҷрибаи бобой, момои ба роҳи аз насл ба насл гузаронидан, меомӯхтанд.

1!<Педагогикаи илмй се мафҳумҳои асосй дорад: тарбия,таълим, маълумот/ Педагогикаи халқй бошад аз педагогикаи илмӣ бо максаду мароми худ қариб фарқе надорад, яъне фарқ дар исботи илмии масъалаҳои педагогй дидаю мушоҳида мешавад, лек ҳар ду мақсади якхела доранд ва бо усулу роҳҳои таъеиррасонй ҳамдигарро ғанй мегардонащуБояд ҳаминро ҳам қайд кард, ки педагогикаи халқй нисбат ба педагогикаи илмй осонфаҳ? буда, барои дастрас гардонидани масъалаҳои муҳими тарбиявй ба педагогикаи илмй асос шуда хизмат менамояд.яАз ин ҷост, ки ҳар ду педагогика бо ҳам

пайвастаанд, ки ин наздикй таъсири тарбиявиро пурзур гардонда ҳамдигарро боз рангину ҷаззобгар мегардонанд,

^Педагогикаи халқй бештар бо фолклор (эҷодиёти даҳанакии халқ) наздик аст. Таҷрибаи тарбиявии халқ аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл мегузашт, ки сабаби асосӣ- набудани хату савод буд. Мо хато намекунем агар гуем, ки’асоси педагогикаи халқиро худи фолклор тартиб медиҳа^-

Педагогикаи халқй-ин ҷамъи таҷрибаи тарбиявии халқ, ки дар эҷодиёти даҳанакии халқ, расму оинҳо, бозиҳои бачагона боқӣ мондаанд.

Дар халқ омада, ки тарбия мафҳуми ҳамеша нав аст, вай ҳеҷ гоҳ куҳна намешавад, яъне куҳна мурда мераваду ба ҷои он нав тавлид мешавад, ки навро боз тарбия кардан лозим меояд^

Предмети педагогикаи халқй – илм дар бораи таҷрибаи мардум оид ба тарбияи наврас, дар бораи тайёрии педагогй ба ҳаёт, зиндагй, ба зиндагонии оилавй, авлоду қабила, халқияту миллат мебошад.

Ақидаҳое низ ҳастанд, ки гуё педагогикаи халқй ҳамчун илм набуда, балки чун объекти тадқиқи илмй меноманд, ин ақида ба илм ҳаваси калонеро иайдо мекунонад. Масалан, мо имрӯзҳо педагогҳои барҷастаи номии халқҳои ба худ наздикро мехонем: чех – Ян Амос К&шнский, олмон – Адолф Дистервег, швейсариягӣ – Иоганн Генрих ДТесталотси, рус – Константин Дми гриевич Ушинский ва диг., аммо дар ин радиф бояд мо педагогҳои халқи тоҷику форсро низ гузорем: А.Рудакй, А.Фирдавсӣ, Умари Хайём, М.Саъдй, А.Ҷомй, Ф.Аттор, А.Дониш, С.Айнй, Б.Ғафуров, М.Турсунзода

ва дигарон, ки тамоми фикру зикри онҳо ба тарбияи ахлоқи ҳамидаи умумиинсонй равона карда шуда, ҳатто дар бисёр мавридҳо ақидаҳояшон пешсаф мебошанд. ?Агар цедагогҳои рус таъкид кунанд, ки тарбияи бача аз рӯзи тавлид сар мешавад, мутафаккирони халқи тоҷик қайд кардаанд, ки тарбияи атфол аз рузи дар батни модар пайдо шудан, ҳатто аз вай ҳам пештар сар мешавад. (

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Бузургони миллату халқиятҳои тоҷик шояд дар макотиби мутараққӣ дарс наомухтаанд ё наомӯзонидаанд, барномаю дастурҳо эҷод накардаанд, лекин таҷрибаи халқро омӯхта дар боби тарбия ақидаҳои ниҳоят қиматнок мерос гузоштаанд, ки то имруз аҳамияти худро ғум накардаанд ва пайваста аз онҳо халқ дар ҳолатҳои зарурй васеъ истифода мебарад:

Ҳеҷ шодй нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

(Рӯдакй)

Ба мо маълум, ки дар ин байт дӯстй тараннум карда мешавад ва дар ифодаи фикр шоир аз фалсафаи чуқур, баландмазмун истифода кардааст.

Гар бар сари нафси худ амири, марди,

Бар кӯру кар ар нуқта нағири, марди, Мардй набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае биғири, марди.

(Рӯдакй)

Дар ин мисраъҳо хислати беҳтарини ҷавонмардона тасвир карда шуда, ҷавонон ба дӯстию рафоқат, якдигарфаҳмию ваҳдат, сулҳу салоҳ даъват шудаанд. Ба ғайр аз ин масъалаҳои тарбияи ахлоқу одоб, омӯзиши илму ҳупар дар тамоми эҷодиёти шоир мавқеи намоён ишғол кардааст.

Рудакй барои такмили шахсият, тарбияю муҳитро аз омилҳои асосй меҳисобид. Қобили қайд аст, ки вай инкишофро яктарафа не, балки аз ҳар ҷиҳат, яъне ҳаматарафа инкишоф ёфтанро мепазируфт, чунки қобилияти инсонро беохир ҳисобида, майнаи шахси донишмандро ба дарё монанд кардааст:

Тан яку ҷон якеву чандин дониш,

Эй аҷабо, мардумӣ ту, ё дарёи?!

Рудакии бузург ба таъсири муҳит, табиат, зиндагй, ҳаёт диққати хоса дода гузаштааст, ки ҳар як инсон ба ақлу фаросати худ ба зиндагй бо таҳлил назар кунад, вагарна ба душвориҳои он бархӯрда худро тез нобуд менамояд. Вай ҳаётро ҳам мураббй, ҳам омӯзгор ҳисобидааст:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Дар дигар ҷо чунин омадааст:

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омузад зи ҳеҷ омузгор.

Ҳамин тариқ, ақидаҳои пешқадами Рӯдакӣ ба омузиши илм, ҳаёт ва хусусиятҳои беҳтарини ахлоқи инсонӣ ба анъанаҳои пешқадами халқӣ асос ёфтаанд.

Сухани Саъдй дар пештоқи СММ бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст:

Банй одам аъзои якдигаранд,

Кӣ дар офариниш зи як гавҳаранд

Чу узверо ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту ки худ озод аз ғамӣ Намояд, ки ноомад ниҳанд одамй.

Гиёсиддин Абдулфатх Умар ибни Иброхим Хайёми Нишопурй чун ситораи дурахшони илму адаб ба мо маълум ва мащҳур аст. Ба Ҳаким Хайём зиёда аз 5000 рубоиёт нисбат дода шудаанд, ки онҳо ба забонҳои бисёри дунё тарҷума шуда аз ҷиҳати мазмуни баланди тарбиявӣ доштанашон ҳамчун хазинаи миллат бо зарҳал навишта.Ин хазина ба дили халк, ва мухлисони сершумораш ғизои маънавй мебахшад, умдатарин масъалаҳои ҳаёти инсонро аз ахлоқи ҳамида иборат дониста лаҳзаҳои нотакрори ҳаёт, муҳаббат ва зебой, маънавиёти инсониро тараннум кардааст. Мавзӯи асосии рубоиёти Хайём аз озодии иродаи тақдири инсон, таҳлили некию бадй, нақди индунёию насяи ондунёиро фош намудан иборат аст.

Хайём ҳамеша кӯшиш дошт, ки ҳаёти халқашро осоишта бинад ва ба халқ барои аз гуломй озод шудан ёрии худр расонад. Ривояте мавчуд, ки рузе Низомулмулк Хайёмро ба Исфаҳон даъват намуда мефармояд, то ин ки вай шахси боварибахши подшоҳ гардад, яъне идора карданй Исфаҳонро ба ӯҳда гирад, аммо вай ин вазифаро радъ карда мегуяд: “Ман идора кардани одамонро намехоҳам, чунки идоракунй аз фармон додану радъ кардаи иборат аст’.

Хусусияти диққатҷалбкунандагии Хайём пеш аз ҳама дар ои аст, ки ҳар як лаҳзаи ҳаётро бомазмун

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

 

гузаронидан, яқцигарфаҳмӣ, дастгирии якдигарро дар зиндагӣ раво донистааст.

Саъдии Шерозй дар тамоми асарҳояш, хусусан дар “Бустон” ва “Гулистон” ба тарбия диққати бағоят калон дода гузаштааст. Вай ҳамчун тарбият.гар, маърифатпарвар, инсондӯсту мутафаккири бузург ба хислатҳои баланди умумибашарй-ахлоқи ҳамида, ростгӯию поквиҷдонй, қадршиносию олиҳимматй, меҳнатдӯстию инсондӯстй эътибори хоса дода аст. Вай дар асарҳояш ақлу хиради одамиро ба ҷои аз ҳама баланд гузоштааст, чунки ақлу хирад одамро аз олами ҳайвонот ҷудо мекунад. Одами боақл ҳеч гоҳ ба ҳирс, буғзу ҳасад, кинаю адоват, дурӯғу дурӯягй ва шаҳвоният дода намешавад. Ба хислатҳои бади инсон: худписандй, кибру ғурур, ороиши аз ҳад зиёд, бедонишй, бемаданиятй, нодонию ҷоҳилй, мунофиқию бехирадиро- дохил намуда, худро аз ин хислатҳо эмин нигоҳ доштанро. тараннум намудааст.

Ба назари мо мисоли зерин, ки аз одоби ҳамидаи инсонй дарак медиҳанд, тамоми дархости Саъдии Шерозиро нишон медиҳад:

Ба даст овардани дунё ҳунар нест,

Якеро, гар тавонй, дил ба даст ор!

Инсони ҳақиқй, инсони комил, умуман инсон буданро шоир дар шеърҳояш ба ҷавонон-таъкид карда

овардааст:

Тани одамй шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Агар одамй ба чашм асту даҳону гушу бинй,

Чй фарқ миёни нақши девору миёни одамият?

Аз тамоми гуфтаҳои боло бармеояд, ки Саъдии бузургвор тамоми ҳастии худро ба тарбияи насли ҷавон бахшидааст. Ҳамаи ақидаҳои вай халқй буда, баҳри беҳдошти тарбияи миллат равона карда шудаанд. Халқ имрузҳо аз ин ганҷинаи тарбиявии бебаҳо барояш баҳра мегирад ва дар ҳаёту зиндагиаш васеъ истифода мебарад.

Абдурахмони Чомй анъанаҳои гузаштагони худ- Рӯдакй, Саъдй ва дигаронро давом дода, ҳамчун инсонпарвар одамонро ба некукорй даъват кардааст, вай бисёр панду насиҳатҳои худро ба подшоҳон ва аъёну ашроф, ки ба халқ ҷабру зулм мекарданд, насиҳат кардааст. Ҷомй ҳамчун подшоҳи боадолату намунавӣ Искандарро нишон дода дигар подшоҳонро даъват кардааст, ки мисли Искандар одил гарданд;

Беҳтарин ҷиҳати ҷахонбинии Ҷомӣ халқцустии ӯ мебошад. Ин хусусияти эҷодиёти Ҷомй аҳамияти ■ ақидаҳои фалсафй ва ичтимоию сиёсии уро ба дараҷаи баланд бардошта номи ӯро ҳамчун шоир ва олими пешқадами замони худ дар таърихи адабиёти Шарқ • машҳур кард.

Фикру ақидаҳои Ҷомй доир ба тарбияи насли ҷавон бештар дар Ҳафт авранг, Баҳористон инъикоси пурра ёфтаанд. Ғайр аз ин дар қасида, шеърҳои ишқии вай тарғиби илму дониш, панду насиҳати хирадмандона дида мешаванд. Аз нуқтаи назари ӯ илм ва зарурати онро дар зиндагӣ ниҳсят сахт таъкид кардааст, ки дар дунё’ агар илм пабошад, рузгори инсон дар торикӣ мегузарад

Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз,

Зи бедонишй кор гардад дароз.

Зи дил сар занад сирри дониш нахуст,

Ки бар дасту по кор ғардад дуруст.

ё ин ки

 

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм, Қулфкушои ҳама дархост илм…

Ҷомӣ ҳамчун тарғибкунандаи илм мехост, ки ҷавонрн бисёр китоб хонанд, чунки китоб манбаи дониш аст, сарчашмаи ғизои руҳй, дӯсти ғамхор ва устоди осмузду беминнат мебошад.

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доной китоб аст.

Дар хотима бояд қайд кард, ки ҷаҳонбинии Ҷомй динӣ ва идеалистӣ буд. Дар ақидаҳои вай оид ба зан фикрҳои мухолиф ҳам дида мешаванд, занро аз чиҳати дҳл ноқис мешуморад ва ба мардон маслиҳат медиҳад, ки ба зан бовар накунанд. Лекин роли занро дар тарбияи фдрзанд таъкид намудааст, образи Лайлиро чун зани ооақлу вафодор нишон додааст. Вай одамонро ба мубориза барои озодй даъват накардааст ва зулму |к гибдодро аз тақдир донистааст.

Фаридуддин Абуҳомид Муҳаммад ибни Абубакри Иброҳими Нишопурй миқдори осорашро аз 40 то 190 I дзкиранависон ҳисоб кардаанд: Мантиқ-ут-тайр, Дсрорнома, Мусибатнома, ИлоҳиномаДисравнома,

Мухторнома, девони қасидаҳо ва ғазалиёт, Шарҳ-ул- қалб,Ҷавоҳнома (ду асари охирин то ба мо нарасидаанд), Тазкират-ул-авлиё,ва хок. Қариб дар ҳамаи асарҳои шоир ақидаҳои ирфонии вай инъкос ёфтаанд. Маснавии Мантиқ-ул-тайр), дар Мухторнома 5 ҳазор рубоиёт гирд оварда шудаанд, ки аксари онҳо низ мазмуни ирфонӣ доранд,фақат баъзан муҳаббати поки инсониро вохурдан мумкин. Ақидаҳои иҷтимоии Аттор дар Мусибатнома гирд оварда шудаанд. Мувофиқи таълимоти у олам таҷаллии ҷамоли ҳақ аст ва ҳар зарра, ҳар чизе ба назар мерасад,ҷилвағоҳи ҷамоли ёр аст. Фалсафаи Аттор аз ваҳдати вуҷуд иборат дониста мешавад.Ба ақидаи.вай вазифаи инсон аз донистани ҳамин ваҳдат иборат аст, ки дар ин роҳ ба инсон зарур, то баъзе монеаҳоро. бартараф кунад. Инсон дорои ду қувваи мутақобил аст: рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ. Дар ҷараёни маърифатӣ ин вуҷуди ягона ё ки ақли кулл инсон бояд вуҷуди ҷисмонии худро ба дараҷаи нестй расонад. Ба ин восита қувваи рухонӣ бар ҳайвони ғолиб омада, шахс ба маърифати ақли кулл на фақат наздик мешавад, балки бо он як мегардад. Ҳамин ақида дар Мантиқ-ут-тайр дар образи мурғон равшан ифода ёфтааст. Ба ақидаи Аттор роҳи ягонаи ҳакшиносй – ин фақат худшиносӣ аст. Ҷараёни маърифати ҳақ чанд зинаҳо дорад: шариат, тариқат, ҳақиқат. Толиб ба воситаи шариат ба роҳи тариқат медарояд. Тариқат аз 7 водӣ иборат: талаб, ишқ, маърифат, истиғно (ҳиммат), тавҳид (ягонагӣ, ваҳдат), ҳайрат ва фано. Баъди тай кардани водиҳои тариқат толиб ба ҳақиқат мерасад.

Дар системаи ҷаҳонбинии Аттор ақидаҳои иҷтимоию сиёсй ва ахлоқии ӯ мавқеи муайян доранд. Шоир ахлоқи аҳли замонро дуруст тасвир карда, каболат

|м разолати сарватмандону амалдоронро бо воситаи хмкоёти тамсилӣ ва рамзй ошкор кардааст. У доир ба ;1хлоқ бо унвони Футувватномаи манзум асари алоҳидае дорад, ки дар он аз 72 сирати ҷавонмардӣ сухан ронда, зхлоқи ҳамидаро васф ва ахлоқи замимаро маҳкум памудааст.

Дар охир бояд тазаккур дод, ки таъсири Аттор дар кпдаккулу инкишофи минбаъдаи афкори ҷамъиятию фалсафии Осиёи Марказй ва Эрон нақш гузоштааст.

Қувваи некӣ надорй, бад макун,

Бар вуҷуди худ ситам беҳад макун!

Аҳ^ав-махдум ибни Носир (такр. авг. 1826, . Ьухоро-ох. марти 1897, ҳамон ҷо) нависандаи маъруф, мутафаккири барҷаста, шоир, рассом ва хаттоти номдор, меъмор ва олими намоёни дуюми асри XX, саромадй ҷараёни маорифпарварии Осиёи Марказй ва бунёдгузорй равияи маорифпарварии адабиёти тоҷик. Ҳаёти феодалй ва муҳити асримиёнагии Бухоро Донишро қонеъ мамекунонд. Сафари Русия ва шиносой бо ҳаёти мардуми ‘ рус, ба сифати сафир ба амри амир Насруллоҳ, ки дар он вақт яке аз марказҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва мадании ҷаҳон ба ҳисоб мерафт, доираи назар ва ҷаҳонбинии Донишро хеле васеъ кард. Пас аз он, ки Аҳмади Дониш аз корҳои давлат фориғ шуд вақти худро ба кори эҷодй сарф карда, дар муддати 15 сол (1875-1885) асари бузургаш Наводиг-ул-вакоеъро навишт.

Асарҳои дигари вай Таърихча, дар ҳикояти Ҳоҷй ва манофеи сафар ва хислати занон. Дар одоби никоҳ ва баёни хусумати модаршу, дар васоёи фарзандон ва баёни

ҳақиқати касбҳову пешаҳо ва диг.

Пас аз омухтани асарҳои Аҳмади Дониш кас ба хулоса меояд, ки ҳамаи асарҳои вай панду андарзӣ мебошанд.

Дар одобй никоҳ ва баёни хусумати модаршу-асари Дониш омадааот, ки чӣ навъ оидаи мустаҳкам бунёд карданро маслйҳат дода гузаштааст:

– пеш аз кор хуб андеша кард, ки кор саҳл наояд;

– ба ҳамгиион набояд зани худ тавсиф ва тазаввуҷ кард;

– ба зани мувофиқ бояд хонадор шуд, вагарна ҳама ғавго бар сари бом

шаваду асрор дар миёни роҳи ом;

– ба ҳосили касбу кори зан набояд чашм дӯхт (умедвор шуд);

– манзили зан аз модари худ дур дошт;

– аз ҷиҳати модарӣ илтиҷо ба модар бурд, ки вай дар хонаи келин дар амри

саранҷоми хона кулфат набарад, балки дуогуи келин шавад;

– набояд ғуломи зан гашт:

а) бояд манзили муқаррари хешро пайдо кард, аз ғайри хонаи зан;

б) мард агар маъюб аст, бояд зани маъюбро талабад;

в) ҳамсар бояд аз ҷое талабид, ки асли шариф дошта бошад, на насаби хасис;

– зани муфлиси хақиқй ва сахтӣ дида бояд хост, ки дилбастаи шавҳар гардаду меҳрубон ояд;

– хандон ба хона бояд даромад, ҳамуш бурун рафт ва ҳар чӣ ёф г бихурд ва ҳар чй наёфт напурсид;

– босабрӣ набояд аз даст дод ва доим бар қаҳру газаб ғолиб омад;

• дар таҷассуси ботини ҳол набояд муболиға карду бе сабабе гумони бад;

– таоми хуш ҳеҷ танҳо набояд хӯрд, таърифаш ба завҷа иакард, яъне ин сирро пинҳон нигоҳ дошт;

дар ҳафта як маротиба бояд аз ширинй ва ҳалво даст набардошт;

– гар меҳмон наомад, таом бо аҳли оила бояд хӯрд;

– рузғори худро бояд бо луқмаи ҳалол парвариш кард;

– сирри зан ба ҳеҷ кас набояд гуфт, ки ин ҳаққи зан аст бар шавҳар;

– хаққи шавҳар ба зан, уюби шавҳар ҳамеша бояд бипушид;

– густоҳие, ки миёни ишон пайдост дар муошарат бояд пинҳон нигоҳ дошт;

– дар ҳама корҳо бар муроди.шодии шавҳар ҳарис монд;

– бар моли шавҳар набояд хиёнат кард ва бо шафқат онро иигоҳ дошт;

– шавҳар ҳар чй дорад ва орад бояд қаноат кард ва зиёда пабояд талабид;

– ҳаққи шавхар аз хешовандон бояд сардор нигоҳ дошт;

– худро ҳамеша бояд покиза нигоҳ дошт;

– хидмати шавҳар бояд худ кард, на ба ғайр ҳавола;

– ба шавҳар на бояд бо молу ҷамоли худ-фахр кард; асло набояд гуфт, ки “Ман аз ту чӣ дидам?”;

– ҳар соате бесабаб талаби хариду фурӯш ва талоқу фироқ иабояд хост.

Устод Садриддин Айни П^УЗ-^б^-шоир. 11ависанда, мунаққид, педагоги барҷастаи халқӣ мебошад. Асарҳои безаволи вай: Мактаби кӯҳна, Одина, Дохунда, I ■ уломон, Марги судхур, Ёддоштҳо дар тарбия намудани ахлоқи ҳамидаи инсонй дар. наврасону ҷавонони мо саҳми босазое гузоштаанд. Дар асарҳояш Айнӣ норозигии худро аз замонааш изҳор намуда ба халҳи азизаш бо дилсузй ба ҷо овардани одоби хубро тавсия намудааст:

Г , он кас, ки шири софи лазиз,

Ба Шумо аз ҷш цр расонду чашонд?

Баҳри осоиши шумо аз хоб,

Хест, гаҳвораи шумо ҷунбонд?

Шустушу карда дасту пои шумо,

Аз муҳаббат ба ҷои пок нишонд?

Кист он кас руз то бегаҳ давид,

Ошу нон баҳри шумо тайёр кард?

То шумо дар мактаб омӯзед илм,

Ҷумла кори хонаву бозор кард?

То шумо доно шаведу ботамиз Аз насиҳат гӯшатон пурбор кард?

Вай аз тамоми наврасону ҷавонон талаб кардааст, ки вақти қимати худро беҳуда нагузаронида ба қадри вақт расанд, аз ҳар сонияю дақиқа самаранок истифода баранд:

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,

Ба бекорйю нодонӣ намонем.

Ба олам ҳар касе бекор гардад,

Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Омузиши ҳаёт ва фаъолияти устод Садриддин Айнӣ ба хонанда ҷа/.он-ҷахон маънй мебахшад. Таҳлили асарҳои алоҳида дар пеши назар ҳаёту замони Айнй пайдо мсгардад, ки шояд ин аз осонфаҳм будани забону баёни соддаи Айнӣ бошад. Имрузҳо вайро бо мароқи калон дар мактабҳои ҳамагонӣ меомузанд ва шахсе нест аз боби зиндагии ин марди накуном, Қаҳрамони Тоҷикистон, доктори илми филология, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, нахустин нрезиденти АИ Тоҷикистон надонад ё нахонда бошад.

Академик Бобоҷон Ғафуров. Қаҳрамони Тоҷикистон, ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат бо навиштани рисолаи пурарзиши илмии худ Тоҷикон (иборат аз ду ҷилд) ватандӯсти ҳақиқй буданашро исбот кард ва дар тарбияи ватандустии халқу миллаташ саҳм гузошт. Шоир Ҳикмат Раҳмат бо ифтихори бузург дар васфи Бобоҷон Ғафуров навиштааст:

Ними олам фахр дорад аз Ғафуров Бобоҷон, Мушикофи карда у дар арсаи илми ҷаҳон, “Тоҷикон” бинвишту дар таърих аҷаб эъҷоз кард, Дидаи олам ба рӯи тоҷик аз нав боз кард.

Меҳри самимонаи Бобоҷон Ғафуров нйсбат ба зодгоҳ, халқу миллат хусусияти хоса дорад, гуё аз гаҳвора сар шуда бошад. Яке аз далелҳои ба асараш Тоҷикон ном ниҳоданаш аст, чунки дар замони шӯравй ин кори осон набуд, яъне ҷасорату матонат, ҳисси ниҳоят пурзӯри ватанпарастй ва исботи чуқури илмй металабид.

Шоистаи қайд> аст, ки бо чунин амал Бобоҷон Ғафуров ҳеҷ гоҳ миллатгаро набуд, вай худ ин хислати одамиро сахт маҳкум мекард ва намеписандид. Ӯ навишта буд: “Миллатгарой-вабои миллат аст”.

Дар Тоҷикон исбоги илмй оварда шудаасту халос, ки бояд ҳар як халқ худшиносии миллии худро дошта бошад, аз он сабаб, ки таърихро надониста ба оянда хизмат кардан имконнопазир аст.

Мирзо Турсунзода (1911-1977) барои сулҳу ваҳдат тамоми ҳаёти худро ҳамчун тарбиятгари роҳи озодй масраф кардааст:

– ӯ дар гирдиҳамоии зиддифашистии намояндагони халқҳои Осиёи Марказй баромад карда қайд кардааст: Мо барои он ҷамъ омадем, ки чй тавр мустаҳкам ва вайроннашаванда будани дӯстии халқҳоро бори дигар ба тамоми дунё нишон диҳем;

– халқи шӯравй дар мубориза барои муҳофизат ва мустаҳкам кардани сулҳ омадааст: Дар мамлакати мо дар бораи муҳофизати сулҳ, дар бораи манъ кардани тарғиби чанг қонун қабул карда шудааст; Дӯстии қавии байни халқҳо Ватани моро қалъаи мағлубнопазир мегардонад;

– достони “Шӯриши Восеъ” (1919) худ аз мубориза бар зиди ситам, аз адолату озодии халқи мазлум баҳс мекунад;

– дар солҳои ҷанг ғояҳои дӯстии халқҳо, инсондустй, ватанпарастии шоир хеле тараққй кард: Хайр, модарй азиз!, Баҳодури тоҷик, Ҳамшираҳо, Роҳи оҳан, Ба ҷанг, Писари Ватан, манзумаи Чашмҳо, асари публисистй бо номи Сулҳ бар ҷанг ғолиб меояд (1950), Ҷони ширин ва диг., ки мақсади пойдоркунии сулҳ дар байни халқҳои дунё доштанд.

Сулҳ гӯи мисли гул хандон шаванд,

Ҷанг гуи, аз ғазаб тӯфон шаванд. Пурҳарорат нест бе сулҳ офтоб,

Дар замин ҳам нест файзи беҳисоб.

Суруди дигари ба сулҳ бахшидаи ӯ боз як исботи далелноки поми Мирзо Турсунзода аст.

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил, Бо тапиданхи беороми рӯзафзуни дил…

Ҳамин тариқ, Мирзо Турсунзода ҳамчун адиб, педагог, тарбиятгари ҷавонон баромад карда, ба унвони баланд Мунодии сулҳ дар тамоми Сайёра шӯҳрат пайдо кард ва халқи тоҷикро низ ҳамчун халқи сулҳпарвар дар тамоми олам шӯҳратманд гардонд.

Аз гуфтаҳои боло хулосае бармеояд, ки ҳамаи шоирону нависандагони классик ва муосир дар вуҷуди хеш ақидаи халқии пурҷӯшу хурӯш доранд, сарояндаи дуруду пайёми халқи азизи худ ҳастанд, бо дарду доғи халқи миллаташон пайваста умр ба сар бурдаанд. Мавзӯи асосии онхо дар ҳама давру замон озодии халқ, зиндагии озодонаи мардум будааст ва ҳамин хел тӯли асрҳр боз боқи мондааст. Ҳамаи онҳо то нафаси охирин барои худ ‘ халқи азизашонро устоди худ ҳисобида, аз зиндагӣ дарси ибрат омӯхтаанд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.