Принсипҳои тарбия

 

1. Мақсаднокй ва идеянокй дар тарбия.

2. Ягонагй ва алоқамандии тарафҳои тарбия.

3. Ягонагии талаботи ҳамаи тарбиятгарон (Ягонагии

амалиёти мактаб, оила, коллективҳои меҳнатй ва ҷамоатчигй).

4. Пайвастагии роҳбарй бо инкишофи ташаббус ва мусгақилияти шогирдон.

5. Ба ҳисобгирии хусусияти синнусоли ва инфиродии шогирдон.

6. Тарбия дар коллектив бо воситаи коллектив.

7. Тарбия дар меҳнат.

8. Ҳурмат ва талабот ба шахс.

9. Такя ба хусусиятҳои мусбии тарбиягиранда.

Ю.Алоқаи тарбия бо ҳаёт ва амалия. 1 ТМунтазамй ва пайдарҳамй дар тарбия.

12. Муносибати комплексона нисбат ба тарбия.

 

1. Принсипи максаднокй ва идеянокй дар

ТАРБИЯ.

Аз таърихи тарбия ва пайдоиши он маълум аст, ки тарбия ҳамеша ба синфи ҳукмрон хизмат карда омадааст, вай манфиати синфи ҳукмронро тарафдорй мекунад. Дар ҷамъияти ғуломдорй ба ғуломдорон, дар ҷамъияти феодалӣ ба диндорон, дар ҷамъияти капиталистй ба амалдорону пулдорон, дар ҷамъияти сосиалистй ба коммунистон хизмат кардаст. Ҳоло бошад тарбия бояд ба партияи президентй, яъне ба партияи халқй-демократй хизмат намояд, идеяҳои ин партияро тарафдорй намояд, баҳри амалй гаштани он корҳои тарғиботию ташвиқотӣ барад, ки он партияи қонунй дониста шудааст. Вазифаю мақсади партия ба халқ равшан аст, ки партия бо халқ ҳамнафас ва ғамхори вай мебоШад, чунки партияи халқй-демократӣ тамоми ҳастии худро баҳри гул-гулшукуфии ҳаёти мардуми диёраш равона мекунад, барномаҳои нав-нав мураттаб месозад, роҳҳои беҳтарини аз бӯҳрони иқтисодй баровардани зиндагонии халқро меҷӯяд.

Ба ҷои аввал омадани принсипи Максаднокй ва идеянокии тарбия асос дорад. Ҳар як инсони солимфикр бояд сиёсати мамлакати азизи худро сармашқи кори худ дониста ҳамқадами замони худ бошад. Мо, тарбиятгарон, падару модарон, сарварони корхонаю муассисаҳои хурду калон, ширкатҳои гуногун ё бонкҳо ба ҳар як амали беҷои коргарони худ дар сиёсат ҷавобгар ҳастем, яъне зердэстон бояд сиёсати пешгирифтаи мамлакати худро хуб донанд ва ба дигарон низ фаҳмонида тавонанд.

Мақсади принсипи мазкур аз тайёр намудани шахсони ба сиёсати мамлакатамон содиқ иборат аст, ки дар ин роҳ иштибоҳ набояд ҷой ёбад.

1. Принсипи ягонагй ва алокаманлии хамаи тараФхои тарбия.

Ин ҷо калимаи ягонагй махсус қайд карда шудааст, ки вай ҳамчун оҳанрабо қувваи ҷозибаи ҳамаи тарафҳои I арбиявиро дар бар мегирад, яъне таъкид карда мешавад ягон қисми тарбия аз аҳмият набояд холӣ бошад, дар | арбиягиранда ҳама қисмҳои тарбия – тарбияи ғоявӣ- сиёсӣ, маънавй, меҳнатй, зебопарастй, ҷисмонй дарсамти якхела инкишоф дода шаванд.

2. Принсипи ягонагии талаботи хамаи тарбиятгарон.

Принсипи мазкур \ҷиз бемақсад нест, вай аз пешниҳоди талаботи якхела аз тарбиятгарон, ба шогирдон-ягонагии сухан ва амал иборат аст. Дар ин ҷо ягонагии амалиёти қувваҳои бузурги тарбиявй-мактаб, оила ва ҷамоатчигӣ дар назар дошта шудаст. Ин шакли кор дар замони имрӯза ниҳоят самараи хуб дод. Кори тарбиявӣ дар байни хонандагон, ҷавонписароя ҷавондухтарон, коргарон ва коллективҳои меҳнатй марказонида шуд.

3. Принсипи пайвастагии рохбарӣ бо инкишофи гашаббус ва мустакилияти шогирдон.

Ин принсип бештар дар муассисаҳои таълимй (мактаб, гимназияҳо, литсейҳо, коллеҷҳо) аҳамияти ба ғоят баландро молик мебошад, яъне дар он муассисаҳое, ки мутахассисон ё шахсони таҷрибаи бои педагогй дошта ба фаъолияти талабагон аз рӯи талаботҳои педагогй роҳбарй менамоянд ва щогирдонро ба фаъолияти мустақилона равон мекунанд: иҷрои машқҳои таълимй, тайёр кардани маърӯзаҳо, баромадҳо дар конфронсҳои

хонишй, тайёрӣ ба декламатсияҳо ва ҳок, ташаббускорӣ, ҷустуҷӯи объекти кор, ташкили фаъолияти меҳнатй, КЭК – кори эҷодии коллективона ва диг.

4. Принсипи ба хисобгирй хусусиятхои синнусолй ва инФиродии шогирдон. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар кори тарбия роли синну сол калон аст. Инкишофи шахс се давраро дар бар мегирад:

Давраи якум – давраи наврасй мебошад. Ин давра барои наврасон давраи ниҳоят пурошӯбу нурталотум, яъне дар ин давра наврасон мехоҳанд, ки рафиқони зиёд пайдо кунанд, дар байни рафиқон шахси намоён, беҳтарин бошанд, нисбат ба дигарон донотар бошанд. Дар ҳамин синну сол барои худ идеал меҷӯянд, инчунин ба қаҳрамонони афсона филмҳои ҳунарию тасвирӣ монанд шудан мехоҳанд. Хусусан, дар дав-раи дуюм гузариш, хусусияти калаванда пайдб мёкунанд, яъне дар як маврид мехоҳанд, ки мустақил бошанд, дар ҳолати дигар роҳбалад, мустақилу маслиҳатгар бошанд. Ин давраро давраи нурхатар меноманд, ки дар ин синну сол бояд тарбиятгар ниҳоят шахси эхтиёткор бошад. Дар ин давра наврас давраи дущворро аз сар мегузаронад, ҳатто марг ҳам барои вай як чизи ниҳоят содда мегардад. Давраи сеюм – ҷавонй мебошад.

Ҳаминро ҳам бояд ба назар гирифт, ки одамон бо хусусияту хислати худ аз ҳамдигар, аллбатта, фарқ мекунанд ва ба назар гирифтани хусусияту хислати одамй ниҳоят зарур мебошад.

5. Тарбия дар ҷомеа бо ёрии он. Ҷомеа- гурӯҳи одамоне, ки нафъи меҳнати онҳо ба ҷамъияту халқ равона карда шудааст. Вай организми зинда мебошад, пайваста бо ҷомеа инкишоф меёбад: ҷомеа бе мақсад вуҷуд

иадорад, вай албатта нақшаи дурнамои худро дорост.

Дар ҷомеа аъзоёнаш бо шиори “Як кас барои ҳама, ҳама барои як кас” зиндагй мекунанд, яъне ҳуқуқи аъзоён баробар аст. Бинобарон ҳар як аъзо нормаҳои ҷомеаро >ътироф мекунад ва ягон аъзо ҳуқуқи ҳамдигарро поймол намекунад.

Қувваи ҷомеа қувваи бузург аст. Аз ин рӯ, шахсе, ки ба ҷомеаи нав ворид мегардад ҳатман норма ва талаботи онро барои риоя намудан тайёр бошад. Агар талабот риоя карда нашавад, ҷомеа таъсири худро ба вайронкунандаи тартибот бо роҳҳои гуногун мерасонад.

6. Принсипи тарбия дар мехнат.

Инсон ба дунё барои мрҳнат кардан меояд. Ҳамаи бузургони олам1 бо меҳнати ҳалол дар ҷаҳон шӯҳратманд гаштаанд. Фақат меҳнат буд, ки инсонро офарид. Дар меҳнат тарбия намудани наврасону ҷавонон муҳимтарин воситаи тарбия мебошад. Тарбия дар меҳнат ҳаёти инсонро ширин мегардонад, инсонро хушбахт мекунад, ба қадри меҳнати дигарон мерасонад, муносибатро ба меҳнат эҳтиёткорона мегардонад.

Шахсе, ки меҳнатро манбаи сарват меҳисобад, дар оянда албатта инсони хушбахт, соҳибҳунар мешавад, чунки молу мулк, зиндагии фаровон, некрӯзию хушбахтиҳо ва тамоми осоиши инсон аз меҳнат аст. Таҳсил дар мактаби ҳамагонӣ, олй, меҳнат дар муассисоту ширкатҳо, дар истеҳсолот, ҳамааш аз ҳар як инсон меҳнатдӯстиро талаб менамояд.

Меҳнатдӯстӣ яке аз хислатҳои наҷиби инсонй буда, вазифаи ҳар як падару модар ё роҳбар бояд аз парваридани ҳамин хислат дар оила ё истеҳсолот иборат гардад. Меҳнатро дӯст доштан аввалан аз азият, машаққат наҳаросидан аст, ба назди худ мақсади ягона гузошта тавонистан аст, аз душвори натарсидан аст, душвориро бартараф кардан аст, бо яқ мақсади асосй зиндагӣ кардан аст, касбу ҳунаре, ки омӯхта мешавад сахт камари ҳиммат бастан аст.

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

(Саъдии Шерозӣ)

Зеби инсон дар меҳнат аст, яъне меҳнаткаш, меҳнатдӯст дар ягон ҷо ва ҳеҷ хор намешавад ва зеботарин инсон ҳисобида мешавад.

Қимати мард на аз симу зар аст,

Қимати мард ба қадри ҳунар аст.

(Абдураҳмони Ҷомӣ)

ё ин ки

Ҳунар омӯз, ки аз ҳунармандй,

Даркушои кунй, на дарбандй!

(Низоми Ганҷавй)

7. Принсипи ҳурмат ва талабот ба шахс.

Ҳурмату эҳтироми ҳар як шахс аз тарафи шахси дигар қарзи виҷдон ба ҳисоб меравад. Дар радифи ҳурмат талабот ҳам бояд ба меъёри ҳурмату эҳтиром баланд бардошта шавад. Ҳамин муносибат бо шогирдон ба педагоги машрҳур Антон Семёнович Макаренко дар фаъолияти педагогиаш ба муваффақиятҳои беохир бурда расонидааст. Вақте, ки вайро пурсиданд: “Шумо дар кори педагогй инсони ниҳоят машҳур ҳастед, шуморо қариб ымоми олам мешиносад ва Шумо чӣ тавр ба ин ном (.повор гаштед?”. Ҷавоби вай ба ин суол чунин буд: “Ман пмсбат ба шогирд ниҳоят серталаб мебошам, лекин чй кпдаре, ки серталаб бошам, ҳамон қадар эҳтиром ҳам дар \,ииин дараҷа асту ҳеч гоҳ беҳурматӣ накардаам”. Аз ин ҷ:мюби кутоҳ мо барои худ хулоса мебардорем, ки асоси муомила дар эҳтиром ва ҳурмати шахс аст ва ҳеҷ гоҳ мпбояд ба якдигар беэҳтиромй кард.

8. Принсипи такя ба хусусиятхои мусбии Iапбиягиранда.

Таҷрибаи тарбиявй нишон медиҳад; ки дар одам алрёфт кардани хислатҳои некҷ инсонӣ нисбат ба числатҳои бад душвортар мебошад. Бинобарон,

11стифодаи ин принсип дар кори тарбия аҳамияти калон дорад: ба қувваи тарбйягиранда боварӣ зоҳир намудан, к,увваи худро санҷидан, дар худ хислатҳои бади инсониро (>арҳам додан ва ҳок.

9. Принсипи алокаи тарбия бо хаёт ва амалия.

Аз номи принсип аллакай маълум мегардад, ки

гарбия ҳамеша бо ҳаёт алоқаманд аст. Тарбиятгарон хдмеша мисолҳои худро бо ҳаёти шогирдон паздик ё аз худи ҳаёти шогирдону зердастон, ҳамсолон, ҳамкорон I иранд.^Бояд гуфт, ки мақсад бо мисол овардан ё бо ҳаёти гарбиягирандагони алоқаманд кардани факту рақамҳои шндагӣ шояд ҳал нашавад, лекин мо бояд кӯшиш иамоем, ки кадом мисолҳои ҳаёт дар амал татбиқи худро сфта истодааст.

Имрӯзҳо дар ҳаёти ҷавонони мо зуд-зуд иомехӯрем, ки ҷавонони мо бефаросатӣ зоҳир намуда, бандии ким кадом алафҳои заҳромезу маводҳои муҳодира гаштаанд, тамоку ё сигор мекашанд ё бодапарасту нашъаманд гаштаанд, номи авлоди худро ба замин яксон мекунанд, аз оилаҳои худ ҷудову дар кӯчаҳо халали ҷомеа гаштаанд. Магар ба мо ҳамин турфа одамон лозиманд?

Принсипи мунтазами ва пайдапхами дар тарбия.

Дар кори тарбия чизи майда чуда нест, тарбия худ аз зарраҳои хурдтарин иборат буда, қатра-қатра дарё мегардад. Дар ҳаёти ҳарруза мо бо лаҳзаҳои зиёди он дучор шуда барои худ аз он баҳра мебардорем, ки худи зиндагй муаллими мост.

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

(Абӯабдуллои Рӯдакй)

Ҳақ бар ҷониби Рӯдакии бузург аст, ки худи ҳаёт ва зиндагӣ муаллими тавоност. Аз ин гуфта бармеояд, ки бо гузаронидани як чорабинӣ тамоми масъалаҳои тарбияро ҳал кардан имконнопазир аст. Тарбиятгар бояд ҳар як кори тарбиявиро муттасил гузаронад ва ҳар дафъа маводҳои навро пайдарҳам истифода барад, маводҳои навро торафт васеъ намояд, аз руи шиори “Торафт аз осон ба мушкил!” амал намояд.

Принсипи муносибати комплексиона нисбат ба тарбия.

Тарбия бояд дар шароити имрӯза ба се сутуни асоси такя намояд – тарбияи ғоявй – сиёсӣ, тарбияи маънавӣ, тарбияи меҳнатӣ.) Ҳар кадом тарбиятгаре, ки аз ин се қисмҳои якеро ҷудо кунад (чӣ хеле ки дар боло, яъне принсипи дуюм – принсипи ягонагӣ ва алоқамандии ҳамаи тарафҳои тарбия оварда шуд), кори тарбиявӣ ба ҳеҷ расонида мешавад:

1. Давлате, ки сиёсат надорад, вай давлат нестӯяъне дарсе, ки асоси онро сиёсат ташкил надиҳад, вай бе мағзу мазмун, фирефтакорӣ аст;

2. Одам агар ахлоқи нек надошта бошад, вай одам нест!>Файласуфи Юнони Қадим Демокрит қайд кардааст: “Мо бо намуди зоҳир аз ҳайвон ягон фарқе надорем, агар дар мо ақл пинҳон набошад”.

Аз ин гуфта хулосае бармеояд, ки ҳар як фард (хонанда, донишҷӯ, коргар, хизматчй) пеш аз ҳама одам буданаш даркор аст;

3. Тарбияи меҳнатй манбаъ, сармояи зандагӣ мебошад, ки бо меҳнати ҳаққу ҳалол зиндагй кардан кайфияти махсусе дорад/ ба ин кайфият ягон кайфияти дигар дар дунё баробар шуда наметавонад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.