Фан ва вазифаҳои педагогика

Мафҳумҳои асосии педагогика

Зермавзӯъҳо:

1.Педагогика – илм дар бораи тарбия
2.Пайдоиш ва инкишофи педагогика
3.Мафҳумҳои асосии педагогика

1.Педагогика номи худро аз калимаи юнони қ адим «Paidagogos» гирифта, маънояш бачабар аст. Дар юнони қадим ѓуломонеро, ки аз дасти фарзандони хӯҷаинҳои худ дошта ба мактаб мебурданд, ин номро доштанд. Бо мурури замон калимаи «Paidagogos» ба маънои васеи умумибашарӣ барои ифода кардани санъати тарбия, таълим ва инкишофи рӯҳию ҷисмонии насли наврас истифодаи «Педагогика – раҳнамои ҳаёти атфол»-ро гирифтааст. Аз ин лиҳ оз педагогика илмест, барои тарбияи инсон.

Тарбия ҳодисаи муҳим ва басо мураккаби иҷтмоист. Вай баробари пайдоиши одам дар замонҳои хеле қадим дар рафти фаъолияти меҳнатии одамон, дар натиҷаи ҷудошавии касбу ҳунарҳо ба вуҷуд омадааст. Таърихи башарият шаҳодат медиҳад, ки дар ҳама гуна замонҳо, ҷомеаҳо – аз давраҳои ҳаёти қабилавӣ сар карда, то замони мо тарбия буд, ҳаст ва мемонад. Тарбия ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ нисбати одам категорияи доимӣ ва абадӣ мебошад, вале шаклу мазмун ва методҳои он вобаста ба таѓйирёбандагии муносибатҳои ҷамъиятӣ низ дигар мешавад.

2. Дар ибтидо илми педагогика бо фалсафа пайваст буд ва як қисми он ҳисоб мешуд. Аз ҷиҳати илмӣ – назариявӣ аввалин собиткунандаи педагогика ҳамчун илм дар ҷаҳон олим, нависанда ва классики педагогика, педагоги чех Ян Амос Коменский мебошад. Ўро ҳамчун асосгузори илми педагогика шуморидаанд. Ин олими маъруф китоби «Дидактикаи бузург»-ро офаридааст, ки нахустин асари педагогист. Педагогика ҳамчун илми мустақил соли 1623 пайдо шудааст.

Калимаи педагогикаро дар Руссия аввалин маротиба соли 1873 Н.И. Новиков дар асари худ «Дар бораи тарбия ва насиҳати бачагон» таъриф дода буд: «Педагог шасест, ки ба таълиму тарбия машѓул аст.»

Ба таърихи афкори педагогии халқамон назар кунем, ҳамаи шоирону мутафаккирони мо дар бораи зарурияти дониш, омӯхтани таҷрибаи ҳаёт сухан гуфтаанд. Дар эҷодиёти А. Рӯдакӣ, А. Фирдавсӣ, А. Сино, С. Шерозӣ, А. Ҷомӣ ва дигарон инро дидан мумкин аст. Дар даврони шӯравӣ педагогҳои тоҷик: С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, А. Ҳамдӣ, А. Алиев, А. Бузургзода низ саҳми босазое гузоштаанд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон (соли 1991) педагогикаи тоҷик боз ҳам рушд ёфт, профессорон: М. Орифӣ (ёдаш ба хайр), Б. Раҳимов; академикҳо: И. Обидов,

М. Лутфуллоев хизмати арзанда нишон додаанд.

3. Педагикаи муосир ҳамчун илм мафҳумҳо, категорияҳои нави худро истифода мебаранд. Тарбия, таълим, маълумот, инкишоф ва камолот мафҳумҳои асосии педагогика мебошанд.

Дар зер шарњи мухтасари мафњумњои асосии педагогика пешнињод карда мешавад:

– тарбия калимаи арабӣ буда, маънояш парвариш, таълим омӯхтан, адаб омӯхтан аст;

– таълим истилоҳи арабӣ буда, маънои ба касе чизеро омӯхтан, ёд доданро дорад. Таълим дар маънои маҳдудаш хондан аст;

– маълумот – ҷараён ва натиҷаҳои гирифтани донишҳои илмӣ, малакаю маҳорат мебошад;

– камолот – раванди ташаккули одам ҳамчун мавҷудоти иҷтимоӣ бо таъсири ҳамаи омилҳо мебошад. Камолот гуфта ташаккули комили шахсиятро мегӯянд;

– инкишоф – ин ҷараёни барқароршавӣ ва ташаккули шахсияти фард таҳти таъсири омилҳои берунӣ ва ботинӣ мебошад.

Ба ѓайр аз ин худтарбиякунӣ ва худомӯзӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки дар педагогика онњоро истифода мебаранд. Худтарбиякунӣ ин кӯшиш барои ислоҳи камбудиҳои худ мебошад. Худомӯзӣ бошад, ин бо роҳи омӯзиши мустақилона андӯхтани дониш аст.

Адабиёт:

1. Аҳмадов Т., Ашӯрова Д. Педагогика дар саволу ҷавобҳо, – – Душанбе, 2007.

2. Вульфов Б. З., Иванов В.Д. Основа педагогики. – Москва, 2000.

3. Миралиев А.М., Давлатов М. Педагогика ва психология. – — Душанбе, 2007.

4. Харламов И.Ф. Педагогика учебное пособие. – Москва, 1990.

5. Хайрулло Раҳимов. Педагогика. – Душанбе, 1997.

test

Один комментарий

  1. комилчон

    асосгузори илими педогогика кист???????.

Добавить комментарий