Фанни Педагогика

Системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори он

Зермавзӯъҳо:

  1. Мафҳум, мақсад ва вазифаҳои маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Омилҳои асосии инкишофи системаи маориф
  3. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар бораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  4. Муассисаҳои маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори он

1.Мафҳуми системаи маорифи халқ – маҷмӯи муассисаҳои давлатӣ ва ѓайридавлатӣ мебошад, ки сиёсати давлатро дар соҳаи маориф амалӣ мегардонад. Зери мафҳуми системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо фаҳмида мешавад: идомаи системаи барномаҳои таълимӣ ва меъёрҳои давлатии маълумоти умумии дорои дараҷаҳои гуногун; шабакаҳои муассисаҳои таълимии амалкунандаи дорои шакл ва намудҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ; системаи мақомоти идораи маориф ва муассисаҳою корхонаҳои тобеи он.

Дар ҳар давру замон ҷомеа, бидуни сохти иҷтимоии худ, ба қувваи истеҳсолкунанда эҳтиёҷ дорад. Барои амалӣ гаштани ин эҳтиёҷот ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоӣ, шабакаи мувофиқи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ лозим аст. Аз ин рӯ, мақсади маорифи халқ ин қонеъ гардонидани талаботҳои шахс дар инкишофи ҳаматарафа нисбати амалӣ гардонидани қобилияташ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва кор дар асоси соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳанги ва маънавӣ мебошад.

Дар шароити давлати демократӣ, соҳибистиқлоли дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ба зиммаи маорифи халқ вазифаҳои зерин: таълиму тарбияи мутахассисони баландмаълумот, соҳиби донишҳои амиқу касбҳои гуногун, инсонпарвар, дорои рафтори гуманистӣ, донандаи қонуну ҳуқуқ дохил мешавад. Барои амалӣ гаштани ин мақсадҳо соли 1994 «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф» ва 4.06.1997 «Стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумӣ» қабул карда шуд.

  1. Барои барпо кардан ва инкишоф ёфтани системаи маориф дар мамлакат омилҳои зерин кӯмак мерасонад:
  • Сатҳи болоравии истеҳсоли ҷамъиятӣ ва инкишофи асосҳои илмию техники он – ин омил ба тамоми шабакаи муассисаҳои таълимии касбӣ – техникӣ барои тайёр кардани оммаи коргарони касбӣ таъсири мусбат мерасонад;
  • Таъсири сиёсати синфҳои идоракунандаи ҷамъиятӣ — танҳо дар кишварҳое, ки ҳукмронии синфиро барҳам додаанд, имконпазир аст;
  • Муборизаи меҳнаткашон барои вусъат додан ва баланд бардоштани сифати маориф – ин омил қисми таркибии дахлнопазирӣ, талаботи сиёсии меҳнаткашони мамолики сармоядорӣ, масъалаи азнавташкилкунии системаи маориф аст;
  • Таҷрибаҳои таърихӣ ва анъанаҳои миллӣ дар соҳаи маориф – рушди инкишофи системаи маориф дар асоси ин омил ба роҳ монда мешавад;
  • Омили педагогӣ – таъсири ин омил ба инкишофёбии системаи маориф гуногуншакл буда, дар пешравии системаи маориф нақши муҳим мебозад.
  1. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар бораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 4-уми «Қонун дар бораи маориф» чунин муайян гардидааст:
  • тарбияи шаҳрванд муҳаббат ба Ватан;
  • ҳатмӣ будани маълумоти умумӣ;
  • ягонагии системаи маориф ва муттасилии зинаҳои вай дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва хусусӣ;
  • новобастагии муассисаҳои таълимию тарбиявӣ аз ҳаракатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва динӣ;
  • хусусиятҳои демократии давлативу ҷамъиятӣ доштани маориф;
  • бепул будани маълумот дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ;
  • ба дараҷаи ҷаҳонӣ мутобиқат намудани маълумот.
  1. Сохтори аввалини системаи маориф дар ҷумҳурии автономӣ – Мухтори Тоҷикистон соли 20-ум ташкил карда шуд, ки вазири маориф Аббос Алиев буд. Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 низоми нави мориф ва мактби миллӣ бунёд ёфт, ки барои амалӣ гардонидани он 13-июни соли 1994 «Консепсияи мактаби миллӣ» қабул гардид.

Мувофиқи ин консепсия дар мактаб фаро гирифтани ҳар ду ҷинс амалӣ гардонида шуда, он дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи зинаҳои зерин таълим дода мешавад: мактабҳои ибтидоӣ, асосӣ, миёна.

Сохтори муассисаҳои таълимии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зинаҳои зерин: томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ иборат аст.

Адабиёт:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф». — Душанбе, 1994.
  2. Конститутсияи (сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 2001.
  3. Консепсияи мактаби миллии тоҷик. — Душанбе, 2005.
  4. Рашидов А. Маърифат барои ҳама. — Душанбе, 2000.
  5. Раҷабов С. Мақоми маориф. — Душанбе, 2002.
  6. Харламов И. Ф. Педагогика. — Душанбе, 2005.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Один комментарий

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *