Қонуниятҳои умумии инкишоф

Хусусиятҳои инкишофи синнусолӣ

Зермавзӯъҳо:

  1. Раванди инкишофи шахсият
  2. Омилҳои асосии инкишофи шахсият
  3. Давраҳои инкишофи синнусолӣ
  4. Раванди инкишоф – ин дигаргунии миқдорӣ ва сифати ҷисмии инсон аст. Натиҷаи инкишоф ин ташаккули одам ҳамчун намуди мавҷудоти биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Инкишофи ҷисмонии одам ба хусусиятҳои биологӣ, иҷтимоӣ бошад, ба рушди психологӣ, рӯҳӣ ва ақлонӣ вобаста аст.

Хусусият ва сифатҳои рушди биологии инсон ба мафҳуми «шахсият» шомил намешавад. Мафҳуми «шахсият» ин тавсифи моҳияти ҷамъиятии инсон ва сифатҳои он – нутқ, шуур, захираи луѓавӣ, одатҳои гуногуни рафтор ва муносибатҳои ҷамъиятиро дарбар мегирад. Аз ин лиҳоз, кӯдаки навзод ва одами ақлбохтаро шахсият намегӯянд.

Хусусияти шахсиятро  мафҳуми «фардият» пурра  мегардонад.  Фардият хусусиятҳои ба худ хоси монанд набудан  ва фарқияти як одам аз одами дигарро ифода мекунад. Фардият ҳамчун қоида бо аломатҳои махсус  ва мизоҷ, фаъолияти эҷодии иҷтимоӣ  ва рафтори оқилонаи худ комилан ба мафҳуми  «шахсият» мутааллиқ мебошад.

Ташаккул бошад, натиҷаи инкишофро ифода намуда, ташаккулёбӣ, маҷмӯи хусусият ва сифатҳои устуворона ҳосилкардаи шахсиятро мефаҳмонад.

  1. Шахсият худ аз худ ташаккул намеёбад. Вай натиҷаи таъсиррасонии байниҳамдигарии омилҳои сершуморест. Тадқиқотҳои илмӣ исбот кардаанд, ки омилҳои асосии инкишофи шахсият инҳо мебошанд: омилҳои биологӣ (ирсӣ), иҷтимоӣ (муҳит) ва тарбия.

Омилҳои биологӣ (ирсият) – ба воситаи ин омилҳо ба наслҳои оянда нишонаҳои асосии биологӣ, баъзе хусусиятҳои одам дар шакли генҳо мегузарад. Аз волидайн ба фарзандон аз аломатҳои зоҳирӣ: хусусиятҳои андом, қаду қомат, ранги пӯст, мӯй, чашм; аз аломатҳои ботинӣ: системаи асаб, гурӯҳи хун, истеъдод, касалиҳои гуногун мегузарад.

Омилҳои иҷтимоӣ (муҳит) – ҳаёти воқеие, ки дар шароити он одам инкишоф меёбад, муҳит ном дорад. Ба ташаккулёбии шахсият шароитҳои гуногуни берунӣ аз ҷумла, муҳити табиӣ: олами наботот, ҳайвонот, об, хок, ҳаво, офтоб; муҳити иҷтимоӣ: системаи истеҳсолот, шароитҳои моддии зиндагӣ, муҳити оила ва ѓайра дохил мешаванд.

Омили тарбия – тарбия ҳамчун истилоҳ калимаи арабӣ буда, маънои парвариш, одоб омӯхтанро дорад. Барои амалӣ гардонидани тарбия оила, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, илм, техника, адабиёт, санъат ва васоити ахбори умум нақши муҳим мебозад.

  1. Сифатҳои анатомӣ – физиологӣ ва равонии барои ягон давраи муайян хосро хусусиятҳои синнусолӣ меноманд. Давраҳои синнусолӣ ва давомнокии онҳо вобаста ба давраҳои таърихӣ ҳар хел шуда метавонад. Олимон исбот кардаанд, ки барои бачагони муосир баланд шудани қомат, бармаҳал шах шудани устухонҳо ва тезтар ба балоѓат расидан хос аст, ки онро «акселератсия» (суръатёбӣ) меноманд. Яъне «акселератсия» ин инкишофи босуръати ҷисмонӣ мебошад.

Дар вақти ҷудо кардани давраҳои синнусолӣ хусусиятҳои анатомӣ – физиологӣ, ҷисмонӣ, психологӣ, педагогии кӯдакон ба эътибор гирифта мешавад. Дар илми педагогикаи муосир давраҳои синнусолии тарбия ба зинаҳои зерин тақсим карда шудааст (6 давра):

  1. Ширхорагӣ ё тифлӣ – аз рӯзи таваллуд то 1 сола;
  2. Пеш аз томактабӣ – аз 1 то 3 сола;
  3. То мактабӣ – аз 3 то 7 сола;
  4. Синни хурди мактабӣ – аз 7 то 11 сола;
  5. Синни миёнаи мактабӣ (наврасӣ) – аз 12 то 15 сола;
  6. Синни калони мактабӣ (навҷавонӣ) – аз 16 то 18 сола.

Адабиёт:

  1. Выготский Л.С. Педагогическая психология. – Москва, 1991.
  2. Лутфуллоев М. Педагогикаи аҷам. – Душанбе, 1997.
  3. Раҳимов Х, Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.
  4. Мустафоқулов Т., Нарзуллоева М. Асосҳои психологияи синнусолӣ ва педагогӣ. – Душанбе, 1989

#

test

Добавить комментарий