Мазмуну мундариҷаи маълумот дар мактаб ва ҳуҷҷатҳои меъёрии он

Зермавзӯъҳо:

  1. Мафҳуму мазмуни маълумоти мактаб
  2. Талаботҳо нисбати мазмуни маълумоти мактаб
  3. Ҳуҷҷатҳои меъёрии мазмуни маълумоти мактаб ва моҳияти он
  4. 1. Масъалаи мазмуни маълумот дар  дидактика ин инъикос кардани дараҷаи инкишофи донишҳо ва малакаю маҳорат мебошад. Таҳти мафҳуми маълумоти мактаб донишҳо, маҳорату малакаҳо дар раванди таълим, ҳангоми  омӯзиши фанҳои ҷудогона фаҳмида мешавад. Ҳар намуди мактаб мазмуну маълумоти худро дорад, ки  барои соҳибмаълумот намудани хонандагон зарур аст. Маълумоти ибтидоӣ, миёнаи нопурра (асосӣ),  миёнаро – мактаб,  миёнаи махсусро- омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо ва олиро донишкадаю донишгоҳҳо медиҳад. Мазмуни маълумоти  мактаб мувофиқи имкониятҳои  маърифатию синну солӣ ва инкишофи хонандагон ба роҳ монда мешавад. Дар ҳар гуна давру замон ба мазмуни  маълумот дигаргуниҳо ворид карда мешавад.

Таѓйиротҳоро ҳуҷҷатҳои давлатии махсус муайян месозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи иҷрои  нишондодҳои қонун «Дар бораи маориф» 13.06.1994 «Консепсияи мактаби миллӣ»-и Тоҷикистонро  тасдиқ намуд, ки дар он ба мазмуни маълумоти мактабҳои кишварамон навигариҳо дароварда шуд. Кансепсияи мактаби миллӣ ҳуҷҷатест, ки дурнамои сиёсати давлатро  дар соҳаи маориф нишон медиҳад.

Мундариҷаи маълумот доираи муайяни дониш, маҳорату малакаро ифода мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4.06.1977 «Стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумӣ»-ро қабул кард.

Стандарти давлатии маълумоти таҳсилоти умумӣ меъёри ҳаҷми умумии донишҳоро аз фанҳои таълимӣ ифода мекунад.

  1. 2. Дар мактаби асосӣ ва синфҳои болоии мактаби миёна мазмуни фанҳои таълимӣ боз ҳам амиқтару васеътар шуда, ҳаҷми бештари илми муосирро фаро мегирад, яъне донишҳо мураккабтар мешаванд. Аз ин лиҳоз, ба мазмуни маълумоти мактаб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин талаботҳо гузошта шудааст:
  • мутобиқати мазмуни маълумот бо асосҳои илмӣ муосир, истеҳсолот ва дархости ҷомеаи демакратӣ;
  • ба ҳисобгирии мазмуни маълумот дар ҳамоҳангии фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ ба силсилаи фанҳои табиию риёзӣ;
  • мувофиқ кардани сохтори умумии мазмуни маълумот аз рӯи қобилиятҳои талабагон, донишҷӯён ва талаботҳои синну солии онҳо;
  • ба ҳисоб гирифтани аҳамияти назариявию амалии мазмуни маълумот;
  • ҷанбаи гуманистӣ ва худшиносӣ доштани мазмуни маълумот;
  • таѓйиротпазирии маълумот дар робита ба дигар шудани дархости ҷомеа, инкишофи илму техника ва тафаккур;
  • таъсири маълумот ба инкишофи мутаносиби мадании талабаҳо ва донишҷӯён;
  • мутаносибии маълумот ба интихоби касб;
  • мувофиқати вақти ҷудокардаи таълим ба мазмуни маълумот;
  • ба ҳисоб гирифтани таҷрибаи байналхалқӣ дар мураттаб сохтани мазмуни маълумот.

Мазмуни маълумоти мактаб ба хонандагон дар бораи истеҳсолот маълумот дода, истифодаи олоти меҳнатро то дараҷаи муайян меомӯзонад, то ки ба фаъолияти мењнатӣ, фаҳмиши техника ва илми замонавӣ завқ дошта бошанд.

  1. 3. Мазмуни маълумоти мактаб дар се ҳуҷҷати асосӣ, ки онро ҳуҷҷатҳои меъёрии мазмуни маълумоти мактаб меноманд, ифода ёфтааст, ки инҳо мебошанд: нақшаи таълимӣ, барномаи таълимӣ, китобҳои дарсӣ.

Нақшаи таълимӣ – ҳуҷҷати асосии давлатиест, ки раванди таълимро дар мактаб ба тартиб медарорад ва номгӯи фанҳои таълимӣ, миқдори ҳафтаинаи соатҳоро барои омӯзиши машѓулиятҳои дарсӣ муайян мекунад.

Барномаи таълимӣ – ҳуҷҷати давлатиест, ки дар он мазмуни фанни таълимӣ ифода ёфтааст. Дар барнома мақсаду вазифаҳои фанни таълимӣ, мазмуни мухтасари он, тарзи ташкилии кори таълим, талабҳо ба дониш, маҳорату малакаҳои хонандагон шарҳу эзоҳ дода шудааст.

Китоби дарсӣ – гуфта маводеро меноманд, ки дар он донишҳои илмӣ мутобиқи барнома ва дархости дидактикӣ оиди фанни муайяни таълимӣ баён гардида, яке аз адабиётҳои муҳими манбаи дониш ва омӯзиши мактабиён ба ҳисоб меравад. Китоби дарсӣ ба барномаи таълимӣ бояд мувофиқат карда ба талаботи стандартии давлатии маълумот пурра ҷавобгӯ бошад.

Ҳамин тавр, нақшаи таълим, барномаи таълимӣ ва китоби дарсӣ ба муаллим кӯмак расонида ба ӯ имконият медиҳад, ки корашро мувофиқи мақсад ташкил намуда, ба нақша дарорад ва натиҷаҳои фаъолияташро бубинад.

Адабиёт:

  1. Зорина Л. Я. Программа-учебник-учитель. – Москва, 1989.
  2. Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин. – Душанбе, 2006.
  3. Консепсияи мактаби миллии тоҷик. – Душанбе, 1995.
  4. Стандарти давлатии маълумоти миёна. – Душанбе, 1997.
  5. Х. Раҳимов, Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2007.

#

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.