Методҳо, усулҳо ва воситаҳои таълим

Методҳо, усулҳо ва воситаҳои таълим

Зермавзӯъҳо:

  1. Мафҳуми метод ва воситаҳои таълим
  2. Методҳои таълим ва таснифоти онҳо
  3. Талаботҳо ба методҳои таълим ва усулҳои он
  4. Дар адабиёти педагогӣ фаҳмиши метод баъзан фақат ба фаъолияти таълимгирандагон мансуб дониста шудааст. Дар раванди омӯзиши метод ба мақсади муайяни таълимӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ баромад мекунад. Аз ин нуқтаи назар, ҳар як методи омӯзиш табиатан ба худ кори таълимии муаллим: баёнкунӣ, фаҳмондадиҳӣ, ташкили таъсирбахшро дар бар мегирад.

Метод ин тарз, усул ва воситаҳои таълиму тарбия мебошад. Методро собиқ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъриф додааст: «Методҳои таълим ҳамчун чароѓи фаъолияти муаллиму талабаҳо, илмест дар хусуси роҳ, тарз ва воситаҳои инкишофи фардии талабагон, доираи назар, андӯхтани дониш ва ҳосил намудани маҳорату малакаҳо».

Бояд гуфт, ки методи таълим тарзу усулҳои таълимро аз рӯи фанҳои алоҳида меомӯзад. Бинобар ин методи таълимро робитаи фаъолияти омӯзгору шогирд дар рафти таълим мегӯянд.

Воситаи таълим гуфта маводеро мегӯянд, ки барои ба даст овардани натиҷаи кори таълим истифода бурда мешавад, яъне мавод барои истифодаи кори таълим аст.

Ба воситаҳои таълим китобҳои дарсӣ, матнҳо, саволҳо, ҷумлаҳо, калимаҳо, мисолу масъалаҳо, асбобҳои аёнию техникӣ, компютерӣ ва ѓайраҳо дохил мешаванд.

  1. Методҳое, ки муаллимон дар рафти таълим истифода мебаранд, мувофиқи синну соли хонандагон ва тараққиёти психологию ҷисмонии онҳо ба роҳ монда мешавад. Методҳои маъмули таълим асосан 3 намуд мешавад: даҳонӣ(шифоҳӣ), аёнӣ, амалӣ.

Методи даҳонӣ- ба ин метод усулҳои сӯҳбат, нақл, ҳикоя, эзоҳ, лексия дохил мешаванд, ки онро дар ҳамаи синфҳо истифода мебаранд.

Методи аёнӣ- ба ин метод усулҳои намоишдиҳӣ: нақша, таблитса, расм, тасвирҳо, таҷрибаҳо, объективҳои табиӣ, ва кинофилмҳо дохил мешаванд.

Методи амалӣ- ҳангоми истифодаи ин метод усулҳои мушоҳида, супоришҳо, тадқиқотҳо, кор бо китоби дарсӣ, корҳои лабораторӣ истифода мешавад.

Ба ѓайр аз ин методҳои маъмул, методҳои эвристикии таълим   – ихтироъ, эљод кардан; интерактивии таълим – фаъол  кардани раванди таълим; дедуктивии таълим – фаҳмонидан,  донистан; индуктивии таълим – огоҳ  кардан, аз паи чизе будан, маълум буда, онҳо дар раванди таълим истифода бурда мешавад.  (Методи проблемавӣ)

  1. 3. Талабот ба усулҳои таълим дар ҳар давру замон ҳархел аст. Имрӯзҳо дар натиҷаи тараққиёти илму техника дар кори таълим, методҳо таҳким ёфта, усулҳои нав ҷорӣ гардида истодааст. Бинобар ин талабот ба онҳо бештар гардидааст. Мувофиқи нишондодҳои марказҳои таълимию методӣ нисбати методҳои таълим талаботҳои зерин муайян гардидааст:
  • метод бояд асоси илмӣ дошта, дар асоси таҷрибаи пешқадами муаллимон амал кунад;
  • метод барои иҷрои вазифаҳои таълим равона карда шавад;
  • дар истифодаи методҳо имкониятҳои психологӣ-педагогии инкишофи хонандагон ба назар гирифта шавад;
  • корҳои мустақилона дар асоси истифодаи методҳо бояд амалӣ гардад;
  • методҳо мувофиқи пешрафти таълим такмил дода мешавад.

Усулҳои таълим – ин  ҷузъиёти метод буда, азхудкунии донишҳо ва маҳорату малакаҳоро амалӣ мегардонад. Усул вазифаи мустақили таълимӣ надорад, вале ба метод итоат карда барои ба мақсад ноилшавии метод мадад мерасонад. Усулҳои таълимие, ки ҳастанд дар чанд метод истифода бурда мешавад, чунончӣ: нақл, сӯҳбат, эзоҳ, машқ ва ѓайра.

Адабиёт:

  1. Бабанский. Выбор методов в средней школе. – Москва, 1981.
  2. Махмудов М. И. Организатсия проблемного обучения в школе. – Москва, 1977.
  3. Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1977.
  4. Сангинов Н. Дидактика. – Душанбе, 1992.
5 Загрузки
test

Добавить комментарий