Дарс ҳамчун шакли асосии ташкилии таълим. Сохтори дарсҳо

Дарс ҳамчун шакли асосии ташкилии таълим. Сохтори дарсҳо

Зермавзӯъҳо:

Дарс ва талаботҳо ба он.
Хелҳои (тип, намуд) дарс.
Сохтори дарсҳо

Асосгузори низоми дарси синфӣ олими чех Я. А. Каменский мебошад, ки ӯ тарзи гузаронидани машѓулиятҳоро дар системаи синфӣ асоснок намуда, дарсро чунин таъриф додааст: «Дарс ин қисми мантиқан тому яклухти таълиму тарбия буда, дар як вақти маҳдуду муайян гузаронида мешавад». Мувофиқи низоми синфии дарс машѓулиятҳо 45 дақиқа давом мекунад ва он аз лаҳзаҳои махсус иборат аст. Байни машѓулиятҳо танаффусҳо муайян гардидааст. Ҳамин шакли таълимии гурӯҳиро низоми синфии дарс номидаанд, ки он сайқал ёфта, то замони мо омада расидааст ва барои соли таҳсил ҳар рӯза вақт ҷудо гардидааст.

Олимон дарсро мӯъҷизаву санъат номидаанд, чунки кӯдаки хурдсол дар натиҷаи азхудкунии маводи дарсҳо дар давоми солҳои таҳсил ба камол мерасад ва комилан дигаргун шуда, шахсияташ ташаккул меёбад. Маҳз аз ҳамин сабаб, ҷомеа ва аҳли маориф ба дарс чун шакли асосии ташкилии кори таълим талаботҳои зеринро пешниҳод намудааст:

  • Дарс бояд ба иҷрои вазифаҳои таълим-маълумотдиҳӣ, тарбиядиҳӣ ва инкишофдиҳӣ равона карда шавад;
  • Ҳар дарс мувофиқи сохти худ – оѓоз  гузориши мақсад, шарҳи эзоҳ, мустаҳкамкунӣ, ҷамъбасту супориши вазифаи хонагӣ паси ҳам гузорад;
  • Дарс ба талаботҳои усулҳои илмию методӣ ҷавобгӯ бошад ва хусусиятҳои психологии хонанда ба ҳисоб гирифта шавад;
  • Дар дарсҳо аз дастовардҳои пешқадами омӯзгорон истифода бурда шавад;
  • Мазмуни дарс ба ҳаёти ҳаррӯза алоқаманд бошад ва ба барномаи таълимӣ мувофиқат кунад;
  • Дарс бо истифодаи аёният, воситаҳои техникии муосир гузаронида шавад.

Дар раванди дарс бар замми ин талаботҳо эҷодкорӣ ва навовариҳои муаллим лозим аст, аз ин рӯ дарсро «асари эҷодии муаллим» гуфтаанд.

Дар бобати муайян кардани хелҳои дарс байни муаллимону олимон ақидаҳо бисёранд ва масъалҳои дарс хеле баҳснок мебошад. Қатъи назар аз рангорангӣ дарсҳо хусусиятҳои хос доранд. Онҳо инчунин бо мақсаду вазифаҳо ва мазмуни худ аз ҳамдигар фарқ меунанд. Дар баробари ин дарсҳо хусусиятҳои умумӣ низ доранд. Дар ҳар дарс додани донишҳои нав, мустаҳкамкунӣ, такрору санҷишу назорати донишҳо, супоридани вазифаи хонагӣ ва хулосабарорию ҷамъбаст дида мешавад. Ҳамаи дарсҳоро аз рӯи мақсаду вазифаҳо ва хусусиятҳои хосашон ба хелҳо ҷудо кардан мумкин аст. Хелҳо (типҳои) маъмули дарсҳо инҳоянд: дарси омехта, дарси баёни мавзӯи нав (дарси додани донишҳои нав), мустаҳкдамкунии донишҳо, такрор, санҷиши донишҳо.

Дарси омехта – дар он маҷмӯи корҳо, шарҳу эзоҳдиҳӣ, мустаҳкамкунӣ, санҷишу ҷамъбаст, супоришдиҳӣ ва дигарҳо гузаронида мешавад.

Дарси додани донишҳои нав – дар  он мавқеи асосиро омӯзиши мавзӯи нав ишѓол мекунад.

Дарси мустаҳкамкунии донишҳо- ташаккули маҳорату малакаҳо, ки дар он диққати асосӣ ба кори амалӣ, аксаран ба иҷрои машқҳо равона карда мешавад.

Дарси такрор – дар он донишҳои хонандагон доир ба ягон мавзӯъ ё фасл  ба низоми муайян оварда  хоҳад шуд.

Дарси санҷиши донишҳо – дар он хонандагон корҳои амалӣ, хаттӣ ва даҳониро иҷро мекунанд.

 

Ҳар як сохтори дарс аз лаҳзаҳои махсус (алоҳида) иборатанд. Дар яке аз дарсҳо лаҳзаи асосию муҳим додани донишҳои нав бошад, дар дуюмин лаҳзаи мустаҳкамкунӣ ё санҷиши донишҳо асосӣ шуда метавонад ва лаҳзаҳои дигар ёрирасони лаҳзаи асосӣ мешавад. Аз ин рӯ, чунин хулоса мебарояд, ки ҳар дарс хусусиятҳо дораду сохторашро хели (типи) дарс муайян мекунад. Сохтори хелҳои  (типи) дарсҳо чунинанд:

 

I. Дарси омехта

  • Ташкили дарс
  • Пурсиши вазифаи хонагӣ
  • Мустаҳкамкунӣ ё гузориши мақсаду вазифаҳо
  • Баёни мавзӯи нав
  • Мустаҳкамкунӣ
  • Ҷамъбасту эълони баҳо ва супориши вазифаи хонагӣ
  1. II. Дарси додани донишҳои нав ё баёни мавзӯи нав
  • Ташкили дарс
  • Гузориши мақсаду вазифаҳои дарс
  • Алоқаманд намудани мавзӯи нав ба гузашта
  • Баёни мавзӯи нав
  • Ҷамъбасту эълони баҳо ва супориши вазифаи хонагӣ

III. Дарси мустаҳкамкунӣ

  • Ташкили дарс
  • Гузориши мақсаду вазифаҳо
  • Мустаҳкамкунӣ
  • Ҷамъбасту эълони баҳо ва супориши вазифаи хонагӣ
  1. IV. Дарси такрорӣ
  • Ташкили дарс
  • Гузориши мақсаду вазифаҳо
  • Такрор ва ба низом даровардани донишҳо
  • Ҷамъбасту эълони баҳо ва супориши вазифаи хонагӣ
  1. V. Дарси санҷиши донишҳо
  • Фаҳмонидани мақсади санҷиш ва роҳҳои иҷрои он
  • Шинос кардани хонандагон бо мазмуни кор
  • Кори мустақилонаи хонандагон
  • Ҷамъбасти корҳои дарс

Ҳамин тариқа дарсҳое низ арзи вуҷуд доранд, ки онҳоро дарсҳои ѓайримуқаррарӣ мешуморанд. Масалан: дарси саҳнавӣ, кушод, дарс – экскурсия ва ѓайраҳо.

Адабиёт:

  1. Аҳамадов Т., Ашурова Д.  Педагогика дар саволу ҷавоб. – Душанбе, 2007.
  2. Крқлова Г.Д. Теория и практика урока в условиях развиваюѓего обучения. – Москва, 1980.
  3. Лутфуллоев М. Дарс. – Душанбе, 1995.
  4. Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001.
  5. Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.